Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Агар масеҳӣ бе ягон асос аз Китоби Муқаддас аз зани худ ҷудо шуда, бо дигар кас издивоҷ кунад, аҳли ҷамоат ба издивоҷи пешина ва ҳозираи ӯ бояд чӣ гуна муносибат намоянд?

Дар ин маврид дар назари аҳли ҷамоат пайванди издивоҷи пешинаи ин ҳамимонашон канда мешавад. Оилаи нав барпо кардааш бошад, пайванди қонунӣ ба ҳисоб меравад. Барои фаҳмидани сабаби ин ақида биёед диққат кунем, ки Исо дар бораи ҷудошавӣ ва оилаи нав барпо кардан чӣ гуфт.

Дар Матто 19:9 Исо аниқ мегӯяд, ки бо кадом сабаб шахс аз ҳамсари худ ҷудо шуда метавонад. Ӯ гуфта буд: «Ҳар кӣ аз зани худ ғайр аз сабаби зино ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад». Аз суханони Исо бармеояд, ки 1) аз рӯйи Навиштаҳо зино ягона асос барои ҷудо шудан мебошад ва 2) агар мард бе ин асос аз занаш ҷудо шуда бо дигар зан издивоҷ кунад, хиёнаткор ҳисобида мешавад a.

Оё Исо гуфтанӣ буд, ки марде, ки зино мекунад ва аз занаш ҷудо мешавад, мувофиқи Китоби Муқаддас аз нав издивоҷ карда метавонад? На ҳама вақт. Бояд гуфт, ки агар мард зино кунад, зани ҷабрдидааш қарор мекунад, ки ӯро бахшад ё не. Агар набахшад ва қонунан аз шавҳараш ҷудо шавад, ҳар дуи онҳо озодона метавонанд оилаи нав барпо кунанд.

Вале боз чунин шуда метавонад, ки зан самимона мехоҳад, ки пайванди издивоҷашонро нигоҳ дорад, барои ҳамин ба шавҳараш мегӯяд, ки ӯро бахшидааст. Лекин, агар шавҳараш бахшоиши ӯро рад намуда бе машварат қонунан ҷудо шавад-чӣ? Дар ин сурат, азбаски зан шавҳарашро бахшид ва издивоҷашонро нигоҳ дошт, ӯ аз рӯйи Китоби Муқаддас барои оилаи нав барпо кардан ягон асос надорад. Вале, агар шавҳари ӯ якравӣ карда бо дигар кас издивоҷ кунад, дуюмбора ба зино даст мезанад. Дар ин маврид ҳайати ҳуқуқии ҷамоат боз ҷамъ шуда масъалаи ӯро баррасӣ мекунанд (1 Қӯр. 5:1, 2; 6:9, 10).

Лекин раваду мард бе ягон асос аз Навиштаҳо бо дигар зан издивоҷ кунад, аҳли ҷамоат ба издивоҷи пешина ва ҳозираи ӯ чӣ гуна бояд муносибат кунанд? Оё пайванди издивоҷи якуми ӯ аз рӯйи Навиштаҳо то ҳол канда нашуда ҳисоб меёбад? Занаш то ҳол вақт дорад, ки ӯро бахшад ё рад намояд? Оё издивоҷи нави ӯ нопок ҳисобида мешавад?

Пеш аҳли ҷамоат издивоҷи навро дар мавридҳои зерин нопок меҳисобид: ҳамсари ҷабрдида зинда бошад, шавҳар накардааст ё ҳоло худаш ба зино даст назада бошад. Лекин бояд гуфт, ки вақте Исо дар бораи ҷудошавӣ ва барпо кардани оилаи нав гап зад, оиди ҳамсари ҷабрдида чизе нагуфта буд. Ӯ фаҳмонд, ки вақте шахс бе ягон асос аз Китоби Муқаддас ҷудо шуда бо дигар кас издивоҷ мекунад, зинокор ҳисобида мешавад. Дар ин маврид ҷудошавӣ ва оилаи нав барпо кардан, ки Исо ҳар дуи ин корро бо зино баробар кард, издивоҷи якуми шахсро бекор месозад.

«Ҳар кӣ аз зани худ ғайр аз сабаби зино ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад» (Мат. 19:9).

Пас, агар дар натиҷаи ҷудошавӣ ё оилаи нав барпо шудан пайванди издивоҷи пешина канда шавад, бахшидан ё рад намудани ҳамсари хиёнаткор барои зан дигар номумкин аст. Яъне ба ӯ дигар зарур нест, ки дар бораи бахшидан ё рад намудани шавҳари пешинааш фикр кунад. Ҳамчунин аҳли ҷамоат пайванди издивоҷи навро қонунӣ ҳисобида нопок намешуморад b.

Дар сархатҳои боло мо масъалаи ба зино даст зада оилаи нав барпо кардани мардро дида баромадем. Лекин, агар мард зино накарда бошаду аз занаш ҷудо шуда бо дигар кас издивоҷ карданӣ шавад-чӣ? Ё фарз кардем шавҳар пеш аз ҷудо шудан зино накардаасту баъди ҷудо шудан зино мекунад ва бо зани дигаре оиладор мешавад, новобаста ба он ки занаш тайёр буд ӯро бахшад. Дар ҳар дуи ин маврид ҷудошавӣ ва оилаи нав барпо кардан, ки худ хиёнат ҳисоб меёбад, пайванди издивоҷи пешинаро меканад. Яъне издивоҷи дуюм пайванди қонунӣ ҳисобида мешавад. Чи хеле ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми ноябри соли 1979, саҳифаи 32 (анг.) гуфта шудааст, «акнун мард дар издивоҷи нав мебошад ва онро ба осонӣ бекор карда наметавонад, то назди зани якумаш баргардад, зеро издивоҷи пешин дар натиҷаи ҷудошавӣ, зино ва барпо шудани оилаи нав бекор ҳисобида мешавад».

Ин фаҳмиши нав маънои онро надорад, ки издивоҷ пайванди муқаддас нест ё зино гуноҳи ҷиддӣ ба ҳисоб намеравад. Барои ҳамин, вақте мард бе ягон асос аз Китоби Муқаддас аз зани худ ҷудо шуда бо дигар зан оила барпо мекунад, ҳайати ҳуқуқӣ ҷамъ омада масъалаи зино кардани ӯро дида мебарояд. (Агар ҳамсари наваш Шоҳиди Яҳува бошад, дар мавриди ӯ низ ҳайати ҳуқуқӣ ҷамъ омада масъалаи зино кардани ӯро муҳокима мекунад.) Ҳарчанд издивоҷи нав нопок ҳисобида намешавад, бо вуҷуди ин шахс тӯли якчанд сол дар ҷамоат соҳиби ягон таъйиноти махсус шуда наметавонад. Инчунин то даме ки дили аҳли ҷамоат аз ӯ хунук аст ва барои хатояш ӯро иззат намекунанд, чунин бародар ба гирифтани таъйинот ҷавобгӯ намешавад. Қобили зикр аст, ки пеш аз он ки ба ин бародар ягон таъйинот диҳанд, пирон бояд аниқ кунанд, ки оё ӯ барои аз занаш ҷудо шудан пешакӣ нақшаи хиёнатомез кашида буд ё фарзандони ноболиғашро партофт. Агар ҳа, онҳо айни ҳол дар кадом ҳолат қарор доранд? (Мал. 2:14–16).

Хулоса, масеҳиён медонанд, ки бе ягон асос аз Китоби Муқаддас ҷудо шуда оилаи нав барпо кардан оқибати талх дорад. Аз ин рӯ мо пайванди заношӯиро мисли Яҳува муқаддас мешуморем (Пандгӯ 5:4, 5; Ибр. 13:4).

a Барои содда кардани фикр мо нақши хиёнаткорро ба мард додаем ва тарафи ҷабрдидаро бошад, ба зан. Валекин суханони Исо, ки дар Марқус 10:11, 12 омадаанд, равшан нишон медиҳанд, ки ин мавзӯъ ҳам ба мард ва ҳам ба зан дахл дорад.

b Пеш мо фикр мекардем, ки агар ҳамсари ҷабрдида зинда бошад, оила барпо накардааст ё ба зино даст назада бошад, издивоҷи нави шавҳараш нопок ҳисобида мешавад.