Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

1923. Сад сол пеш

1923. Сад сол пеш

ДАР «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми январи соли 1923 гуфта шуда буд: «Мо умед дорем, ки соли 1923 барои мо бисёр баракатҳо меорад. Барои мо як шараф аст, ки. . . ба ғамзадагон дар бораи ҳаёти беҳтаре шаҳодат диҳем». Дар ҳақиқат ҳам чунин шуд. Дар он сол дар ҷамъомадҳо, анҷуманҳо ва вохӯриҳои мавъиза тағйиротҳои калон дароварда шуд. Ҳамин тавр барои ягонагии халқи Худо, ки имрӯз онро мебинем, асос гузошта шуд.

ҶАМЪОМАДҲО ҲАМИМОНОНРО ЯКДИЛ СОХТ

Тақвиме, ки оятҳо ва рақами сурудҳо дорад

Соли 1923 дар ҷамъомад як қатор тағйироте дароварда шуд, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро бо ҳам пайваст. Дар «Бурҷи дидбонӣ» нашр кардани шарҳҳои оятҳои Китоби Муқаддасро сар карданд, ки онҳоро дар вохӯриҳо ҳар ҳафта дида мебаромаданд. Он вохӯрии Дуоҳо, Ҳамду сано ва вохӯрии Шаҳодатдиҳӣ ном дошт. Ғайр аз ин, дар тақвим барои як ҳафта як оят чоп мешуд ва барои ҳар рӯз рақами як суруд оварда мешуд. Онҳоро ҳангоми омӯзиши шахсӣ ва парастиши оилавӣ сароидан мумкин буд.

Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар вохӯрии «Шаҳодатдиҳӣ» воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро аз хизматашон нақл мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки чаро аз Яҳува миннатдоранд. Ягон кас суруд мехонд ё ҳатто дуо мегуфт. Эва Барни, ки соли 1923, дар 15-солагияш, таъмид гирифтааст, ба ёд меорад: «Агар шахс ягон воқеа нақл кардан мехост, аз ҷояш хеста, тахминан ҳамин хел сар мекард: “Ман Худоро барои ҳама некиҳое, ки дар ҳаққам кардааст, шукр мегӯям”». Ба баъзе бародарон баромад кардан маъқул буд. Хоҳар Барни мегӯяд: «Вақте бародари азизамон Годвин Худоро миннатдорӣ мекард, ӯро манъ карда наметавонистӣ. Лекин, вақте занаш ташвиши барандаро медид, оҳистаҳак аз пушти кастумаш мекашид ва бародар дар ҷояш менишаст».

Моҳе як бор дар ҳар як ҷамоат вохӯриҳои махсуси Дуо, Ҳамду сано ва Шаҳодатдиҳӣ мегузашт. Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми апрели соли 1923 чунин гуфта шудааст: «Нисфи вохӯриро бояд барои нақл кардани воқеаҳо аз хизмат сарф кунем, то меҳнаткашон рӯҳбаланд гарданд. . . Мо бовар дорем, ки чунин вохӯриҳо бародару хоҳаронро боз ҳам наздиктар месозанд».

Ба воизи 19-сола Чарлз Мартин, ки аз Ванкувери Канада буд, ин вохӯриҳо фоидаи калон меовард. Баъдтар ӯ ба ёд меорад: «Маҳз аз ин вохӯриҳо ман фаҳмидам, ки дар хизмати хона ба хона чӣ гӯям. Қариб ҳама вақт ягон кас дар бораи хизмат нақл мекард. Ҳамин тавр ман фикрҳои хубро дар бораи чӣ тавр мавъиза кардану чӣ тавр ба норозигиҳо ҷавоб гардондан дар ганҷинаи сарам ҷо мекардам».

ХИЗМАТ ҲАМИМОНОНРО ЯКДИЛ КАРД

«Булетен» аз 1-уми майи соли 1923

Ғайр аз ин, барои ягонагии бародару хоҳарон «Рӯзҳои хизмат» кумак мекарданд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми апрели соли 1923 гуфта шуда буд: «Барои беҳтар ҳис кардани ягонагӣ. . . рӯзи сешанбе, 1-уми майи 1923 ва баъди ин сешанбеи аввали ҳар моҳ рӯзи умумии хизмат эълон карда мешавад. . . Дар ин рӯз ҳама воизони ҷамоатҳо ягон соатро интихоб карда, бояд хизмат кунанд».

Ҳатто Тадқиқотчиёни ҷавони Китоби Муқаддас дар хизмат иштирок мекарданд. Дар он вақт хоҳарамон Ҳезел Бирфорд ҳамагӣ 16 сол дошт. Ӯ ба ёд меорад: «Дар “Булетен” a пешниҳодҳо чоп мешуданд (мисли намунаҳо барои суҳбати имрӯза) ва мо онҳоро аз ёд мекардем. Ману бобоям дар ҳама ҷо мавъиза мекардем». Лекин баъд коре шуд, ки хоҳар Бирфорд ҳеҷ интизораш набуд. Ӯ мегӯяд: «Як бародари пиронсол тамоман зид буд, ки ман гашта, бо одамон суҳбат кунам. Он вақт баъзеҳо намефаҳмиданд, ки Офаридгори бузургамонро ҳамаи Тадқиқотчиён бояд ҳамд гӯянд, аз ҷумла “ҷавонписарон ва ҷавондухтарон”» (Заб. 148:12, 13). Лекин ягон чиз ғайрати хоҳарамон Бирфордро суст накард. Баъдтар ӯ синфи дуюми Мактаби Ҷилъодро хатм карда, дар Панама миссионер хизмат кард. Бо гузашти вақт нигоҳи ғалати баъзеҳо ба хизмати ҷавонон дигар шуд.

АНҶУМАНҲО ҲАМИМОНОНРО ЯКДИЛ КАРДАНД

Анҷуманҳои маҳаллию минтақавӣ низ ягонагии ҳамимононро афзуданд. Дар барномаи бисёре аз анҷуманҳо рӯзҳои хизмат дохил мешуданд. Яке аз чунин анҷуманҳо дар шаҳри Виннипеги Канада гузашт. Барои ҳамаи иштирокчиён 31-уми март хизмате ба нақша гирифта шуд, ки онро «Бомбаборони махсус дар Виннипег» номиданд. Рӯзҳои хизмат ба шумораи зиёди одамон имкон дод, ки хабари хушро шунаванд. Дар анҷумане, ки 5-уми август дар Виннипег гузашт, тақрибан 7000 одам омад. То ин дам дар ягон анҷумани Канада ин қадар одам ҷамъ нашуда буд.

Аз ҳама анҷумани муҳим барои халқи Яҳува соли 1923 аз 18 то 26-уми август дар Лос-Анҷелеси Калифорния баргузор гардид. Якчанд ҳафта пеш аз сар шудани анҷуман дар бораи он дар газетаҳо эълон карда шуд. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас зиёда аз 500 000 даъватнома тақсим карданд. Дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар бораи анҷуман навиштаҷотҳо часпонда шуд.

Анҷумани Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар Лос-Анҷелес, соли 1923

Рӯзи шанбе, 25-уми август бародар Рутерфорд бо суханронии «Бузу гӯсфандон» баромад кард. Дар он ӯ аниқ фаҳмонд, ки гӯсфандон одамони вафодоре мебошанд, ки барои қабул кардани ростӣ моиланд ва дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ мекунад. Сипас ӯ ҳамаи одамонро бо матни навиштаҷоти «Огоҳӣ» шинос кард. Дар он ҳамаи калисоҳои масеҳӣ ҳукм карда шуд ва одамонеро, ки Худоро дӯст медоранд, даъват мекард, ки аз «Бобили бузург» берун оянд (Ошкор. 18:2, 4). Баъдтар Тадқиқотчиёни боғайрати Китоби Муқаддас аз як гиребон сар бароварда, дар тамоми ҷаҳон миллионҳо нусхаи «Огоҳӣ»-ро паҳн карданд.

«Чунин вохӯриҳо бародару хоҳаронро боз ҳам наздиктар месозанд».

Охирон рӯзи анҷуман бародар Рутерфорд бо суханронии зерин баромад кард: «Ҳамаи халқҳо сӯйи Ҳармаҷиддӯн роҳ пеш гирифтаанд, аммо миллионҳо касоне, ки ҳоло зиндаанд, ҳеҷ гоҳ намемуранд». Ӯро зиёда аз 30 000 одам гӯш кард. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас интизор буданд, ки ба ин анҷуман шумораи беҳисоби одамон меоянд, барои ҳамин варзишгоҳи Колизейи Лос-Анҷелесро иҷора гирифтанд. Барои он ки ҳозирон баромадкунандагонро нағз шунаванд, бародарон аз баландгӯякҳои варзишгоҳ истифода карданд. Он вақт ин техникаи пешрафта ба ҳисоб мерафт. Барномаро ҳамчунин бисёриҳо ба воситаи радио гӯш карданд.

БА САТҲИ ҶАҲОНӢ МЕРАСЕМ

Соли 1923 кори мавъиза дар Африқо, Аврупо, Ҳиндустон ва Амрикои Ҷанубӣ хеле паҳн шуд. Масалан, дар Ҳиндустон Ҷозеф ном бародар барои нашр кардани адабиётамон ба забонҳои ҳиндӣ, тамил, телугу ва урду ёрдам мекард. Бар замми ин ӯву занаш шаш кӯдакро тарбия мекарданд.

Вилиям Браун ва оилааш

Дар Серра-Лионе бошад, Алфред Ҷозеф ва Леонард Блакмен ба Бруклини Ню-Йорк, ба идораи марказӣ, нома навишта, хоҳиш карданд, ки барои дастгирияшон ягон касро фиристанд. 14-уми апрели соли 1923 онҳо ба саволи худ ҷавоб гирифтанд. Алфред ба ёд меорад: «Як рӯзи шанбе, нисфи шаб, телефонамон занг зад». Гӯшакро бардошта, ӯ овози баланди касеро шунид: «Шумо ба Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ навиштед, ки бароятон воизонро фиристанд?» Алфред ҷавоб дод: «Бале». Аз гӯшак боз овоз омад: «Онҳо маро фиристоданд». Ин бародар Вилиям Браун буд. Ӯ ҳамон рӯз аз ҷазираҳои Кариб бо занаш Антония ва ду духтарчааш Луиза ва Луси омада буд. Алфред ва Леонард даррав бо оилаи Браун вохӯрданд.

Алфред мегӯяд: «Саҳари рӯзи дигар, вақте мо бо Леонард омӯзиши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддасро тамом кардем, дар даҳони дар марди бӯзбалае пайдо шуд. Ӯ бародар Браун буд. Ӯ чунон боғайрат буд, ки худи пагоҳ бо нутқ баромад кардан мехост. Як моҳ нашуда, бародар Браун тамоми адабиётеро, ки бо худ оварда буд, тақсим кард. Каме пас ӯ 5000 китоб гирифт, лекин онҳо ҳам даррав тамом шуданд. Лекин бародар Браунро чун китобфурӯш намешинохтанд. Ӯ солҳои дароз содиқона ба Яҳува хизмат мекард ва дар суханрониҳояш ҳамеша аз Китоби Муқаддас иқтибос меовард. Барои ҳамин ӯро «Брауни Навиштаҳо» ном мебурданд.

Байт-Или Магдебург, солҳои 1920

Дар ин миён бародарон дар Олмон барои филиал ҷойи нав мекофтанд. Ҷое, ки дар Бармен буд, барояшон тангӣ мекард. Ғайр аз ин, онҳо шуниданд, ки давлати ҳамсоя — Фаронса бар зидди ин шаҳр аскаронро ҷамъ кардааст. Онҳо дар Магдебург ҷое пайдо карданд, ки барои чопкунӣ қулай буд. 19-уми июн онҳо тамоми асбобу анҷомашонро ҷамъ карда, ба Байт-Или нав дар Магдебург кӯчонданд. Баъди пурра кӯчиданашон бародарон ба идораи марказӣ хабар доданд. Пагоҳи он рӯз дар ҳамаи газетаҳо навишта шуда буд, ки Фаронса Барменро забт кардааст. Бародарон Яҳуваро шукр мегуфтанд, ки онҳо дар вақташ ба ҷойи даркорӣ кӯчиданд.

Ҷорҷ Янг бо Сара Фергисон (аз тарафи рост) ва хоҳараш

Ба Бразилия Ҷорҷ Янг ном воизи боғайрате кӯчид, ки ба бисёр давлатҳо сафар карда хушхабарро мерасонд. Бо дастгирии ӯ дар он ҷо филиали нав кушоданд ва нашр кардани «Бурҷи дидбонӣ»-ро ба забони португалӣ сар карданд. Ҳамагӣ дар якчанд моҳ бародар Янг зиёда аз 7000 маҷаллаву рисолаҳо паҳн кард. Вақте ӯ оилаи Сара Фергисонро хабар гирифт, ин зан беҳад хурсанд шуд. Ӯ аз соли 1899 «Бурҷи дидбонӣ»-ро мехонд ва бисёр мехост таъмид гирад. Баъди якчанд моҳ орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид ва охиру оқибат ӯву чор фарзандаш таъмид гирифтанд.

«МОРО ХУРСАНДИҲОИ ЗИЁД ДАР ПЕШ АСТ»

Чӣ тавр тағйиротҳое, ки дар ибодати Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дароварда шуд, ба онҳо таъсир расонд? Охири соли 1923, дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 декабр хулоса карда шудааст: «Маълум аст, ки ҷамоатҳо. . . рӯҳан бақувват гаштаанд. . . Биёед либоси ҷангиро дар бар карда, бо қуввати нав ба пеш ҳаракат кунем. Соли оянда моро корҳои бисёр ва хурсандиҳои зиёд дар пеш аст».

Соли навбатӣ барои Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас соли беҳад муҳим буд. Дар ҷазираи Статен, дар наздикиҳои идораи марказии Бруклин, бародарон якчанд моҳ дар як лоиҳаи сохтмонӣ кор мекарданд. Он дар аввалҳои соли 1924 ба итмом расид. Биное, ки онҳо сохтанд, ҳамимононро ба якдигар боз ҳам наздиктар кард ва хушхабар, аз пештара дида бо роҳҳои зиёдтар паҳн гардид.

Гурӯҳи бинокорон дар ҷазираи Статен

a Ҳозир «Дафтари вохӯрии “Ҳаёт ва хизмати мо”» ном дорад.