Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 11

Баъди таъмид минбаъд низ «одами нав»-ро дар бар кунед

Баъди таъмид минбаъд низ «одами нав»-ро дар бар кунед

«Одами наверо мисли либос дар бар кунед» (ҚӮЛ. 3:10).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

ПЕШГУФТОР *

1. Ба шахсияти мо асосан чӣ таъсир мерасонад?

 ХОҲ ба наздикӣ таъмид гирифта бошем, хоҳ даҳсолаҳо пеш ҳар яки мо мехоҳем, ки хислатҳоямон ба Яҳува маъқул бошанд. Барои ин мо бояд тарзи фикррониамонро идора кунем. Чаро? Зеро чизи асосие, ки ба шахсиятамон таъсир мекунад, ин фикрҳоямон мебошанд. Агар мо доим дар фикри қонеъ гардондани хоҳишҳои ҷисмамон бошем, рафтору гуфторамон бад мешавад (Эфс. 4:17–19). Баръакси ин, агар доим дар бораи чизҳои хуб фикр кунем, эҳтимоли зиёд аст, ки рафтору гуфторамон ба Падари осмониамон, Яҳува, писанд оянд (Ғал. 5:16).

2. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?

2 Чи хеле дар мақолаи гузашта гуфта будем, мо пеши роҳи ҳама фикрҳои бадро гирифта наметавонем. Бо вуҷуди ин аз рӯйи чунин фикрҳо амал кардан ё накардан дар ихтиёри худи мост. Пеш аз таъмид гирифтан ба мо лозим буд, ки ба корҳое, ки ба Яҳува маъқул нестанд, дигар даст назанем. Барои одами куҳнаро партофтан ин қадами аввалин ва муҳимтарин буд. Лекин барои розигии Яҳуваро пурра ба даст овардан мо инчунин бояд «одами наверо мисли либос дар бар» кунем (Қӯл. 3:10). Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: «“Одами нав” гуфта чӣ дар назар дошта шудааст? Чӣ тавр онро ба бар карда нигоҳ дорем?»

«ОДАМИ НАВ» ГУФТА ЧӢ ДАР НАЗАР ДОШТА ШУДААСТ?

3. «Одами нав» гуфта чӣ дар назар дошта шудааст ва чӣ тавр онро дар бар кунем? (Ғалотиён 5:22, 23).

3 Шахсе, ки одами навро дар бар мекунад, ба тарзи фикрронӣ ва рафтори Яҳува пайравӣ менамояд. Чунин одам самари рӯҳро нишон медиҳад ва мегузорад, ки рӯҳи муқаддас ба фикрронӣ, ҳиссиёт ва амалҳояш таъсир расонад. (Ғалотиён 5:22, 23-ро хонед.) Мисол, ӯ Яҳува ва халқашро дӯст медорад (Мат. 22:36–39). Ҳатто дар озмоишҳо хурсандиро аз даст намедиҳад (Яъқ. 1:2–4). Ӯ сулҳҷӯ аст (Мат. 5:9). Дар муносибат бо дигарон бошад, пурсабр ва меҳрубон аст (Қӯл. 3:13). Ӯ аз некӣ кардан хурсандӣ мегирад (Луқ. 6:35). Аз рафтораш маълум аст, ки ба Падари осмониаш имони қавӣ дорад (Яъқ. 2:18). Вақте дигарон ӯро ба хашм оварданӣ мешаванд, оромиро нигоҳ медорад. Ҳангоми васваса бошад, худро идора мекунад (1 Қӯр. 9:25, 27; Тит. 3:2).

4. Барои одами навро ба бар кардан чаро мо бояд ҳамаи хислатҳоеро нишон диҳем, ки дар Ғалотиён 5:22, 23 ва дигар қисмҳои Каломи Худо омадаанд?

4 Барои одами навро ба бар кардан мо бояд ҳамаи хислатҳоеро, ки дар Ғалотиён 5:22, 23 ва дар дигар қисмҳои Калом омадаанд, инкишоф диҳем *. Хислатҳои мазкур мисли қисмҳои либос нестанд, ки мо онҳоро алоҳида ба бар карда метавонем. Дар асл, ҳар яки ин хислатҳо бо ҳам алоқаманданд ё худ монандӣ доранд. Ба кадом маъно? Мисол, агар шумо касеро дар ҳақиқат дӯст доред, бо ӯ пуртоқатона ва меҳрубонона муносибат мекунед. Барои меҳрубон будан бошад, шумо бояд мулоим бошеду худро идора намоед.

ЧӢ ТАВР МО ОДАМИ НАВРО БА БАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Чи қадаре тарзи фикрронии Исоро аз худ кунем, ҳамон қадар ба ӯ нағз пайравӣ карда метавонем. (Ба сархатҳои 5, 8, 10, 12 ва 14 нигаред.)

5. «Фикрронии Масеҳро» доштан чӣ маъно дорад ва чаро мо бояд дар бораи ҳаёти ӯ дониш гирем? (1 Қӯринтиён 2:16).

5 1 Қӯринтиён 2:16-ро хонед. Барои одами навро ба бар кардан мо бояд «фикрронии Масеҳро» дошта бошем. Яъне бояд тарзи фикрронии Исоро аз худ карда ба ӯ пайравӣ намоем. Зеро Исо ҳамаи хислатҳои самари рӯҳро дошт. Бале, ӯ мисли оинаи бенуқсон хислатҳои Яҳуваро комилан инъикос мекунад (Ибр. 1:3). Чи қадаре фикррониамонро ба фикрронии Исо монанд кунем, ҳамон қадар рафторамон ба ӯ монанд мешавад. Он гоҳ хислатҳоеро, ки ӯ дошт, мо низ нишон медиҳем (Флп. 2:5).

6. Ҳангоми одами навро ба бар кардан мо бояд кадом мавридҳоро ба назар гирем?

6 Оё мо воқеан ҳам ба Исо пайравӣ карда метавонем? Шояд шумо гӯед: «Исо комил аст. Ман ҳеҷ гоҳ ба ӯ монанд шуда наметавонам!» Пеш аз чунин қарор кардан оиди мавридҳои зерин фикр кунед: Якум, шумо ба сурати Яҳува ва Исо офарида шудаед. Пас, ба қадре ба онҳо монанд шуда метавонед (1 Мӯсо 1:26). Дуюм, рӯҳи муқаддаси Худо қувваи бузургтарин дар олам аст. Бо ёрии он шумо корҳоеро карда метавонед, ки бо қувваи худ ҳаргиз карда наметавонистед. Сеюм, Яҳува интизор нест, ки шумо аллакай ҳозир хислатҳои самари рӯҳро комилан инкишоф диҳед. Қобили зикр аст, ки барои комил шудани онҳое, ки умеди заминӣ доранд, Падари меҳрубонамон 1000 сол муқаррар кардааст (Ошкор. 20:1–3). Имрӯз бошад, Яҳува танҳо мехоҳад мо аз таҳти дил кӯшиш карда ба ӯ такя намоем.

7. Ҳоло мо чиро баррасӣ мекунем?

7 Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда метавонем? Биёед чор ҷиҳати самари рӯҳи Худоро баррасӣ кунем. Дар ҳар як маврид диққат медиҳем, ки аз он ки чӣ тавр Исо ин хислатҳоро нишон медод, мо чӣ меомӯзем. Инчунин баъзе саволҳоро дида баромада мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат одами навамонро беҳтар кардан лозим.

8. Исо чӣ тавр муҳаббат нишон медод?

8 Азбаски Исо Яҳуваро дӯст медорад, баҳри ӯ ва одамон бисёр қурбониҳо овардааст (Юҳ. 14:31; 15:13). Бале, аз тарзи ҳаёти Исо дар замин маълум буд, ки ӯ одамонро беҳад дӯст медорад. Ӯ ҳар лаҳза муҳаббат ва ҳамдардӣ нишон медод, ҳатто вақте баъзеҳо муқобилаш мебаромаданд. Муҳаббати Исо ба одамон асосан дар он дида мешуд, ки ӯ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекард (Луқ. 4:43, 44). Инчунин, вақте Исо бо омодагӣ азоби ҷонгудоз кашида худро қурбон кард, маълум шуд, ки ӯ Яҳува ва одамонро дар ҳақиқат дӯст медорад. Бояд гуфт, ки муҳаббати фидокоронаи Исо буд, ки мо ба ҳаёти ҷовидонӣ умед пайдо кардем.

9. Чӣ тавр мо аз ҷиҳати изҳори муҳаббат ба Исо пайравӣ карда метавонем?

9 Азбаски мо Падари осмониамонро дӯст медорем, ҳаётамонро ба ӯ бахшида таъмид гирифтем. Аз ин рӯ, мисли Исо, мо низ бояд бо муҳаббатамон ба одамон нишон диҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем. Юҳаннои расул навиштааст: «Агар кас бародари худро, ки мебинад, дӯст надорад, чӣ тавр метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст дорад?» (1 Юҳ. 4:20). Бинобар ин аз худ пурсед: «Оё ман одамонро самимона дӯст медорам? Ҳатто агар бо ман дағалона рафтор кунанд, ба онҳо ҳамдардӣ нишон медиҳам? Оё аз муҳаббат вақту дороиямро барои бо Яҳува шинос кардани одамон сарф мекунам? Оё ман ин корро новобаста ба бепарвоӣ ва зиддияти одамон пеш мебарам? Оё имконият меҷӯям, то дар кори шогирдсозӣ бештар вақт сарф кунам?» (Эфс. 5:15, 16).

10. Чӣ нишон медиҳад, ки Исо сулҳҷӯ буд?

10 Исо марди сулҳдӯст буд. Вақте одамон ба ӯ муносибати бад мекарданд, Исо ҳеҷ гоҳ бар ивази бадӣ бадӣ намекард. Баръакс, ӯ якум шуда сулҳро барқарор мекард ва дигаронро низ таълим медод, ки муросо кунанд. Мисол, Исо мегуфт, ки агар шахс хоҳад Яҳува ибодаташро қабул кунад, ӯ бояд аввал бо бародараш оштӣ шавад (Мат. 5:9, 23, 24). Исо ҳамчунин расулонашро пайваста насиҳат мекард, то баҳс накунанд, ки дар байнашон кӣ бузургтар аст (Луқ. 9:46–48; 22:24–27).

11. Чӣ тавр мо сулҳҷӯ буда метавонем?

11 Сулҳҷӯ будан фақат маънои муросо карданро надорад. Мо бояд якум шуда бо дигарон оштӣ шавем ва ба бародару хоҳарон кумак расонем, то онҳо низ байнашон нофаҳмиро ҳал кунанд (Флп. 4:2, 3; Яъқ. 3:17, 18). Барои ин хуб мебуд аз худ пурсем: «Барои бо дигарон муросо кардан ман аз баҳри чӣ гузашта метавонам? Вақте бародар ё хоҳаре маро меранҷонад, оё дар дил кина мегирам? Оё интизор мешавам, ки кай ӯ омада бо ман оштӣ мешавад, ё худам қадами аввалро мегузорам, ҳатто агар айбе надошта бошам? Агар бамаврид бошад, оё онҳоеро, ки байнашон нофаҳмӣ шудааст, оштӣ мекунам?»

12. Чӣ тавр Исо меҳрубонӣ нишон медод?

12 Исо шахси меҳрубон буд (Мат. 11:28–30). Ӯ ҳатто дар вазъиятҳои душвор мулоиму боандеша буд. Масалан, вақте зани финиқиягӣ ӯро зора кард, ки ба духтарчааш кумак кунад, дар аввал Исо хоҳиши ӯро рад намуд, вале имони қавиашро дида, меҳрубонона фарзандашро сиҳат кард (Мат. 15:22–28). Вале бояд қайд кард, ки ҳарчанд Исо меҳрубону дилсӯз буд, ӯ аз маслиҳат додан худдорӣ намекард. Барои ҳамин баъзан қатъӣ амал намуда меҳрубониашро ба онҳое, ки дӯст медошт, нишон медод. Мисол, вақте Петрус Исоро аз иҷрои хости Яҳува боздоштанӣ шуд, Исо ӯро дар пеши ҳамаи расулон сарзаниш кард (Марқ. 8:32, 33). Албатта, Исо Петрусро паст заданӣ набуд, баръакс, ӯ Петрусро насиҳат карда ҳамаи расулонро огоҳ намуд, ки аз ҳад худбовар набошанд. Бешак, Петрус хиҷолат кашид, вале ӯ он лаҳза аз танбеҳи Исо дарси муҳим гирифт.

13. Чӣ тавр мо меҳрубонӣ нишон дода метавонем?

13 Барои ба дигарон меҳрубонӣ нишон додан баъзан шояд лозим ояд, ки ба онҳо рӯйирост маслиҳат диҳед. Дар ин сурат аз Исо ибрат гирифта кӯшиш кунед, ки маслиҳататон дар асоси Каломи Худо бошад. Мулоим бошед. Шубҳа накунед, ки бародару хоҳарон росткор будан мехоҳанд. Боварӣ дошта бошед, ки агар шахс Яҳува ва шуморо дӯст дорад, ба маслиҳататон ҳатман гӯш медиҳад. Вобаста ба ин аз худ пурсед: «Агар ман бинам, ки шахси бароям азиз нодуруст рафтор мекунад, оё далерона амал карда ба ӯ маслиҳат медиҳам? Вақте маслиҳат медиҳам, оё ин корро меҳрубонона мекунам ё ин ки дағалона? Ман бо кадом ният маслиҳат медиҳам: барои он ки рафтори шахс маро ба ғазаб меорад ё дар борааш ғам мехӯрам?»

14. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки некукор аст?

14 Исо на танҳо медонист, ки некӣ кардан чӣ аст, балки худаш ин корро мекард. Азбаски ӯ Падарашро дӯст медорад, ҳама вақт бо нияти дуруст корҳои нек мекунад. Дар асл инсони некукор ҳама вақт имконият меҷӯяд, то ба дигарон кумак расонда некӣ кунад. Барои ҳамин танҳо донистани он ки кадом кор дуруст аст, кифоя нест. Мо бояд бо нияти нек кори дурустро кунем. Шояд касе пурсад: «Магар кори некро бо нияти нодуруст кардан мумкин аст?» Бале! Масалан, Исо дар бораи шахсоне гуфтааст, ки ба камбағалон садақа медоданду дар бораи некиашон овоза мекарданд. Некиҳои онҳо дар назари Яҳува ягон қадру қимат надошт (Мат. 6:1–4).

15. Чӣ тавр мо некукор буда метавонем?

15 Мо он вақт некукор ҳисобида мешавем, агар беғаразона кори дуруст кунем. Бинобар ин аз худ пурсида метавонед: «Вақте ман мефаҳмам, ки кардани кадом кор дуруст аст, онро мекунам? Бо кадом ният ман корҳои нек мекунам?»

ЧӢ ТАВР ОДАМИ НАВРО НИГОҲ ДОШТА МЕТАВОНЕМ?

16. Мо ҳар рӯз бояд чӣ кор кунем ва чаро?

16 Вақте шахс таъмид мегирад, ин маънои онро надорад, ки вай одами навро пурра дар бар кардаасту шарт нест, ки дигар онро беҳтар гардонад. Одами нав монанди либоси навест, ки мо онро бояд дар ҳолати хуб нигоҳ дорем. Барои ба ин мақсад расидан яке аз роҳҳо ҳамин аст, ки ҳар рӯз бо рафторамон самари рӯҳро нишон диҳем. Чаро? Зеро Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба кор бурда натиҷа ба даст меорад (1 Мӯсо 1:2). Бале, ҳар як ҷониби самари рӯҳи Худо кумак мекунад, то мо амал намоем. Аҳамият диҳед, Яъқуби расул чӣ навишта буд: «Имон... бе амал мурда аст» (Яъқ. 2:26). Дар бораи дигар хислатҳои самари рӯҳи Худо низ чунин гуфтан мумкин аст. Хулоса, ҳар боре ки мо ин хислатҳоро нишон медиҳем, исбот мекунем, ки рӯҳи Худо дар мо амал мекунад.

17. Агар мо самари рӯҳро ба кор бурда натавонем, бояд чӣ кор кунем?

17 Ҳатто дар рафтори бародару хоҳароне, ки чандин сол пеш таъмид гирифтаанд, баъзан самари рӯҳ дида намешавад. Дар ин маврид муҳим аст, ки рӯҳафтода нашавем. Як мисол меорем, агар шумо либоси дӯстдоштаатонро даронед, оё онро дарҳол мепартоед? Не, албатта. Эҳтимоли зиёд аст, ки агар илоҷаш бошад, шумо онро медӯзед ва минбаъд нағзакак эҳтиёт мекунед. Агар тавре шавад, ки шумо бо касе меҳрубонона, пуртоқатона ё аз рӯйи муҳаббат рафтор накардед, рӯҳафтода нашавед. Самимона бахшиш пурсидан кумак мекунад, ки муносибати худро бо ӯ барқарор намоед. Минбаъд бошад, бо азми қавӣ кӯшиш кунед, то аз рӯйи самари рӯҳ амал намоед.

18. Мо аз чӣ дилпур буда метавонем?

18 Мо бениҳоят миннатдор ҳастем, ки намунаи Исои Масеҳро дорем. Чи қадаре дар бораи фикрронӣ ва рафтори ӯ бештар дониш гирем, ҳамон қадар бароямон ба ӯ пайравӣ кардан осон мешавад. Инчунин агар мисли Исо рафтор намоем, бомуваффақият одами навро ба бар мекунем. Дар ин мақола мо танҳо чор хислати самари рӯҳи Худоро дида баромадем. Нағз мешуд, агар вақт ҷудо карда дар бораи дигар хислатҳои самари рӯҳ низ мулоҳиза ронем ва муайян созем, ки то чӣ андоза онҳоро дар худ инкишоф додаем. Дар ин мавзӯъ силсиламақола ҳаст ва шумо онро аз «Роҳнамо» зери мавзӯи «Ҳаёти масеҳӣ», «Самари рӯҳ» ёфта метавонед. Агар кӯшиш кунед, ки одами навро ба бар карда онро нигоҳ доред, боварӣ дошта бошед, ки Яҳува ба мададатон мерасад.

СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам

^ Новобаста ба он ки дар гузашта ҳаётамон чӣ гуна буд, мо «одами нав»-ро дар бар карда метавонем. Барои ин мо бояд минбаъд низ тарзи фикррониамонро ислоҳ карда кӯшиш кунем, то мисли Исо бошем. Дар ин мақола гап дар бораи тарзи фикрронӣ ва амалҳои Исо меравад. Инчунин баррасӣ мешавад, ки чӣ тавр мо баъд аз таъмид низ ба Исо пайравӣ кунем.

^ Дар Ғалотиён 5:22, 23 рӯйхати пурраи хислатҳои хубе, ки рӯҳи Худо дар мо инкишоф дода метавонад, оварда нашудааст. Барои муҳокимаи ин мавзӯъ ба «Саволҳои хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и июни соли 2020 нигаред.