Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 2

«Фикрронии худро дигаргун кунед»

«Фикрронии худро дигаргун кунед»

«Фикрронии худро дигаргун кунед, то бифаҳмед, ки хости неку, писандида ва комили Худо чист» (РУМ. 12:2).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Баъд аз таъмид мо бояд кадом корро давом диҳем? Фаҳмонед.

 ШУМО хонаатонро тез-тез рӯбучин мекунед? Эҳтимол, вақти нав кӯчида омаданатон ҳама ҷойи онро тоза карда будед. Лекин, агар баъди ин онро дигар рӯбучин намекардед, хонаатон дар чӣ ҳолат мебуд? Мо медонем, ки чангу ғубор тез ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ барои тозаю озода нигоҳ доштани хонаатон шумо бояд онро мунтазам рӯбучин кунед.

2 Мисли тоза кардани хона мо бояд ҳамеша тарзи фикрронӣ ва хислатҳоямонро ислоҳ карда истем. Пеш аз таъмид гирифтан мо аз дилу ҷон кӯшиш мекардем, ки «худро аз ҳар чизе, ки ҷисм ва рӯҳро нопок месозад», тоза кунем (2 Қӯр. 7:1). Ҳозир бошад, мо бояд ба маслиҳати Павлуси расул гӯш диҳем, ки гуфта буд: «Минбаъд низ фикрронии худро нав созед» (Эфс. 4:23). Чаро ин корро мунтазам кардан лозим аст? Чунки чангу ғубори ин ҷаҳон тез дар ақлу дили мо ҷамъ шуда метавонад. Барои ба ин роҳ надодану розигии Яҳуваро ба даст овардан мо бояд фикрронӣ, хислатҳо ва хоҳишҳоямонро санҷида истем.

МИНБАЪД НИЗ «ФИКРРОНИИ ХУДРО ДИГАРГУН КУНЕД»

3. Барои дигаргун кардани фикрронии худ мо бояд чӣ кор кунем? (Румиён 12:2).

3 Барои дигаргун кардани фикррониамон мо бояд чӣ кор кунем? (Румиён 12:2-ро хонед.) Ибораи юнониеро, ки «фикрронии худро дигаргун кунед» тарҷума шудааст, инчунин «фикрронии худро таъмир кунед» тарҷума кардан мумкин. Таъмир кардани чизе танҳо як-ду тағйирот дароварданро дар назар надорад. Масалан, агар шумо хонаатонро оро диҳед, гуфта наметавонед, ки онро таъмир кардед, ҳамин хел не? Ба ин монанд мо наметавонем ҳаётамонро танҳо бо як-ду кори нек оро диҳему гӯем, ки фикррониамонро таъмир кардем. Барои ин мо бояд худро тафтиш карда истем ва агар лозим ояд фикррониамонро дигаргун созем, то ҳаётамон ҳарчи бештар аз рӯйи меъёрҳои Яҳува шавад.

Оё қарорҳоятон дар бораи маълумоти олӣ ва интихоби ҷойи кор нишон медиҳад, ки шумо Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал мемонед? (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.) c

4. Чӣ тавр нагузорем, ки ин ҷаҳон фикрронии моро шакл диҳад?

4 Вақте мо комил мешавем, бо амалҳоямон ҳамеша дили Яҳуваро шод мегардонем. Ҳоло бошад, барои ба ин мақсад расидан, мо бояд бисёр меҳнат кунем. Павлус дар Румиён 12:2 алоқаи байни фаҳмидани хости Худо ва дигаргун кардани фикррониро нишон дод. Аз суханони ӯ маълум мешавад, ки мо набояд гузорем, то ин ҷаҳон моро ягон зарра шакл диҳад. Баръакс, мо бояд пайваста худро тафтиш кунем, то фаҳмем, ки ин ҷаҳон ба мақсаду қарорҳоямон таъсир мерасонад ё фикрронии Худо.

5. Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки наздик будани рӯзи Яҳуваро дарк мекунем? (Ба расм нигаред.)

5 Масалан, Яҳува мехоҳад, ки мо «доимо наздик будани» рӯзи ӯро дар ёд дорем (2 Пет. 3:12). Барои ҳамин мо аз худ пурсида метавонем: «Оё тарзи ҳаёти ман нишон медиҳад, ки наздик будани анҷоми ин замонаро дарк мекунам? Аз қарорҳои ман оиди маълумоти олӣ ва интихоби кор маълум мегардад, ки хизмати Яҳува бароям дар ҷойи аввал меистад? Оё ман дилпурам, ки Яҳува дар ҳаққи ману оилаам ғамхорӣ мекунад? Ё пайваста дар бораи чизҳои моддӣ ғам мехӯрам?» Вақте Яҳува мебинад, ки мо кӯшиш карда аз рӯйи хости ӯ зиндагӣ мекунем, ӯ беҳад шод мешавад (Мат. 6:25–27, 33; Флп. 4:12, 13).

6. Мо бояд кадом корро давом диҳем?

6 Мо бояд ҳама вақт фикррониамонро санҷем ва, агар лозим ояд, дигаргунӣ дарорем. Павлус ба қӯринтиён гуфта буд: «Худро пайваста бисанҷед, ки оё дар имон ҳастед; худро имтиҳон намоед, то бифаҳмед, ки чӣ гуна одамед» (2 Қӯр. 13:5). Ибораи «дар имон» будан танҳо маънои ба вохӯриҳо рафтан ва дар хизмат иштирок карданро надорад. Он ҳамчунин фикрронӣ, майлу хоҳиш ва ниятҳои моро дар бар мегирад. Барои ҳамин мо бояд минбаъд низ фикррониамонро дигаргун кунем. Чӣ тавр? Мо бояд Каломи Худоро хонем, фикрронии Яҳуваро аз худ намоем ва аз рӯйи хости ӯ зиндагӣ кунем (1 Қӯр. 2:14–16).

«ОДАМИ НАВРО БАР ТАН КУНЕД»

7. Мувофиқи Эфсӯсиён 4:31, 32 мо бояд боз чӣ кор кунем ва чаро ин душвор буда метавонад?

7 Эфсӯсиён 4:31, 32-ро хонед. Ғайр аз ислоҳ кардани фикррониамон, мо бояд «одами навро бар тан кунем» (Эфс. 4:24). Барои ин бисёр кӯшиш кардан даркор. Масалан, мо бояд аз одатҳои ба дил кина гирифтан ва ба қаҳру ғазаб омадан халос шавем. Ин кор осон нест. Зеро баъзе хислатҳои бад дар мо чуқур реша давондаанд. Дар Китоби Муқаддас низ гуфта мешавад, ки баъзе одамон «зудхашм» ва «тез» ҳастанд (Пнм. 29:22). Барои идора кардани хислатҳое, ки чуқур реша давондаанд, ҳатто баъд аз таъмид кӯшиш кардан даркор. Мисоли бародар Стефан инро нишон медиҳад.

8, 9. Чӣ тавр мисоли Стефан нишон медиҳад, ки мо бояд пайваста одами куҳнаро кашида партоем?

8 Ба бародар Стефан идора кардани ғазабаш хеле душвор буд. Ӯ мегӯяд: «Ҳатто баъди таъмид гирифтан ман бо ин одатам мубориза мебурдам. Масалан, боре, вақте ба хизмати хона ба хона рафтем, дузде радиои мошинамро гирифта гурехт. Ман аз қафояш сур кардам ва ҳамин ки ба ӯ наздик шудам, ӯ радиоро партофту гурехт. Вақте дар ин бора ба дигарон нақл кардам, пири ҷамоатамон аз ман пурсид: “Стефан, агар дуздро меқапидӣ, чӣ кор мекардӣ?” Ин савол маро ба фикр андохт ва ман қарор кардам, ки барои сулҳҷӯ будан бештар кӯшиш мекунам» b.

9 Чи хеле мисоли Стефан нишон медиҳад, хислати бад ногаҳон рӯ мезанад, ҳатто агар фикр кунем, ки ҳама чиз дар дасти худамон аст. Агар бо шумо чунин рӯй диҳад, рӯҳафтода нашавед ва хулоса накунед, ки шумо масеҳии хуб нестед. Ҳатто Павлуси расул гуфта буд: «Вақте ки дуруст рафтор кардан мехоҳам, дар худ майли бадеро пай мебарам» (Рум. 7:21–23). Ҳамаи масеҳиёни нокомил майлҳои нодурусте доранд, ки мисли чангу ғубори хона пайваста ҷамъ мешаванд. Барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем, ки минбаъд низ бо чунин хислатҳо мубориза бурда пок бимонем. Инро чӣ тавр кардан мумкин?

10. Чӣ тавр бо хислатҳои бад мубориза бурда метавонем? (1 Юҳанно 5:14, 15).

10 Дар бораи хислати баде, ки мубориза мебаред, ба Яҳува дуо гӯед ва дилпур бошед, ки ӯ шуморо мешунавад ва кумак мекунад. (1 Юҳанно 5:14, 15-ро хонед.) Ҳарчанд Яҳува он хислатро муъҷизавор нест намекунад, ӯ ба шумо қувват мебахшад, ки муборизаро давом диҳед (1 Пет. 5:10). Дар ин миён мувофиқи дуоҳоятон амал карда аз майлҳои одами куҳна дурӣ ҷӯед. Масалан, агар шумо бо ягон хислат мубориза бурда истода бошед, аз тамошои филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ё аз хондани нақлҳое, ки он хислатро болобардор мекунанд, эҳтиёт шавед. Нагузоред, ки хоҳишҳои нодуруст дар сари шумо лона кунанд (Флп. 4:8; Қӯл. 3:2).

11. Барои одами навро ба бар кардан кадом қадамҳоро гузошта метавонем?

11 Азбаски шумо одами куҳнаро кашида партофтед, муҳим аст, ки одами навро бар тан кунед. Чӣ тавр инро кардан мумкин? Хислатҳои Яҳуваро омӯхта мақсад монед, ки ба ӯ пайравӣ мекунед (Эфс. 5:1, 2). Масалан, вақте шумо аз Китоби Муқаддас дар бораи бахшанда будани Яҳува мехонед, аз худ пурсед: «Оё ман дигаронро мебахшам?» Ё вақте дар бораи ҳамдардии Яҳува нисбати онҳое, ки дар тангӣ буданд, мехонед, ба худ чунин савол дода метавонед: «Оё ман низ ба ҳамимононе, ки муҳтоҷанд, ҳамдардӣ мекунам? Ҳамдардии ман аз корҳоям аён аст?» Одами навро ба бар карда, минбаъд низ фикррониатонро дигаргун созед ва дар ин кор пурсабр бошед.

12. Чӣ тавр Стефан фаҳмид, ки Китоби Муқаддас ҳаёти касро тағйир дода метавонад?

12 Бародар Стефан, ки дар боло ёдовар шудем, оҳиста-оҳиста одами навро бар тан карда тавонист. Ӯ мегӯяд: «Аз бозе ки таъмид гирифтам, ман бо якчанд вазъияте рӯ ба рӯ гаштам, ки худдориам санҷида шуд. Дар он вазъиятҳо ман бо одамон дастбагиребон нашудам, инчунин тавонистам, ки вазъиятро бо дигар роҳ ҳал кунам. Бисёриҳо, аз ҷумла ҳамсарам, маро таъриф мекарданд, ки дар чунин вазъиятҳо худро идора карда тавонистам. Рости гап, ман ҳатто худам аз ин дар ҳайрат будам. Албатта, ин тағйирот худ аз худ рӯй надод, маро қувваи Каломи Худо дигаргун сохт».

БО ХОҲИШҲОИ НОДУРУСТ МУНТАЗАМ МУБОРИЗА БАРЕД

13. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки хоҳишҳои дурустро инкишоф диҳем? (Ғалотиён 5:16).

13 Ғалотиён 5:16-ро хонед. Барои росткориро пеша кардан Яҳува ба мо саховатмандона рӯҳи муқаддас медиҳад. Масалан, вақте мо Каломи ӯро меомӯзем, мегузорем, ки рӯҳи муқаддас ба мо таъсир кунад. Ҳамчунин мо ин рӯҳро дар вохӯриҳоямон пайдо карда метавонем. Дар чунин вохӯриҳо мо бо бародару хоҳароне вақт мегузаронем, ки мисли мо кӯшиш мекунанд дуруст рафтор намоянд. Ин хеле рӯҳбаландкунанда аст! (Ибр. 10:24, 25; 13:7). Агар мо дар бораи ягон сустиамон ба Яҳува гарму ҷӯшон дуо гуфта кумак пурсем, ӯ ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба мо қувват мебахшад, то муборизаро давом диҳем. Ҳарчанд чунин амалҳо хоҳишҳои нодурустро пурра решакан намекунанд, онҳо ёрӣ медиҳанд, ки бо хоҳишҳои нодуруст минбаъд низ мубориза барем. Чи хеле дар Ғалотиён 5:16 гуфта шудааст, касоне, ки аз рӯйи рӯҳ рафтор мекунанд, «ягон хоҳиши ҷисмро» иҷро намекунанд.

14. Чаро хоҳишҳои дурустро мунтазам инкишоф додан муҳим аст?

14 Агар шумо реҷаи рӯҳонӣ дошта бошед, минбаъд низ аз рӯйи он амал кунед ва хоҳишҳои дурустро инкишоф диҳед. Чаро? Чунки як душмани мо ҳамеша ҳушёру бедор аст. Ин душман васваса мебошад, ки моро ба корҳои бад тела медиҳад. Ҳатто баъд аз таъмид шояд ба мо лозим ояд, ки аз чизҳое, ки моро ба васваса меандозанд, дурӣ ҷӯем. Мисол, аз қиморбозӣ, бадмастӣ ё порнография (Эфс. 5:3, 4). Бародари ҷавоне мегӯяд: «Яке аз чизҳои душвортарине, ки ман мубориза мебарам, ин майл ба ҳамҷинси худ мебошад. Ман фикр мекардам, ки ин ҳиссиёт муддате давом меёбаду халос, лекин то ҳол бо он мубориза мебарам». Агар хоҳиши нодуруст сахт бошад, дар мубориза бо он чӣ ба шумо кумак карда метавонад?

Агар хоҳиши нодурусте шуморо азоб диҳад, вазъияти шумо беилоҷ нест; дигарон бо чунин васваса мубориза бурда, бар он дастболо гаштанд (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.)

15. Чаро донистани он ки хоҳишҳои нодуруст одию «инсониянд», рӯҳбаландкунанда аст? (Ба расм нигаред.)

15 Дар ёд доред, ки шумо бо ин рақиби маккор танҳо мубориза намебаред. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Васвасаҳое, ки шумо бо онҳо рӯ ба рӯ мешавед, васвасаҳои одии инсониянд» (1 Қӯр. 10:13а). Ин суханон ҳам ба мардон ва ҳам ба занони ҷамоати Қӯринт навишта шуда буданд. Баъзеи онҳо пештар зинокор, ҳамҷинсбоз ва бадмаст буданд (1 Қӯр. 6:9–11). Чӣ фикр доред, оё баъди таъмид онҳо бо ягон хоҳиши нодуруст мубориза намебурданд? Албатта, мебурданд. Ҳарчанд ҳамаи онҳо тадҳиншуда ба ҳисоб мерафтанд, то ҳол инсони нокомил буданд. Барои ҳамин, бешубҳа, онҳо баъзан бо хоҳишҳои нодуруст мубориза мебурданд. Ин чиз бояд дили моро низ бардорад. Чаро? Зеро ҳар хоҳиши нодурусте, ки шумо бо он мубориза мебаред, касе бар он аллакай дастболо шудааст. Дар асл, шумо дар имон устувор монда метавонед, зеро медонед, ки «ҳамаи бародарони шумо... бо чунин азобу уқубатҳо рӯ ба рӯ мешаванд» (1 Пет. 5:9).

16. Мо бояд аз чӣ эҳтиёт шавем ва чаро?

16 Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки ягон кас мушкилиҳоеро, ки шумо рӯ ба рӯ мешавед, намефаҳмад. Агар ба ин фикр роҳ диҳед, шумо ба хулоса меоед, ки ягон роҳи халосӣ надоред ва дар пеши хоҳишҳои нодуруст оҷизу нотавонед. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Худо амину бовафо аст ва ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ васваса шавед, балки дар вақти васваса ёрӣ медиҳад, ки истодагарӣ кунед» (1 Қӯр. 10:13б). Аз ин рӯ, ҳатто агар хоҳиши нодурустамон сахт бошад, бо ёрдами Яҳува мо бар он ғолиб омада метавонем.

17. Хоҳишҳои нодурустро решакан карда наметавонем ҳам, чӣ аз дастамон меояд?

17 Ҳамеша дар ёд доред: Чун инсони нокомил шояд шумо хоҳишҳои нодурустро пурра решакан карда натавонед. Лекин мисли Юсуф, ки аз зани Фӯтифар гурехт, боқатъият амал карда хоҳишҳои нодурустатонро рад карда метавонед (1 Мӯсо 39:12). Нагузоред, ки онҳо бар шумо хӯҷаинӣ кунанд!

МИНБАЪД НИЗ КӮШИШ КУНЕД!

18, 19. Ҳангоми дигаргун кардани фикррониамон ба худ чӣ гуна саволҳоро дода метавонем?

18 Мо аз ин мақола фаҳмидем, ки барои дигаргун кардани фикррониамон бояд минбаъд низ кӯшиш кунем. Ин тавр карда фикрронӣ ва амалҳоямон ба Худо писанд мешаванд. Барои ин ба худ саволҳои зеринро диҳед: «Оё аз тарзи ҳаёти ман маълум аст, ки дар рӯзҳои охир зиндагӣ карданамонро дарк мекунам? Оё ман одами навро ба бар карда истодаам? Мегузорам, ки рӯҳи Яҳува ба ман таъсир кунад, то бо хоҳишҳои ҷисмам мубориза барам?»

19 Ҳангоми худро тафтиш кардан аз худ комилиро интизор нашавед, балки диққатро ба пешравиатон равона кунед. Агар пай баред, ки аз ягон ҷиҳат беҳтар шуданатон лозим аст, рӯҳафтода нагардед. Беҳтараш аз рӯйи маслиҳати Филиппиён 3:16 амал кунед: «Чӣ қадар пешравие накарда бошем, биёед минбаъд низ пеш равем». Дилпур бошед, ки Яҳува ҳар як кӯшиши шуморо, ки мунтазам барои дигаргун кардани фикррониатон мекунед, баракат медиҳад.

СУРУДИ 52 Дили худро ҳифз намо

a Павлуси расул ба аҳли ҷамоат гуфта буд, ки нагузоранд, то ин ҷаҳон онҳоро шакл диҳад. Ин маслиҳат барои мо низ саривақтӣ аст. Мо бояд худро тафтиш карда истем, ки ин ҷаҳон ба мо таъсир кардааст ё не. Масалан, агар пай барем, ки бар зидди хости Худо фикр карда истодаем, бояд дарҳол ислоҳ шавем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ин корро кардан мумкин.

b Ба мақолаи «Я катился по наклонной» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми июли соли 2015 нигаред.

c ШАРҲИ РАСМ: Бародари ҷавоне фикр мекунад, ки маълумоти олӣ гирад ё хизмати пурравақтро интихоб кунад.