Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳатҳо барои корбурди сомона

Маслиҳатҳо барои корбурди сомона

Мақолаҳои пешниҳодшударо ёбед

Ба ақидаи бисёр бародару хоҳарон мақолаҳое, ки дар саҳифаи асосии jw.org пешниҳод мешаванд, дар хизмат қобили корбурданд. Мақолаҳои мазкурро ба таҷҳизоти дигарон ба осонӣ фиристодан мумкин. Дар онҳо одатан гуфта мешавад, ки чӣ тавр пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас дар рӯзҳои мо иҷро мешаванд. Чи хеле як бародар навишт, ин мақолаҳо «ҳоло барои хизмат айни муддаоянд».

Вале мақолаҳои пешниҳодшуда пайваста иваз мешаванд. Пас, чӣ тавр мақолаҳоеро, ки дигар дар саҳифаи асосӣ нестанд, ёфтан мумкин аст?

  • Дар аввали саҳифаи асосии jw.org, аз тарафи рост, пайванди «Бештар дидан»-ро пахш кунед. Он шуморо ба «Мақолаҳои охир аз саҳифаи асосӣ» мебарад. Дар он ҷо шумо мақолаҳоеро ёфта метавонед, ки ба наздикӣ пешниҳод шуда буданд.

  • Дар сомонаи jw.org ё JW Library® бахши «Китобхона»-ро интихоб кунед, сипас «Силсилаи мақолаҳо» ва ниҳоят «Мавзӯъҳои гуногун»-ро. Дар бахши мазкур бисёр мақолаҳоеро меёбед, ки дар саҳифаи асосӣ пешниҳод шуда буданд.