Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 6

СУРУДИ 104 Яҳуваро бо мо ҳамд гӯй!

Номи Яҳуваро ситоиш кунед

Номи Яҳуваро ситоиш кунед

«Яҳуваро васф кунед, эй бандагони Яҳува, номи ӯро васф кунед» (ЗАБ. 113:1).

МАҚСАД

Мо бо сабабҳое шинос мешавем, ки чаро номи Яҳуваро сари ҳар як қадам ҷалол додан мехоҳем.

1, 2. Вақте номи муқаддаси Худоро доғдор мекунанд, чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ҳиссиёти ӯро фаҳмем?

 ТАСАВВУР кунед, ки ягон шахси наздикатон дар ҳаққи шумо туҳмати даҳшатноке мекунад. Шумо медонед, ки ин дурӯғ аст, аммо баъзе одамон ба ин бовар мекунанд. Бадии кор дар он аст, ки ин дурӯғ аз даҳон ба даҳон гузашта, дар байни бисёр одамон паҳн мешаваду бисёриҳо ба он бовар мекунанд. Дар чунин ҳолат шумо чӣ ҳис мекунед? Агар шумо нисбати одамон бепарво набошед ва дар бораи обрӯйи худ фикр кунед, ин, бешак, ба шумо сахт мерасад (Пнм. 22:1).

2 Ин воқеа бо Яҳува рӯй дод. Яке аз писарони рӯҳонияш ҳангоми суҳбат бо зани аввалин, Ҳавво, дар ҳаққи Яҳува бадгӯйӣ кард ва ба номи поки ӯ доғи туҳмат гузошт. Ҳавво ба ин дурӯғ бовар кард. Дар натиҷа падару модари тамоми одамизод бар зидди Худо баромаданду тамоми бадиҳои ҷаҳон — маргҳо, ҷангҳо ва тамоми фалокатҳо — аз ҳамин туҳмат сар шуд, ки Шайтон дар ҳаққи Яҳува дар боғи Адан гуфта буд (1 Мӯсо 3:1–6; Рум. 5:12). Оё ин туҳмат ва тамоми нохушиҳое, ки он бо худ овард, барои Яҳува дарднок буд? Албатта. Вале Яҳува аламзадаву кинапарвар нашуд, чунки ӯ «Худои хушбахт» аст (1 Тим. 1:11).

3. Ба мо кадом кори пуршараф супорида шудааст?

3 Барои мо шараф аст, ки метавонем бо рафтори худ номи Худоямонро аз доғи туҳмат пок созем. Мо ин корро бо итоат ба амри зерин мекунем: «Номи [Яҳуваро] васф кунед» (Заб. 113:1). Чӣ тавр номи бузурги Яҳуваро ситоиш кунем? Агар дар бораи ӯ ба дигарон нақл кунем. Оё шумо мехоҳед дар бораи Яҳува ба дигарон гӯед? Дида баромадани се сабаб забони моро дар васфу ситоиши Худоямон гӯётар месозад.

ВАҚТЕ НОМАШРО СИТОИШ МЕКУНЕМ, ЯҲУВАРО ШОД МЕГАРДОНЕМ

4. Чаро вақте мо Яҳуваро ҷалол медиҳем, ӯ хурсанд мешавад? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Вақте мо Падари осмониямонро ситоиш мекунем, дили ӯро шод мегардонем (Заб. 119:108). Оё аз ин бармеояд, ки Худои Тавоно мисли одамони нокомилест, ки зору муҳтоҷи таърифи дигаронанд? Не. Биёед мисолеро мебинем. Духтарчае назди падараш давида, ӯро оғӯш мекунаду мегӯяд: «Шумо барин дада дар ягон ҷо нест!» Падараш, бешак, аз чунин меҳрубонии кӯдакаш хеле шод мешавад. Оё гуфтан мумкин аст, ки падари ин духтарак марди сустиродаест, ки зори таърифи кӯдакон асту бе он рӯзаш намегузарад? Албатта, не. Ин марди қавиирода аз изҳори меҳру муҳаббати духтарчааш хурсанд мешаваду медонад, ки ин феъли духтарча дар оянда ба вай хушбахтӣ меорад. Ба ҳамин монанд, бузургтарин Падар, Яҳува, вақте фарзандонаш ӯро васфу ситоиш мекунанд, хурсанд мешавад.

Чи хеле падар аз изҳори муҳаббат ва миннатдории кӯдакаш шодӣ мекунад, Яҳува низ, вақте номашро ҷалол медиҳем, шод мешавад (Ба сархати 4 нигаред.)


5. Номи Худоро ҷалол дода, кадом дурӯғро фош мекунем?

5 Вақте мо Падари осмониямонро васфу ситоиш мекунем, дурӯғеро фош мекунем, ки дар ҳаққи мо низ гуфта шудааст. Шайтон даъво кард, ки ҳеҷ як инсон содиқона номи Худоро ҳимоя намекунад. Ба гуфти вай ягон одам покрафтор нест ва ҳама одамон, агар бинанд, ки аз ин барояшон ягон фоидае ҳаст, бар зидди Худо мебароянд (Айюб 1:9–11; 2:4). Вале Айюби содиқ дурӯғгӯй будани Шайтонро фош кард. Шумо низ метавонед ин корро кунед. Ҳар яки мо шарафи бузурге дорем, ки барои ҳимояи номи Падари осмониямон бархезем ва бо садоқату покрафторӣ ба ӯ хизмат кунем (Пнм. 27:11). Ин бароямон сабаби ифтихори беандоза аст.

6. Мо чӣ тавр ба шоҳ Довуд ва левизодагон пайравӣ карда метавонем? (Наҳемё 9:5).

6 Аз муҳаббат ба Худо хизматгорони боимонаш аз таҳти дил номи ӯро васфу ситоиш мекунанд. Подшоҳ Довуд навишта буд: «Эй ҷонам, Яҳуваро ситоиш намо, эй тамоми ҳастиям, номи покашро васф бикун» (Заб. 103:1). Довуд дарк мекард, ки ситоиш кардани номи Яҳува ситоиш кардани худи ӯ мебошад. Вақте номи Яҳуваро ба забон мегирем, обрӯйи неки ӯ ва тамоми сифатҳои зебову амалҳои нотакрораш ба ёдамон меояд. Довуд покии номи Яҳуваро дарк мекарду онро ситоиш кардан мехост. Ӯ мехост ин корро бо тамоми ҳастияш, бо тамоми вуҷудаш кунад. Левизодагон низ дар ситоиш кардани Яҳува дигаронро раҳнамоӣ мекарданд. Онҳо бо хоксорӣ тан мегирифтанд, ки забонашон дар васф кардани номи поки Яҳува нотавон аст. (Наҳемё 9:5-ро хонед.) Бешак, чунин ситоиши хоксоронаву самимӣ ба Яҳува хуш меомад.

7. Мо чӣ тавр дар хизмат ва ҳаёти рӯзмарра Яҳуваро ҳамд гуфта метавонем?

7 Имрӯз мо дили Яҳуваро бо он меёбем, ки дар бораи ӯ бо завқ, миннатдорӣ ва муҳаббат гап мезанем. Вақте ба хизмат мебароем, мо дар ёд дорем, ки мақсади асосиямон одамонро сӯйи Яҳува ҷалб кардану бо ӯ шинос кардани онҳост (Яъқ. 4:8). Мо бо як шодиву шавқ ба одамон аз Китоби Муқаддас сифатҳои дилкаши Яҳуваро нишон медиҳем, ба монанди муҳаббат, адолат, хирад ва қувваташ. Як роҳи дигари ситоиш кардани Яҳува дар рафторамон аз ӯ ибрат гирифтан аст (Эфс. 5:1). Вақте мо чунин мекунем, дар ин дунёи торик ҷило медиҳем. Мардум инро пай бурда, шояд, сабабашро донистан хоҳанд (Мат. 5:14–16). Дар корҳои рӯзгор бо одамони гуногун рӯ ба рӯ шуда, шояд, мо ба онҳо фаҳмонда тавонем, ки чаро рафтори мо аз дигарон фарқ мекунад. Чунин рафтору гуфтори мо одамони самимиро сӯйи Худо меорад. Вақте мо бо чунин тарз Яҳуваро ситоиш мекунем, ризову шодии ӯро ба даст меорем (1 Тим. 2:3, 4).

ВАҚТЕ ЯҲУВАРО СИТОИШ МЕКУНЕМ, ИСО НИЗ ШОД МЕШАВАД

8. Чаро Исо намунаи беҳтарин барои ҷалол додани номи Худо мебошад?

8 Аз миёни тамоми офаридаҳои осмонию заминӣ Яҳуваро Исо аз ҳама беҳтар мешиносад (Мат. 11:27). Исо Падари худро хеле дӯст медорад ва, вақте ӯ дар замин буд, дар ситоиш кардани номи Падараш намунаи барҷастае гузошт (Юҳ. 14:31). Шаби пеш аз маргаш Исо ба Падараш дуо гуфта, мақсади хизматашро бо як ҷумла баён кард: «Ман номи туро ба онҳо шиносондам» (Юҳ. 17:26). Ин суханаш чӣ маъно дошт?

9. Исо барои Падари осмонияшро ба мо беҳтар шиносондан кадом мисолро овард?

9 Исо на фақат чӣ будани номи Яҳуваро ба одамон мегуфт. Яҳудиён, ки Исо бо онҳо ҳамсуҳбат мешуд, аллакай номи илоҳиро медонистанд, вале Исо ба таври нотакрор кӣ будани ӯро «ошкор кард» (Юҳ. 1:17, 18). Масалан, дар Навиштаҳои Ибронӣ гуфта мешавад, ки Яҳува меҳрубону дилсӯз аст (2 Мӯсо 34:5–7). Исо бошад, мисоли писари саркашу падарашро оварда, ин ҳақиқатро рӯзи равшан барин ба ҳама аён кард. Вақте мо дар бораи он мехонем, ки падар аз дур писари саркашашро дида, сӯйи ӯ медавад ва ӯро ба оғӯш мегираду аз самими дил мебахшад, раҳму дилсӯзии Яҳува пеши назарамон ҷилва мекунад (Луқ. 15:11–32). Исо дар ҳақиқат кӣ будани Падарашро ба ҳама баръало нишон дод.

10. а)Мо аз куҷо медонем, ки Исо номи Падарашро ба забон меовард ва мехост дигарон ҳам чунин кунанд? (Марқус 5:19). (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Исо чӣ кор кардани моро хоҳон аст?

10 Исо ҳамчунин мехост, ки дигарон номи Худоро ба забон гиранд. Аз афташ, баъзе роҳбарони дини он замон мегуфтанд, ки номи Худо муқаддас асту онро набояд ба забон гирифт. Аммо Исо ин қоидаҳоро, ки зидди Навиштаҳо буданд, писанд намекард. Ӯ аз ҷалол додани номи Падараш даҳон намебаст. Биёед воқеаеро ба ёд орем, ки Исо марди девзадаеро дар минтақаи Ҷаризим шифо дода буд. Мардум ба тарс омада, аз Исо хоҳиш карданд, ки равад. Аз ин рӯ ӯ дар он минтақа намонд (Марқ. 5:16, 17). Аммо Исо ба ҳар ҳол мехост, ки номи Яҳува дар он ҷо шуҳрат ёбад. Барои ҳамин ӯ ба марди шифоёфта таъйин кард, ки ба одамон на дар бораи он чӣ Исо кардааст, балки дар бораи он гап занад, ки Яҳува барояш чӣ кардааст. (Марқус 5:19-ро хонед.) a Исо имрӯз низ ҳаминро мехоҳад — ӯ мехоҳад, ки дар тамоми ҷаҳон номи Падараш паҳн шавад (Мат. 24:14; 28:19, 20). Вақте мо низ дар ин кор саҳми худро мегузорем, Шоҳамон Исоро шод мегардонем.

Исо ба марде, ки аз банди девҳо халос шуд, мегӯяд, ки ба одамон дар бораи ин кори Яҳува нақл кунад (Ба сархати 10 нигаред.)


11. Исо ба пайравонаш дар бораи чӣ дуо гуфтанро ёд дод ва чаро ин муҳим аст? (Ҳизқиёл 36:23).

11 Исо медонист, ки нияти Яҳува муқаддас гардондани номи худ, яъне аз доғи бадгӯйӣ пок кардани он аст. Аз ин рӯ Устодамон ба мо, пайравонаш, чунин дуо гуфтанро таълим додааст: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод!» (Мат. 6:9). Исо дарк мекард, ки ин бузургтарин масъала буда, ба тамоми офаридаҳо дахл дорад. (Ҳизқиёл 36:23-ро хонед.) Ҳеҷ як офаридаи бошуур дар коинот барои муқаддас гардондани номи Яҳува аз Исо бештар накардааст. Вале, вақте душманон Исоро дастгир карданд, ӯро дар чӣ кор айбдор карданд? Дар кофирӣ. Исо, бешак, медонист, ки дар ҳаққи номи поки Худо куфр гуфтан вазнинтарин гуноҳ аст. Ӯ аз он ки бар гарданаш чунин айбро бор карданд, хеле нороҳат шуда буд. Шояд, сабаби «дарду азоби» сахт доштанаш пеш аз дастгиршавӣ маҳз ҳамин буд (Луқ. 22:41–44).

12. Чаро гуфта метавонем, ки Исо номи Падарашро ба таври беҳтарин сафед кард?

12 Барои муқаддас гардондани номи Падараш Исо ба ҳар шиканҷа, дашном ва туҳмате, ки дар ҳаққаш карданд, тоқат кард. Ӯ медонист, ки дар ҳар ҷиҳат ба гапи Падараш итоат кардааст. Аз ин рӯ ӯ аз ҳеҷ чиз шармандаву сархам нест (Ибр. 12:2). Ӯ ҳамчунин медонист, ки ҳамаи азобҳои ӯ дар ин лаҳзаҳои ҷонгудози зиндагияш кори дасти Шайтон аст (Луқ. 22:2–4; 23:33, 34). Шайтон мехост Исоро шиканад, лекин худаш ба шикаст дучор шуд. Исо исбот кард, ки Шайтон дурӯғгӯйи ашаддӣ аст ва нишон дод, ки Яҳува хизматгорони содиқу бовафо дорад, ки дар сангинтарин озмоишҳо покрафтор мемонанд.

13. Шумо Шоҳи ҳукмронатонро чӣ тавр шод карда метавонед?

13 Оё мехоҳед Подшоҳи ҳукмронатонро шод гардонед? Пас, номи Яҳуваро ситоиш кунед ва дигаронро бо сифатҳои ҳақиқии Яҳува шинос кунед. Чунин карда шумо ба Исо пайравӣ менамоед (1 Пет. 2:21). Бо чунин рафтор шумо мисли Исо Яҳуваро шод мегардонеду исбот мекунед, ки Шайтон дурӯғбофи беҳаёст!

ВАҚТЕ ЯҲУВАРО СИТОИШ МЕКУНЕМ, ҲАЁТИ ОДАМОНРО НАҶОТ МЕДИҲЕМ

14, 15. Вақте мо ба одамон дар бораи Яҳува ростиро таълим медиҳем, чӣ чизи аҷоиб рӯй доданаш мумкин?

14 Вақте номи Яҳуваро ситоиш мекунем, мо ҷони одамонро наҷот медиҳем. Чӣ тавр? Мо медонем, ки Шайтон зеҳни беимононро «кунд кардааст» (2 Қӯр. 4:4). Ба ҳамин сабаб онҳо ба чунин дурӯғҳои шайтонӣ бовар карданд, ки Худо вуҷуд надорад, Худо ба азобҳои одамон бепарвост, Худо бераҳм асту бадкоронро абадан азоб медиҳад. Шайтон ин дурӯғҳоро бо як мақсад паҳн кардааст, то номи неки Яҳуваро бад кунаду одамон майли ба ӯ наздик шудан надошта бошанд. Мо бошем, кори Шайтонро вайрон мекунем. Мо дар бораи Падарамон ба одамон ростиро таълим медиҳему номи муқаддасашро ситоиш мекунем. Ин чӣ натиҷа меорад?

15 Ростии Каломи Худо қувваи бузург дорад. Дар бораи Яҳува ва сифатҳои некуяш ҳақиқатро таълим дода, мо шоҳиди як чизи зебое мешавем. Пардаи сиёҳи дурӯғҳои Шайтон аз чашми одамон меафтаду онҳо мисли мо ҷалоли Падари азизамонро мебинанд. Онҳо аз қувваи беохираш ба ҳайрат меафтанд (Иш. 40:26). Онҳо аз адолати комилаш осудахотир мегарданд (5 Мӯсо 32:4). Онҳо аз хиради бетагаш донову бино мешаванд (Иш. 55:9; Рум. 11:33). Саропо муҳаббат будани ӯро фаҳмида, дилашон таскин меёбад (1 Юҳ. 4:8). Ба Яҳува наздиктар шуда, умеди абадан чун фарзандони ӯ зиндагӣ кардан барояшон воқеитар мегардад. Одамонро сӯйи Падарашон раҳнамоӣ кардану онҳоро бо ӯ шиносондан шарафи нотакрорест. Охир, вақте мо бо ин кор машғул мешавем, Яҳува моро ҳамкорони худ меҳисобад (1 Қӯр. 3:5, 9).

16. Фаҳмидани номи Худо ба баъзеҳо чӣ тавр таъсир кард? Мисол оред.

16 Дар аввал, шояд, мо ба одамон гӯем, ки номи Худо Яҳува аст. Танҳо донистани ҳамин чиз ба лавҳи дили одамони самимӣ пайи амиқе мегузорад. Барои мисол, ҷавонзане бо номи Алия b чун ғайримасеҳӣ ба воя расида буд. Дине, ки ӯ дошт, ба дилаш наздик набуду ӯ худро аз Худо дур ҳис мекард. Баъд аз сар кардани омӯзиш бо Шоҳидон вазъияташ дигар шуд. Акнун ӯ Худоро Дӯсти худ мешумурд. Ӯ ҳайрон буд, ки чаро дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас номи Яҳуваро бо дигар калимаҳо, ба монанди Худо, иваз карданд. Фаҳмидани номи Яҳува ба зиндагии ӯ рангу маъно бахшид. Хоҳарамон аз ин шод шуда, мегӯяд: «Дӯсти беҳтарини ман ном дорад!» Ӯ илова мекунад: «Дилам пур аз оромист. Аз чунин шараф сарам ба осмон мерасад». Мусиқинавозе бо номи Стив дар оилаи диндорони сахти яҳудӣ калон шудааст. Аз дидани дурӯягии бисёр ӯ худро аз дину мазҳабҳо дур гирифт. Вале боре ҳангоми ғамгинияш ӯ розӣ шуд дар омӯзише иштирок кунад, ки яке аз Шоҳидони Яҳува мегузаронд. Аз фаҳмидани номи Худо дили ӯ ба ҳаяҷон омад. Стив мегӯяд: «Ман ҳеҷ гоҳ номи Худоро нашунида будам. Якумин бор ман дарк намудам, ки Худо вуҷуд дорад. Ӯ бароям воқеӣ шуд. Ман дарк кардам, ки акнун Дӯсте пайдо кардаам».

17. Чаро шумо мехоҳед, ки номи Яҳуваро минбаъд низ ҷалол диҳед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

17 Оё вақти мавъиза кардану таълим додан шумо номи поки Яҳуваро ба дигарон мерасонед? Оё шумо дар ҳақиқат кӣ будани Худоро ба онҳо ошкор месозед? Бо чунин коратон шумо Худоро ситоиш мекунед. Номи поки Яҳуваро ситоиш намуда, шумо ба одамон сифатҳои зебои Худоеро ошкор месозед, ки чунин номи бузургро дорад. Ҳамин тавр шумо ҷони одамонро наҷот медиҳед ва ба намунаи Шоҳатон, Исои Масеҳ, пайравӣ мекунед. Беш аз ҳама шумо Падари меҳрубонатон, Яҳуваро, шод мегардонед. Аз ситоиш кардани номи Яҳува ҳеҷ гоҳ боз наистед (Заб. 145:2).

Вақте мо дигаронро таълим дода, чӣ хел Худо будани Яҳуваро нишон медиҳем, номи ӯро ҷалол медиҳем (Ба сархати 17 нигаред.)

ЧӢ ТАВР СИТОИШ КАРДАНИ НОМИ ХУДО. . .

  • Яҳуваро шод мегардонад?

  • Исои Масеҳро шод мегардонад?

  • ҳаёти одамонро наҷот медиҳад?

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

a Далелҳои боварибахше ҳастанд, ки Марқус суханони Исоро иқтибос оварда, номи Худоро истифода бурд. Барои ҳамин дар «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» дар ин оят номи Худо барқарор шудааст.

b Номҳо иваз шудаанд.