Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Чӣ тавр аз дигаргуниҳои охирини таълимотамон хабардор шуда истем?

Мо дар замони беҳтарин зиндагӣ дорем, зеро Яҳува ба Каломаш аз пештара дида бештар равшанӣ меандозад (Дон. 12:4). Лекин, шояд, бароямон аз ҳар як тағйироти таълимотамон хабардор шудан осон набошад. Чунин тағйирот ва тафсири онҳоро аз куҷо пайдо кардан мумкин?

• Дар «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) дар зерсарлавҳаи «Уточнение в понимании» рӯйхати дигаргуниҳо ба солҳо ҷудо карда шудааст. Барои ёфтани онҳо «Китобхонаи электронии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ё «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ»-ро кушода, дар саҳифаи ҷустуҷӯ ибораи «уточнение в понимании»-ро (ҳамроҳи нохунакҳояш) нависед.

• Дар «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» рӯйхати кӯтоҳтар оварда шудааст. Онҳо ба мавзуъҳо ҷудо шудаанд. Мавзуи «Шоҳидони Яҳува»-ро кушоед, баъд сарлавҳаи «Эътиқод» ва сипас «Равшанӣ дар фаҳмиш».

Ҳангоми омӯзиши шахсӣ яке аз дигаргуниҳоеро, ки дар таълимотамон дароварда шудааст, интихоб кунед. Таҳқиқ кунед, ки он чиро дар бар мегирад ва бар асоси кадом далел аз Каломи Худо чунин дигаргунӣ дароварда шудааст.