Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5

«Муҳаббати Масеҳ дар дили мо фармонравоӣ мекунад»

«Муҳаббати Масеҳ дар дили мо фармонравоӣ мекунад»

«Муҳаббати Масеҳ дар дили мо фармонравоӣ мекунад... Ӯ барои ҳама мурд, то зиндаҳо дигар на барои худ... зиндагӣ кунанд» (2 ҚӮР. 5:14, 15).

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

ПЕШГУФТОР a

1, 2. а) Вақте дар бораи ҳаёт ва хизмати Исо мулоҳиза меронем, чӣ гуна эҳсосот дар диламон пайдо мешавад? б) Дар ин мақола чӣ муҳокима мешавад?

 ВАҚТЕ мо шахси наздикамонро аз даст медиҳем, ӯро бениҳоят ёд мекунем. Дар аввал шояд рӯзҳои пеш аз маргашро ба ёд оварда, махсусан агар азоб кашида ҷон бохта бошад, мо ғайр аз дарди ҷонгудоз дигар чизе ҳис накунем. Вале бо гузашти вақт дар бораи таълим ё кору сухани ӯ, ки ба мо рӯҳбаландӣ ва шодӣ бахшида буд, фикр карда, дар диламон шуълаи хурсандӣ пайдо мешавад.

2 Ба ин монанд, вақте мо дар бораи марги пуразоби Исо мехонем, хеле зиқ мешавем. Дар давоми Шоми ёдбуд мо вақт ҷудо карда, махсусан дар бораи товони ӯ андеша меронем (1 Қӯр. 11:24, 25). Бояд гуфт, ки дар бораи таълимот ва корҳое, ки Исо дар замин мекард, андеша ронда, мо инчунин хурсандии бениҳоят зиёд эҳсос мекунем. Ғайр аз ин, вақте андеша меронем, ки ӯ ҳоло ва дар оянда бароямон чӣ кор мекунад, қувват мегирем. Аз ин мақола мефаҳмем, ки, вақте дар бораи ин чизҳо ва муҳаббати Исо нисбатамон мулоҳиза меронем, миннатдориамонро дар амал нишон дода метавонем.

МИННАТДОРӢ КУМАК МЕКУНАД, КИ БА ИСО СОДИҚОНА ПАЙРАВӢ КУНЕМ

3. Чаро мо бояд барои товон миннатдор бошем?

3 Вақте мо дар бораи ҳаёт ва марги Исо мулоҳиза меронем, бениҳоят миннатдор мешавем. Дар давоми хизмати заминиаш Исо ба одамон таълим медод, ки Подшоҳии Худо чӣ гуна баракатҳо меорад. Мо барои ҳамаи ин ҳақиқатҳо хеле миннатдорем. Сипосгузорем, ки Исо баҳри мо товон додааст. Охир, ба туфайли он дӯсти Яҳува шудан мумкин аст. Онҳое, ки ба Исо имон меоранд, инчунин умед пайдо мекунанд, ки то абад зиндагӣ карда, наздикони аз даст додаашонро боз бинанд (Юҳ. 5:28, 29; Рум. 6:23). Дар асл, мо лоиқи ин гуна баракатҳо нестем ва ҳеҷ гоҳ некиҳоеро, ки Яҳува ва Исо бароямон кардаанд, баргардонда наметавонем (Рум. 5:8, 20, 21). Бо вуҷуди ин мо ба онҳо миннатдориамонро нишон дода метавонем. Чӣ тавр?

Чӣ тавр намунаи Марями Маҷдалия ба шумо кумак мекунад, ки миннатдориатонро нишон диҳед? (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.)

4. Чӣ тавр Марями Маҷдалия ба Исо барои некиаш миннатдорӣ нишон дод? (Ба расм нигаред.)

4 Мисоли Марями Маҷдалияро мегирем: ӯ зани яҳудӣ буда як замон аҳволаш хеле бад буд, зеро ҳафт дев ӯро азоб медоданд. Эҳтимоли зиёд аст, ки Марям худро ночору ноумед ҳис мекард. Акнун тасаввур кунед, ки, вақте Исо ӯро аз чанголи девҳо озод кард, ӯ то чӣ андоза миннатдор шуд. Аз ҳисси миннатдорӣ Марям пайрави Исо гашт ва дороӣ, қувват ва вақташро барои дастгирӣ кардани ӯ дар хизмат сарф менамуд (Луқ. 8:1–3). Марям аз Исо барои кумакаш бениҳоят миннатдор буд, ҳарчанд, шояд, он вақт дарк намекард, ки Исо дар оянда барояш аз ин ҳам бештар мекунад. Бале, Исо ҷонашро қурбон мекунад, «то ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад», ҷовидона зиндагӣ карда тавонад (Юҳ. 3:16). Бо вуҷуди ин Марям миннатдориашро бо вафодории худ нишон медод. Вақте Исо дар сутуни азоб ҷон мебохт, Марям барои дастгирии ӯву дигарон дар он ҷо буд (Юҳ. 19:25). Ғайр аз ин, баъди марги Исо ӯ ҳамроҳи ду зан алафҳои хушбӯй гирифта, ба сари қабри Ҳазрат омад (Марқ. 16:1, 2). Марям барои вафодориаш соҳиби мукофот гашт. Ӯ имконият пайдо кард, ки Исои эҳёшударо вохӯрда бо ӯ гап занад. Ҷолиб аст, ки ҳатто аксар расулон чунин имконият надоштанд (Юҳ. 20:11–18).

5. Чӣ тавр барои некиҳои Яҳува ва Исо миннатдориамонро нишон дода метавонем?

5 Мо ҳам барои некиҳое, ки Яҳува ва Исо баҳрамон кардаанд, миннатдории худро нишон дода метавонем. Чӣ тавр? Агар вақт, қувват ва дороиамонро барои хизмати Яҳува истифода барем. Масалан, метавонем дар сохтмон ё нигоҳубини биноҳои ташкилот иштирок кунем.

АЗ МУҲАББАТ БА ЯҲУВА ВА ИСО МО ДИГАРОНРО ДӮСТ МЕДОРЕМ

6. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Исо барои ҳар яки мо товон дод?

6 Муҳаббати Яҳува ва Исо ба мо беҳамтост. Дар ин бора мулоҳиза ронда дар дили мо низ нисбати онҳо меҳр пайдо мешавад (1 Юҳ. 4:10, 19). Вақте мефаҳмем, ки Исо ҷонашро шахсан баҳри мо қурбон кардааст, муҳаббатамон ба ӯву Яҳува зиёдтар мегардад. Павлуси расул барои товон миннатдориашро дар Нома ба ғалотиён чунин изҳор кардааст: «Писари Худо... маро дӯст дошт ва ҳаёташро барои ман фидо кард» (Ғал. 2:20). Дар асоси товони Масеҳ Яҳува шуморо ба худ ҷалб намуд, то бо ӯ дӯстӣ пайдо кунед (Юҳ. 6:44). Яҳува дар шумо чизи некеро дидааст ва барои он ки дӯсти ӯ шавед, писари азизашро қурбон кард. Магар донистани ин дили шуморо гарм намекунад? Магар муҳаббататонро ба Яҳува ва Исо қавитар намегардонад? Дар ин хусус ба худ чунин савол додан бамаврид мебуд: «Муҳаббати Яҳува ва Исо маро ба кардани кадом корҳо ташвиқ мекунад?»

Мо аз муҳаббат ба Худо ва Масеҳ хабари Подшоҳиро ба ҳамаи одамон мерасонем (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Мувофиқи расм чӣ тавр муҳаббатамонро ба Яҳува ва Исо нишон дода метавонем? (2 Қӯринтиён 5:14, 15; 6:1, 2).

7 Мо аз муҳаббат ба Худо ва Исо дигаронро дӯст медорем. (2 Қӯринтиён 5:14, 15; 6:1, 2-ро хонед.) Чӣ тавр муҳаббатамонро нишон дода метавонем? Як роҳаш дар паҳн кардани хушхабар ҷидду ҷаҳд намудан аст. Мо дар хизмат бо ҳама одамоне, ки вомехӯрем, суҳбат мекунем: якеро аз дигаре дар асоси нажод, қабила, бой ё камбағал буданаш, маълумот доштан ё надоштанаш боло намегузорем. Охир, ин тавр карда мо аз рӯйи нияти Яҳува амал мекунем, ки мехоҳад «ҳама гуна одамон наҷот ёбанд ва дар бораи ростӣ дониши хуб гиранд» (1 Тим. 2:4).

8. Чӣ тавр мо ба бародару хоҳарон муҳаббат нишон дода метавонем?

8 Ба бародару хоҳарон муҳаббат нишон дода, исбот мекунем, ки Худо ва Масеҳро дӯст медорем (1 Юҳ. 4:21). Аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки ба бародару хоҳарон таваҷҷуҳ намоем ва ҳангоми озмоишҳо дар барашон бошем. Вақте онҳо шахси наздики худро аз даст медиҳанд, тасаллиашон медиҳем. Бемор шаванд, онҳоро хабар мегирем ва, агар рӯҳафтода бошанд, қувват мебахшем (2 Қӯр. 1:3–7; 1 Тас. 5:11, 14). Мо боз дар ҳаққи онҳо дуо мегӯем, зеро «дуое, ки росткор бо зориву илтиҷо мегӯяд, қувваи бузурге дорад» (Яъқ. 5:16).

9. Мо боз чӣ тавр ба бародару хоҳарон муҳаббат нишон дода метавонем?

9 Боз чӣ тавр нишон додан мумкин аст, ки бародару хоҳаронро дӯст медорем? Агар аз таҳти дил кӯшиш кунем, ки байнамон сулҳу осоиштагӣ бошад. Аз ин ҷиҳат мо ба намунаи Яҳува пайравӣ мекунем. Яҳува бо омодагӣ писарашро барои мо қурбон кард. Пас, набояд мо низ бародару хоҳаронеро, ки зиддамон гуноҳ мекунанд, бибахшем? Ҳеҷ яки мо намехоҳад ба ғуломи бадкоре монанд бошад, ки Исо мисол оварда буд: Он ғулом, ҳатто баъди он ки хӯҷаинаш қарзи калони ӯро бахшид, қарзи ғуломи дигареро, ки нисбатан камтар буд, набахшид (Мат. 18:23–35). Мақсад, агар байни шумо ва ҳамимоне нофаҳмӣ сар зада бошад, оё метавонед пеш аз Шоми ёдбуд якум шуда бо ӯ сулҳро барқарор кунед? (Мат. 5:23, 24). Ин тавр карда нишон медиҳед, ки дар ҳақиқат Яҳува ва Исоро дӯст медоред.

10, 11. Чӣ тавр пирони ҷамоат ба Яҳува ва Исо муҳаббат нишон дода метавонанд? (1 Петрус 5:1, 2).

10 Чӣ тавр пирони ҷамоат нишон дода метавонанд, ки Яҳува ва Исоро дӯст медоранд? Як роҳаш дар бораи гӯсфандони Исо ғамхорӣ кардан аст. (1 Петрус 5:1, 2-ро хонед.) Исо дар бораи аҳамияти ин ба Петруси расул гуфта буд. Баъд аз он ки Петрус аз Исо се маротиба рӯ гардонд, эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ сахт мехост муҳаббаташро ба Масеҳ исбот кунад. Вақте Исо эҳё шуд, аз Петрус пурсид: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро дӯст медорӣ?» Мо шакке надорем, ки Петрус барои исботи муҳаббаташ ба Хӯҷаини худ ба ҳар кор тайёр буд. Исо ба Петрус гуфт: «Барраҳои маро чӯпонӣ кун» (Юҳ. 21:15–17). Бинобар ин боқимондаи ҳаёташ Петрус меҳрубонона дар бораи гӯсфандони Сарвараш ғамхорӣ кард ва исбот намуд, ки Исоро дӯст медорад.

11 Пирони ҷамоат, чӣ тавр шумо дар айёми Шоми ёдбуд нишон дода метавонед, ки ин суханони Исо бароятон аҳамият доранд? Фаъолона бародару хоҳаронро хабар гирифта дилбардорӣ кунед ва ба ғайрифаъолон кумак расонед, ки назди Яҳува баргарданд. Бо ин амалатон нишон медиҳед, ки Яҳува ва Исоро дӯст медоред (Ҳиз. 34:11, 12). Шумо ҳамчунин ба омӯзандагон ва шавқмандоне, ки якум бор ба Шоми ёдбуд меоянд, таваҷҷуҳ карда метавонед. Кӯшиш кунед, ки ин меҳмонон, ки оянда шогирди Исо шуда метавонанд, худро бегона ҳис накунанд.

МО АЗ МУҲАББАТ БА МАСЕҲ ДАЛЕРӢ НИШОН МЕДИҲЕМ

12. Чаро суханоне, ки Исо шаби пеш аз маргаш гуфта буд, ба мо далерӣ мебахшанд? (Юҳанно 16:32, 33).

12 Шаби пеш аз маргаш Исо ба шогирдони худ гуфт: «Дар ин ҷаҳон шумо азоб мекашед, вале далер бошед: ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!» (Юҳанно 16:32, 33-ро хонед.) Чӣ ба Исо кумак кард, ки ба душманонаш муқобилат кунад ва то дами марг вафодор монад? Исо ба Яҳува таваккал мекард. Ӯ медонист, ки пайравонаш низ бо ин гуна озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин аз Яҳува хоҳиш кард, ки онҳоро дар паноҳаш нигоҳ дорад (Юҳ. 17:11). Ин гуфтаҳо ба мо далерӣ мебахшанд. Чаро? Зеро Яҳува аз ҳамаи душманони мо пурқудраттар аст (1 Юҳ. 4:4). Ҳеҷ чиз аз чашми ӯ пӯшида намемонад. Мо боварии комил дорем, ки, агар ба Яҳува такя кунем, бар тарсҳои худ дастболо мешавем ва далерӣ нишон медиҳем.

13. Чӣ тавр Юсуфи аромотӣ далерӣ нишон дод?

13 Мисоли Юсуфи аромотиро мегирем. Ӯ дар миёни яҳудиён шахси обрӯманд буд. Юсуф узви Шӯрои олии яҳудиён ба ҳисоб мерафт. Лекин ҳангоми хизмати заминии Исо ба ин мард далерӣ намерасид. Юҳанно навиштааст, ки Юсуф «шогирди Исо буду аз тарси яҳудиён инро пинҳон мекард» (Юҳ. 19:38). Ҳарчанд ба ӯ хабари Подшоҳӣ шавқовар буд, ӯ дар бораи ба Исо имон оварданаш даҳон намекушод. Аз афташ, Юсуф метарсид, ки мақому мартабаашро дар ҷомеаи яҳудиён аз даст медиҳад. Чи хеле набошад, мувофиқи Китоби Муқаддас баъд аз марги Исо Юсуф «дилу гурда карда, пеши Пилотус рафт ва аз ӯ иҷозат пурсид, ки ҷасади Исоро бигирад» (Марқ. 15:42, 43). Баъди ин ҳама фаҳмиданд, ки ӯ Исоро дастгирӣ мекунад.

14. Агар одамтарсӣ дошта бошед, чӣ кор карда метавонед?

14 Оё ҳисси одамтарсии Юсуф ба шумо шинос аст? Шумо дар мактаб ё ҷойи кор Шоҳиди Яҳува буданатонро тан мегиред? Магар «дигарон чӣ мегӯянд» гуфта, масъалаи воиз шудан ё таъмид гирифтанро ба қафо мепартоед? Нагузоред, ки чунин ҳиссиёт шуморо аз кардани корҳои дуруст боздорад. Ба Яҳува аз сидқи дил дуо гӯед. Хоҳиш кунед, ки барои иҷрои хосташ ба шумо далерӣ диҳад. Ҳамин тавр, вақте ҷавоби дуоятонро мебинед, иродаатон қавӣ мегардад ва шумо далертар мешавед (Иш. 41:10, 13).

АЗ ХУРСАНДӢ МО ДАР КОРИ ЯҲУВА ҶАДАЛ МЕКУНЕМ

15. Ҳисси хурсандӣ ба шогирдони Исо дар иҷрои кадом кор кумак кард? (Луқо 24:52, 53).

15 Вақте Исо мурд, шогирдонаш бениҳоят зиқ шуданд. Худро ба ҷойи онҳо тасаввур кунед: Ба болои он ки дӯсти азизашонро аз даст доданд, онҳоро ҳамчунин ҳисси ноумедӣ фаро гирифт (Луқ. 24:17–21). Аммо, вақте Исо ба онҳо намудор шуд, фаҳмонд, ки чӣ тавр пешгӯйии Китоби Муқаддасро иҷро кард. Ӯ инчунин ба онҳо супориши махсусе дод (Луқ. 24:26, 27, 45–48). Ҳамин тавр давоми чил рӯз, пеш аз ба осмон рафтани Исо, шогирдонаш ба ҷойи ғаму андуҳ дар дил шодиву хурсандӣ эҳсос намуданд. Бале, донистани он ки Сарварашон зинда асту ба онҳо дар иҷрои супориши навашон кумак мекунад, дили шогирдонро хушнуд гардонд. Шодию хурсандӣ ба онҳо кумак кард, ки Яҳуваро бо ҷидду ҷаҳд ҷалол диҳанд (Луқо 24:52, 53-ро хонед; Кор. 5:42).

16. Чӣ тавр мо ба шогирдони Исо пайравӣ карда метавонем?

16 Мо аз шогирдони Исо чӣ ибрат мегирем? Мо метавонем на танҳо дар айёми Шоми ёдбуд, балки тамоми сол хурсандӣ гирем. Барои ин лозим аст, ки Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал монем. Масалан, бисёр бародару хоҳаронамон реҷаи кориашонро тағйир медиҳанд, то дар хизмат, вохӯриҳо ва парастиши оилавӣ пайваста иштирок кунанд. Баъзеҳо ҳатто аз молу мулкашон даст мекашанд, ҳол он ки ба ақидаи дигарон, агар молу мулк медоштанд, ба ҷамоат дасташон бештар мерасид ё дар ҷое, ки воизон кам аст, хизмат карда метавонистанд. Албатта, пайваста дар хизмати Яҳува будан пуртоқатиро металабад. Лекин Яҳува ваъда медиҳад, ки, агар Подшоҳии ӯро дар ҷойи аввал монем, ӯ моро саховатмандона баракат медиҳад (Пнм. 10:22; Мат. 6:32, 33).

Дар айёми Шоми ёдбуд вақт ҷудо карда мулоҳиза ронед, ки Яҳува ва Исо шахсан ба шумо чӣ кор кардаанд (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Дар айёми Шоми ёдбуд шумо бо азми қавӣ чӣ кор карданӣ ҳастед? (Ба расм нигаред.)

17 Мо бесаброна маросими Шоми ёдбудро интизорем, ки 4-уми апрел, рӯзи сешанбе, баргузор мегардад. Лекин шарт нест, ки ин рӯз расаду баъд мо дар бораи ҳаёт ва марги Масеҳ, аз ҷумла муҳаббати Яҳува ва Исо мулоҳиза ронем. Кӯшиш кунед, ки дар айёми Шоми ёдбуд аз ҳар як имконият истифода бурда дар бораи ин мавзуъҳо мулоҳиза ронед. Масалан, аз «Тарҷумаи Дунёи Нав» Замимаи Б12, чорчӯбаи «Ҳафтаи охири ҳаёти Исо дар замин»-ро хонед ва дар бораи воқеаҳое, ки оварда шудаанд, андеша ронед. Ҳамзамон оятҳоеро қайд кунед, ки миннатдорӣ, муҳаббат, далерӣ ва хурсандиатонро зиёд мегардонанд. Сипас фикр кунед, ки бо кадом роҳҳо миннатдории худро нишон дода метавонед. Боварӣ дошта бошед, ки, агар ғайрат карда барои Исоро ба ёд овардан дар Шоми ёдбуд иштирок кунед, ӯ инро хеле қадр мекунад (Ошкор. 2:19).

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

a Дар айёми Шоми ёдбуд мо имкон пайдо мекунем, ки дар бораи ҳаёт ва марги Исо, аз ҷумла муҳаббате, ки ӯву Падараш ба мо нишон доданд, андеша ронем. Дар ин мақола мо баъзе роҳҳоеро дида мебароем, ки чӣ тавр миннатдориамонро барои товон ва муҳаббатамонро ба Яҳува ва Исо нишон диҳем. Мо инчунин дида мебароем, ки чӣ хел ба бародару хоҳарон муҳаббат нишон диҳем, далер бошем ва дар хизмати Яҳува хурсандӣ пайдо кунем.