Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5

СУРУДИ 9 Яҳува — Худои моро ҳамд гӯед!

«Туро. . . ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам»!

«Туро. . . ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам»!

«[Худо] гуфтааст: “Туро ҳеҷ гоҳ намепартоям ва ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам”» (ИБР. 13:5б).

МАҚСАД

Дилпур кардани хизматгорони заминии Худо, ки вақти ба осмон рафтани ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда Яҳува онҳоро танҳо намемонад.

1. Кай ҳамаи тадҳиншудагон дар осмон ҷамъ мешаванд?

 СОЛҲО пеш халқи Яҳува аз худ мепурсид: «Бақияи тадҳиншудагон кай ба осмон мераванд?» Пеш мо фикр мекардем, ки баъзе аз тадҳиншудагон чанде пас аз Ҳармаҷиддӯн дар биҳишти рӯйи замин мемонанд. Аммо аз маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июли соли 2013 мо фаҳмидем, ки тамоми тадҳиншудагоне, ки дар заминанд, пеш аз сар задани Ҳармаҷиддӯн ба осмон бурда мешаванд (Мат. 24:31).

2. Кадом савол ба миён меояд ва мо чиро дида мебароем?

2 Аммо саволи дигаре пайдо мешавад. Бо «гӯсфандони дигар»-и Масеҳ, ки ҳангоми «азоби азим» содиқона хизмат хоҳанд кард, чӣ рӯй медиҳад? (Юҳ. 10:16; Мат. 24:21). Баъзеҳо шояд хавотир шаванд, ки, вақте бародару хоҳарони азизи тадҳиншудаашон ба осмон бурда шаванд, онҳо бе дастгирию роҳнамоӣ мемонанд. Вобаста ба ин ду воқеа аз Китоби Муқаддас ба ёдамон меояд. Биёед онҳоро дида, фаҳмем, ки чаро мо набояд хавотир шавем.

ЧӢ РӮЙ НАМЕДИҲАД?

3, 4. Баъзеҳо аз чӣ хавотиранд ва барои чӣ?

3 Баъзеҳо шояд хавотир шаванд, ки, агар гӯсфандони дигар бе роҳнамоии Ҳайати роҳбарикунанда монанд, онҳо аз роҳи ростӣ дур мешаванд. Шояд, ба ёд овардани баъзе воқеаҳо аз Китоби Муқаддас ба оташи хавотирияшон равған резад. Биёед ду мисолро дида бароем. Воқеаи якумаш дар бораи саркоҳини боимону худотарс Еҳуёдоъ аст. Ӯву занаш Еҳушобаъ Еҳуоши хурдакакро ҳимоя намуданду дар роҳи рост тарбия карданд. Оқибат ӯ подшоҳи имондору некукор шуд. То даме ки Еҳуёдои пиронсол зинда буд, Еҳуош корҳои нек мекард. Аммо пас аз марги Еҳуёдоъ Еҳуош ба бадкорӣ рӯ овард. Ӯ ба мирони бадкор гӯш андохта, аз Яҳува дур шуд (2 Воқ. 24:2, 15–19).

4 Мисоли дигар дар бораи масеҳиёни асри ду мебошад. Аз миёни расулони Исо Юҳанно охирин шуда ба хоби марг рафт. То вақти зинда буданаш ӯ ба ҷамоатҳои масеҳӣ таъсири хуб мегузошт ва ба онҳо ёрӣ мерасонд, ки ба Яҳува содиқона хизмат кунанд (3 Юҳ. 4). Дар қатори дигар расулони содиқ, Юҳанно бар зидди паҳншавии осият муборизаи беамон мебурд (1 Юҳ. 2:18; 2 Тас. 2:7). Баъди марги Юҳанно бошад, осият барқвор паҳн мешуд. Тӯли фақат якчанд даҳсола ҷамоати масеҳӣ олудаи таълимоти дурӯғ гардид.

5. Аз ду воқеае, ки дида баромадем, ба кадом хулоса омадан нодуруст аст?

5 Аз ин ду воқеае, ки аз Навиштаҳо дидем, ба чӣ хулоса омада метавонем? Оё вақти ба осмон бурда шудани масеҳиёни тадҳиншуда гӯсфандони дигари Масеҳ мисли масеҳиёни асри ду ё мисли Еҳуош амал мекунанд? Оё баъди ба осмон рафтани тадҳиншудагон онҳо мисли Еҳуош аз таълими илоҳӣ дур мешаванд ё мисли масеҳиёни асри ду ба осият рӯ меоранд? Ин ҳаргиз рӯй намедиҳад! Мо метавонем дилпур бошем, ки вақти заминро тарк гуфтани масеҳиёни тадҳиншуда гӯсфандони дигар бе ғамхорию роҳнамоӣ намемонанд ва рӯҳан нашъунамо мекунанд. Барои чунин дилпурӣ чӣ сабабе дорем?

ПАРАСТИШИ ПОК ҲЕҶ ГОҲ ОЛУДА НАМЕШАВАД

6. Кадом се замонро мо кӯтоҳак баррасӣ мекунем?

6 Аз куҷо мо медонем, ки парастиши пок ҳеҷ гоҳ бо таълимоти дурӯғ олуда намешавад, ҳатто дар замони сахте, ки моро дар пеш аст? Мо инро аз Навиштаҳо медонем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки замони мо аз замонҳои Исроили қадим ва замони масеҳиёни асри ду ба куллӣ фарқ мекунад. Биёед ин се замонро пурратар дида бароем: 1) замони Исроили қадим, 2) замони баъди марги расулон ва 3) айёми мо, «замони барқарор кардани ҳама чиз» (Кор. 3:21).

7. Чаро исроилиёни бовафо ҳатто баъди аз роҳи ростӣ дур шудани халқ ва шоҳон хизмати Худоро давом медоданд?

7 Замони Исроили қадим. Чанде пеш аз маргаш Мӯсо ба исроилиён гуфт: «Ман медонам, ки шумо баъд аз мурданам бадкорона амал намуда, аз роҳи фармудаам дур мешавед» (5 Мӯсо 31:29). Мӯсо ҳамчунин исроилиёнро огоҳ кард, ки, агар бар зидди Худо бароянд, ба асирӣ бурда мешаванд (5 Мӯсо 28:35, 36). Оё ин суханон рост баромаданд? Бале. Асрҳои зиёд бисёр подшоҳони халқи Исроил роҳи бадиро пеш гирифта, халқи Худоро аз Яҳува дур мекарданд. Оқибат Яҳува аз халқи бадкораш рӯ гардонду сулолаи подшоҳони заминияшро қатъ кард (Ҳиз. 21:25–27). Вале исроилиёни боимон иҷро шудани сухани Худоро дида, қувват гирифтанд (Иш. 55:10, 11).

8. Оё аз роҳи ростӣ дур шудани масеҳиёни асри ду моро ба ҳайрат меорад? Фаҳмонед.

8 Замони баъди марги расулон. Оё ба ботлоқи таълимоти дурӯғ ғӯтидани масеҳиёни асри ду бароямон ҳайратовар аст? Не. Исо пешгӯйӣ карда буд, ки осиёни зиёде пайдо мешаванд (Мат. 7:21–23; 13:24–30, 36–43). Павлуси расул, Петруси расул ва Юҳаннои расул ҳамаашон тасдиқ карданд, ки аллакай дар замони онҳо, дар асри як пешгӯйии Исо иҷро шуда истода буд (2 Тас. 2:3, 7; 2 Пет. 2:1; 1 Юҳ. 2:18). Дар асри дуи милодӣ бошад, ҷамоати масеҳӣ тамоман фосид гашта буд. Масеҳияти қалбакӣ, масеҳияти осиёна, сар бароварду қисми Бобили бузург, империяи дини дурӯғ, гашт. Бори дигар мебинем, ки пешгӯйии Яҳува иҷро шуд.

9. Замони мо аз давраҳои Исроили қадим ва масеҳиёни асри ду чӣ фарқ дорад?

9 «Замони барқарор кардани ҳама чиз». Замони мо аз замони Исроили қадим ва замони осияти бузург, ки дар асри ду рӯй дод, ба куллӣ фарқ мекунад. Замони мо чӣ ном дорад? Дар аввал мо метавонем онро «рӯзҳои охир»-и ин дунёи бадкор ном монем (2 Тим. 3:1). Вале аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки баробари сар задани «рӯзҳои охир» замони бузургтару давомноктаре сар шуд. Он вақте анҷом меёбад, ки Подшоҳии Масеҳоӣ инсониятро сӯйи комилият бараду заминро ба биҳишт табдил диҳад. Ин айём «замони барқарор кардани ҳама чиз» номида шудааст (Кор. 3:21). Он соли 1914 сар шуд. Дар ин замон чӣ барқарор шуд? Исо дар осмон бар тахти Подшоҳӣ нишаст. Исо, ки аз насли подшоҳи боимон Довуд буд, намояндаи ҳаққонии ҳукмронии Яҳува гашт. Дар ин замон боз чӣ барқарор гашт? Чанде пас аз сар шудани он барқарор гаштани парастиши пок оғоз ёфт (Иш. 2:2–4; Ҳиз. 11:17–20). Оё парастиши пок аз нав олуда мешавад?

10. а) Дар Китоби Муқаддас дар бораи парастиши поки замони мо чӣ пешгӯйӣ шудааст? (Ишаъё 54:17). б) Чаро чунин пешгӯйиҳо ба мо қувват мебахшанд?

10 Ишаъё 54:17-ро хонед. Дар бораи ин пешгӯйӣ фикр кунед: «Ягон аслиҳае, ки бар зидди ту бисозанд, барор намеёбад». Ин суханони илҳомёфта худи имрӯз иҷро шуда истодаанд. Суханони тасаллибахши зерин низ ба замони мо дахл доранд: «Ҳамаи писарони ту аз Яҳува таълим хоҳанд гирифт ва осоиштагии онҳо ҳадду канор нахоҳад дошт. Ту дар росткорӣ устувор мешавӣ. . . Аз чизе наметарсӣ ва ба даҳшат намеоӣ, зеро он ба ту наздик намешавад» (Иш. 54:13, 14). Ҳатто «худои ин ҷаҳон», Шайтон наметавонад пеши роҳи кори омӯзгориеро, ки халқи Яҳува анҷом дода истодааст, бигирад (2 Қӯр. 4:4). Парастиши пок аллакай барқарор шуд ва он дигар олуда намешавад. Он то абад пойдор мемонад. Ҳеҷ як силоҳе, ки бар зидди мо сохта шудааст, комёб намешавад.

ЧӢ РӮЙ МЕДИҲАД?

11. Чаро дилпурем, ки баъди ба осмон рафтани тадҳиншудагон мардуми сершумор танҳо намемонад?

11 Вақте тадҳиншудагон ба осмон бурда шаванд, чӣ рӯй медиҳад? Дар ёд доред Исо Чӯпони мост. Ӯ сардори ҷамоати масеҳист. Исо худаш гуфта буд: «Шумо як Пешво доред, ки Масеҳ аст» (Мат. 23:10). Подшоҳи ҳукмрони мо аз иҷрои вазифааш ба хубӣ мебарояд. Бо роҳнамоии Масеҳ пайравонаш дар рӯйи замин сабабе барои тарс надоранд. Албатта, мо батафсил намедонем, ки Масеҳ он вақт халқашро чӣ тавр раҳнамоӣ мекунад. Барои ҳамин биёед баъзе намунаҳоро аз Калом дида бароем, ки ба мо дилпурӣ мебахшанд.

12. Яҳува чӣ тавр дар ҳаққи халқаш ғамхорӣ мекард: а) баъди марги Мӯсо? б) баъди таъйиноти дигар гирифтани Илёс? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Пеш аз даромадани исроилиён ба Замини ваъдашуда Мӯсо мурд. Бо халқи Худо чӣ рӯй дод? Оё бо марги ин марди имондор исроилиён бепушту паноҳ монданд? Не. То даме ки онҳо ба Яҳува вафодор буданд, Худояшон ба онҳо ғамхорӣ мекард. Пеш аз марги Мӯсо Яҳува ба ӯ амр дод, ки Юшаъро сардори халқ таъйин кунад. Мӯсо тӯли даҳсолаҳо Юшаъро таълим медод (2 Мӯсо 33:11; 5 Мӯсо 34:9). Ғайр аз ӯ, бисёр мардони қобили дигар роҳбариро ба уҳда доштанд — мириҳазорон, мирисадон, мирипанҷоҳон ва ҳатто миридаҳҳо (5 Мӯсо 1:15). Халқи Худо раҳнамову ғамхори бисёр дошт. Биёед намунаи ба ин монанд, мисоли Илёсро дида бароем. Ӯ тӯли даҳсолаҳо дар масъалаҳои парастиши пок раҳбару раҳнамои исроилиён буд. Вале вақте фаро расид, ки Яҳува ӯро ба дигар ҷо бурду дар ҷануби Яҳудо таъйиноти дигаре дод (4 Подш. 2:1; 2 Воқ. 21:12). Оё мардуми баимони подшоҳии даҳқабилаи Исроил бе раҳнамо монданд? Не. Илёс солҳои зиёд Элишоъро таълим медод. Ғайр аз вай, он замон писарони пайғамбарон низ буданд, ки, аз афташ, аз рӯйи як низом таълим меёфтанд (4 Подш. 2:7). Хулоса, мебинем, ки он вақт барои дастгириву раҳнамоии халқи Худо мардони баимони бисёре буданд. Нияти Яҳува иҷро мешуд ва ӯ ба парастандагони бовафояш ғамхорӣ мекард.

Мӯсо (расми тарафи чап) ва Илёс (расми тарафи рост) ба ҷойи худ ворис тайёр карданд (Ба сархати 12 нигаред.)


13. Суханони Ибриён 13:5б моро ба чӣ дилпур мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Ин намунаҳоро дида баромада, шумо ба чӣ хулоса омадед? Вақте бақияи тадҳиншудагон ба осмон гирифта шаванд, чӣ рӯй медиҳад? Китоби Муқаддас ҷавоби инро ба мо ошкор месозад: Яҳува ҳеҷ гоҳ халқашро дар рӯйи замин тарк намекунад. (Ибриён 13:5 б-ро хонед.) Мисли Мӯсову Илёс гурӯҳи хурди масеҳиёни тадҳиншуда, ки имрӯз раҳбариро ба уҳда доранд, медонанд, ки таълим додани дигарон чӣ қадар муҳим аст. Тӯли даҳсолаҳо Ҳайати роҳбарикунанда бародаронро аз ҷумлаи гӯсфандони дигар таълим медод. Масалан, онҳо барои таълим додани пирон, нозирони ноҳиявӣ, аъзои кумитаҳои филиал, нозирони Байт-Ил ва ғайра мактабҳои зиёд ташкил кардаанд. Ҳайати роҳбарикунанда шахсан ёрдамчиёнашро барои кумак дар кумитаҳои гуногуни Ҳайати роҳбарикунанда таълим медиҳад. Худи ҳозир ин ёрдамчиёни содиқ бори калони масъулиятро бар дӯш доранд. Онҳо барои ғамхорӣ кардан ба гӯсфандони Масеҳ тайёранд.

Бародарони Ҳайати роҳбарикунанда бисёр меҳнат карда, ёрдамчиёнашонро таълим медиҳанд ва барои пирон, нозирони ноҳиявӣ, аъзои кумитаҳои филиал, нозирони Байт-Ил ва миссионерони тамоми ҷаҳон мактабҳо ташкил мекунанд (Ба сархати 13 нигаред.)


14. Фикри асосии муҳокимаи мо чист?

14 Фикри асосии муҳокимаи мо ин аст: вақте бақияи тадҳиншудагон ҳангоми ба охир расидани азоби азим ба осмон бурда шаванд, парастиши пок дар рӯйи замин идома меёбад. Парастандагони Худо бе роҳбар намемонанд, Исои Масеҳ онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Мо медонем, ки Ҷуҷ аз замини Маҷуҷ, ки иттиҳоди халқҳоро ташкил медиҳад, ба мо ҳамла меорад (Ҳиз. 38:18–20). Вале ин ҳамлааш барор намеёбад. Он халқи Худоро аз парастидани Яҳува бознамедорад. Ӯ халқашро ҳатман раҳо мекунад! Дар рӯъёяш Юҳаннои расул «мардуми сершумореро» дид, ки аз гӯсфандони дигари Масеҳ иборат буданд. Ба Юҳанно гуфта шуд, ки «мардуми сершумор» «аз азоби азим» мегузаранд (Ошкор. 7:9, 14). Чуноне ки мебинем, Яҳува онҳоро ҳимоя мекунад.

15, 16. Мувофиқи Ошкорсозӣ 17:14 тадҳиншудагон дар Ҳармаҷиддӯн чӣ кор мекунанд ва чаро ин моро рӯҳбаланд месозад?

15 Шояд, ба сари баъзеҳо чунин фикр биёяд: «Тадҳиншудагон баъд аз тарк кардани замин чӣ кор мекунанд?» Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоби рӯирост медиҳад. Дар он гуфта мешавад, ки қувваҳои сиёсии ин ҷаҳон «бо Барра ҷанг хоҳанд кард». Албатта, онҳо дар ин ҷанг бой медиҳанд. Дар Калом гуфта мешавад: «Барра ғолиб хоҳад омад». Кӣ ба Барра ёрӣ мерасонад? Онҳо дар ҳамин оят «даъватшудагон, интихобшудагон ва вафодорон» номида шудаанд. (Ошкорсозӣ 17:14-ро хонед.) Онҳо кистанд? Тадҳиншудагоне, ки ба осмон бурда шуданд! Вақте дар охири азоби азим бақияи тадҳиншудагон аз рӯйи замин ба осмон бурда шаванд, яке аз аввалин супориши онҳо ҷанг кардан мешавад. Чӣ супориши ҳаяҷоноваре! Баъзе масеҳиёни тадҳиншуда пеш аз Шоҳиди Яҳува гаштан ҷанговар буданд, баъзеяшон ҳатто дар қувваҳои ҳарбии ин ҷаҳон хизмат карданд. Вале баъд онҳо масеҳиёни ҳақиқӣ шуданду роҳи сулҳу осоиштагиро омӯхтаанд (Ғал. 5:22; 2 Тас. 3:16). Онҳо аз ҳар гуна ҷангу ҷидол дур шуданд. Аммо баъди ба осмон бурда шуданашон онҳо ҳамроҳи Исо ва фариштагони покаш дар ҷанги охирон бар зидди душманони Худо иштирок мекунанд.

16 Лаҳзае дар ин бора фикр кунед. Дар замин баъзе масеҳиёни тадҳиншуда пиронсолу нотавонанд. Вале, вақте онҳо ба осмон бурда мешаванд, ба офаридаҳои намирандаву пурқудрат табдил меёбанд. Онҳо ҳамроҳи Подшоҳи ҷанговарашон, Исои Масеҳ, меҷанганд. Баъд аз анҷом ёфтани ҷанги Ҳармаҷиддӯн онҳо дар комилгардонии одамизод иштирок мекунанд. Бешак, онҳо ба бародару хоҳаронашон назар ба имрӯз, ки одами хокиву нокомиланд, фоидаи бештар мерасонанд.

17. Мо аз куҷо медонем, ки ҳангоми Ҳармаҷиддӯн тамоми хизматгорони Худо дар амонӣ мешаванд?

17 Оё шумо аз ҷумлаи гӯсфандони дигар ҳастед? Пас, ҳангоми сар задани ҷанги Ҳармаҷиддӯн шумо бояд чӣ кор кунед? Фақат ҳамин корро: ба Яҳува такя кунед ва ба дастури ӯ гӯш диҳед. Ба ин дастур чӣ дохил мешавад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ба ҳуҷраҳои даруният даро ва дарро аз пасат маҳкам кун. Лаҳзае пинҳон шав, то даме ки хашми ӯ бигзарад» (Иш. 26:20). Ҳамаи хизматгорони содиқи Яҳува ҳам дар замин ва ҳам дар осмон дар он замон аз хатар дар амон мешаванд. Мо низ мисли Павлуси расул дилпурем, ки «на ҳокимиятҳо, на ҳозира, на оянда. . . моро аз муҳаббати Худо. . . ҷудо карда наметавонад» (Рум. 8:38, 39). Фаромӯш насозед: Яҳува шуморо дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ шуморо танҳо намемонад!

ВАҚТЕ БАҚИЯИ ТАДҲИНШУДАГОН БА ОСМОН БУРДА ШАВАНД,

  • чӣ рӯй намедиҳад?

  • чаро мо дилпурем, ки парастиши пок олуда намешавад?

  • чаро мо бовар дорем, ки Яҳува ба халқаш ғамхорӣ мекунад?

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост