Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр ба ғаму ташвиш тоб орем?

Чӣ тавр ба ғаму ташвиш тоб орем?

ҒАМУ ташвиш мисли бори гарон аст (Пнм. 12:25). Оё ин ҳолат ба шумо шинос аст? Оё ҳис кардаед, ки дигар тобу тоқати бардошт карданро надоред? Агар чунин бошад, шумо танҳо нестед. Бисёре аз мо шояд касалибон ҳастем, шахси наздикамонро аз даст додаем, қурбони офатҳои табиӣ гаштаем ё аз дигар душвориҳо ҷисман, фикран ва эҳсосан бемадор шудаем. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба ғаму ташвиш тоб орем? a

Мо саргузашти шоҳ Довудро дида баромада мефаҳмем, ки чӣ хел ғаму ташвишро паси сар карда метавонем. Ӯ дар ҳаёт бисёр сахтиҳоро аз сар гузаронд, ҳатто якчанд бор бо марг рӯ ба рӯ шуд (1 Подш. 17:34, 35; 18:10, 11). Довуд чӣ хел ба ғаму ташвишҳояш ғолиб омад ва мо аз ӯ чӣ омӯхта метавонем? Биёед дар ин бора фаҳмем.

ДОВУД ЧӢ ХЕЛ БА ҒАМУ ТАШВИШҲОЯШ ҒОЛИБ ОМАД?

Ба сари Довуд яку якбора якчанд мушкилӣ омад. Масалан, ҳангоми аз шоҳ Шоул, ки қасди ҷони ӯро дошт, гурехтанаш, бо ӯ як воқеаи ғамангез рӯй дод. Вақте Довуд бо одамонаш ба Сиқлоҷ омад, дид, ки душманон чизу чораашонро ғорат карданд, хонаҳояшонро сӯзонданд ва оилаҳояшонро ба асирӣ бурданд. Ӯ инро дида чӣ ҳис кард? «Довуду одамонаш бо овози баланд гиристанд, то даме ки дигар қуввати гиристан надоштанд». Илова бар ин, вақте Довуд шунид, ки ҷанговаронаш ӯро сангсор карданиянд, аҳволаш боз ҳам бадтар шуд (1 Подш. 30:1–6). Акнун ба сари Довуд се мусибат пайиҳам омад: ҷони оилааш дар хатар буд, ӯ метарсид, ки одамонаш ӯро куштанианд ва шоҳ Шоул то ҳол ӯро таъқиб мекард. Ғаму ташвишҳои сахти Довудро лаҳзае тасаввур кунед.

Довуд чӣ кор мекунад? Ӯ дарҳол «дар Худояш Яҳува қувват» меёбад. Чӣ тавр? Довуд аз рӯйи одат ба Яҳува дуо гуфта мадад пурсид ва мулоҳиза кард, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ӯро дастгирӣ карда буд (1 Подш. 17:37; Заб. 18:2, 6). Ӯ медонист, ки барояш роҳнамоии Яҳува даркор аст, барои ҳамин аз Яҳува пурсид, ки чӣ кор кунад. Баъди гирифтани роҳнамоии Яҳува ӯ дарҳол амал кард. Дар натиҷа ӯву одамонаш аз пайи душманон шуданд ва бо дастгирии Яҳува оила ва чизу чораашонро баргардонданд (1 Подш. 30:7–9, 18, 19). Аҳамият додед, Довуд се корро кард: якум, ӯ ба Яҳува дуо гуфт, дуюм, мулоҳиза кард, ки чӣ хел Яҳува дар гузашта ӯро дастгирӣ карда буд ва сеюм, мувофиқи роҳнамоии Яҳува амал намуд. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр бо ин се роҳ ба Довуд пайравӣ карда метавонем.

ҲАНГОМИ ҒАМУ АНДУҲ БА ДОВУД ПАЙРАВӢ КУНЕД

1. Дуо гӯед. Вақте моро ғаму андуҳ фаро мегирад, мо аз Яҳува мадад ва хирад пурсида метавонем. Дар дуо дилро холӣ кардан ба мо оромӣ мебахшад. Агар вазъият имкон диҳад кӯтоҳак дар дил дуо гуфта метавонем. Ҳар боре ки мо ба Яҳува муроҷиат мекунем, мисли Довуд бовариамонро ба ӯ нишон медиҳем, ки гуфта буд: «Яҳува сахраи ман, қалъаи ман ва халосгари ман аст. Худоям кӯҳпораи ман аст, дар ӯ паноҳ мебарам» (Заб. 18:2). Оё дуо дар ҳақиқат ёрдам медиҳад? Хоҳари пешраве бо номи Келия мегӯяд: «Баъди дуо ман оромӣ ҳис мекунам. Дуо ба ман ёрдам мекунад, ки мисли Яҳува фикр кунам ва ба ӯ бештар такя намоям». Бешак, дуо туҳфаи беҳтарини Яҳува мебошад, ки барои паси сар кардани ғаму ташвишҳоямон кумак мекунад.

2. Мулоҳиза ронед. Оё дар гузашта шумо мушкилиҳое доштед, ки Яҳува дар ҳалли онҳо ба шумо кумак карда буд? Агар мулоҳиза ронед, ки чӣ хел Яҳува шуморо мисли хизматгорони пешинааш дастгирӣ карда буд, ин ба шумо қувват бахшида бовариатонро ба Яҳува зиёд мегардонад (Заб. 18:17–19). Ҷошуа ном пири ҷамоате мегӯяд: «Ман дар варақе ҷавоби дуоҳоямро навиштаам. Ин ба ман ёрдам мекунад, то фаромӯш накунам, ки аз Яҳува кадом чизи муайянро пурсидам ва ӯ ба ман чӣ хел ҷавоб дод». Бале, вақте мо мулоҳиза меронем, ки Яҳува моро чӣ хел дастгирӣ карда буд, барои паси сар кардани ғаму ташвишамон қуввати нав пайдо мекунем.

3. Амал намоед. Пеш аз амал кардан мо метавонем аз Каломи Худо роҳнамоии беҳтарин ва боварибахшро ҷӯем (Заб. 19:7, 11). Бисёриҳо пай бурданд, ки агар онҳо оятҳои муайянро хуб тадқиқ кунанд, дар ҳаёт истифода бурдани онро беҳтар мефаҳманд. Ҷерод ном пири ҷамоате мефаҳмонад: «Тадқиқот ба ман ёрдам мекунад, ки ба маънои ин ё он оят ҳаматарафа сарфаҳм равам ва дарк намоям, ки Яҳува ба ман чӣ гуфтанӣ аст. Ҳамин тавр ман ба чизи хондаам боварӣ пайдо карда мувофиқи ҳидояти Яҳува амал мекунам». Вақте мо аз Каломи Яҳува роҳнамоӣ меҷӯем ва аз рӯйи он амал менамоем, ташвишҳоямонро паси сар кардан осонтар мешавад.

ЯҲУВА БА ШУМО ЁРДАМ МЕКУНАД, КИ БА МУШКИЛИҲО ТОБ ОРЕД

Довуд дарк мекард, ки танҳо бо ёрдами Яҳува душвориҳояшро паси сар карда метавонад. Ӯ аз Яҳува чунон миннатдор буд, ки ҳиссиёташро бо чунин суханон баён кард: «Бо қуввати Худо ба болои девор мебароям. Худо камарбанди қувватро бар ман мебандад» (Заб. 18:29, 32). Эҳтимол, мо ҳис кунем, ки озмоишҳоямон мисли девори баланд аст. Лекин бо ёрдами Яҳува чӣ гуна душворие надошта бошем, паси сар карда метавонем. Хулоса, вақте мо дар дуо аз Яҳува мадад мепурсем, дар бораи корҳое, ки дар ҳаққамон мекунад, мулоҳиза меронем ва мувофиқи роҳнамоии ӯ амал менамоем, он гоҳ ӯ ба мо қувват ва хирад мебахшад, то ба ҳар гуна ғаму ташвишҳо тоб оварда тавонем.

a Шахсе, ки ғаму ташвиши ҷиддӣ дорад, ба духтур муроҷиат карда метавонад.