Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Оё ба шумо хондани саргузашти бародару хоҳарон маъқул аст?

Ҳамсароне, ки ҳар саҳар саргузашти ҳамимононро мехонанд, чунин мегӯянд: «Ин саргузаштҳо ба мо рӯҳбаландӣ ва хурсандӣ мебахшанд. Мо ёдовар мешавем, ки мо ҳам новобаста ба вазъият вафодор монда метавонем». Хоҳаре, ки бо ин фикр розӣ аст, менависад: «Саргузашти ҳамимонон ҳаяҷоновар аст. Онҳоро хонда дилат гарм мешавад ва тасаллӣ меёбӣ. Ҳаёти бародару хоҳарон мақсаднок ва пурмаъно мебошад. Саргузашташонро хонда ман мехоҳам дар хизмат бештар иштирок кунам ва ба фарзандонам ёрӣ расонам, ки хизмати пурравақтро мақсади ҳаёти худ гардонанд».

Саргузаштҳо кумак мекунанд, ки мақсадҳои пурмаъно дошта бошем, бар сустиҳоямон ғолиб оем ва озмоишҳои сахтро бо хурсандию сарбаландӣ паси сар намоем. Ин саргузаштҳоро аз куҷо ёфтан мумкин аст?

  • Дар сомонаи jw.org ба бахши ДАР БОРАИ МО > ВОҚЕАҲО АЗ ҲАЁТ > КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД ё дар JW Library ба бахши СЕРИИ СТАТЕЙ > БИОГРАФИИ СВИДЕТЕЛЕЙ ИЕГОВЫ нигаред.

  • Барои ёфтани саргузашти Шоҳидони Яҳува ба «Китобхонаи электронии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ва «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ» (рус.) нигаред.