Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 13

Ибодати ҳақиқӣ ба шумо хурсандии бештар мебахшад

Ибодати ҳақиқӣ ба шумо хурсандии бештар мебахшад

«Худои мо, Яҳува, ту сазовори ҷалол, иззат ва қудрат ҳастӣ» (ОШКОР. 4:11).

СУРУДИ 26 Бо Худо роҳ рав!

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Дар кадом сурат Яҳува ибодати моро қабул мекунад?

 ВАҚТЕ шумо калимаи «ибодат»-ро мешунавед, чӣ пеши назаратон меояд? Шояд шумо бародари фурӯтанеро тасаввур кунед, ки дар назди кати хобаш зону зада самимона дуо мегӯяд. Ё бародару хоҳаронеро тасаввур мекунед, ки дар ҷамъомад шодикунон суруд мехонанд.

2 Дар ҳар дуи ин маврид қаҳрамонон Худоро ибодат мекунанд. Оё Яҳува ибодати онҳоро қабул мекунад? Агар онҳо Яҳуваро дӯст доранду иззат кунанд ва мувофиқи иродааш ибодат намоянд, албатта, қабул мекунад. Мо Яҳуваро бениҳоят дӯст медорем, медонем, ки ӯ сазовори ибодати мо аст. Барои ҳамин аз таҳти дил кӯшиш мекунем, ки сифати ибодатамон беҳтарин бошад.

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки Яҳува кадом ибодатро дар давраҳои қадим қабул мекард. Ҳамчунин ҳашт ҷониберо баррасӣ мекунем, ки Яҳува мехоҳад мо ба воситаашон ӯро ибодат кунем. Ҳамзамон мулоҳиза меронем, ки чӣ тавр шахсан мо ин ҳашт ҷиҳати ибодатамонро беҳтар гардонда метавонем. Боз якчанд сабаберо мефаҳмем, ки чаро ибодати ҳақиқӣ моро хурсанд мегардонад.

ИБОДАТЕ, КИ ЯҲУВА ДАР ДАВРАҲОИ ҚАДИМ ҚАБУЛ МЕКАРД

4. Чӣ тавр дар замонҳои қадим хизматгорони Яҳува нишон медоданд, ки ӯро дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд?

4 Дар давраҳои қадим мардони бовафо ба монанди Ҳобил, Нӯҳ, Иброҳим ва Айюб дар амал муҳаббат ва эҳтиромашонро ба Яҳува нишон медоданд. Чӣ тавр? Онҳо ба Яҳува итоат мекарданд, имон доштанд ва барояш қурбониҳо меоварданд. Албатта, дар Китоби Муқаддас батафсил гуфта намешавад, ки онҳо дар ибодаташон бояд кадом корҳоро мекарданд. Вале маълум аст, ки онҳо ғайрат намуда Яҳуваро ҷалол медоданд ва мувофиқи хосташ ӯро ибодат мекарданд. Бо гузашти вақт Яҳува ба исроилиён Шариати Мӯсоро дод. Он аз қонунҳои бисёр иборат буд, ки исроилиён бояд ба ҷо меоварданд, то Яҳува ибодаташонро қабул кунад.

5. Баъди марг ва зинда шудани Исо дар ибодати ҳақиқӣ чӣ тағйир ёфт?

5 Баъди марг ва зинда шудани Исо Яҳува аз ибодаткунандагонаш риояи Шариати Мӯсоро дигар талаб намекард (Рум. 10:4). Масеҳиён бояд акнун аз рӯйи «шариати Масеҳ» зиндагӣ мекарданд (Ғал. 6:2). Барои ба ҷо овардани ин шариат ба масеҳиён лозим набуд, ки рӯйхати дарози қонунҳоро аз ёд карда риоя намоянд. Ба онҳо танҳо лозим буд, ки ба Исо пайравӣ карда аз рӯйи таълимоти ӯ зиндагӣ кунанд. Имрӯз низ масеҳиёни ҳақиқӣ кӯшиш мекунанд, ки ба Исо пайравӣ кунанд, то розигии Яҳуваро ба даст оварда «қуввати тоза» гиранд (Мат. 11:29).

6. Мо аз ин мақола чӣ манфиат мегирем?

6 Ҳангоми муҳокимаи ҳашт ҷониби ибодатамон аз худ пурсед: «Ман аз ин ҷиҳат ягон камбудӣ дорам? Оё сифати ибодатамро беҳтар карда метавонам?» Албатта, шояд шумо фикр кунед, ки ҳамааш нағз аст. Бо вуҷуди ин аз Яҳува дар дуо кумак пурсед, то бинед, ки аз кадом ҷиҳат бояд ибодати худро беҳтар гардонед.

ҶОНИБҲОИ ИБОДАТАМОН

7. Яҳува ба дуоҳои самимиамон чӣ гуна назар мекунад?

7 Дуо гуфтан қисми ибодатамон аст. Дар Китоби Муқаддас дуоҳои мо ба бухур монанд карда мешавад, ки бодиққат тайёр шуда дар хаймаи муқаддас ва баъдтар дар ибодатгоҳ пешкаш мегардид (Заб. 141:2). Бухур буйи муаттаре дошт. Ба ин монанд, ҳатто агар мо дар дуои худ суханони болохонадор нагӯем, он ба Яҳува «хуш» меояд (Пнм. 15:8; 5 Мӯсо 33:10). Мо боварии комил дорем, ки, вақте дар дуо муҳаббат ва миннатдориамонро ба Яҳува баён мекунем, ин ба ӯ хеле маъқул аст. Падарамон мехоҳад, ки мо ба ӯ дар бораи хавотирӣ ва умеду орзуҳоямон нақл кунем. Бинобар ин хуб мебуд пеш аз дуо гуфтан фикр кунем, ки чӣ мегӯем. Ин тавр карда мо ба Падари осмониамон «бухур»-и беҳтаринро пешкаш мекунем.

8. Барои Худоро ситоиш кардан мо чӣ гуна имконияти олиҷаноб дорем?

8 Яҳуваро ситоиш кардан қисми ибодатамон аст (Заб. 34:1). Вақте мо ба дигарон дар бораи муҳаббатамон ба хислатҳои олиҷаноби Яҳува нақл мекунем, ӯро ҳамду сано мехонем. Ҳамду ситоиш одатан аз лабони одами миннатдор фаввора мезанад. Агар истода дар бораи ҳамаи некиҳое, ки Яҳува бароямон мекунад, андеша кунем, баҳри ситоиши ӯ сабабҳои зиёд пайдо мекунем. Бояд гуфт, ки кори мавъиза имконияти хуб фароҳам меорад, то «ба Худо қурбонии ҳамду сано орем, яъне самари лабҳоямонро» (Ибр. 13:15). Чи хеле пеш аз дуо гуфтан фикр мекунем, ки чӣ гӯем, ҳамин тавр хуб мебуд, ки пеш аз хизмат рафтан андеша кунем, ки ба одамон чӣ мегӯем. Бале, мо мехоҳем «қурбонии ҳамду сано»-амон беҳтарин бошад. Барои ҳамин бо шавқу ҳавас мавъиза мекунем.

9. Мисли исроилиёни қадим, вақте мо якҷоя вомехӯрем, чӣ манфиат мегирем? Аз таҷрибаи худ ягон мисол оред.

9 Ба вохӯриҳо омадан қисми ибодатамон аст. Ба исроилиёни қадим гуфта шуда буд: «Дар як сол се бор тамоми мардинаи ту бояд пеши Худоят Яҳува, ба ҷое ки вай интихоб кунад, ҳозир шаванд» (5 Мӯсо 16:16). Яъне халқ бояд хонаву заминҳояшонро бе назорат монда мерафтанд. Барои ҳамин Яҳува ба онҳо ваъда дод: «Вақте ту соле се маротиба барои дидани рӯйи Худоят Яҳува биравӣ, ҳеҷ кас замини туро ҳавас намекунад» (2 Мӯсо 34:24). Исроилиёни худотарс аз Яҳува дилпур шуда ҳар сол ба ид мерафтанд. Барои ин корашон онҳо соҳиби баракатҳои зиёд мешуданд. Масалан, Шариати Худоро чуқуртар меомӯхтанд, дар бораи некиҳои Яҳува бодиққат мулоҳиза меронданд ва аз муоширати ободкунанда бо ҳамимононашон қувват мегирифтанд (5 Мӯсо 16:15). Ба ин монанд, вақте мо новобаста ба душвориҳо дар вохӯриҳоямон иштирок мекунем, манфиати зиёд мегирем. Як тасаввур кунед, ки вақте мо шарҳҳои кӯтоҳ ва пурмазмун медиҳем, то чӣ андоза Яҳува хурсанд мешавад.

10. Чаро сурудхонӣ қисми муҳими ибодатамон ҳисоб меёбад?

10 Сурудхонӣ қисми ибодатамон аст (Заб. 28:7). Исроилиёни қадим сурудхониро қисми муҳими ибодаташон меҳисобиданд. Масалан, шоҳ Довуд 288 левизодаро дар ибодатгоҳ ба сифати сарояндагон таъйин карда буд (1 Воқ. 25:1, 6–8). Имрӯз низ вақте мо сурудҳои ҳамду саноро мехонем, муҳаббатамонро ба Яҳува нишон медиҳем. Бояд гуфт, ки барои ин шарт нест, ки мо сарояндаи хуб бошем. Як фикр кунед: Масалан, вақте мо гап мезанем «бисёр хато мекунем», вале новобаста ба ин дар ҷамоат ва мавъиза бо дигарон муошират менамоем (Яъқ. 3:2). Барои ҳамин мо бояд ба камбудиҳои овозамон аз ҳад зиёд аҳамият надиҳем ва бо сурудхониамон Яҳуваро ҳамду сано гӯем.

11. Мувофиқи Забур 48:13 чаро мо бояд барои бо оилаамон Китоби Муқаддасро омӯхтан вақт ҷудо кунем?

11 Омӯхтани Каломи Худо ва дар бораи Яҳува ба фарзандонамон таълим додан қисми ибодатамон аст. Риоя намудани рӯзи шанбе ба исроилиён ёрдам мекард, ки корҳои ҳаррӯзаашонро як тараф монда, диққати худро пурра ба муносибаташон бо Яҳува равона созанд (2 Мӯсо 31:16, 17). Онҳое, ки дар байни халқ бовафо буданд, фарзандонашонро дар бораи Яҳува ва некиҳои ӯ таълим медоданд. Имрӯз низ мо бояд барои омӯзиши Каломи Худо вақт ҷудо кунем. Охир, ин қисми ибодатамон аст ва кумак мекунад, то бо Худо наздиктар шавем (Заб. 73:28). Инчунин, вақте ҳамроҳи оилаамон омӯзиш мекунем, фарзандони мо бо Падари осмонии меҳрубонамон муносибати наздик инкишоф медиҳанд. (Забур 48:13-ро хонед.)

12. Яҳува ба кори онҳое, ки ашёҳои хаймаи муқаддасро месохтанд, чӣ хел муносибат мекард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

12 Сохтмон ва нигоҳубини ҷойҳои ибодат қисми ибодатамон мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки сохтани хаймаи муқаддас ва тамоми ашёи он «кори муқаддас» ҳисоб меёфт (2 Мӯсо 36:1, 4). Имрӯз низ Яҳува сохтмони Ибодатгоҳҳо ва дигар биноҳои ташкилотро хизмати муқаддас меҳисобад. Бинобар ин баъзе бародару хоҳарон дар чунин лоиҳаҳо бисёр вақт сарф мекунанд. Мо меҳнати онҳоро бениҳоят қадр мекунем. Ногуфта намонад, ки онҳо инчунин дар паҳн кардани хабари хуш иштирок менамоянд. Баъзеашон ҳатто хоҳиши пешрави доимӣ шудан доранд. Барои ҳамин вақте ин воизони меҳнаткаш ба талабот ҷавобгӯянд, пирони ҷамоат бемалол метавонанд онҳоро пешрави доимӣ таъйин кунанд ва бо ҳамин кори сохтмонро дастгирӣ намоянд. Хулоса, хоҳ мо таҷрибаи сохтмонӣ дошта бошем, хоҳ не, ҳамаамон барои тоза нигоҳ доштан ва нигоҳубини биноҳои мазкур саҳм гузошта метавонем.

13. Мо ба хайрияҳое, ки барои дастгирии кори Подшоҳӣ мекунем, бояд чӣ гуна назар дошта бошем?

13 Кори Подшоҳиро бо хайрияҳои худ дастгирӣ намудан қисми ибодатамон аст. Дар давраҳои қадим халқи Исроил бояд назди Яҳува дасти холӣ ҳозир намешуд (5 Мӯсо 16:16). Ҳар як шахс бояд мувофиқи шароити худ ба Яҳува хайрия меовард. Ин тавр карда онҳо барои ҳамаи ҳадияҳои рӯҳоние, ки дастрас буд, миннатдории худро нишон медоданд. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем ва барои ҳар як кори неке, ки баҳрамон мекунад, миннатдорем? Як роҳаш ин аст, ки мувофиқи шароитамон ҷамоати маҳаллӣ ва кори умумиҷаҳонии ташкилотро бо хайрияҳои худ дастгирӣ кунем. Павлуси расул дар ин бора чунин гуфтааст: «Ҳадия хусусан вақте ба Худо маъқул аст, ки аз таҳти дил дода шавад, чунки Худо интизор нест, ки кас беш аз қуввати худ бидиҳад, балки фақат аз рӯйи тавонаш» (2 Қӯр. 8:4, 12). Бале, Яҳува хайрияамонро, ки аз таҳти дил мекунем, қадр мекунад, ҳатто агар он назарногир бошад (Марқ. 12:42–44; 2 Қӯр. 9:7).

14. Мувофиқи Панднома 19:17 Яҳува ба кумаке, ки мо ба бародару хоҳарони муҳтоҷ мерасонем, чӣ тавр муносибат мекунад?

14 Ҳамимонони муҳтоҷамонро дастгирӣ намудан қисми ибодатамон аст. Яҳува ба исроилиёне, ки ба камбағалон саховатмандӣ нишон медоданд, ваъда дода буд, ки ба онҳо подош медиҳад (5 Мӯсо 15:7, 10). Бале, ҳар боре ки мо ҳамимони муҳтоҷамонро дастгирӣ мекунем, Яҳува ба ин тавре назар мекунад, ки гӯё мо ба ӯ ҳадия додаем. (Панднома 19:17-ро хонед.) Масалан, вақте масеҳиёни ҷамоати Филиппӣ ба Павлус, ки дар ҳабс буд, ҳадия фиристоданд, ӯ гуфт, ки ҳадияи онҳо «қурбонии ба Худо писанд аст» (Флп. 4:18). Барои ҳамин аз худ пурсед: «Оё дар ҷамоати ман ягон бародар ё хоҳари муҳтоҷ ҳаст, то ман ба ӯ кумак кунам?» Вақте Яҳува мебинад, ки мо вақт, қувват, ҳунар ва дороиамонро барои дастгирии муҳтоҷон сарф мекунем, хурсанд мешавад. Дар асл, Яҳува ба ин чиз чун ба ибодатамон назар мекунад (Яъқ. 1:27).

ИБОДАТИ ҲАҚИҚӢ МОРО ХУШБАХТ МЕГАРДОНАД

15. Ҳарчанд ибодати ҳақиқӣ вақту қувватро металабад, чаро он гарон нест?

15 Рост аст, ки ибодати ҳақиқӣ вақту қувватро металабад, вале он гарон нест (1 Юҳ. 5:3). Чаро ин хел гуфтан мумкин? Зеро мо Яҳуваро аз муҳаббат ибодат мекунем. Барои мисол, кӯдакеро тасаввур кунед, ки ба падараш туҳфа доданӣ аст. Ӯ метавонад соатҳои дароз шишта барои падараш расм кашад. Писарак барои ин кор заррае ҳам вақташро дареғ намедорад. Зеро падарашро дӯст медорад ва мехоҳад он расмро ба ӯ ҳадия кунад. Ба ин монанд, азбаски мо Яҳуваро дӯст медорем, вақту қувватамонро дареғ надошта хурсандона ӯро ибодат мекунем.

16. Аз рӯйи Ибриён 6:10, вақте мо кӯшиш мекунем, ки розигии Яҳуваро ба даст орем, ӯ ба ин чӣ хел муносибат мекунад?

16 Волидони пурмеҳр аз ҳамаи фарзандонашон туҳфаи якхеларо интизор намешаванд. Онҳо мефаҳманд, ки фарзандашон гуногунанд ва вазъияташон низ фарқ мекунад. Ба ин монанд, Падари осмониамон низ аз шароити мо бохабар аст. Масалан, шояд шумо аз наздиконатон дида бештар ба Яҳува хизмат мекунед. Ё эҳтимол шумо аз сабаби синну сол, саломатӣ ва уҳдадориҳои оилавӣ назар ба дигарон камтар мекунед. Агар ин хел бошад, зиқ нашавед (Ғал. 6:4). Яҳува меҳнататонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. То даме ки шумо бо нияти дуруст ба таври беҳтарин хизмататонро ба ҷо меоред, ӯ аз шумо розӣ мешавад. (Ибриён 6:10-ро хонед.) Яҳува ҳатто нияти дилатонро мебинад, ӯ мехоҳад, ки шумо аз ибодататон хурсандӣ гиред.

17. а) Агар бароямон ягон ҷиҳати ибодатамонро иҷро намудан душвор бошад, чӣ кор карда метавонем? б) Шумо аз корҳое, ки дар чорчӯбаи  «Хушбахтиатонро зиёд гардонед» оварда шудаанд, кадомашро мекунед?

17 Вале, агар баъзе ҷонибҳои ибодатамонро ба ҷо овардан бароямон мушкил бошад-чӣ? Мисол, гузарондани омӯзиши шахсӣ ё ба хизмат рафтан. Лекин бояд гуфт, ки чи қадаре бештар бо ин корҳо машғул шавем, ҳамон қадар онҳо ба мо маъқул мешаванд ва мо манфиат мегирем. Аз ин ҷиҳат ибодатамонро ба машғулияти варзишӣ ё навохтани асбоби мусиқӣ монанд кардан мумкин аст. Агар шахс бо ин корҳо пайваста машғул нашавад, пешравӣ намекунад. Вале тасаввур кунед, мо мақсад мемонем, ки ҳар рӯз ин корҳоро пайваста мекунем. Дар аввал муддати кӯтоҳ, сипас оҳиста-оҳиста давомнокии машқҳоро зиёдтар мегардонем. Ниҳоят вақте самари меҳнатамонро мебинем, минбаъд бесаброна вақту соатеро интизор мешавем, ки боз бо ин корҳо машғул шавем. Дар мавриди ибодатамон низ чунин аст.

18. Мо кадом кори аз ҳама муҳимро иҷро карда метавонем ва агар иҷро кунем, он чӣ натиҷа меорад?

18 Яҳуваро аз таҳти дил ибодат намудан кори муҳимтаринест, ки мо карда метавонем. Агар ин тавр кунем, ҳаётамон хушбахт ва пурмаъно мешавад ва мо дар оянда Яҳуваро то абад ибодат хоҳем кард (Пнм. 10:22). Бояд гуфт, ки мо аллакай имрӯз худро орому осуда ҳис мекунем, зеро медонем, ки Яҳува хизматгоронашро ҳангоми мушкилиҳо дастгирӣ мекунад (Иш. 41:9, 10). Бале, Яҳува сазовор аст, то тамоми офаридаҳояш ӯро ҷалол дода иззат намоянд. Барои ҳамин мо Падари меҳрубонамонро хурсандона ибодат мекунем (Ошкор. 4:11).

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

^ Азбаски Яҳува Офаридгор аст, мо бояд ӯро ибодат кунем. Вале корҳое, ки мо барои ибодатамон мекунем, танҳо дар сурате аз ҷониби Яҳува қабул мешаванд, ки агар мо аз рӯйи қонунҳо ва принсипҳои ӯ зиндагӣ кунем. Дар ин мақола ҳашт ҷониби ибодатамон муҳокима мешавад. Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр аз ин ҷиҳатҳо беҳтар гардем ва бештар хурсандӣ пайдо кунем.