Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ширинӣ барои сагчаҳо

Ширинӣ барои сагчаҳо

«Баҳори соли 2014, вақте ман бо ду сагчаям дар маркази шаҳрамон сайругашт мекардам, ду Шоҳиди Яҳуваро дидам, ки одатан дар пеши аробачаи адабиётдорашон меистоданд. Онҳо сару либоси зебо пӯшида буданд ва ба раҳгузарон табассум мекарданд» —менависад Ник ном сокини Орегони ИМА.

«Шоҳидон на танҳо бо одамон, балки инчунин ба сагчаҳоям меҳрубон буданд. Як рӯз Илен, ки дар назди аробачаи адабиётдор меистод, ба сагчаҳоям каме ширинӣ дод. Баъди ин, ҳар вақте ки аз он ҷо мегузаштем, сагчаҳоям ба назди онҳо рафтан мехостанд, чунки мазахӯрак шуда буданд.

Аз байн якчанд моҳ гузашт. Сагчаҳоям аз хӯрдани ширинӣ баҳра мебурданд, ман бошам, аз суҳбат бо Шоҳидон. Лекин ман бо онҳо бисёр суҳбат намекардам. Он вақт синну солам аз 70 гузашта буд ва ман ба эътиқоди Шоҳидони Яҳува бовар намекардам. Чунки дилам аз калисоҳои протестантӣ монда буд ва фикр мекардам, ки Китоби Муқаддасро худам хонам беҳтар.

Дар ин муддат ман дигар Шоҳидонро низ медидам, ки дар дигар қисми шаҳр назди аробачаи адабиётдорашон меистоданд. Онҳо низ ҳама вақт хушмуомила буданду доимо ба саволҳоям аз Китоби Муқаддас ҷавоб медоданд. Ҳамин тавр боварии ман ба эътиқодашон зиёд мешуд.

Рӯзе Илен аз ман пурсид: “Оё бовар мекунед, ки ҳайвонҳо атои Худоянд?” Ман дар ҷавоб гуфтам: “Албатта!” Сипас ӯ ба ман Ишаъё боби 11 оятҳои аз 6 то 9-ро хонд. Баъд аз ин ман дар бораи Китоби Муқаддас дониш гирифтан хостам, ҳамзамон то ҳол аз Шоҳидон ягон адабиёт намегирифтам.

Рӯзҳо мегузаштанд. Ман бо Илену шавҳараш Брент кам-кам суҳбат мекардам, лекин суҳбатамон шавқовар буд. Боре онҳо ба ман маслиҳат доданд, ки аз китоби Матто то Корнома хонам, то фаҳмам, ки масеҳии ҳақиқӣ будан чӣ маъно дорад. Дере нагузашта ман розӣ шудам, ки бо Илен ва Брент Китоби Муқаддасро омӯзиш кунам. Ин тобистони соли 2016 буд.

Ман омӯзиши ҳарҳафтаина ва ҷамъомадро бесаброна интизор мешудам. Бо таълими Китоби Муқаддас шинос шуда, ман хурсандӣ ва баракати Яҳуваро ҳис мекардам. Тақрибан як сол пас ман таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува шудам. Ҳоло 79-сол дорам ва хеле миннатдорам, ки дини ҳақиқиро ёфтам. Яҳува маро ба оилаи умумиҷаҳониаш қабул карда баракат дод».