Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 9

Ҳаёт атои бебаҳои Яҳува аст!

Ҳаёт атои бебаҳои Яҳува аст!

«Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост» (КОР. 17:28).

СУРУДИ 130 Ҳаёт — атои бебаҳо

ПЕШГУФТОР a

1. Ҳаёти мо барои Яҳува то чӣ андоза пурқимат аст?

 ТАСАВВУР кунед, ки дӯстатон ба шумо хона туҳфа мекунад. Ранги деворҳои ин хона хира шуда бомаш аз якчанд ҷо мечакад. Бо вуҷуди ин камбудиҳо нархи ин хона ба миллионҳо доллар баробар аст. Шумо ба ин ҳадия чӣ хел муносибат мекунед? Шакке нест, ки онро қадр намуда, нигоҳубин мекунед. Ба ин монанд, Яҳува ба мо ҳаётро ҳадия кардааст. Ӯ ҳаёти моро чунон қадр мекунад, ки Писарашро баҳрамон чун товон дод (Юҳ. 3:16).

2. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 7:1 Яҳува аз мо чиро интизор аст?

2 Яҳува Сарчашмаи ҳаёт аст (Заб. 36:9). Павлуси расул ин ҳақиқатро тан гирифта, гуфта буд: «Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост» (Кор. 17:25, 28). Бинобар ин ҳаётро туҳфаи Худо номидан ҷоиз мебошад. Ӯ барои нигоҳ доштани ҳаётамон аз муҳаббат моро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекунад (Кор. 14:15–17). Ҳамзамон Яҳува муъҷизавор ҳаёти моро нигоҳ намедорад. Ӯ мехоҳад, ки мо кӯшиш карда, саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳониамонро нигоҳ дорем. (2 Қӯринтиён 7:1-ро хонед.) Пас, биёед фаҳмем, ки чаро мо саломатӣ ва ҳаёти худро бояд эҳтиёт кунем ва чӣ тавр ин корро кардан мумкин аст.

ҲАЁТИ ХУДРО ҚАДР КУНЕД

3. Аз кадом сабаб мо бояд саломатиамонро нигоҳ дорем?

3 Чаро мо бояд саломатиамонро эҳтиёт кунем? Як сабабаш ин аст, ки дар ин ҳол мо ба Яҳува бисёртар хизмат карда метавонем (Марқ. 12:30). Мо мехоҳем «ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо» пешкаш кунем. Бинобар ин ба корҳое, ки ба саломатии мо зарар мерасонанд, даст намезанем (Рум. 12:1). Албатта, мо худро аз беморӣ пурра эмин нигоҳ дошта наметавонем. Бо вуҷуди ин саломатиамонро эҳтиёт мекунем, зеро мехоҳем нишон диҳем, ки ҳадияи беҳамтои Яҳуваро қадр менамоем.

4. Шоҳ Довуд чӣ кор кардан мехост?

4 Шоҳ Довуд фаҳмонда буд, ки чаро ҳаётро қадр мекунад. Ӯ навишт: «Аз марги ман чӣ фоида ва аз фурӯ рафтанам ба қабр чӣ суд? Оё хок туро ситоиш менамояд? Оё аз вафоят ҳикоят мекунад?» (Заб. 30:9). Ин суханонро Довуд, эҳтимол, дар рӯзҳои охири ҳаёташ навишта буд. Вале ӯ азм кард, ки, чи қадаре метавонад, саломатиашро эҳтиёт мекунад, то минбаъд низ дар хизмати Яҳува бошад. Шакке нест, ки мо низ чунин ният дорем.

5. Новобаста ба пиронсолӣ ва бемориамон мо чӣ кор карда метавонем?

5 Аз сабаби беморӣ ва пиронсолиамон мо шояд бисёр корҳоеро, ки пеш мекардем, ҳоло карда натавонем. Аз ин рӯ мумкин зиқу рӯҳафтода шавем. Вале мо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ноумед шуда, ба саломатиамон хунукназарӣ кунем. Чаро? Зеро чи қадаре пир ё бемор набошем, мисли Довуд минбаъд низ ба Яҳува хизмат карда метавонем. Донистани он ки Яҳува мо одамони нокомилро қадр мекунад, воқеан ҳам дилгармкунанда аст (Мат. 10:29–31). Агар мо бимирем ҳам, Яҳува муштоқи зинда кардани мо мешавад (Айюб 14:14, 15). Вале, ҳоло ки мо зиндаем, мехоҳем саломатӣ ва ҳаётамонро эҳтиёт кунем.

АЗ ОДАТҲОИ ЗАРАРОВАР ДУРӢ ҶӮЕД

6. Яҳува аз мо дар хусуси хӯрдан ва нӯшидан чӣ интизор аст?

6 Ҳарчанд Навиштаҳои илоҳӣ китоби ҳифзи тандурустӣ ё дастурамал барои чӣ хӯрдан ва чӣ нӯшидан нест, дар он назари Худо доир ба ин мавзуъ оварда мешавад. Масалан, Яҳува маслиҳат медиҳад, ки танамонро «аз осебу зиён эмин» дорем (Пандгӯ 11:10). Барои ҳамин дар Каломи Худо навишта мешавад, ки мо пурхӯрӣ ва бадмастӣ накунем. Зеро ҳардуи ин кор ба саломатии мо зарар мерасонад (Пнм. 23:20). Яҳува мехоҳад, ки мо дар хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ нишон диҳем (1 Қӯр. 6:12; 9:25).

7. Чӣ тавр Панднома 2:11 кумак мекунад, ки дар хусуси саломатиамон қарорҳои дуруст барорем?

7 Агар мо ақлу фаросатро ба кор барем, аз қарорҳоямон маълум мешавад, ки ҳаётамонро қадр мекунем. (Заб. 119:99, 100; Панднома 2:11-ро хонед.) Масалан, мо бодиққат мулоҳиза меронем, ки чӣ мехӯрем. Агар ягон намуди хӯрок ба мо маъқул бошад, вале мо донем, ки он ба саломатиамон зарар мерасонад, ақлу заковат кумак мекунад, ки онро нахӯрем. Инчунин, агар аз хоб сер кунем, пайваста бо варзиш машғул шавем, ҷисм ва хонаамонро тозаву озода нигоҳ дорем, чун хирадмандон амал мекунем.

АЗ ВАЪЗИЯТҲОИ ФАВҚУЛОДА ХУДРО ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД

8. Мувофиқи Навиштаҳо Худо ба масъалаи бехатарӣ чӣ гуна муносибат мекунад?

8 Дар Шариати Яҳува ба исроилиён дастурот дода шуда буд, ки бо ёрии онҳо халқ дар хона ва ҷойи кор ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ карда метавонистанд (2 Мӯсо 21:28, 29; 5 Мӯсо 22:8). Бояд гуфт, ки, агар шахс нохост касеро мекушт, оқибати талхи корашро мечашид (5 Мӯсо 19:4, 5). Мувофиқи Шариат ҳатто шахсе, ки сабаби марги тифли батн мешуд, бояд ҷазо медид (2 Мӯсо 21:22, 23). Аз ин маълум мегардад, ки Яҳува мехоҳад мо чораҳои бехатариро андешем.

Чӣ тавр дар ин мавридҳо нишон диҳем, ки ҳаётро қадр мекунем? (Ба сархати 9 нигаред.)

9. Чӣ тавр мо ҳодисаҳои хатарнокро пешгирӣ карда метавонем? (Ба расм нигаред.)

9 Мо инчунин дар хона ва ҷойи кор чораҳои бехатариро андешида, нишон медиҳем, ки ҳаётро қадр мекунем. Масалан, ашёҳои тез, маводҳои кимиёвӣ ё дорувориро дар ҷойи бехатар мемонем. Мо ин чизҳоро аз пеши чашми кӯдакон дур нигоҳ медорем. Инчунин ҳангоми истифодаи оташ, оби ҷӯш ва асбобҳои барқӣ эҳтиёт мешавем. Ғайр аз ин, агар аз сабаби доруворӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ё камхобӣ ҳушу ақламон равшан набошад, мо мошин намеронем. Ҳамзамон, агар дар сари рул бошем, таҷҳизоти электрониро ба даст намегирем.

ВАҚТЕ ОФАТ САР МЕЗАНАД

10. Пеш ва ҳангоми офат мо чӣ кор карда метавонем?

10 Баъзан пеши роҳи вазъиятҳои хатарнокро гирифта намешавад. Масалан, мо сар задани офати табиӣ, вабоҳои оламгир ё ҷангу нооромиҳоро боздошта наметавонем. Бо вуҷуди ин, агар дар чунин вазъиятҳо ба дастури ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар бораи тарк кардани ҷойи хатарнок гӯш диҳем, ҳаёти худро эмин нигоҳ медорем (Рум. 13:1, 5–7). Бояд гуфт, ки дар бораи баъзе хатарҳо мо пешакӣ хабардор мешавем. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки аз рӯйи дастури ҳукумат амал карда, пешакӣ тайёр шавем. Барои ин об, хӯроки вайроннашаванда ва баъзе ашёҳои заруриро бояд захира кард.

11. Вақте бемории сироятӣ сар мезанад, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?

11 Вақте дар минтақаамон бемории сироятӣ сар мезанад, мо бояд чӣ кор кунем? Лозим аст, ки мувофиқи дастуроти ҳокимиятҳои маҳаллӣ амал намоем, аз ҷумла дастонамонро шӯем, масофаро нигоҳ дорем, ниқоб пӯшем ва аз хона набароем. Аз рафторамон маълум мешавад, ки мо ҳаётро қадр мекунем ё не.

12. Чӣ тавр ҳангоми офат Панднома 14:15 дар интихоби маълумот кумак мекунад?

12 Ҳангоми вазъиятҳои фавқулода дӯстонамон, ҳамсоягон ва дар расонаҳои хабарӣ маълумоти хаторо паҳн карда метавонанд. Дар ин маврид ба ҷойи «ба ҳар гап» бовар кардан хуб мебуд ба маълумоти дақиқу аниқе, ки ҳукумат ва мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, гӯш диҳем. (Панднома 14:15-ро хонед.) Ҳайати роҳбарикунанда ва филиал низ, вақте дар хусуси вохӯриҳои ҷамоат ё хизматамон дастур медиҳанд, аввалан маълумоти аниқу дақиқро ҷамъ меоранд (Ибр. 13:17). Бо онҳо ҳамкорӣ карда, мо ҳам саломатии худ ва ҳам дигаронро ҳифз менамоем. Ғайр аз ин, бо итоаткориамон мо шояд обрӯи Шоҳидонро дар ҷомеа бардорем (1 Пет. 2:12).

АЗ ИСТИФОДАИ ХУН ХУДДОРӢ КУНЕД

13. Чӣ тавр дар масъалаи хун мо нишон дода метавонем, ки ҳаётро қадр мекунем?

13 Бисёриҳо медонанд, ки Шоҳидони Яҳува хунро муқаддас мешуморанд. Мо мувофиқи қонуни Худо амал карда, аз гузарондани хун даст мекашем, ҳатто агар духтурон онро таъҷилӣ шуморанд (Кор. 15:28, 29). Вале ин маънои онро надорад, ки мо мурдан мехоҳем. Баръакс, ҳаёт дар назари мо ҳадияи пурқиматест аз ҷониби Худо. Бинобар ин мо духтуронеро меҷӯем, ки моро бе гузарондани хун ва босифат табобат карда тавонанд.

14. Чӣ тавр пеши роҳи ҷарроҳии ҷиддиро гирифтан мумкин?

14 Маслиҳатҳоеро, ки вобаста ба саломатӣ дар сархатҳои боло оварда шудаанд, ба кор барем, шояд ба мо ҳеҷ гоҳ дахолати таъҷилии тиббӣ лозим нашавад. Чи қадаре мо ҳаёти солим ба сар барем, ҳамон қадар ҳангоми ҷарроҳӣ ва баъд аз он саломатиамон тез барқарор мешавад. Инчунин, агар дар ҷойи кор чораҳои бехатариро пешбинӣ намоем ва ҳангоми рондани нақлиёт аз рӯйи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал кунем, эҳтимол аст, ки ба ҷарроҳии ҷиддӣ муҳтоҷ нашавем.

Азбаски мо ҳаётамонро қадр мекунем, варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро пур карда, доим бо худ мегирем (Ба сархати 15 нигаред.) c

15. а) Чаро мо бояд бо худ «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» дошта бошем? (Ба расм нигаред.) б) Мувофиқи видео чӣ тавр дар хусуси истифодаи хун қарори дуруст барорем?

15 Азбаски мо ҳаётро қадр мекунем, варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро (дастурот дар бораи гирифтани табобат) пур менамоем ва онро доим бо худ мегирем. Дар ин ҳуҷҷат мо хоҳиши худро нисбати гузарондани хун ва дигар намудҳои табобат менависем. Оё шумо чунин ваколатномаро пур кардаед? Агар накардаед ё маълумоти онро аз нав дида баромадан лозим бошад, ин корро ба қафо напартоед. Духтурон хоҳиши моро донанд, дар вақти зарурӣ дарҳол аз пайи табобати мо мешаванд. Мо инчунин ба духтурон мегӯем, ки кадом доруҳо ба мо зарар доранду дар вақти табобат истифода набаранд b.

16. Агар мо «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро пур карда натавонем, бояд чӣ кор кунем?

16 Чӣ қадар солиму ҷавон набошем, ҳеҷ яки мо аз ҳодисаҳои нохуш ва беморӣ эмин нестем (Пандгӯ 9:11). Барои ҳамин пур кардани «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» аз рӯйи хирад мебуд. Агар шумо онро пур карда натавонед, ба пирони ҷамоати худ муроҷиат кунед. Пирон медонанд, ки чӣ тавр ин ҳуҷҷатро бояд пур кард ва дар ин кор ба шумо кумак карда метавонанд. Ҳамзамон онҳо ба ҷойи шумо қарор қабул намекунанд, зеро ин масъулияти худатон аст (Ғал. 6:4, 5).

БОМУЛОҲИЗА БОШЕД

17. Чӣ тавр дар масъалаҳои вобаста ба саломатиамон мулоҳизакории худро нишон дода метавонем?

17 Мо виҷдони аз Навиштаҳо таълимёфтаи худро ба кор бурда нисбати саломатӣ ё намуди табобат қарор қабул мекунем (Кор. 24:16; 1 Тим. 3:9). Ҳангоми баровардани қарор ва дар ин бора бо дигарон суҳбат намудан мо бояд принсипи Филиппиён 4:5-ро ба кор барем: «Бигзор ҳама шуморо чун одамони боандеша шиносанд». Мулоҳизакорӣ кумак мекунад, ки дар бораи саломатиамон аз ҳад зиёд ғам нахӯрем. Инчунин мо дигаронро маҷбур намекунем, ки дар масъалаи табобат бо мо ҳамфикр бошанд. Ҳатто агар қарори бародару хоҳарон аз қарори мо фарқ кунад, мо онҳоро дӯст медорем ва иззат мекунем (Рум. 14:10–12).

18. Чӣ тавр барои ҳаёт миннатдориамонро нишон дода метавонем?

18 Чӣ тавр нишон диҳем, ки аз Яҳува барои ҳаётамон миннатдор ҳастем? Барои ин бояд худамонро эҳтиёт кунем ва чизи беҳтаринамонро ба Яҳува диҳем (Ошкор. 4:11). Имрӯз ҳар яки мо бо беморӣ ва офатҳо рӯ ба рӯ мешавем. Вале бояд гуфт, ки Яҳува намехост мо чунин ҳаёт дошта бошем. Барои ҳамин ба наздикӣ ӯ ба мо ҳаёти ҷовидонӣ медиҳад. Мо дигар дард ва маргро намебинем (Ошкор. 21:4). Ҳоло бошад, мо хурсандем, ки зинда ҳастему ба Падари меҳрубонамон, Яҳува, хизмат карда метавонем.

СУРУДИ 2 Раҳмат ба Ту, Яҳува

a Ин мақола кумак мекунад, ки миннатдориамонро ба Яҳува барои ҳаёт, ки ҳадияи бебаҳо аст, зиёд гардонем. Мебинем, ки чӣ тавр ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ саломатӣ ва ҳаётамонро муҳофизат кунем ва аз ҳодисаҳои зараровар худамонро эмин нигоҳ дорем. Инчунин муҳокима мешавад, ки пеш аз гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ кадом чораҳоро бояд андешем.

b Дар сомонаи jw.org видеонавори «Чӣ тавр дар бобати истифода аз хун қарор барорем?»-ро тамошо кунед.

c ШАРҲИ РАСМ: Бародари ҷавоне варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро пур мекунад ва ҳама вақт бо худ мегирад.