Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ОМӮЗИШ

Пешниҳодҳо барои омӯзиши шахсӣ ва оилавӣ

Пешниҳодҳо барои омӯзиши шахсӣ ва оилавӣ

Мо Яҳуваро на танҳо вақти якҷоя ҷамъ омадан дар вохӯриҳо ва анҷуманҳоямон парастиш мекунем, балки ҳамчунин ҳангоми гузарондани омӯзиши шахсӣ ё оилавӣ. Барои чӣ тавр гузарондани ин вақт дар поён якчанд пешниҳод оварда шудааст:

  • Ба вохӯриҳо тайёрӣ бинед. Шумо метавонед сурудҳоро машқ кунед ва ба аҳли оила кумак кунед, ки шарҳ тайёр кунанд.

  • Порчае аз Китоби Муқаддасро хонед. Баъд расми чизи хондаатонро кашед ё нависед, ки аз он чӣ омӯхтед.

  • Дуоеро аз Китоби Муқаддас хонед ва мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр сифати дуоҳоятонро беҳтар карда метавонед.

  • Видеонавореро аз сомонаамон тамошо кунед ва онро бо дигарон муҳокима кунед ё нависед, ки чӣ ба шумо маъқул шуд.

  • Барои хизмат тайёрӣ бинед. Масалан, бо ягон узви оилаатон пешниҳодеро машқ кунед.

  • Ба табиат назар карда, фикр кунед, ки аз он дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидан мумкин. Ин корро метавонед бо дигарон кунед a.

a Ба мақолаи «Аз офаридаҳо дар бораи Яҳува бештар фаҳмед» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи марти соли 2023 нигаред.