Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 44

Баҳру бари Каломи Худоро қадам занед

Баҳру бари Каломи Худоро қадам занед

«Пурраву батафсил бифаҳмед, ки васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ чист» (ЭФС. 3:18).

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Роҳи беҳтарини хондану омӯхтани Китоби Муқаддас кадом аст? Мисол оред.

 ТАСАВВУР кунед, ки шумо хона харидан мехоҳед. Пеш аз ба ягон қарор омадан шумо чӣ кор мекунед? Оё бароятон бас аст, ки касе хонаеро аз берун акс гирифта, ба шумо фиристад? Албатта, не. Шумо, бешак, шахсан ба он хона рафта, тамоми ҳуҷраҳояшро қадам мезанед. Шояд, шумо хоҳед нақшаи хонаатонро аз назар гузаронед. Пеш аз хона харидан одам ҳаматарафа бо он шинос мешавад.

2 Вақти хондану омӯзиши Каломи Худо низ мо чунин кардан мехоҳем. Як тафсири Китоби Муқаддас Каломи Худоро «бо бинои бузургу васеъ монанд мекунад, ки бурҷҳои баланду бунёди амиқ дорад». Аз ин рӯ, агар онро тез-тез хонед, танҳо чизҳои асосиро — «алифбои каломи муқаддаси Худоро», мефаҳмед (Ибр. 5:12). Ин тавр шумо гӯё ин бинои бузургу васеъро аз берунаш мебинед. Вале, агар ба даруни бино дароед, яъне даруни Каломи Худо фурӯ равед, бо нозукиҳои зебояш шинос мешавед. Як роҳи хуби омӯхтани Каломи Худо пай бурдани он аст, ки чӣ тавр ҷузъҳои алоҳида дар якҷоягӣ як чизи куллро ташкил медиҳанд. Ғайр аз фаҳмидани он ки шумо ба чӣ бовар доред, саъй кунед фаҳмед, ки чаро ба он имон доред.

3. Павлуси расул бародару хоҳаронро ба чӣ ташвиқ кард ва чаро? (Эфсӯсиён 3:14–19).

3 Барои ҳаматарафа омӯхтани Каломи Худо мо бояд ҳақиқатҳои амиқи Китоби Муқаддасро омӯзем. Павлуси расул бародару хоҳарони масеҳияшро ташвиқ кард, ки дар омӯзиши Каломи Худо ҷидду ҷаҳд намоянд, то пурраву батафсил «васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ»-и ростиро бифаҳманд. Он гоҳ дарахти имони онҳо решаҳои чуқуру мустаҳкам медавонад. (Эфсӯсиён 3:14–19-ро хонед.) Мо низ бояд ба ин маслиҳат гӯш диҳем. Биёед бинем, ки чӣ тавр паҳлуҳои гуногуни Каломи Худоро омӯхта, мо дарки бештару равшантари онро пайдо карда метавонем.

КАЛОМИ ХУДОРО ТАҲКОБӢ КУНЕД

4. Чӣ тавр омӯзиши Каломи Худо моро ба Яҳува наздик мекунад? Мисол оред.

4 Мо, масеҳиён, намехоҳем бо дониши рӯякии Каломи Худо қаноат кунем. Бо ёрии рӯҳи муқаддаси Яҳува мо мехоҳем ба «ҳикмати ниҳони Худо» назар дӯзем (1 Қӯр. 2:9, 10). Оё метавонед лоиҳаи омӯзишиеро сар кунед, ки шуморо ба Яҳува наздиктар гардонад? Шумо метавонед дар бораи он омӯзед, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба хизматгоронаш муҳаббат нишон медод ва чӣ тавр имрӯз ба шумо нишон медиҳад. Шумо метавонед бо парастиши пок дар Исроили қадим шинос шавед ва онро бо парастиши пок дар замони масеҳиёни имрӯз муқоиса кунед. Як лоиҳаи дигар дақиқомӯзӣ кардани пешгӯйиҳо дар бораи Исо ва иҷро шудани онҳо ҳангоми хизмати заминияш мебошад.

5. Оё шумо ягон мавзуъро ҳангоми омӯзиши шахсӣ чуқуртар омӯхтан мехоҳед?

5 Аз баъзе омӯзандагони каломдӯст пурсиданд, ки кадом ҳақиқатҳои амиқи Каломи Худоро онҳо дӯст медоранд. Баъзе ҷавобҳои онҳо дар чорчӯбаи « Лоиҳаҳои омӯзиши шахсӣ» оварда шудаанд. Ин мавзуъҳои шавқоварро шумо бо ёрии «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ё «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» омӯхта метавонед. Китоби Муқаддасро таҳкобӣ карда, имонатон бақувват мешаваду шумо «дониши Худоро ба даст» меоред (Пнм. 2:4, 5). Биёед ба баъзе аз нуктаҳои Каломи Худо диққат кунем, ки бо хониши рӯ-рӯякӣ онҳоро пай намебарӣ.

ДАР БОРАИ ДОНИШИ ХУДО АНДЕША РОНЕД

6. а) Нақша аз ният чӣ фарқ дорад? б) Чаро нияти Яҳуваро дар бораи замин ва одамон абадӣ гуфтан мумкин? (Эфсӯсиён 3:11).

6 Лаҳзае фикр кунед, ки Китоби Муқаддас дар бораи нияти Худо чӣ мегӯяд. Миёни нақша ва ният фарқе ҳаст. Нақша роҳе аст, ки ҳар як қадами он пешакӣ кашида шудааст ва он шуморо ба ҷойи даркорӣ мерасонад. Вале, агар шумо нақшаи дақиқ дошта бошеду дар сари роҳатон ягон монеа пайдо шавад, пас, нақшаатон амалӣ намегардад. Вале, вақте мо ният мекунем, ҳар як қадами сафарамонро пешакӣ муқаррар намекунем. Мо диққатамонро фақат ба мақсади ниҳоӣ ва нуқтаи охирони сафарамон равона мекунем. Дар рафти сафар, агар даркор шавад, мо чандин бор роҳамонро дигар карда метавонем, то ба мақсади охиринамон расем. Яҳува низ ният ё «мақсади абадии» худро дар Китоби Муқаддас қадам ба қадам ошкор кардааст (Эфс. 3:11). Мақсади Яҳува наметавонад бо шикаст дучор шавад, чунки ӯ «ҳама чизро барои иҷрои нияташ ба кор мебарад» (Пнм. 16:4). Он чӣ Яҳува ба амал меорад, фоидаи абадӣ меорад. Нияти Яҳува чист ва барои амалӣ гаштани он ӯ кадом дигаргуниҳо даровардааст?

7. Яҳува, баъди исёни Одаму Ҳаво, барои амалӣ кардани нияти худ чӣ кор кард? (Матто 25:34).

7 Яҳува ба одамони аввалин ошкор кард, ки барояшон чӣ ният дорад. Яҳува ба онҳо гуфт: «Серфарзанду сершумор шавед ва заминро пур кунед ва онро соҳибӣ намоед ва бар. . . ҳар ҷонвари зиндае, ки бар замин ҳаракат мекунад, ҳукмфармо бошед» (1 Мӯсо 1:28). Вақте Одаму Ҳаво зидди Худо исён бардоштанду гуноҳ ба одамизод гузашт, нияти Яҳува ба шикаст дучор нашуд. Ӯ роҳи ба нияташ расиданро дигар кард. Ӯ дарҳол қарор кард, ки дар осмон Подшоҳие муқаррар месозад, ки нияти аввалаи ӯро дар хусуси одамизоду замин амалӣ гардонад. (Матто 25:34-ро хонед.) Дар вақте ки Худои меҳрубонамон муқаррар намуда буд, ӯ Писари нахустзодаашро ба замин фиристод, то ба одамон дар бораи Подшоҳӣ таълим диҳад ва барои халос кардани одамон аз банди гуноҳу марг ҷонашро ҳамчун товон бидиҳад. Баъдтар Исо зинда шуда, ба осмон рафт ва Шоҳи Подшоҳии Худо таъйин гардид. Вале нияти Худо паҳлуҳои дигар низ дорад.

Замонеро тасаввур кунед, ки хизматгорони вафодори Яҳува ҳам дар осмон ва ҳам дар замин дар ягонагӣ ӯро парастиш мекунанд (Ба сархати 8 нигаред.)

8. а) Мавзуи асосии Китоби Муқаддас кадом аст? б) Нияти ниҳоии Яҳува чист? (Ба расми муқова нигаред.)

8 Мавзуи асосии Китоби Муқаддас ҷалол ёфтани номи Худо ва ба воситаи Подшоҳияш, ки Шоҳи он Масеҳ мебошад, амалӣ гардондани нияти Яҳува дар рӯйи замин аст. Нияти Яҳува дигар намешавад. Ӯ қавл додааст, ки онро иҷро мекунад ва он ҳатман амалӣ мегардад (Иш. 46:10, 11; Ибр. 6:17, 18). Ба наздикӣ замин ба биҳишт табдил меёбад, ки дар он фарзандони комил ва росткори Одаму Ҳаво абадан зиндагӣ мекунанд (Заб. 22:26). Вале Яҳува нияти бузургтаре дорад. Нияти ниҳоии ӯ ин аст, ки тамоми офаридаҳои бошуурашро ҳам дар осмону ҳам дар замин муттаҳид созад. Он гоҳ тамоми ҷони зинда пеши ӯ ҳамчун Худои Таоло сар хам мекунад. (Эфсӯсиён 1:8–11-ро хонед.) Яҳува нияташро ба таври аҷоибу зебо амалӣ мегардонад. Ҳамин тавр не?

ДАР БОРАИ ОЯНДААТОН АНДЕША КУНЕД

9. Каломи Худоро хонда, чӣ тавр ба ояндаи дур назар дӯхта метавонем?

9 Дар хусуси пешгӯйии боғи Адан, ки дар 1 Мӯсо 3:15 навишта шудааст, андеша кунед b. Дар он дар бораи воқеаҳое гуфта мешавад, ки нияти Яҳуваро иҷро мекунанд. Ин воқеаҳо бо насли Иброҳим, ки Масеҳ аз он пайдо шуд, алоқаманд буданд (1 Мӯсо 22:15–18). Аз гуфта шудани ин пешгӯйӣ чандин ҳазор сол гузашту соли 33-юми милодӣ пошнаи Исо кӯфта шуд (Кор. 3:13–15). Иҷрошавии қисми охири ин пешгӯйӣ бошад, кӯфта шудани сари Шайтон, беш аз 1000 сол баъдтар аз замони мо рӯй медиҳад (Ошкор. 20:7–10). Вақте душмании ҷаҳони Шайтон ба ташкилоти Яҳува ба авҷи худ расад, чӣ рӯй медиҳад? Китоби Муқаддас дар ин бора тафсилоти зиёде медиҳад.

10. а) Ба наздикӣ кадом воқеаҳо рӯй медиҳанд? б) Мо чӣ тавр дилу фикри худро ба воқеаҳои оянда тайёр карда метавонем? (Ба поварақ нигаред.)

10 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки иҷро шудани пешгӯйиҳо замину замонро ба ларза меорад. Дар аввал халқҳо «тинҷию амонӣ» эълон мекунанд (1 Тас. 5:2, 3). Вақте халқҳо ба динҳои дурӯғ ҳамла оранд, «ногаҳон» азоби азим сар мешавад (Ошкор. 17:16). Баъд аз ин халқҳои рӯйи замин «Фарзанди одамро, ки бар абрҳои осмон бо қудрат ва ҷалоли бузург меояд, мебинанд» (Мат. 24:30). Исо одамонро доварӣ намуда, гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад (Мат. 25:31–33, 46). Шайтон дар ин вақт қарор намешинад. Ӯ ба ғазаб омада иттиҳоди халқҳоро, ки дар Китоби Муқаддас «Ҷуҷи замини Маҷуҷ» номида шудааст, шӯр меандозад, то ба парастандагони ҳақиқии Яҳува ҳамла орад (Ҳиз. 38:2, 10, 11). Дар ин миён масеҳиёни тадҳиншуда ҷамъ оварда мешаванд, то дар осмон бо Исою фариштагон ҳамроҳ шуда, дар поёни азоби азим, дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн, биҷанганд c (Мат. 24:31; Ошкор. 16:14, 16). Сипас Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ дар замин сар мешавад (Ошкор. 20:6).

Шумо Яҳуваро дар давоми миллиардҳо сол мешиносед. Дар он айём муносибати шумо чӣ қадар наздик мешавад? (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Ҳаёти ҷовидона бароятон кадом дарҳои имкониятро боз мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Акнун биёед ба ояндаи дур назар андозем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Офаридгори мо «абадиятро дар дили одамон ҷой кардааст» (Пандгӯ 3:11). Лаҳзае андеша кунед, ки ҳангоми зиндагии абадӣ шуморо чӣ интизор аст ва тӯли ин вақт дӯстиятон бо Яҳува чӣ гуна мешавад. Дар китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.) саҳифаи 319 чунин суханони шавқангез гуфта мешавад: «Садҳо, ҳазорон, миллионҳо, ҳатто миллиардҳо сол зиста, мо дар бораи Яҳува аз ҳозира дида беандоза бештар хоҳем донист. Аммо ҳатто баъди ин қадар солҳои зиёд ҳақиқатҳои аҷоибу бешуморе дар бораи Яҳува мемонанд, ки барои омӯхтанашон умри абадӣ ҳам кифоя намекунад. . . Ҳаёти абадӣ беандоза рангину зебо мешавад ва зеботарин қисми он наздик шудан ба Яҳува аст». То фаро расидани он замон Каломи Худоро омӯхта, мо ба чӣ диққат карда метавонем?

БА ОСМОН НАЗАР АНДОЗЕД

12. Мо чӣ тавр ба баландӣ, ба ҷойгоҳи Яҳува, назар дӯхта метавонем? Мисол оред.

12 Каломи Худоро омӯхта, мо гӯё ба «баландӣ», ба ҷойгоҳи Яҳува, назар андохта метавонем (Иш. 33:5). Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува ва қисми осмонии ташкилоти ӯ чизҳои аҷоиберо ошкор месозад (Иш. 6:1–4; Дон. 7:9, 10; Ошкор. 4:1–6). Масалан, мо дар бораи он хонда метавонем, ки чӣ тавр «осмон кушода шуд» ва Ҳизқиёл «рӯъёҳое аз ҷониби Худо» дид (Ҳиз. 1:1).

13. Мувофиқи суханони Ибриён 4:14–16 шумо аз хизмати Исо дар осмон чиро қадр мекунед?

13 Ҳамчунин дар бораи нақши Исо дар осмон ҳамчун Подшоҳи ҳукмрон ва Саркоҳини ҳамдард фикр кунед. Ба воситаи ӯ мо метавонем «ба тахти лутфу марҳамат наздик шуда», аз ӯ хоҳиш намоем, ки бар мо раҳм намояду «кумаки саридарвақт» кунад. (Ибриён 4:14–16-ро хонед.) Биёед як рӯз ҳам аз кумаку некиҳои Яҳуваю Исо, ки бароямон аз осмон мекунанд, бехабар нашавем. Мо аз муҳаббат ба Яҳува ва Писараш бояд бо ҷӯшу хурӯш ба хизмат часпем ва аз таҳти дил Яҳуваро парастем (2 Қӯр. 5:14, 15).

Тасаввур кунед, вақте дар дунёи нав касонеро мебинед, ки бо кумакатон Шоҳиди Яҳува ва шогирди Исо шуданд, чӣ қадар хурсанд мешавед. (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Мо чӣ тавр ба Яҳуваю Исо нишон дода метавонем, ки аз онҳо хеле миннатдорем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

14 Чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба Яҳува Худо ва Писари ӯ нишон дода метавонем? Яке аз роҳҳои беҳтарин ин аст, ки одамонро барои Шоҳиди Яҳува ва шогирди Исо шудан даъват кунем (Мат. 28:19, 20). Павлуси расул бо дили пур аз миннатдорӣ маҳз ҳамин корро мекард. Ӯ медонист, ки Худо мехоҳад «ҳама гуна одамон наҷот ёбанд ва дар бораи ростӣ дониши хуб гиранд» (1 Тим. 2:3, 4). Ӯ дар хизмат заҳмати бисёр мекашид, то ба одамони ҳар чӣ бештар кумак расонаду «бо ягон роҳ баъзе касонро наҷот» диҳад (1 Қӯр. 9:22, 23).

КАЛОМИ ХУДОРО АЗ ҲАР ПАҲЛУ ОМӮЗЕД

15. Мувофиқи Забур 1:2 чӣ моро хушбахт мегардонад?

15 Забурнавис гуфт, ки одами хушбахт касест, ки «аз шариати Яҳува лаззат мебарад» ва «дар бораи он рӯзу шаб меандешад» (Заб. 1:1–3; поварақ). Ин оятро шарҳ дода тарҷумони Китоби Муқаддас Ҷозеф Ротерҳам дар китоби худ «Омӯзиши китоби Забур» мегӯяд, ки шахс бояд «аз дастури илоҳӣ чунон лаззат барад, ки онро ҷӯё бошад, онро омӯзад ва ба дарунаш фурӯ равад». Ӯ илова мекунад, ки барои хонандаи Каломи Худо ҳикмати илоҳӣ бояд ҳар рӯз равшантару равшантар шавад ва «агар ҳатто ӯ як рӯз ин корро накунад, гӯё рӯзаш беҳуда гузаштааст». Нозукиҳои рангини Каломи Худоро омӯхта, онҳоро ба якдигар пайвандед ва бинед, ки чӣ нигоҳи тозае ба Каломи Худо пайдо мекунед. Китоби Муқаддасро аз ҳар паҳлу омӯхтан дар ҳақиқат шодии бузург аст.

16. Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

16 Ҳикматҳои зебое, ки Яҳува аз Каломаш ба мо таълим медиҳад, аз дарки мо берун нестанд. Дар мақолаи навбатӣ яке аз ҳақиқатҳои амиқи Каломи Худоро дида мебароем: ибодатгоҳи рӯҳонии Яҳуваро, ки Павлус дар Нома ба ибриён дар борааш гап зада буд. Бигзор мутолиаи ин мавзуъ ба шумо лаззат бахшад.

СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд

a Каломи Худоро якумр омӯхта, аз он лаззат ва фоида гирифта, ба Падари осмониямон наздик шуда метавонем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр «васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ»-и Каломи Худоро омӯхта метавонем.

b Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи майи 2022, ба мақолаи «Пешгӯйии аввалине, ки ба шумо дахл дорад» нигаред.

c Барои омода шудан ба воқеаҳое, ки ба наздикӣ ҷаҳонро ба ларза меоранд, ба китоби «Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунад!» (рус.) саҳ. 230 нигаред.