Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Павлус «пеш аз вақт таваллуд шуда бошам» гуфта чиро дар назар дошт? (1 Қӯринтиён 15:8).

Павлуси расул дар 1 Қӯринтиён 15:8 гуфтааст: «Дар охир ба ман, ки гӯё пеш аз вақт таваллуд шуда бошам, намудор шуд». Пеш мо ин оятро фаҳмонда мегуфтем, ки Павлус дар ин ҷо аз афташ дар бораи воқеае қайд кард, ки Исоро дар рӯъё дар ҷалоли осмониаш дида буд. Павлус гӯё шарафманд гардонда шуд, ки чандин аср пеш аз он ки тадҳиншудагон дар осмон эҳё шаванд, дар рӯҳ таваллуд шавад ё худ зинда гардад. Вале тадқиқот нишон дод, ки ба фаҳмиши ин оят бояд ислоҳот ворид карда шавад.

Дар ҳақиқат Павлус дар ин оят дар бораи ҳодисае гуфтааст, ки шогирди Исо шуд. Лекин «пеш аз вақт таваллуд шуда бошам» гуфта ӯ чиро дар назар дошт? Аз эҳтимол дур нест, ки Павлус аз сабабҳои зерин чунин гуфт:

Имоноварии Павлус воқеаи ногаҳонӣ ва нохуш буд. Одатан пеш аз вақт таваллуд шудани кӯдак барои ҳама ногаҳонӣ мешавад. Шоул низ, ки баъдтар Павлус ном гирифт, вақте ба Димишқ барои озор додани масеҳиён сафар мекард, интизор набуд, ки дар бораи Исои зиндашуда рӯъё мебинад. Имоновариаш на танҳо ба Павлус ногаҳонӣ буд, он ҳатто масеҳиёни шаҳреро, ки Павлус ба он ҷо барои тарсонданашон раҳсипор шуд, ба ҳайрат овард. Ба болои ин, ҳодисаи мазкур чунон нохуш буд, ки Павлус муваққатан нобино гашт (Кор. 9:1–9, 17–19).

Имоноварии ӯ «дар вақти номувофиқ» рӯй дод. Калимаи юноние, ки «пеш аз вақт таваллуд шуда бошам» тарҷума шудааст, инчунин маънои «дар вақти номувофиқ таваллуд шудан»-ро дорад. Дар як нашри Китоби Муқаддас ин ибора чунин омадааст: «Гӯё дар вақте таваллуд шудам, ки ҳеҷ кас интизораш набуд». Вақте Павлус имон овард, Исо аллакай дар осмон буд. Ҳамчунин баръакси онҳое, ки Павлус дар оятҳои пеш дар бораашон гуфтааст, ӯ Исои зиндашударо пеш аз ба осмон рафтанаш надида буд (1 Қӯр. 15:4–8). Барои ҳамин, вақте Исо ногаҳон ба Павлус зоҳир гашт, ӯ ҳам Масеҳи зиндашударо дид,— ҳарчанд ин ба назар «дар вақти номувофиқ» рӯй дод.

Павлус дар бораи худ хоксорона гап зад. Аз рӯйи ақидаи баъзе олимон иборае, ки Павлус истифода бурд, маънои таҳқиромез дошта метавонад. Агар Павлус ҳамин чизро дар назар дошта бошад, пас, ӯ тан мегирифт, ки лоиқи имконияти пуршарафе, ки Исо ба ӯ дод, нест. Павлус фикрашро давом дода гуфт: «Ман камтарини расулон ҳастам ва сазовор нестам, ки расул номида шавам, чунки ҷамоати Худоро озор медодам. Вале ҳоло аз лутфи Худо расул гаштаам» (1 Қӯр. 15:9, 10).

Хулоса, аз афташ Павлус гуфтанӣ буд, ки зоҳиршавии Исо барояш ногаҳонӣ буд, имоновариаш бошад, дар вақти номувофиқ рӯй дод; Ӯ дар назар дошт, ки лоиқи дидани чунин рӯъёи хотирмон нест. Чи хеле набошад, он воқеа барои Павлус арзиши зиёд дошт, зеро ӯ боварии комил пайдо кард, ки Исо баъд аз мурданаш зинда шуд. Барои ҳамин ҷойи тааҷҷуб нест, ки ҳар боре Павлус дар хизмат дар бораи зиндашавии Исо нақл мекард, одатан ин ҳодисаро ба ёд меовард (Кор. 22:6–11; 26:13–18).