Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 25

Яҳува бахшандаро баракат медиҳад!

Яҳува бахшандаро баракат медиҳад!

«Чи тавре ки Яҳува шуморо аз таҳти дил бахшид, шумо низ ҳамин тавр кунед» (ҚӮЛ. 3:13).

СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

ПЕШГУФТОР a

1. Яҳува ба онҳое, ки аз гуноҳашон тавба мекунанд, чӣ ваъда медиҳад?

 ЯҲУВА на танҳо Офаридгор, Довар ва Қонунгузор аст, ӯ инчунин Падари меҳрубони осмониамон мебошад (Заб. 100:3; Иш. 33:22). Барои ҳамин, вақте мо самимона аз гуноҳамон тавба мекунем, ӯ аз сидқи дил моро мебахшад (Заб. 86:5). Яҳува тавассути пайғамбар Ишаъё моро боварӣ бахшидааст, ки ҳатто гуноҳҳоямон «мисли арғувон бошад, мисли барф сафед мешавад» (Иш. 1:18).

2. Барои бо дигарон муросо кардан мо бояд чӣ кор кунем?

2 Азбаски мо нокомилем, бо гуфтор ва рафторамон дигаронро хафа мекунем (Яъқ. 3:2). Лекин ин маънои онро надорад, ки мо бо онҳо муносибати наздик дошта наметавонем. Баръакс, агар бахшиданро ёд гирем, мо бо дигарон муросо мекунем (Пнм. 17:9; 19:11; Мат. 18:21, 22). Бояд гуфт, ки вақте гапу кори дигарон ба мо сахт мерасад, Яҳува мехоҳад, ки мо онҳоро бахшем. Дар асл мо барои ин сабаби ҷиддӣ дорем (Қӯл. 3:13). Охир, Яҳува худаш моро «бисёр» мебахшад (Иш. 55:7).

3. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?

3 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр одамони нокомил аз ҷиҳати бахшидан ба Яҳува пайравӣ карда метавонанд. Мебинем, ки дар бораи кадом гуноҳҳо ба пирони ҷамоат гӯем, чаро Яҳува мехоҳад, ки мо дигаронро бахшем ва аз бародару хоҳароне, ки аз сабаби гуноҳи дигарон азоб мекашанд, чӣ омӯхта метавонем.

ВАҚТЕ МАСЕҲӢ ГУНОҲИ АЗИМ МЕКУНАД

4. а) Агар хизматгори Яҳува гуноҳи азим содир намояд, ӯ бояд чӣ кор кунад? б) Пирони ҷамоат бо кадом мақсад бо гунаҳкор вомехӯранд?

4 Дар бораи гуноҳҳои азим бояд ба пирони ҷамоат гуфта шавад. Оиди баъзе аз чунин гуноҳҳо дар 1 Қӯринтиён 6:9, 10 гуфта шудааст. Гуноҳи ҷиддӣ бадтарин вайронкунии қонуни Худо мебошад. Барои ҳамин вақте масеҳӣ чунин гуноҳ содир мекунад, бояд аввалан дар дуо ба Яҳува муроҷиат кунад. Сипас назди пирони ҷамоат рафта ба гуноҳаш иқрор шавад (Забур 32:5; Яъқуб 5:14). Бояд гуфт, ки танҳо Яҳува ҳуқуқ дорад, ки дар асоси товони Масеҳ гуноҳи азимро бахшад b. Пас, пирони ҷамоат дар ин масъала чӣ нақш доранд? Яҳува ба онҳо бовар кардааст, ки дар асоси Навиштаҳо муайян созанд, ки шахс Шоҳиди Яҳува монда метавонад ё не (1 Қӯр. 5:12). Инчунин пирон бояд ба саволҳои зерин ҷавоб ёбанд: Оё шахс дидаю дониста гуноҳ кард? Оё ӯ гуноҳашро аз дигарон пинҳон намуд? Оё ӯ ба кори нодурусташ муддати тӯлонӣ даст мезад? Аз ҳама муҳимаш, оё тавбаи ӯ самимӣ аст? Ягон далеле ҳаст, ки Яҳува ӯро бахшидааст? (Кор. 3:19).

5. Кори пирони ҷамоат чӣ натиҷа меорад?

5 Вақте пирон бо шахси гуноҳкарда вомехӯранд, мақсади асосиашон қароре қабул кардан аст, ки аллакай дар осмон қабул шудааст (Мат. 18:18). Ҷамоат аз ин чӣ манфиат мегирад? Якум, гунаҳкори тавбанакарда ба гӯсфандчаҳои пурқимати Яҳува зарар намерасонад (1 Қӯр. 5:6, 7, 11–13; Тит. 3:10, 11). Дуюм, ӯ имконият пайдо мекунад, то самимона пушаймон шуда бахшоиши Яҳуваро ба даст орад (Луқ. 5:32). Пирони ҷамоат бошанд, дуо гуфта аз Яҳува хоҳиш мекунанд, ки ба шахси тавбакарда кумак кунанд, то муносибаташро бо Худо барқарор созад (Яъқ. 5:15).

6. Агар масеҳӣ аз ҷамоат хориҷ шавад, оё Яҳува ӯро ягон вақт мебахшад? Фаҳмонед.

6 Лекин шахси гунаҳкор тавба накунад-чӣ? Дар ин сурат ӯ аз ҷамоат хориҷ мешавад. Инчунин пирони ҷамоат ӯро аз оқибати корҳои бадаш муҳофизат намекунанд. Агар чунин масеҳӣ қонуни давлатро шикаста бошад, Яҳува ба ҳокимиятдорон ҳуқуқ додааст, ки ӯро доварӣ кунанду ҷазо диҳанд, новобаста ба он ки ӯ пушаймон аст ё не (Рум. 13:4). Вале, агар ӯ баъдтар хатояшро фаҳмида тавбаи қатъӣ кунад, Яҳува бо омодагӣ ӯро мебахшад, ҳатто агар гуноҳаш азим бошад (Луқ. 15:17–24; 2 Воқ. 33:9, 12, 13; 1 Тим. 1:15).

7. Ба кадом маъно мо шахсеро, ки зиддамон гуноҳ кардааст, бахшида метавонем?

7 Хайрият, ки бахшидани гунаҳкор масъулияти мо нест! Танҳо Яҳува қарор мекунад, ӯро бахшад ё не. Ба ҳар ҳол баъзан ба мо лозим меояд, то қарор кунем, ки шахсро мебахшем ё не: масалан, вақте касе зидди мо гуноҳи ҷиддӣ мекунад, вале баъдтар омада аз мо бахшиш мепурсад. Лекин боз чунин шуданаш мумкин аст, ки шахс моро хафа карда бахшиш намепурсад. Дар ин маврид чӣ кор кунем? Мо бояд қаҳру хафагиро нисбати ин шахс аз диламон дур карда, ӯро бахшем. Барои ин вақт лозим мешавад, махсусан агар ӯ моро сахт ранҷонда бошад. Дар «Бурҷи дидбонӣ»-и 15 сентябри соли 1994 (рус.) дар ин хусус гуфта шудааст: «Вақте мо шахсро мебахшем, ин маънои онро надорад, ки ба гуноҳаш чашм мепӯшем. Барои масеҳӣ бахшидани дигарон маънои онро дорад, ки ӯ масъаларо пурра ба дасти Яҳува месупорад. Яҳува Довари олам аст ва ҳатман адолатро дар вақташ барқарор мекунад». Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо чунин масъалаҳоро ба ӯ ҳавола кунем?

ЧАРО ЯҲУВА МЕХОҲАД, КИ МО БАХШАНДА БОШЕМ?

8. Чӣ тавр бо бахшанда буданамон, мо ба Яҳува барои лутфу марҳаматаш миннатдории худро нишон дода метавонем?

8 Дигаронро бахшида мо миннатдориамонро нишон медиҳем. Боре Исо дар як мисолаш Яҳуваро ба хӯҷаине монанд кард, ки қарзи калони хизматгорашро бахшид. Он хизматгор бошад, шахсеро, ки аз ӯ чандин маротиба камтар қарздор буд, набахшид (Мат. 18:23–35). Исо ба кадом мақсад он мисолро оварда буд? Гап сари он аст, ки агар мо аз Яҳува барои раҳмдилиаш миннатдор бошем, дигаронро мебахшем (Заб. 103:9). Аҳамият диҳед якчанд сол пеш дар «Бурҷи дидбонӣ» дар ин бора чӣ гуфта шуда буд: «Чи қадаре мо дигаронро набахшида бошем, бахшоишамон ба лутфу марҳамате, ки Яҳува ба воситаи Исо ба мо кардааст, ҳаргиз баробар намешавад».

9. Яҳува ба кӣ раҳмдилӣ нишон медиҳад? (Матто 6:14, 15).

9 Бахшандаро Яҳува мебахшад. Яҳува баръало нишон додааст, ки ба онҳое раҳм мекунад, ки раҳмдиланд (Мат. 5:7; Яъқ. 2:13). Вақте Исо шогирдонашро таълим дод, ки чӣ тавр дуо гӯянд, ин ҳақиқатро тасдиқ кард. (Матто 6:14, 15-ро хонед.) Чандин сол пеш Яҳува ба марди бовафое бо номи Айюб нишон дода буд, ки раҳмдилӣ то чӣ андоза муҳим аст. Боре се мард бо номи Алифоз, Билдод ва Сӯфор Айюбро сахт хафа карданд. Яҳува ба ӯ гуфт, ки дар ҳаққи онҳо дуо гӯяд. Вақте Айюб дуо гуфт, Яҳува ӯро баракат дод (Айюб 42:8–10).

10. Чаро ба дил кина гирифтан зараровар аст? (Эфсӯсиён 4:31, 32).

10 Ба дил кина гирифтан зараровар аст. Яҳува мехоҳад мо кинаву адоватро аз диламон решакан карда тароват ёбем. (Эфсӯсиён 4:31, 32-ро хонед.) Ӯ дар Каломаш ба мо мегӯяд: «Аз хашм даст бикаш ва ғазабро тарк намо» (Заб. 37:8). Ин маслиҳати хирадмандона аст. Охир кинаву адоват ба саломатии мо зарари ҷиддӣ мерасонад (Пнм. 14:30). Вақте мо нисбати касе кина меварзем, танҳо ба худамон зарар мерасонем. Ин ба он монанд аст, ки касе заҳрро нӯшида интизор мешавад, ки шахси ӯро хафакарда зарар мебинад. Аз ин рӯ, вақте мо хашму ғазабро аз диламон берун мекунем, ба худамон фоида меорем (Пнм. 11:17). Ҳамчунин диламон ором мешавад ва хизмати Яҳуваро давом дода метавонем.

11. Китоби Муқаддас дар бораи қасдгирӣ чӣ мегӯяд? (Румиён 12:19–21).

11 Қасос аз Яҳува аст. Яҳува ба мо ҳуқуқ надодааст, ки аз шахсе, ки нисбати мо гуноҳ кардааст, қасос гирем. (Румиён 12:19–21-ро хонед.) Азбаски мо нокомилем, мисли Яҳува дуруст доварӣ карда наметавонем (Ибр. 4:13). Баъзан ҳатто мо ба эҳсосот дода шуда кори хато мекунем. Аз ин рӯ Яҳува Яъқубро илҳом бахшид, то бинависад: «Хашми одам он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба амал намеорад» (Яъқ. 1:20). Мо боварӣ дошта метавонем, ки Худои росткор ҳатман дар вақташ адолатро барқарор мекунад.

Кинаву адоватро аз дилатон берун кунед. Масъаларо ба дасти Яҳува супоред. Яҳува оқибати талхи гуноҳро бартараф мекунад (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки аз адолатпарварии Яҳува дилпурем?

12 Бо бахшанда буданамон нишон медиҳем, ки аз адолатпарварии Яҳува дилпурем. Масъаларо ба дасти Яҳува супурда мо дилпуриамонро нишон медиҳем, ки ӯ оқибати талхи гуноҳро бартараф мекунад. Дар дунёи наваш бошад, ҳамаи захмҳоямон дигар ҳеҷ гоҳ «ба хотир намерасанд ва ба дил намеоянд» (Иш. 65:17). Лекин, агар ягон кас дили моро сахт ранҷонда бошад, оё кинаву адоватро аз худ дур кардан имконпазир аст? Бале, баъзеҳо аллакай аз уҳдаи ин баромаданд.

ДИГАРОНРО БАХШИДА МО БАРАКАТ МЕЁБЕМ

13, 14. Шумо аз саргузашти Тони ва Ёсе дар бораи бахшидан чӣ омӯхтед?

13 Бисёр бародару хоҳаронамон аз дасти дигарон зарари ҷиддӣ диданд, вале қарор карданд, ки онҳоро мебахшанд. Ин қарорашон чӣ баракатҳо овард?

14 Чанд сол пеш аз он ки Шоҳиди Яҳува шавад, Тони c, ки аз Филиппин аст, фаҳмид, ки акаашро Ёсе ном марде куштааст. Он вақт Тони марди ниҳоят бадхашм буд ва мехост қасос гирад. Аммо Ёсеро ҳабс карданд. Баъди чанд сол, вақте Ёсе озод шуд, Тони қасам хӯрд, ки ӯро ёфта мекушад. Ӯ барои ин ҳатто яроқ харид. Он вақт Тони бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар карда буд. Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки бояд рафторамро дигар кунам ва кинаву адоватро аз дилам берун созам». Ниҳоят Тонӣ таъмид гирифт ва бо гузашти вақт пири ҷамоат шуд. Тасаввур кунед то чӣ андоза ӯ ба ҳайрат омад, вақте фаҳмид, ки Ёсе низ Шоҳиди Яҳува шудааст. Вақте онҳо вохӯрданд, Тони Ёсеро ба оғӯш гирифта гуфт, ки ӯро бахшидааст. Тони мегӯяд, ки баъди Ёсеро бахшидан ҳиссиётеро, ки он вақт ӯро фаро гирифта буд, бо сухан баён карда наметавонад. Бале, Яҳува барои бахшанда буданаш Тониро баракат дод.

Намунаи Питер ва Сю нишон медиҳад, ки мо кинаву адоватро аз худ дур карда метавонем (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.)

15, 16. Шумо аз саргузашти Питер ва Сю дар бораи бахшидан чӣ омӯхтед?

15 Соли 1985 вақте Питер ва Сю дар Ибодатгоҳ буданд, ногаҳон таркиш ба амал омад. Маълум шуд, ки марде дар Ибодатгоҳ бомба пинҳон карда будааст. Дар натиҷаи он таркиш узви шунавоӣ ва биноии хоҳар Сю сахт зарар дид, ӯ ҳатто бӯйро дигар ҳис намекард d. Питер ва Сю ҳайрон шуда мегуфтанд: «Чӣ гуна инсон метавонист ба чунин кори бад даст занад?» Бо гузашти солҳо он ҷинояткорро, ки Шоҳиди Яҳува набуд, дастгир карда ҳабс намуданд. Вақте аз Питер ва Сю пурсиданд, ки он мардро бахшиданд ё не, онҳо гуфтанд: «Яҳува моро таълим медиҳад, ки ба дил кина нагирем, зеро ин ба саломатиамон зарари ҷиддӣ мерасонад. Барои ҳамин мо дарҳол ба Яҳува дуо гуфтем, то ӯ ба мо кумак кунад, ки ин ҳиссиёти зарароварро аз диламон дур кунем ва ҳаёти орому осуда ба сар барем».

16 Оё барои Питер ва Сю бахшидани он мард осон буд? На ҳама вақт. Онҳо мегӯянд: «Баъзан вақте Сю аз сабаби ҷароҳати бардоштааш азоб мекашад, оташи ғазаби мо боз аланга мезанад. Лекин азбаски мо дар ин бора бисёр фикр намекунем, ҳиссиёти манфӣ тез гум мешавад. Мо аз дилу ҷон гуфта метавонем, ки агар он мард ягон рӯз Шоҳиди Яҳува шавад, сахт хурсанд мешавем. Баъди он воқеаи ғамоваре, ки рӯй дод, мо фаҳмидем, ки ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас шахсро озод мекунад. Дар асл принсипҳои Китоби Муқаддас моро аз бисёр ҷиҳатҳое озод мекунанд, ки ҳатто ба гӯшаи хаёламон намеояд. Мо медонем, ки ба наздикӣ Яҳува ҳамаи захмҳоямонро шифо мебахшад. Ин ҳақиқатро ба ёд оварда тасаллӣ меёбем».

17. Шумо аз саргузашти Мира дар бораи бахшидан чӣ омӯхтед?

17 Вақте Мира ном хоҳаре ҳақиқатро фаҳмид, ӯ аллакай оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд. Шавҳараш ҳақиқатро қабул накард. Бо гузашти вақт ӯ ба Мира хиёнат карда аз хона рафт. Мира мегӯяд: «Вақте шавҳарам маро бо ду фарзандам партофта рафт, диламро ҳиссиёти гуногун фаро гирифт: ҳуш аз сарам парид, дилам аз ҳама чиз хунук шуд, ман ба ғазаб меомадам ва худро айбдор мекардам. Аз байн чандин сол гузашта бошад ҳам, захмҳои дилам то ҳол шифо наёфтаанд. Ман якчанд моҳ сари калобаамро намеёфтам, мефаҳмидам, ки он ҳиссиёт ба муносибатам бо Яҳува ва дигарон зарар расонда истодааст». Имрӯз Мира мегӯяд, ки нисбати падари фарзандонаш дар дил ягон зарра кинаву адоват надорад. Умед мекунад, ки ягон вақт ӯ низ ҳақиқатро қабул мекунад. Айни ҳол Мира диққаташро ба оянда равона кардааст. Ӯ худаш танҳо фарзандонашро ба воя расонда ҳамроҳи оилаҳои онҳо ба Яҳува хизмат мекунад.

ЯҲУВА ДОВАРИ БЕҲАМТО АСТ

18. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува Довари беҳтарин аст?

18 Мо хурсандем, ки доварӣ кардани дигарон масъулияти мо нест. Яҳува Довари тамоми олам ин кори муҳимро бар дӯши худ гирифтааст (Рум. 14:10–12). Мо дилпурем, ки ӯ ҳама вақт мувофиқи меъёрҳои баду некаш бе хато доварӣ мекунад (1 Мӯсо 18:25; 3 Подш. 8:32). Яҳува ҳеҷ гоҳ беинсофӣ намекунад!

19. Адолати Худо чӣ гуна баракатҳо меорад?

19 Мо ташнаи он рӯзҳое ҳастем, ки Яҳува тамоми зарари нокомилӣ ва гуноҳро бартараф мекунад. Он вақт ҳамаи захмҳои мо пурра шифо меёбанд (Заб. 72:12–14; Ошкор. 21:3, 4). Ин рӯзҳои талх дигар ҳеҷ гоҳ ба ёдамон намеоянд. Мо миннатдорем, ки то расидани он замон ба Яҳува пайравӣ карда дигаронро бахшида метавонем.

СУРУДИ 149 Барои фидия миннатдорем

a Яҳува самимона мехоҳад, ки онҳоеро, ки аз гуноҳашон тавба мекунанд, бахшад. Мо низ аз ӯ ибрат гирифта онҳоеро, ки моро хафа мекунанд, бахшидан мехоҳем. Дар ин мақола мо оиди гуноҳҳое гап мезанем, ки бахшида метавонем, инчунин дар бораи гуноҳҳое, ки бояд ба диққати пирони ҷамоат расонем. Ҳамзамон мебинем, ки чаро Яҳува мехоҳад, ки мо якдигарро бахшем ва ин чӣ баракатҳо меорад.

b Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми апрели соли 1996, «Саволҳои хонандагон» (рус.) нигаред.

c Баъзе номҳо иваз шуданд.

d Ба «Бедор шавед!»-и 8-уми феврали соли 1992, саҳ. 9–13 (рус.) нигаред. Ҳамчунин видеонавори «Питер и Сью Шульц. Жизнь после трагедии возможна»-ро аз JW Бродкастинг тамошо кунед.