Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 8

Оё маслиҳати шумо «дилро шод» мегардонад»?

Оё маслиҳати шумо «дилро шод» мегардонад»?

«Равған ва бухур дилро шод мегардонанд, мисли дӯсте, ки самимона маслиҳат медиҳад» (ПНМ. 27:9).

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Бародаре дар бораи маслиҳат додан чӣ фаҳмид?

 ЧАНД сол пеш ду пири ҷамоат хоҳареро хабар гирифтанд, ки ба вохӯриҳо намеомад. Бародаре, ки асосан сухан мегуфт, ба он хоҳар оиди вохӯриҳоро тарк накардан якчанд оят хонд. Ин ду пир фикр карданд, ки суҳбат нағз гузашт, вале аз хонаи хоҳар баромадан замон ӯ гуфт: «Шумо бародарон, тасаввур намекунед, ки ман чӣ ҳол дорам». Чаро маслиҳати онҳо ин хоҳарро обод накард? Зеро бародарон аз аҳволи ӯ пурсон нашуда дарҳол маслиҳатдиҳиро сар карданд.

2 Гузаштаро ба ёд оварда, бародаре, ки дар он суҳбат асосан сухан мегуфт, қайд мекунад: «Он лаҳза хоҳар ба назарам дағал намуд. Лекин баъд андеша карда, фаҳмидам, ки ба ҷойи ӯро оятборон кардан бояд мепурсидам, ки чӣ ҳол дорад, чӣ тавр ба ӯ кумак карда метавонам». Ин бародар аз он воқеа барои худ дарс гирифт. Бинобар ин имрӯз чӯпони ҳамдард ва мададрасон аст.

3. Кӣ дар ҷамоат маслиҳат дода метавонад?

 3 Пирони ҷамоат чун чӯпонон вазифадоранд, ки дар вақти зарурӣ ба дигарон маслиҳат диҳанд. Лекин мавридҳое мешаванд, ки дигарон ҳам дар ҷамоат бояд маслиҳат диҳанд. Масалан, бародар ё хоҳарамон дар асоси Каломи Худо шояд ба дӯсташ маслиҳат диҳад (Заб. 141:5; Пнм. 25:12). Ё хоҳари калонсоле ба ягон хоҳари ҷавон мувофиқи Титус 2:3–5 маслиҳат дода метавонад. Инчунин волидон одатан ба фарзандонашон маслиҳат дода онҳоро тарбия мекунанд. Хулоса, ҳарчанд ин мақола асосан ба пирони ҷамоат дахл дорад, вале агар мо низ бо роҳҳои маслиҳатдиҳӣ шинос шавем, фоида мегирем ва дили дигаронро шод гардонда метавонем (Пнм. 27:9).

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Дар ин мақола мо чор ҷиҳати маслиҳат доданро дида мебароем: 1) Бо нияти дуруст маслиҳат додан чӣ маъно дорад? 2) Оё маслиҳат додан зарур аст? 3) Кӣ бояд маслиҳат диҳад? 4) Чӣ тавр маслиҳати таъсирбахш додан мумкин?

БО НИЯТИ ДУРУСТ МАСЛИҲАТ ДОДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

5. Чаро маслиҳатеро, ки пир аз муҳаббат медиҳад, қабул кардан осонтар аст? (1 Қӯринтиён 13:4, 7).

5 Пирони ҷамоат ҳамимононашонро дӯст медоранд. Баъзан онҳо ба шахсе, ки дар роҳи нодуруст аст, маслиҳат дода муҳаббаташонро нишон медиҳанд (Ғал. 6:1). Вале хуб мебуд, ки пеш аз маслиҳат додан пирон дар бораи ҷонибҳои муҳаббате, ки Павлус номбар кардааст, андеша ронанд. «Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст... муҳаббат ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз бовар дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меорад». (1 Қӯринтиён 13:4, 7-ро хонед.) Ин оятҳо ба бародар кумак мекунанд, ки аз рӯйи муҳаббат маслиҳат диҳад. Дар натиҷа маслиҳатгиранда ғамхории ӯро пай бурда, маслиҳаташро ба осонӣ қабул мекунад (Рум. 12:10).

6. Павлус аз кадом ҷиҳат намунаи ибрат гузошт?

6 Павлуси расул чун пир намунаи хуб нишон додааст. Масалан, вақте бародарони Таслӯникӣ ба маслиҳат муҳтоҷ буданд, Павлус бемалол ба онҳо маслиҳат дод. Лекин дар аввали номааш барои «корҳои имону муҳаббат» ва устувориашон онҳоро таъриф кард. Ӯ инчунин меҳрубонона қайд кард, ки вазъияташон на он қадар ором аст ва новобаста ба озор онҳо дар имон устувор мемонанд (1 Тас. 1:3; 2 Тас. 1:4). Илова бар ин, Павлус ба бародарони Таслӯникӣ гуфт, ки онҳо барои дигарон намунаи ибратанд (1 Тас. 1:8, 9). Бешак, суханони Павлус ба аъзои ҷамоат болу пар бахшид. Бале, Павлус бародару хоҳаронро дӯст медошт, маҳз барои ҳамин ӯ дар ҳар ду номааш ба ҷамоати Таслӯникӣ маслиҳати таъсирбахш дода тавонист (1 Тас. 4:1, 3–5, 11; 2 Тас. 3:11, 12).

7. Чаро баъзеҳо аз маслиҳат малол шуда метавонанд?

7 Агар тарзи маслиҳатдиҳиамон нодуруст бошад, чӣ шуданаш мумкин? Як пири ҷамоати ботаҷриба чунин мегӯяд: «Баъзеҳо аз худи маслиҳат неву аз сабаби меҳрубонона надодани он малол мешаванд». Мо аз ин чӣ хулоса мебарорем? Одамон маслиҳатеро қабул мекунанд, ки аз рӯйи муҳаббат дода мешавад, на аз қаҳру ғазаб.

ОЁ МАСЛИҲАТ ДОДАН ЗАРУР АСТ?

8. Пеш аз маслиҳат додан пири ҷамоат бояд ба худ чӣ гуна саволҳо диҳад?

8 Пирон бояд дар масъалаи маслиҳатдиҳӣ саросема нашаванд, балки дар аввал аз худ пурсанд: «Оё ягон чиз гуфтан шарт аст? Коре, ки ҳамимонам мекунад, аниқ хато аст? Оё ӯ принсиперо аз Каломи Худо вайрон карда истодааст? Ё танҳо нуқтаи назари мо фарқ мекунад?» Пирон намехоҳанд, ки ба шахсе монанд шаванд, ки «насанҷида гап мезанад» (Пнм. 29:20). Агар пири ҷамоат шубҳа кунад, ки ба касе маслиҳат додан даркор, ӯ метавонад бо ягон пири дигар масъаларо дида хулоса кунад, ки фалон бародар ё хоҳар принсиперо аз Калом поймол мекунад ё не (2 Тим. 3:16, 17).

9. Мо аз Павлус оиди сару либос маслиҳат додан чӣ меомӯзем? (1 Тимотиюс 2:9, 10).

9 Мисоле меорем. Пири ҷамоате аз сару либоси ҳамимонамон нигарон мешавад. Дар ин маврид ӯ андеша карда метавонад: Оё он ҳамимон ягон принсипро аз Калом вайрон карда истодааст? Барои талқин накардани фикри шахсии худ ин пир метавонад фикри дигар пири ҷамоат ё масеҳии баркамолро пурсад. Онҳо метавонанд маслиҳати Павлусро дар бораи сару либос аз назар гузаронанд. (1 Тимотиюс 2:9, 10-ро хонед.) Павлус дар ин хусус маслиҳатҳое дод, ки мувофиқи он сару либоси масеҳӣ бояд хоксору шоиста бошад. Бо вуҷуди ин ӯ рӯйхати чӣ пӯшидану чӣ напӯшиданро надодааст. Павлус дарк мекард, ки ҳар масеҳӣ ҳақ дорад, ки принсипҳои Каломи Худоро ба назар гирифта, бо табъи дили худ либос пӯшад. Хулоса, пири ҷамоат барои маслиҳат додан бояд фикр кунад, ки интихоби бародар ё хоҳар хоксоронаву шоиста аст ё не.

10. Чӣ кумак мекунад, ки интихоби дигаронро ҳурмат кунем?

10 Мо мефаҳмем, ки интихоби ду масеҳии баркамол дуруст ва ҳар хел буда метавонад. Бинобар ин ба бародару хоҳарон нуқтаи назари худро бор кардан дуруст нест (Рум. 14:10).

КӢ БОЯД МАСЛИҲАТ ДИҲАД?

11, 12. Агар маслиҳат додан зарур бошад, пири ҷамоат бояд кадом мавридҳоро ба назар гирад ва чаро?

11 Агар маълум бошад, ки аниқ маслиҳат додан даркор аст, саволи зеринро бояд ба назар гирифт: «Кӣ бояд маслиҳат диҳад?» Масалан, агар ба хоҳари шавҳардор ё кӯдак маслиҳат додан даркор шавад, пири ҷамоат аввал бо сардори оила гап мезанад, шояд ӯ худаш масъаларо ҳал кунад *. Ё, эҳтимол, сардори оила хоҳиш кунад, ки ҳангоми маслиҳат додан пиронро ҳамроҳӣ кунад. Боз чи хеле дар  сархати 3-юм қайд шудааст, мавридҳое мешаванд, ки ба хоҳари ҷавон беҳтараш ягон хоҳари калонсол маслиҳат диҳад.

12 Як чизи дигарро низ бояд ба назар гирифт. Пири ҷамоат шояд аз худ пурсад: «Оё ман ба фалон кас маслиҳат диҳам мешавад ё беҳтараш ягон пири дигар ба ӯ маслиҳат диҳад?» Мисол, шахсе, ки худро беқадр ҳис мекунад, маслиҳати пиреро, ки пеш чунин мушкилиро аз сар гузарондааст, нағзтар қабул мекунад. Чунки ин пир ҳиссиёти ӯро нағз мефаҳмад, барои ҳамин маслиҳате дода метавонад, ки қабул карданаш барои ӯ осонтар аст. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки ҳамаи пирони ҷамоат вазифадоранд, ки бародару хоҳаронашонро дар асоси Каломи Худо насиҳат кунанд, то ислоҳ шаванд. Хулоса, агар зарур бошад, маслиҳат бояд ҳатман дода шавад.

ЧӢ ТАВР МАСЛИҲАТИ ТАЪСИРБАХШ ДОДАН МУМКИН?

Чаро пирони ҷамоат бояд «дар шунидан бошитоб» бошанд? (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)

13, 14. Чаро барои пири ҷамоат гӯш кардан муҳим аст?

13 Бо омодагӣ гӯш кунед. Пеш аз маслиҳат додан пири ҷамоат бояд фикр кунад: «Ман дар бораи вазъияти ин бародар чӣ медонам? Ӯ чӣ ҳол дорад? Оё мушкилие дорад, ки ман дар борааш намедонам? Ӯ ҳозир аз ҳама бештар ба чӣ муҳтоҷ аст?»

14 Онҳое, ки маслиҳат медиҳанд, бояд принсипи Яъқуб 1:19-ро ҳатман ба назар гиранд: «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан ва дар хашм оҳиста бошад». Пири ҷамоат шояд гумон кунад, ки аз вазъияти воиз нағз бохабар аст, лекин оё дар асл чунин аст? Дар Панднома 18:13 гуфта мешавад, ки «ҳар кӣ нашунида ҷавоб гардонад, аҳмақу шарманда аст». Аз ин рӯ беҳтараш дар бораи асли воқеа аз худи шахс фаҳмем. Барои ин ӯро нағз гӯш кардан даркор. Суханони пири ҷамоатеро, ки дар аввали мақола омадааст, ба ёд оред. Ӯ дарк намуд, ки ба ҷойи дарҳол маслиҳатдиҳиро сар кардан ӯ бояд ба он хоҳар саволҳои зеринро медод: «Хоҳари азиз, ту чӣ ҳол дорӣ? Ман чӣ тавр кумак карда метавонам?» Агар пирон барои гӯш кардан вақт ҷудо кунанд, эҳтимоли зиёд аст, ки бародару хоҳаронро рӯҳбаланд карда ба мададашон расида метавонанд.

15. Чӣ тавр пирони ҷамоат маслиҳати Панднома 27:23-ро ба кор бурда метавонанд?

15 Рамаро хуб шиносед. Чи хеле гуфтем, маслиҳати таъсирбахш на танҳо хондани якчанд оят ё як-ду маслиҳат доданро дар бар мегирад. Бародару хоҳарон бояд ҳис кунанд, ки мо нисбаташон бепарво нестем, онҳоро нағз мефаҳмем ва мехоҳем ба мададашон расем. (Панднома 27:23-ро хонед.) Барои ин пирони ҷамоат бояд бо бародару хоҳарон дӯстии наздик пайдо кунанд.

Чӣ ба пирони ҷамоат маслиҳатдиҳиро осонтар мекунад? (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Чӣ ба пирон кумак мекунад, ки маслиҳати таъсирбахш диҳанд?

16 Бояд чунин нашавад, ки пирони ҷамоат танҳо барои ҳал кардани ягон масъала назди воизон оянд. Баръакс, онҳо пайваста бо воизон дар алоқаанд, то аз ҳолу аҳволашон хабардор бошанд. Як пири ботаҷриба дар ин бора чунин мегӯяд: «Агар ин тавр кунӣ, бо воизон муносибати наздик пайдо мекунӣ. Дар натиҷа, вақте маслиҳат додан зарур шавад, ту онро ба осонӣ медиҳӣ». Ногуфта намонад, ки дар ин сурат ба шахс ҳам маслиҳатро қабул кардан осонтар мешавад.

Чаро ҳангоми маслиҳатдиҳӣ пирони ҷамоат бояд пуртоқат ва меҳрубон бошанд? (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Дар кадом ҳолат пири ҷамоат бояд махсусан пуртоқат ва меҳрубон бошад?

17 Пурсабр ва меҳрубон бошед. Ин хислатҳо махсусан он вақт лозим мешаванд, ки шахс дар аввал маслиҳатро аз Китоби Муқаддас қабул накунад. Агар маслиҳатро дарҳол қабул накунанд ё ба кор набаранд, пири ҷамоат бояд ба ғазаб наояд. Аҳамият диҳед дар бораи Исо чӣ пешгӯйӣ шуда буд: «Ӯ қамиши нимшикастаро намешиканад ва пилтаи нимсӯхтаро хомӯш намекунад» (Мат. 12:20). Аз ин рӯ пири ҷамоат дар дуо аз Яҳува хоҳиш карда метавонад, ки шахсеро, ки муҳтоҷи маслиҳат аст, баракат диҳад ва кумак расонад, то ӯ фаҳмад, ки чаро ба ӯ маслиҳат доданд ва ба кор бурдани он муҳим аст. Ба воизе, ки маслиҳат дода мешавад, шояд вақт лозим аст, ки дар бораи он фикр кунад. Инчунин агар пири ҷамоат ҳангоми маслиҳатдиҳӣ пуртоқатӣ ва меҳрубонӣ нишон диҳад, воиз диққатро ба тарзи додани маслиҳат неву ба мазмуни он равона месозад. Бояд гуфт, ки маслиҳат ҳама вақт бояд дар асоси Китоби Муқаддас бошад.

18. а) Ҳангоми маслиҳат додан мо бояд чиро дар хотир дорем? б) Чорчӯбаро ба назар гирифта гӯед, ки дар ин расм волидон чиро муҳокима мекунанд?

18 Аз хатоҳои худ омӯзед. Азбаски мо нокомилем, маслиҳатҳои ин мақоларо комилан ба ҷо оварда наметавонем (Яъқ. 3:2). Албатта, мо хато мекунем, вале ҳамин ки хато кардем, бояд кӯшиш кунем, ки аз ин дарс гирем. Агар бародару хоҳарон ҳис кунанд, ки мо онҳоро дӯст медорем, ҳатто агар онҳоро бо рафтору гуфторамон хафа кунем, моро бахшидан барояшон осонтар мешавад. (Ҳамчунин ба чорчӯбаи  «Муроҷиат ба волидон» нигаред.)

МО АЗ ИН МАҚОЛА ЧӢ ОМӮХТЕМ?

19. Чӣ тавр мо дили бародару хоҳаронро шод гардонда метавонем?

19 Чи хеле фаҳмидем, маслиҳати таъсирбахш додан осон нест. Зеро ҳам мо ва ҳам онҳое, ки маслиҳат медиҳем, нокомиланд. Барои ҳамин маслиҳатҳои ин мақоларо дар ақлу дилатон ҷо кунед. Ҳама вақт боварӣ ҳосил кунед, ки бо нияти дуруст маслиҳат медиҳед, инчунин фикр кунед, ки маслиҳат додан зарур аст ё не, бояд шумо́ онро диҳед ё дигар кас. Пеш аз маслиҳат додан ба шахс савол дода ӯро бодиққат гӯш кунед, то аз ҳолу аҳволи ӯ нағз хабардор шавед. Худро ба ҷойи ӯ гузоред. Меҳрубону мулоим бошед ва бо бародару хоҳарон муносибати дӯстона пайдо кунед. Ҳамзамон мақсади асосиро фаромӯш накунед: Мо мехоҳем маслиҳатамон на танҳо таъсирбахш бошад, балки боз дили касро шод гардонад (Пнм. 27:9).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

^ Маслиҳат додан на ҳама вақт осон аст. Пас, чӣ тавр маслиҳат диҳем, ки фоидаовар ва ободкунанда бошад? Ин мақола махсусан ба пирони ҷамоат кумак мекунад, ки бо маслиҳаташон шахсро обод карда тавонанд.

^ Ба мақолаи «Принсипи сарварӣ дар ҷамъомад чӣ маъно дорад?» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и моҳи феврали соли 2021 нигаред.