Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 10

Шумо «одами куҳна»-ро кашида партофта метавонед

Шумо «одами куҳна»-ро кашида партофта метавонед

«Одами куҳнаро бо корҳояш аз тан кашида партоед» (ҚӮЛ. 3:9).

СУРУДИ 34 Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Шумо пеш аз сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ гуна инсон будед?

 ПЕШ аз сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас бо Шоҳидони Яҳува шумо чӣ гуна инсон будед? Ба бисёри мо гузаштаро ба ёд овардан маъқул нест, зеро нуқтаи назар ва шахсияти моро пурра ин ҷаҳон шакл дода буд. Мо ба неку бад аз назари ин ҷаҳон баҳо медодем. Бале, мо «дар ҷаҳон бе умед ва аз Худо бехабар» будем (Эфс. 2:12). Вале баъди сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас ҳама чиз ба куллӣ тағйир ёфт.

2. Вақте Китоби Муқаддасро омӯхтед, чӣ ба шумо ошкор шуд?

2 Китоби Муқаддасро омӯзиш карда шумо фаҳмидед, ки Падари осмонӣ доред, ки хеле дӯстатон медорад. Фаҳмидед, ки барои розигии Яҳуваро ба даст овардану узви оилаи ӯ шудан бояд тарзи ҳаёт, нуқтаи назар ва фикррониатонро комилан тағйир диҳед. Сипас бояд мувофиқи меъёрҳои баланди ахлоқии ӯ зиндагӣ намоед (Эфс. 5:3–5).

3. Мувофиқи Қӯлассиён 3:9, 10 Яҳува мехоҳад, ки мо чӣ кор кунем ва аз ин мақола чиро мефаҳмем?

3 Офаридгор ва Падари осмониамон Яҳува ҳақ дорад талаб кунад, ки аъзои оилааш бояд чӣ гуна рафтор дошта бошад. Барои ҳамин ӯ талаб мекунад, ки пеш аз таъмид гирифтан мо кӯшиш карда «одами куҳнаро бо корҳояш аз тан кашида» * партоем. (Қӯлассиён 3:9, 10-ро хонед.) Ин мақола ба онҳое, ки таъмид гирифтан мехоҳанд, ёрдам мекунад, ки ба се саволи муҳим ҷавоб ёбанд: 1) «Одами куҳна» гуфта чӣ дар назар дошта шудааст? 2) Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо онро кашида партоем ва 3) чӣ тавр инро кардан мумкин? Ба онҳое, ки таъмидёфтаанд, саволҳои мазкур кумак мекунад, то нагузоранд, ки хислатҳои одами куҳна боз пайдо шаванд.

«ОДАМИ КУҲНА» ГУФТА ЧӢ ДАР НАЗАР ДОШТА ШУДААСТ?

4. Шахсе, ки зери таъсири «одами куҳна» аст, чӣ гуна рафтор мекунад?

4 Шахсе, ки зери таъсири «одами куҳна» аст, одатан аз рӯйи ҷисм фикр ва амал мекунад. Чунин шахс худбин, зудхашм, ношукр ва мағрур аст. Ӯ метавонад баҳузур порнография, филмҳои бадахлоқона ё зӯровариро тамошо кунад. Албатта, ӯ хислатҳои хуб ҳам дорад ва барои рафтору гуфтори нодурусташ худро гунаҳкор ҳис мекунад. Валекин ҳамзамон хоҳиши тағйир додани тарзи фикрронӣ ва рафторашро надорад (Ғал. 5:19–21; 2 Тим. 3:2–5).

Ҳамин ки «одами куҳна»-ро кашида партоем, хоҳишҳои нодуруст дигар моро идора намекунанд (Ба сархати 5 нигаред.) *

5. Оё мо одами куҳнаро пурра кашида партофта метавонем? Фаҳмонед.

5 Ҳар яки мо нокомилем, бинобар ин фикр ва хоҳишҳои нодурустро пурра аз ақлу диламон решакан карда наметавонем. Маҳз барои ҳамин баъзан аз рафтору гуфтори худ пушаймон мешавем (Ирм. 17:9; Яъқ. 3:2). Лекин, вақте мо одами куҳнаро кашида мепартоем, корҳои ҷисм дигар моро идора намекунанд. Мо тамоман одами дигар мешавем (Иш. 55:7; Корнома 3:19-ро хонед.)

6. Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо фикрронии нодуруст ва одатҳои бади одами куҳнаро партоем?

6 Яҳува моро таълим медиҳад, ки аз фикрронии нодурусту одатҳои бад даст кашем, чунки ӯ дӯстамон медорад ва мехоҳад, ки мо хушбахт бошем (Иш. 48:17, 18). Яҳува медонад, ки хоҳишҳои нодуруст ба худи шахс ва атрофиёнаш зарар меорад. Дидани он ки, чӣ тавр мо ба худ ва дигарон зиён меорем, барои ӯ дардовар аст.

7. Мувофиқи Румиён 12:1, 2 мо чӣ гуна интихоб дорем?

7 Баъзе дӯстон ва аъзои оилаамон шояд дар аввал моро барои дигар шуданамон масхара кунанд (1 Пет. 4:3, 4). Эҳтимол, онҳо гӯянд, ки мо ҳақ дорем ба табъи дили худ зиндагӣ кунем ва набояд гузорем, ки дигарон ба мо ақл ёд диҳанд. Лекин онҳое, ки аз рӯйи меъёрҳои Худо зиндагӣ намекунанд, дар асл озод нестанд. Онҳоро дунёи Шайтон шакл медиҳад. (Румиён 12:1, 2-ро хонед.) Барои ҳамин ҳар яки мо бояд интихоб кунем: одами куҳна мемонем, ки ӯро гуноҳ ва дунёи Шайтон шакл медиҳад ё мегузорем, ки Яҳува моро инсони хуб гардонад (Иш. 64:8).

ЧӢ ТАВР АЛЛАКАЙ ИМРӮЗ «ОДАМИ КУҲНА»-РО ПАРТОФТАН МУМКИН АСТ?

8. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки фикрронии нодуруст ва одатҳои бадро партоем?

8 Яҳува мефаҳмад, ки барои аз фикрронии нодуруст ва одатҳои бад даст кашидан ба мо вақту қувват даркор аст (Заб. 103:13, 14). Барои ҳамин тавассути Навиштаҳо, рӯҳи муқаддас ва ташкилоташ ӯ ба мо хираду қувват мебахшад ва дастгирӣ мекунад, то одами нав шавем. Шубҳае нест, ки шумо аллакай дасти ӯро дидаед. Ҳоло бошад, бо баъзе қадамҳое шинос мешавем, ки барои минбаъд низ одами куҳнаро партофта таъмид гирифтан кумак мекунад.

9. Каломи Худо аз кадом ҷиҳат ба шумо кумак карда метавонад?

9 Ба воситаи Каломи Худо худро бодиққат санҷед. Китоби Муқаддас монанди оина аст. Бо ёрии он шумо фикрронӣ, гуфтор ва рафтори худро санҷида метавонед (Яъқ. 1:22–25). Боз воизе, ки бо шумо омӯзиш мегузаронад ва дигар масеҳиёни рӯҳан баркамол маслиҳатҳои хуб доданашон мумкин. Масалан, онҳо гуфта метавонанд, ки аз кадом ҷиҳат шумо бақувватеду аз кадом ҷиҳат суст. Инчунин дар ёфтани маълумоте, ки бар Китоби Муқаддас асос меёбаду барои аз одатҳои бад даст кашидан корбурд аст, кумак мекунанд. Яҳува низ ҳама вақт барои кумак тайёр аст. Ӯ медонад, ки чӣ хел ба таври беҳтарин ба шумо мадад расонад, чунки дилатонро мебинад (Пнм. 14:10; 15:11). Барои ҳамин кӯшиш кунед, ки дуогӯйӣ ва ҳар рӯз омӯхтани Калом бароятон одат шавад.

10. Шумо аз таҷрибаи Еле чӣ омӯхтед?

10 Меъёрҳои Яҳува беҳтаринанд. Ҳар як амре, ки Яҳува медиҳад, бар манфиати мо аст. Онҳое, ки ба гуфти ӯ зиндагӣ мекунанд, эҳтиром ба худ, маънои ҳаёт ва хушбахтии ҳақиқиро пайдо мекунанд (Заб. 19:7–11). Баръакси ин, касоне, ки ба фармудаҳои Яҳува нописандӣ мекунанд, оқибати талхи корҳои ҷисмро мечашанд. Еле ном марде дар бораи рад кардани меъёрҳои Худо суханони ҷолиб гуфтааст. Волидони ӯ Яҳуваро хеле дӯст медоштанд. Лекин Еле дар наврасиаш бо одамони бад дӯст шуд. Кори ӯ нашъакашӣ, бадахлоқӣ ва дуздӣ буд. Оҳиста-оҳиста, ӯ шахси бадқаҳру бераҳм гашт. Еле мегӯяд: «Ман ба корҳое даст мезадам, ки чун масеҳӣ бояд намекардам». Бо вуҷуди ин, чизеро, ки волидонаш дар хурдсолӣ ба ӯ таълим дода буданд, Еле дар ёд дошт. Барои ҳамин ӯ аз нав омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Еле бисёр кӯшиш карда аз одатҳои бадаш халос шуду соли 2000-ум таъмид гирифт. Ҳоло мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ карда ӯ чӣ манфиат мегирад? Еле қайд мекунад: «Ҳозир асабҳоям ороманд, виҷдонам бошад, пок аст» *. Аз таҷрибаи ин бародар гуфтан мумкин аст, ки онҳое, ки ба меъёрҳои Худо нописандӣ мекунанд, ба худашон зарар мерасонанд. Яҳува бошад, ҳама вақт тайёр аст, ки барои ислоҳ шудан ба чунин одамон кумак кунад.

11. Яҳува аз чӣ нафрат дорад?

11 Аз чизҳое, ки Яҳува бад мебинад, нафрат кунед (Заб. 97:10). Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Яҳува аз «чашмони ҳавобаланд, забони дурӯғгӯй» ва дастоне, ки хуни ноҳақ мерезанд, нафрат дорад (Пнм. 6:16, 17). Ӯ инчунин «хунрезон ва фиребгаронро чашми дидан надорад» (Заб. 5:6). Яҳува ин амалҳоро чунон бад мебинад, ки дар замонҳои Нӯҳ, вақте одамон заминро аз бадӣ пур карданд, онҳоро пурра несту нобуд сохт (1 Мӯсо 6:13). Боз ба як мисол диққат диҳед. Ба воситаи пайғамбар Малокӣ Яҳува гуфт, ки онҳоеро, ки нақшаҳои хиёнатомез кашида ҳамсари бегуноҳашонро талоқ мекунанд, чашми дидан надорад. Ибодаташонро қабул намекунаду барои ин корашон онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад (Мал. 2:13–16; Ибр. 13:4).

Чи хеле ки диламон аз хӯроки пӯсида беҳузур мешавад, ҳамин хел бояд аз корҳое, ки ба Яҳува маъқул нестанд, дилбеҳузур шавем (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)

12. Ибораи «аз бадӣ нафрат кунед» чӣ маъно дорад?

12 Яҳува мехоҳад, ки мо «аз бадӣ нафрат» кунем (Рум. 12:9). Калимаи «нафрат» эҳсосоти сахтеро ифода мекунад. Он маънои чизеро чашми дидан надоштан, аз он дилбеҳузур шуданро дорад. Тасаввур кунед, пешатон як табақ хӯроки пӯсидаро мемонанд. Дар ин ҳолат шумо чӣ ҳис мекардед? Танҳо аз фикри хӯрдани он дилатон аллакай беҳузур мешавад. Ба ин монанд, танҳо фикри ба Яҳува беитоатӣ кардан бояд бароямон нафратовар бошад.

13. Чаро мо бояд фикрҳои бадро аз худ дур созем?

13 Фикрҳои бадро аз худ дур созед. Фикрҳои мо ба рафторамон таъсир мекунанд. Барои ҳамин Исо моро таълим додааст, ки аз андешаҳое, ки ба гуноҳи ҷиддӣ меоранд, даст кашем (Мат. 5:21, 22, 28, 29). Охир мо мехоҳем ба Падари осмониамон маъқул бошем, ҳамин тавр не? Аз ин рӯ, вақте фикрҳои нодуруст ба сарамон меоянд, мо бояд дарҳол онҳоро аз худ дур созем!

14. Аз гуфторамон чӣ маълум мешавад ва кадом саволҳоро мебоист ба худ диҳем?

14 Ба гуфтори худ диққат диҳед. Исо гуфта буд: «Он чӣ аз даҳон мебарояд, аз дил берун меояд» (Мат. 15:18). Ҳақ асту рост! Гуфтори шахс дар бораи ӯ бисёр чизро маълум месозад. Бинобар ин аз худ пурсед: «Оё ман бар зарари худам бошад ҳам, доим гапи рост мегӯям? Чун шахси оиладор, бо ҷинси муқобил ишқварзӣ намекунам? Оё ман аз гуфтори бадахлоқона чун аз офат дурӣ меҷӯям? Вақте ягон кас суханони тез мезанад, ман оромона ҷавоб медиҳам?» Оиди ин саволҳо бодиққат андеша кардан манфиатовар аст. Дар асл, гуфторамонро ба дарзи либос монанд кардан мумкин аст. Агар мо кӯшиш карда аз гуфторамон суханони қабеҳ, дурӯғ ва бешармонаро канда гирем, он гоҳ одами куҳнаро партофтан бароямон осонтар мешавад.

15. Ба кадом маъно мо бояд инсони куҳнаамонро «ба сутун» мехкӯб кунем?

15 Бо омодагӣ амал кунед. Павлуси расул дар бораи аҳамияти дигар кардани тарзи ҳаётамон мисоли хеле таъсирбахш оварда аст. Ӯ навишта буд, ки мо бояд «инсони куҳнаамон»-ро «ба сутун» мехкӯб кунем (Рум. 6:6). Яъне мо мехоҳем ба намунаи Исо пайравӣ намоем. Барои ин бояд рӯҳияву корҳоеро, ки Яҳува бад мебинад, аз худ дур созем. Танҳо дар ин сурат виҷдони пок ва умед ба ояндаи ҷовидона пайдо мекунем (Юҳ. 17:3; 1 Пет. 3:21). Дар ёд доред, ки Яҳува барои мо шуда меъёрҳояшро дигар намекунад. Баръакс, мо бояд ислоҳ шуда аз рӯйи меъёрҳои ӯ зиндагӣ кунем (Иш. 1:16–18; 55:9).

16. Чаро мо бояд азм карда бо сустиҳои ҷисмамон муборизаро давом диҳем?

16 Бо сустиҳои ҷисм муборизаро давом диҳед. Ҳатто баъд аз таъмид ба шумо лозим мешавад, ки бо сустиҳои ҷисм мубориза баред. Инро аз таҷрибаи марде бо номи Маурисио дидан мумкин аст. Дар ҷавониаш ӯ ҳамҷинсбоз буд. Лекин рӯзе Шоҳидони Яҳуваро вохӯрда омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Оқибат тарзи ҳаёташро дигар намуда, соли 2002 таъмид гирифт. Ҳарчанд солҳои зиёд мешавад, ки ӯ дар хизмати Яҳува аст, Маурисио мегӯяд: «Бояд тан гирам, ки то ҳол баъзан бо хоҳишҳои нодуруст мубориза мебарам». Бо вуҷуди ин, ӯ дилшикаста намешавад. Баръакс, Маурисио мегӯяд: «Ман мефаҳмам, ки агар ба хоҳишҳои нодурустам дода нашавам, ба Яҳува писанд мемонам. Донистани ин ба ман қувват мебахшад» *.

17. Аз таҷрибаи хоҳар Набиҳа ба шумо чӣ маъқул шуд?

17 Ба Яҳува дуо гӯед ва ба рӯҳи муқаддас такя кунед, на ба қуввати худ (Ғал. 5:22; Флп. 4:6). Барои одами кӯҳнаро партофта дигар ба он рӯ наовардан мо бояд бисёр меҳнат кунем. Дар ин хусус саргузашти хоҳарамон Набиҳа хеле бамаврид аст. Падараш ӯро дар шашсолагӣ партофта рафт. Набиҳа мегӯяд: «Ин бароям зарбаи сахте буд». Дар натиҷа ӯ одами хашмгин ва бадқаҳр ба воя расид. Ба фурӯхтани нашъа даст мезад ва ниҳоят якчанд соли умрашро дар ҳабс гузаронд. Воизоне, ки дар ҳабсхонаҳо мавъиза мекунанд, бо Набиҳа омӯзишро сар карданд. Ҳамин тавр ӯ ба ҳаёташ дигаргуниҳои ҷиддӣ даровардан гирифт. Ӯ мегӯяд: «Аз баъзе одатҳо даст кашидан бароям осон буд, вале на аз партофтани сигоркашӣ». Набиҳа як соли дароз мубориза бурда оқибат аз чанголи сигор халос шуд. Чӣ ба ӯ кумак кард? Набиҳа илова мекунад: «Дуоҳои самимӣ ба ман кумак карданд. Бовар дорам, ки агар ман ба хотири ба Яҳува писанд омадан ислоҳ шуда тавониста бошам, пас, дигарон низ ислоҳ шуда метавонанд» *.

ШУМО БА ТАЛАБОТИ ТАЪМИД ҶАВОБГӮ БУДА МЕТАВОНЕД!

18. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 6:9–11 ба бисёр хизматгорони Худо кадом корҳо муяссар мегардад?

18 Дар асри як баъзе занон ва мардоне, ки барои бо Исо ҳукмронӣ кардан интихоб шуда буданд, ба корҳои бад даст мезаданд. Масалан, ба хиёнаткорӣ, ҳамҷинсбозӣ ва дуздӣ. Лекин бо ёрии рӯҳи Худо онҳо ислоҳ шуда тавонистанд. (1 Қӯринтиён 6:9–11-ро хонед.) Ба ин монанд, имрӯзҳо миллионҳо одамон ба ёрии Каломи Худо ба ҳаёташон дигаргунӣ дароварда аз одатҳои бадашон даст кашиданд *. Намунаи онҳо исботи он аст, ки шумо низ ислоҳ шуда таъмид гирифта метавонед.

19. Дар мақолаи навбатӣ чӣ баррасӣ мешавад?

19 Ғайр аз одами куҳнаро партофтан онҳое, ки таъмид гирифтан мехоҳанд, ҳамзамон бояд одами навро ба бар кунанд. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст ва чӣ хел дигарон ба мададамон расида метавонанд? Дар ин бора аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

^ Барои таъмид гирифтан мо бояд тайёр бошем, ки шахсиятамонро дигаргун кунем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки хислатҳои одами куҳна кадоманд, чаро мо бояд онҳоро аз худ дур кунем ва чӣ тавр инро кардан мумкин. Дар мақолаи навбатӣ бошад, баррасӣ мегардад, ки чӣ тавр ҳатто баъд аз таъмид одами навро дар бар кардан мумкин аст.

^ МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: «Одами куҳнаро аз тан кашидан» маънои аз ният ва хоҳишҳое, ки ба Яҳува маъқул нестанд, даст кашиданро дорад. Шахс бояд ин корро пеш аз таъмид гирифтан кунад (Эфс. 4:22).

^ Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Библия меняет жизнь. Я решил вернуться к Иегове» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми апрели соли 2012 нигаред.

^ Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Библия меняет жизнь. Они были очень добры ко мне» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми майи соли 2012 нигаред.

^ Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Библия меняет жизнь. Я стала злой и агрессивной» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми октябри соли 2012 нигаред.

^ ШАРҲИ РАСМ: Рӯҳияи нодурустро аз худ дур сохтан ва ба корҳои бад даст назадан монанди либоси куҳнаро кашида партофтан аст.