Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 18

Дар хизмати Яҳува мақсад гузошта ба онҳо расед

Дар хизмати Яҳува мақсад гузошта ба онҳо расед

«Дар бораи ин чизҳо андеша рон ва андармони онҳо бош, то пешравии ту ба ҳама маълум шавад» (1 ТИМ. 4:15).

СУРУДИ 40 Аввал Салтанати Худоро биҷӯед

ПЕШГУФТОР a

1. Мо чӣ гуна мақсадҳо гузошта метавонем?

 МО МАСЕҲИЁНИ ҳақиқӣ Яҳуваро беҳад дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем, ки дар хизмати ӯ чизи беҳтаринамонро диҳем. Дар ин кор ба мо гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ b ёрдам мекунад. Масалан, мо метавонем хислатҳои хубро инкишоф дода дар хизмати Яҳува маҳоратамонро беҳтар кунем, ҳамчунин барои ба дигарон хизмат кардан имконият ҷӯем.

2. Чаро мо бояд мақсадҳо монем ва кӯшиш карда ба онҳо расем?

2 Чаро мо бояд барои хизматгори беҳтари Яҳува шудан кӯшиш кунем? Пеш аз ҳама мо мехоҳем, ки дили Падари осмониамонро шод гардонем. Вақте мо қобилияту маҳоратамонро пурра дар хизмати Яҳува истифода мебарем, ӯ аз ин хурсанд мешавад. Илова бар ин, мо мехоҳем, ки рӯҳан пешравӣ карда ба бародару хоҳарон бештар манфиат орем (1 Тас. 4:9, 10). Нигоҳ накарда ба он ки чанд сол боз дар роҳи ҳақиқат ҳастем, ҳамаи мо рӯҳан пешравӣ карда метавонем. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр.

3. Мувофиқи 1 Тимотиюс 4:12–16 Павлус Тимотиюсро ба чӣ даъват кард?

3 Вақте Павлус номаи якумашро ба Тимотиюс навишт, Тимотиюс ҷавон буд, бо вуҷуди ин аллакай пири ботаҷриба ба ҳисоб мерафт. Лекин Павлус ба ӯ маслиҳат дод, ки рӯҳан пешравӣ кунад. (1 Тимотиюс 4:12–16-ро хонед.) Агар шумо ба суханони Павлус аҳамият диҳед, мефаҳмед, ки ӯ мехост Тимотиюс аз ду ҷиҳат беҳтар шавад: якум, ӯ муҳаббат, имон ва покиро инкишоф диҳад ва дуюм, маҳорати қироат, насиҳат кардан ва таълимдиҳиашро беҳтар гардонад. Ҳоло намунаи Тимотиюсро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр гузоштани мақсадҳои дастрас ба мо ёрдам мекунад, ки рӯҳан пешравӣ кунем. Инчунин мефаҳмем, ки бо кадом роҳҳо доираи хизматамонро васеъ кардан мумкин аст.

ХИСЛАТҲОИ ХУБРО ИНКИШОФ ДИҲЕД

4. Мувофиқи Филиппиён 2:19–22 чаро Тимотиюс хизматгори хуби Яҳува гашт?

4 Чаро Тимотиюс хизматгори хуби Яҳува буд? Чунки ӯ хислатҳои беҳтарин дошт. (Филиппиён 2:19–22-ро хонед.) Павлуси расул Тимотиюсро шахси фурӯтан, вафодор, боғайрат ва боваринок меҳисобид. Ӯ бародару хоҳаронро беҳад дӯст медошт ва дар ҳаққашон бисёр ғамхорӣ мекард. Аз ин рӯ Павлус Тимотиюсро дӯст медошт ва бо дилпурӣ таъйинотҳои душворро ба ӯ месупорид (1 Қӯр. 4:17). Ба ин монанд, агар мо ҳам хислатҳои ба Яҳува маъқулро инкишоф диҳем, ба ӯ бештар писанд меоем ва фоидаамон ба ҷамоат бисёртар мерасад (Заб. 25:9; 138:6).

Муайян кунед, ки кадом хислатро бештар инкишоф доданиед (Ба сархатҳои 5 ва 6 нигаред.)

5. а) Шумо аз куҷо фаҳмида метавонед, ки кадом хислатро инкишоф доданатон даркор? б) Чӣ тавр ин хоҳари ҷавон мувофиқи мақсади гузоштааш ба дигарон бештар ҳамдардӣ нишон медиҳад? (Ба расм нигаред.)

5 Мақсади муайян гузоред. Дуо гуфта мулоҳиза ронед, ки аз кадом ҷиҳат инсони хубтар шудан мехоҳед. Ягон хислати аниқро интихоб кунед, ки онро инкишоф додан мехоҳед. Масалан, фикр кунед, ки чӣ тавр бештар ҳамдардӣ ё хоҳиши сахти ба ҳамимонон ёрӣ доданро инкишоф дода метавонед. Оё ба шумо лозим аст, ки бештар сулҳҷӯ бошеду дигаронро бисёртар бахшед? Шояд шумо аз дӯсти наздикатон маслиҳат пурсед, ки бо кадом роҳҳо беҳтар шуда метавонед (Пнм. 27:6).

6. Чӣ хел шумо ягон хислатро инкишоф дода метавонед?

6 Барои ба мақсадатон расидан меҳнат кунед. Чӣ тавр? Як роҳаш, хислатеро, ки шумо инкишоф додан мехоҳед, бодиққат омӯзед. Фарз кардем шумо аз ҷиҳати бахшанда будан инкишоф ёфтан мехоҳед. Барои ин аз Китоби Муқаддас мисоли шахсонеро, ки бо омодагӣ дигаронро мебахшиданд ва касонеро, ки бахшанда набуданд, хонда мулоҳиза ронед. Дар бораи намунаи Исо фикр кунед. Ӯ аз таҳти дил дигаронро мебахшид (Луқ. 7:47, 48). Исо диққаташро на ба хатоҳои онҳо, балки ба корҳое, ки иҷро карда метавонистанд, равона мекард. Фарисиён бошанд, баръакс, «дигаронро хор медиданд» (Луқ. 18:9). Дар бораи ин мисолҳо мулоҳиза карда аз худ пурсед: «Вақте ман ба дигарон нигоҳ мекунам, ба чӣ аҳамият медиҳам? Ба кадом хислати онҳо диққатамро равона мекунам?» Агар бахшидани касе бароятон душвор бошад, кӯшиш карда хислатҳои хуби он шахсро дар варақе нависед. Сипас аз худ пурсед: «Ин кас дар назари Исо чӣ гуна инсон аст? Агар Исо ба ҷойи ман мебуд, ӯро мебахшид?» Дар бораи ин чизҳо андеша кунем, нигоҳи мо ба он шахс дигар мешавад. Бояд гуфт, ки мо барои бахшидани шахсе, ки моро хафа кардааст, махсусан талош варзем. Агар аз ин ҷиҳат пайваста кӯшиш кунем, бо гузашти вақт дигаронро бахшидан бароямон осонтар мешавад.

МАҲОРАТИ ДАРКОРИРО ЁД ГИРЕД

Барои нигоҳубини Ибодатгоҳ маҳорати даркориро ёд гиред (Ба сархати 7 нигаред.) e

7. Мувофиқи Панднома 22:29 Яҳува имрӯз коргарони бомаҳоратро чӣ тавр истифода мебарад?

7 Мақсади дигаре, ки шумо монда метавонед, омӯхтани маҳорати даркорӣ мебошад. Фикр кунед, ки барои сохтани биноҳои Байт-Ил, Толорҳои анҷуман ва Ибодатгоҳҳо чӣ қадар коргарон лозиманд. Бисёри онҳо бо бародару хоҳарони ботаҷриба ҳамкорӣ карда маҳорати гуногун пайдо карданд. Чи хеле ки дар расм мебинед, бародару хоҳарон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани Толорҳои анҷуман ва Ибодатгоҳҳо маҳорати даркориро омӯхта истодаанд. Ҳамин тавр Яҳува Худо, «Подшоҳи ҷовид», ва Исои Масеҳ, «Подшоҳи подшоҳон», ба воситаи ин меҳнаткашон корҳои бузургро ба анҷом мерасонанд. (1 Тим. 1:17; 6:15; Панднома 22:29-ро хонед.) Мо мехоҳем аз таҳти дил меҳнат карда маҳорати худро барои ҷалол додани Яҳува истифода барем, на барои болобардор кардани худ (Юҳ. 8:54).

8. Чӣ тавр муайян карда метавонед, ки кадом маҳоратро бояд ёд гиред?

8 Ягон мақсади муайян гузоред. Шумо кадом маҳоратро омӯхта метавонед? Дар ин хусус фикри пирони ҷамоат ва шояд нозири ноҳиявиро пурсед. Агар онҳо маслиҳат диҳанд, ки маҳорати сухангӯйӣ ва таълимдиҳиатонро беҳтар кунед, он гоҳ пурсед, ки маҳз аз кадом ҷиҳат ин маҳорататонро беҳтар кардан лозим. Сипас аз пайи иҷрои маслиҳат шавед. Чӣ тавр?

9. Чӣ хел шумо барои омӯхтани ягон маҳорат меҳнат карда метавонед?

9 Барои ба мақсадатон расидан меҳнат кунед. Фарз кардем, шумо мехоҳед, ки маҳорати таълимдиҳиатонро беҳтар кунед. Дар ин ҳол брошураи «Дар хониш ва таълим моҳир шавед»-ро бодиққат омӯзед. Вақте дар вохӯрии байни ҳафта ба шумо ягон супориш медиҳанд, аз бародари ботаҷрибае хоҳиш кунед, ки пеш аз баромад супоришатонро гӯш кунад ва барои беҳтар шудан ба шумо маслиҳат диҳад. Мақсади шумо набояд танҳо воизи бомаҳорат шудан бошад, ҳамчунин шуморо бояд чун шахси боғайрат ва боваринок шиносанд (Пнм. 21:5; 2 Қӯр. 8:22).

10. Чӣ тавр маҳоратеро инкишоф додан мумкин? Мисол оред.

10 Агар шумо маҳоратеро ёд гирифтанӣ бошед, ки ба шумо тамоман хос набошад-чӣ? Таслим нашавед! Бародаре бо номи Герри нағз хонда наметавонист. Ӯ ба ёд меорад, ки вақте дар вохӯриҳо бо овоз мехонд, аз хонишаш бисёр шарм мекард. Лекин Герри хонишашро беҳтар кардан мегирифт. Ҳоло бошад, ӯ мегӯяд, ки ба туфайли ба кор бурдани маслиҳатҳои бародарони ботаҷриба ва адабиётамон дар вохӯриҳо ва анҷуманҳо нутқ мегӯяд.

11. Мисли Тимотиюс чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува зиёдтар хизмат кунем?

11 Оё Тимотиюс нотиқи моҳир ё муаллими хуб шуд? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Лекин, бешубҳа, ӯ ба маслиҳати Павлус гӯш дода таъйиноташро беҳтар иҷро мекардагӣ шуд (2 Тим. 3:10). Ба ин монанд, агар мо маҳоратамонро беҳтар кунем, дар хизмати Яҳува бештар саҳм гузошта метавонем.

БАРОИ БА ДИГАРОН ХИЗМАТ КАРДАН ИМКОНИЯТ ҶӮЕД

12. Шумо ба дигарон хизмат карда чӣ манфиат мегиред?

12 Дигарон барои ба мо ёрӣ додан бисёр меҳнат мекунанд. Масалан, вақте ки мо ба беморхона меафтем, аз хабаргирии пироне, ки дар Кумитаи кор бо беморхонаҳо хизмат мекунанд ё гурӯҳе, ки беморонро хабар мегиранд, беҳад миннатдор мешавем. Ҳамчунин, агар мо дар ҳаёт бо ягон душворӣ рӯ ба рӯ шавем, аз пироне, ки вақт ҷудо карда моро гӯш мекунанд ва тасалло медиҳанд, бениҳоят сипосгузор мешавем. Ё ҳангоми дар омӯзиш ба ёрдам муҳтоҷ буданамон, вақте пешрави ботаҷриба бо мо ҳамкорӣ карда маслиҳат медиҳад, мо шод мегардем. Ҳамаи ин бародарону хоҳарон ба мо кумак карда хурсандӣ мегиранд. Чи хеле Исо гуфта буд: «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Кор. 20:35). Пас, агар мо низ барои кумаки ҳамимонон ҳозир шавем, хурсандӣ мегирем. Агар мо бо ин ё роҳҳои ба ин монанд хизмат кардан хоҳем, чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба мақсадамон расем?

13. Ҳангоми мақсад гузоштан чиро бояд ба назар гирифт?

13 Бигзор мақсадатон аз ҳад умумӣ набошад. Масалан, шумо эҳтимол гӯед: «Ман дар ҷамоат бисёртар хизмат кардан мехоҳам». Лекин ин мақсади аниқ нест. Дар ин маврид ба шумо муайян кардан душвор мешавад, ки чӣ хел ва кай онро иҷро кунед. Барои ҳамин мақсади аниқ ва муайян гузоред. Шумо ҳатто мақсадатонро навишта роҳҳои ба он расиданро нақша кашида метавонед.

14. Чаро ҳангоми гузоштани мақсадҳо мо бояд бомулоҳиза бошем?

14 Ҳангоми гузоштани мақсадҳо мо бояд ҳамчунин бомулоҳиза бошем. Чаро? Чунки вазъият пурра дар ихтиёри мо нест. Барои мисол, Павлуси расул ба ҷамоати навташкилёфтаи шаҳри Таслӯникӣ ёрдам медод. Бешубҳа, ӯ мақсад дошт, ки дар он ҷо монда ба масеҳиёни нав кумак расонад. Лекин мухолифон Павлусро маҷбур карданд, ки шаҳрро тарк кунад (Кор. 17:1–5, 10). Агар Павлус дар он ҷо мемонд, ба бародаронаш хатар меовард. Лекин ӯ пурра умедашро наканд, баръакс, ба вазъият мутобиқ шуд. Баъдтар Павлус Тимотиюсро ба Таслӯникӣ фиристод, то дар бораи ниёзҳои ҳамимонони нав ғамхорӣ кунад (1 Тас. 3:1–3). Албатта, аҳли ҷамоати Таслӯникӣ хеле хурсанд буданд, ки Тимотиюс бо омодагӣ ба ёрдами онҳо шитобид.

15. Чӣ хел дигар шудани вазъият ба мақсадҳои мо таъсир расонда метавонад? Мисол оред.

15 Бале, намунаи Павлуси расул ибратангез аст. Масалан чунин шуданаш мумкин аст, ки мо ягон мақсад мемонем, лекин аз сабаби тағйир ёфтани вазъият ба ин мақсад расида наметавонем (Пандгӯ 9:11). Агар вазъияти шумо ба ин монанд бошад, дигар мақсад гузоред, ки ба он расидан мумкин аст. Ҳамсарон Тед ва Ҳиди айнан чунин рафтор карданд. Аз сабаби бад шудани саломатиашон онҳо аз Байт-Ил рафтанд. Лекин азбаски Яҳуваро дӯст медоштанд, дигар роҳҳои хизматро кофтанд. Дар аввал, онҳо пешрави доимӣ шуданд. Бо гузашти вақт, онҳоро пешрави махсус таъйин карданд ва ҳамзамон Тедро барои ёрдамчии нозири ноҳиявӣ гаштан таълим медоданд. Баъдтар талабот барои нозирони ноҳиявӣ дигар шуд. Бинобар ин Тед ва Ҳиди дарк карданд, ки синну солашон барои гирифтани ин таъйинот мувофиқ нест. Албатта, онҳо зиқ шуданд, лекин медонистанд, ки бо дигар роҳҳо ба Яҳува хизмат карда метавонанд. Тед мегӯяд: «Мо ёд гирифтем, ки набояд диққатамонро танҳо ба як намуди таъйинот равона кунем».

16. Мо аз Ғалотиён 6:4 чӣ ёд мегирем?

16 Мо ҳар як вазъиятро дар ҳаётамон идора карда наметавонем. Яҳува ба мо аз рӯйи таъйинотамон баҳо намедиҳад, барои ҳамин биёед ҳеҷ гоҳ таъйиноти худро бо таъйиноти дигарон муқоиса накунем. Ҳиди мегӯяд: «Агар шахс ҳаёти худро бо ҳаёти дигарон муқоиса кунад, хурсандиашро гум мекунад». (Ғалотиён 6:4-ро хонед.) Муҳим он аст, ки мо барои ба Яҳува ва дигарон хизмат кардан имконият ҷӯем c.

17. Барои ба таъйинот мувофиқат кардан чӣ кор карда метавонед?

17 Ҳаёти одӣ ба сар баред ва ба қарзу қавола нағӯтед, он гоҳ шумо ба Яҳува бисёртар хизмат карда метавонед. Мақсадҳои хурдтар гузоред, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ба мақсадҳои калон расед. Масалан, агар мақсади калони шумо пешрави доимӣ шудан бошад, шумо аз ҳозир метавонед ҳар моҳ пешравӣ ёвар хизмат кунед. Ё агар мақсади шумо хизматгузори ҷамоат шудан бошад, метавонед бештар дар хизмат иштирок кунед ва шахсони бемору пиронсоли ҷамоататонро хабар гиред. Таҷрибае, ки ҳозир ба даст меоред, шуморо ба таъйиноти оянда тайёр мекунад. Ҳар як супорише, ки ба шумо дода мешавад, аз таҳти дил иҷро намоед (Рум. 12:11).

Мақсадҳое гузоред, ки ба шумо дастрасанд (Ба сархати 18 нигаред.) f

18. Шумо аз мисоли хоҳарамон Беверли чӣ меомӯзед? (Ба расм нигаред.)

18 Барои гузоштану ба даст овардани мақсадҳои рӯҳонӣ синну сол аҳамият надорад. Мисоли хоҳарамон Беверлиро, ки 75-сола мебошад, дида мебароем. Ӯ бемории ҷиддие дорад, ки роҳ гаштанашро душвор месозад. Лекин ӯ мехост, ки маъракаи пеш аз Шоми ёдбудро бисёртар дастгирӣ кунад. Хоҳарамон мақсадҳои аниқ гузошт ва ба онҳо расида хеле хурсанд шуд. Ғайрати ӯро дида дигарон низ кӯшиш карданд, ки дар хизмат фаъол бошанд. Яҳува меҳнати бародару хоҳарони пиронсоламонро қадр мекунад. Ҳатто агар вазъияти бародару хоҳарони пиронсоламон ба онҳо монеа шавад, Яҳува хизмати онҳоро қадр мекунад (Заб. 71:17, 18).

19. Мо кадом мақсадҳои рӯҳониро монда метавонем?

19 Хулоса, мақсадҳои дастрас гузоред. Инчунин хислатҳоеро инкишоф диҳед, ки ба Яҳува писанд мебошанд ва ҳунару маҳоратеро аз худ намоед, ки ба Худо ва ташкилоташ манфиати зиёд меоранд. Барои ба бародару хоҳарон бисёртар хизмат кардан имконият ҷӯед d. Он гоҳ мисли Тимотиюс Яҳува шуморо баракат медиҳад ва пешравиатон «ба ҳама маълум» мегардад (1 Тим. 4:15).

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

a Тимотиюс воизи бомаҳорат буд. Бо вуҷуди ин Павлуси расул ӯро ҳавасманд мегардонд, ки боз мақсадҳои рӯҳонӣ монад. Азбаски Тимотиюс ба маслиҳатҳои Павлус гӯш медод, Яҳува ӯро бисёртар истифода мебурд ва ёрдами ӯ ба бародару хоҳарон бештар мерасид. Оё шумо мисли Тимотиюс ба Яҳува ва ҳамимонон бисёртар хизмат кардан мехоҳед? Албатта. Дар ин кор кадом мақсадҳо ба шумо кумак мекунанд? Барои гузоштани мақсадҳо ва ба онҳо расидан ба шумо чӣ кор кардан лозим аст?

b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Мақсадҳои рӯҳонӣ корҳоеро дар бар мегиранд, ки барои ба Яҳува бисёртар хизмат кардан ва дили ӯро шод гардондан мекунем.

c Ба китоби «Созмоншудагон» боби 10, сарх. 6–9, зерсарлавҳаи «Хизмат дар ҷойҳое, ки ниёз вуҷуд дорад» (рус.) нигаред.

d Ба дарси 60-уми китоби «То абад зинда бошед!» нигаред.

e ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ба ду хоҳар нигоҳубини Ибодатгоҳро ёд медиҳад ва онҳо маҳорати ёд гирифтаашонро ба кор мебаранд.

f ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари пиронсоле, ки аз хона баромада наметавонад, бо телефон хизмат карда одамонро ба Шоми ёдбуд даъват мекунад.