Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Суханони «Яҳува хеле дилсӯзу меҳрубон аст», ки дар Яъқуб 5:11 омадаанд, моро ба чӣ боварӣ мебахшанд?

Мо дилпурем, ки Яҳува, Худои дилсӯз, хатоҳои моро мебахшад. Яъқуб 5:11 моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува ба мо инчунин аз сидқи дил кумак мекунад. Ин ба мо намунаи ибрат аст.—w21.01, саҳ. 21.

Чаро Яҳува принсипи сарвариро ҷорӣ кардааст?

Ин принсип муҳаббати Яҳуваро нишон медиҳад. Принсипи сарварӣ ёрӣ медиҳад, ки оилаи заминии Яҳува тифоқ бошад ва аз рӯйи тартибу низом зиндагӣ кунад. Ба туфайли он аҳли хонавода медонад, ки кӣ бояд дар оила қарори ниҳоиро барорад ва дар иҷрои он масъулиятро ба дӯш гирад.—w21.02, саҳ. 3.

Чаро масеҳиён дар мавриди истифодаи барномаҳои паёмрасон бояд эҳтиёт бошанд?

Агар шахс қарор кунад, ки аз чунин барномаҳо истифода мебарад, бояд дар интихоби дӯстон эҳтиёткор бошад. Дар гурӯҳҳои калоне, ки барои муошират ташкил мешаванд, ин корро кардан осон нест (1 Тим. 5:13). Дар чунин гурӯҳҳо маълумоте паҳн шуда метавонад, ки рост будани он тасдиқ нашудааст ва барои пеш бурдани тиҷорат бародару хоҳаронро истифода бурданашон мумкин.—w21.03, саҳ. 31.

Бо кадом сабабҳо Яҳува роҳ дод, ки Исо азоб кашида мирад?

Яке аз сабабҳо ин аст, ки барои яҳудиёнро аз лаънат раҳо кардан Исо бояд дар сутун овехта мешуд (Ғал. 3:10, 13). Сабаби дуюм, Яҳува Писарашро барои Саркоҳин шудан тайёр кард. Ва сеюм, Исо то маргаш содиқ монда исбот намуд, ки одамон новобаста ба озмоиши сахттарин беайбиашонро нигоҳ дошта метавонанд (Айюб 1:9–11).—w21.04, саҳ. 16, 17.

Агар дар минтақа одамонро ёфтан душвор бошад, шумо чӣ кор карда метавонед?

Кӯшиш кунед дар вақту соате ба хизмат равед, ки одамон одатан дар хонаанд. Инчунин дар ҷойҳои гуногун хизмат кунед. Ҳар роҳи хизматро ба кор баред, масалан, номанависиро. w21.05, саҳ. 15, 16.

Вақте Павлуси расул гуфт, ки «ба воситаи шариат ман барои шариат мурдам», ӯ чиро дар назар дошт? (Ғал. 2:19).

Шариати Мӯсо нокомилии одамонро нишон медод ва халқи Исроилро сӯйи Масеҳ мебурд (Ғал. 3:19, 24). Ба туфайли он шариат Павлус Исои Масеҳро қабул кард. Бо ин роҳ ӯ «барои шариат мурд», яъне дигар тобеи он набуд.—w21.06, саҳ. 31.

Чӣ тавр Яҳува пуртоқатӣ нишон дода ба мо намунаи ибрат мегузорад?

Яҳува новобаста ба доғдор шудани номаш, зиддият нисбати ҳокимияти ӯ, исён бардоштани баъзе фарзандонаш, дурӯғҳои пайиҳами Шайтон, азоби хизматгорони азизаш, ҷудоӣ аз дӯстони вафоткардаи худ, зӯроварии бадкорон ва он ки зиёнкорон заминро вайрон мекунанд, истодагарӣ менамояд.—w21.07, саҳ. 9–12.

Юсуф дар пурсабрӣ ба мо чӣ намуна гузошт?

Ӯ ба муносибати беинсофонаи бародаронаш нигоҳ накарда пурсабрӣ нишон дод. Аз боиси бераҳмии онҳо ӯро дар Миср ноҳақ айбдор карда солҳои зиёд ҳабс намуданд.—w21.08, саҳ. 12.

Дар Ҳаҷҷай 2:6–9, 20–22 кадом ларзиши маҷозӣ пешгӯйӣ шудааст?

Халқҳо хабари Подшоҳиро рад менамоянд, вале бисёр одамон ҳақиқатро қабул мекунанд. Ба наздикӣ баробари нестшавиашон халқҳо ба маъное ба ларзиш меоянд.—w21.09, саҳ. 15–19.

Чаро мо бояд мавъиза карданро давом диҳем?

Яҳува кӯшишу ғайрати моро дида хурсанд мешавад. Агар мо рӯҳафтода ё таслим нашавем, оқибат соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардем.—w21.10, саҳ. 25, 26.

Чӣ тавр 3 Мӯсо боби 19 кумак мекунад, ки амри зеринро ба ҷо орем: «Дар тамоми рафтори худ поку муқаддас бошед»? (1 Петрус 1:15).

Суханони ин оят, эҳтимол, аз 3 Мӯсо 19:2 иқтибос оварда шудаанд. Дар боби 19 бисёр мавридҳое оварда мешаванд, ки чӣ тавр мо 1 Петрус 1:15-ро ба кор барем.—w21.12, саҳ. 3, 4.