Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Киҳо дар рӯйи замин зинда мешаванд ва чӣ гуна зиндашавӣ онҳоро дар пеш аст?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад:

Корнома 24:15. Мувофиқи ин оят «ҳам росткорону ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд». Росткорон касоне мебошанд, ки пеш аз маргашон ба Яҳува итоат мекарданд, барои ҳамин номи онҳо дар китоби ҳаёт навишта шудааст (Мал. 3:16). Бадкорон бошанд, онҳое ба ҳисоб мераванд, ки пеш аз маргашон фурсати кофӣ надоштанд, ки дар бораи Яҳува дониш гиранд, бинобар ин номи онҳо дар китоби ҳаёт навишта нашудааст.

Юҳанно 5:28, 29. Дар ин оятҳо гап дар бораи ҳамон ду гурӯҳ одамоне меравад, ки дар Корнома 24:15 оидашон гуфта шудааст. Исо мегӯяд, ки «ҳар кӣ корҳои нек мекард, барои ҳаёт зинда мешавад, вале ҳар кӣ корҳои бад мекард — барои доварӣ шудан». Росткорон пеш аз маргашон корҳои хуб мекарданд. Онҳо барои ҳаёт зинда мешаванд, зеро номашон дар китоби ҳаёт навишта шудааст. Валекин бадкорон пеш аз марги худ корҳои бад мекарданд, бинобар ин онҳо барои доварӣ зинда мешаванд. Он вақт номи онҳо дар китоби ҳаёт ҳоло навишта нашудааст. Муддате рафтори бадкорон санҷида мешавад. Дар давоми ин санҷиш онҳо имкон пайдо мекунанд, ки дар бораи Яҳува дониш гиранд ва номашон дар китоби ҳаёт навишта шавад.

Ошкорсозӣ 20:12, 13. Мувофиқи ин оятҳо ҳамаи зиндашудагон бояд ба он чӣ дар «дастхатҳо навишта шудааст», итоат кунанд. Яъне ба қонунҳои наве, ки дар дунёи нав ҷорӣ хоҳанд шуд. Онҳое, ки ба ин қонунҳо нописандӣ мекунанд, нобуд мешаванд (Иш. 65:20).

Дониёл 12:2. Дар ин оят пешгӯйӣ шудааст, ки баъзе касоне, ки дар хоби марганд, «барои соҳиб шудани зиндагии ҷовидонӣ, баъзеҳо барои нангу шармандагии ҷовидонӣ» зинда мешаванд. Хуб, ин ҷо гап дар бораи натиҷаи ниҳоии зиндашавии одамон меравад, ки «зиндагии ҷовидонӣ» мешавад ё «шармандагии ҷовидонӣ». Барои ҳамин дар охири Ҳазорсола баъзеҳо соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегарданд; дигарон бошанд, абадан нест хоҳанд шуд (Ошкор. 20:15; 21:3, 4).

Мисоле меорем: Вазъияти ду гурӯҳ одамонеро, ки зинда мешаванд, ба хориҷиёне монанд кардан мумкин аст, ки дар дигар давлат зиндагӣ кардан мехоҳанд. Росткорон ба хориҷиёне монанданд, ки визаи корӣ ё визаи доимӣ мегиранд. Ба туфайли чунин визаҳо онҳо нисбатан мисли шаҳрвандони он давлат худро озоду одами худӣ ҳис мекунанд. Баръакси ин, бадкорон ба хориҷиёне монанд мебошанд, ки визаи муваққатӣ ё визаи сайёҳӣ мегиранд. Барои он ки чунин хориҷиён дар давлати нав зиндагӣ карда тавонанд, онҳо бояд рафтори намунавӣ нишон диҳанд. Аз ин рӯ барои он ки дар биҳишт бимонанд, бадкорон низ бояд аз рӯйи қонунҳои Яҳува зиндагӣ кунанд ва одами росткор гарданд. Бояд гуфт, ки дар аввал барои ба давлати дигар ворид шудан хориҷиён кадом намуди визаро нагирифта бошанд, баъзеашон ниҳоят ё шаҳрвандии он давлатро мегиранд, ё аз он берун карда мешаванд. Ҳамааш ба рафтори онҳо вобаста аст. Ба ин монанд, натиҷаи доварии охирини зиндашудагон низ ба вафодорӣ ва рафторашон дар дунёи нав вобаста мешавад.

Яҳува на танҳо Худои раҳмдил аст, ӯ инчунин Худои боадолат ва ростист (5 Мӯсо 32:4; Заб. 33:5). Росткорон ва бадкоронро эҳё карда Яҳува муҳаббаташро нишон медиҳад. Ҳамзамон ӯ аз зиндашудагон талаб мекунад, ки мувофиқи меъёрҳои неку бадаш зиндагӣ кунанд. Танҳо онҳое, ки аз рӯйи ин меъёрҳо амал мекунанд, дар дунёи нав то абад зиндагӣ хоҳанд кард.