Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 7

СУРУДИ 7 Бахшидани худ ба Яҳува

Мо аз назриён чӣ дарс мегирем?

Мо аз назриён чӣ дарс мегирем?

«Тамоми рӯзҳои назрӣ буданаш ӯ барои хизмати Яҳува ҷудо шудааст» (4 МӮСО 6:8).

МАҚСАД

Мо мисоли назриёнро омӯхта, мебинем, ки чӣ тавр хизматамонро ба Яҳува бо далерӣ ва фидокорӣ ба ҷо орем.

1. Парастандагони Яҳува дар давоми таърих чӣ гуна рӯҳия нишон доданд?

 ОЁ ШУМО муносибататонро бо Яҳува қадр мекунед? Бешак, мекунед! Аз замонҳои қадим то имрӯз одамони бешумор арзиши муносибаташонро бо Яҳува дарк менамуданд (Заб. 104:33, 34). Хизматгорони зиёди Яҳува барои ба ӯ хизмат кардан аз баҳри бисёр чиз баромада буданд. Аз миёни онҳо намунаи назриёни Исроили қадим ҷолиби диққат аст. Онҳо кӣ буданд ва мо аз онҳо чӣ омӯхта метавонем?

2. а) Назриён киҳо буданд? (4 Мӯсо 6:1, 2). б) Чаро баъзе исроилиён назр мекарданд?

2 Калимаи «назрӣ» аз калимаи иброние меояд, ки маънояш чунин аст: «Касе, ки барои кори махсусе ҷудо шудааст» ё «он кӣ худро ба чизе бахшидааст». Ин калима рӯҳияи исроилиёни пурғайратро нағз тасвир мекунад, чунки онҳо барои ба Яҳува ба таври махсус хизмат кардан аз баҳри чизҳои бисёр мебаромаданд. Мувофиқи Шариати Мӯсо мард ё зан метавонист ба Яҳува назр ё ваъдаи махсусе карда, муддате ҳамчун назрӣ зиндагӣ кунад a. (4 Мӯсо 6:1, 2-ро хонед.) Агар шахс чунин ваъдаи муқаддас медод, яъне назр мекард, бояд аз рӯйи баъзе дастуроте зиндагӣ мекард, ки барои исроилиёни дигар иҷрояш ҳатмӣ набуд. Ба кадом сабаб исроилӣ метавонист назрӣ шавад? Сабабаш дар он буда метавонист, ки исроилӣ Яҳуваро сахт дӯст медошт ва барои баракати фаровонаш аз ӯ беҳад миннатдор буд (5 Мӯсо 6:5; 16:17).

3. Хизматгорони имрӯзаи Яҳува аз кадом ҷиҳат ба назриён монанданд?

3 Вақте «шариати Масеҳ» ҷойи Шариати Мӯсоро гирифт, назр додану назрӣ будан низ аз байн рафт (Ғал. 6:2; Рум. 10:4). Аммо халқи Яҳува имрӯз ҳам мисли назриён шӯру шавқи зиёд доранд, ки бо тамоми дил, ҷон, ҳуш ва қувват ба Яҳува хизмат кунанд (Марқ. 12:30). Мо ҳаётамонро ба Яҳува бахшида бо ихтиёри худ ба ӯ ваъдаи махсус додем. Барои ба ин ваъда вафо кардан ба мо лозим аст, ки хости Яҳуваро ба ҷо орему аз баҳри баъзе чизҳо бароем. Биёед бо намунаи ибратомӯзи назриён шинос шуда, фаҳмем, ки чӣ тавр мо низ мисли онҳо ба ваъдаамон вафо карда метавонем b (Мат. 16:24).

ФИДОКОР БОШЕД

4. Мувофиқи 4 Мӯсо 6:3, 4 чӣ тавр фидокории назриён озмуда мешуд?

4 4 Мӯсо 6:3, 4-ро хонед. Агар шахс назрӣ мешуд, бояд аз нӯшокиҳои масткунанда ва ҳар чизе ки аз ангур ҳосил мешуд, парҳез мекард, аз он ҷумла аз худи ангур ва мавизаш. Одамони гирду атрофи назриён аз чунин хӯрокҳо озодона истифода мекарданд ва ин ягон нодурустие надошт. Охир, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шароб «касро дилхуш месозад» ва он атои Худост (Заб. 104:14, 15). Аммо назриҳо аз лаззати шаробу дигар ҳосили ангур ихтиёран даст мекашиданд c.

Оё шумо мисли назриён ба фидокорӣ тайёред? (Ба сархатҳои 4–6 нигаред.)


5. Мадиан ва Марсела чӣ фидокорӣ карданд ва чаро?

5 Мо низ мисли назриён барои дар парастиши Яҳува фаъолтар будан фидокорона аз баҳри баъзе чизҳо мебароем. Биёед бо намунаи Мадиан ва Марсела d шинос шавем. Ин зану шавҳари масеҳӣ ҳаёти бароҳат доштанд. Мадиан ҷойи кори хубе дошт, ки ба онҳо имкон медод, дар хонаи зебою боҳашамате зиндагӣ кунанд. Вале онҳо мехостанд дар хизмати Яҳува фаъолтар бошанд. Барои ба ин мақсад расидан онҳо қарор карданд, ки баъзе дигаргунӣ медароранд. Ин ҳамсарон мегӯянд: «Мо хароҷотамонро кам кардан гирифтем. Мошинамонро фурӯхта, ба хонаи майдатар кӯчидем». Ҳеҷ кас Мадиан ва Марселаро маҷбур накарда буд, ки чунин қурбониҳо оранд. Сабаби чунин рафторашон ин буд, ки онҳо мехостанд ба Яҳува бештар хизмат кунанд. Онҳо аз ин қарорҳояшон розию хурсанданд.

6. Чаро масеҳиён имрӯз қурбониҳо мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Масеҳиён имрӯз бо шодӣ фидокориҳо карда, барои иштирок дар корҳои Подшоҳӣ вақти бештар ҷудо мекунанд (1 Қӯр. 9:3–6). Яҳува ин масеҳиёнро маҷбур намекунад, ки чунин қурбониҳо оранд. Чизҳое, ки онҳо барои хизмат аз баҳрашон мегузаранд, ягон бадӣ ҳам надоранд. Масалан, баъзеҳо аз баҳри кори дӯстдошта, хона ё ҳайвони хонагӣ мебароянд. Баъзеи дигар бошанд, дертар оиладор ё фарзанддор мешаванд. Баъзе масеҳиён ба хотири дар ҷойи воизталаб хизмат кардан аз ёрону наздиконашон дур зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз мо ба он сабаб чунин фидокориҳо мекунем, ки мехоҳем ба Яҳува чизи беҳтаринамонро диҳем. Дилпур бошед, ки Яҳува ҳар қурбониеро, ки ба хотири хизмат кардан ба ӯ меоред, хоҳ он бузург бошад, хоҳ хурд, бениҳоят қадр мекунад (Ибр. 6:10).

БАРОИ АЗ ДИГАРОН ФАРҚ КАРДАН ТАЙЁР БОШЕД

7. Назрӣ бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда метавонист? (4 Мӯсо 6:5). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 4 Мӯсо 6:5-ро хонед. Назриён ваъда медоданд, ки мӯяшонро намебуранд. Бо ин роҳ онҳо итоаткории бекаму косташонро ба Яҳува нишон медоданд. Ҳар қадаре муддати назригии исроилӣ дароз бошад, мӯйи дарозаш дар чашми дигарон бештар метофт. Агар одамони гирду атрофаш қарори ӯро дастгирӣ мекарданд, кори ӯ осон мешуд. Аммо, сад афсӯс ки, дар баъзе замонҳои таърихи Исроил назриёнро дастгирию қадр намекарданд. Масалан, дар замонҳои пайғамбар Омӯс исроилиёни осӣ ба назриён шароб медоданд. Эҳтимол, ин бадниятон мехостанд ваъдаи назриёнро шикананд (Омӯс 2:12). Баъзан ба назрӣ барои ба назраш вафо кардан ва аз дигарон фарқ кардан далерии зиёд даркор буд.

Назрӣ тайёр буд, ки аз дигарон фарқ кунад (Ба сархати 7 нигаред.)


8. Шумо аз мисоли Бенҷамини ҷавон чӣ рӯҳбаландӣ гирифтед?

8 Мо низ бо ёрии Яҳува метавонем бар тарси аз дигарон фарқ кардан ғолиб оем, ҳатто агар мо табиатан шармгин ё камҷуръат бошем. Биёед мисоли Бенҷамин, Шоҳиди даҳсолаеро аз Норвегия дида бароем. Дар мактабаш маросиме ба хотири дастгирии Украинаи ҷангзада баргузор гашт. Аз кӯдакон талаб карданд, ки сурудеро сароянду либосеро пӯшанд, ки рангҳои парчами Украинаро дошт. Бенҷамин эҳтиёткорӣ карда, аз ҷое, ки ин маросими сиёсӣ мегузашт, дуртар истод. Аммо муаллимаашон бародарамонро дида, бо овози баланд ба ӯ гуфт: «Биёву ба мо ҳамроҳ шав, мо ҳама туро интизорем!» Бенҷамин нотарсона пеши муаллима рафта, ба ӯ гуфт: «Ман бетарафам, барои ҳамин дар ин намоиши сиёсӣ иштирок намекунам. Бисёре аз Шоҳидони Яҳува ба сабаби ба ҷанг нарафтанашон дар зиндонанд». Муаллимааш сухани Бенҷаминро гӯш карда, ӯро дигар маҷбур накард, ки дар ин маросим иштирок кунад. Аммо ҳамсинфонаш ӯро маҷбур кардан гирифтанд, ки ба онҳо ҳамроҳ шавад. Бенҷамин худашро гум карду қариб буд гиря кунад, вале ӯ нотарсона ба тамоми синф он чиро, ки ба муаллимааш гуфт, такрор кард. Баъдтар Бенҷамин ба падару модараш гуфт, ки бо ёрии Яҳува тавонист аз рӯйи имон амал кунад.

9. Мо чӣ тавр дили Яҳуваро шод карда метавонем?

9 Азбаски мо ба хости Яҳува сар мефурорем, аз одамони гирду атрофамон фарқ мекунем. Барои дар ҷойи кор ё мактаб худро Шоҳиди Яҳува номидан нотарсӣ даркор аст. Бо паст рафтани ахлоқ ва ифлос шудани тарзи фикри одамон ба мо аз рӯйи принсипҳои Каломи Худо зиндагӣ кардан ва хушхабарро расондан торафт душвортар мешавад (2 Тим. 1:8; 3:13). Ҳамеша дар ёд доред, ки, вақте мо аз дигарон фарқ мекунему аз ин шарм намедорем, дили Яҳуваро шод мегардонем (Пнм. 27:11; Мал. 3:18).

ЯҲУВАРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛИ ҲАЁТАТОН ГУЗОРЕД

10. Чаро талаботе, ки дар 4 Мӯсо 6:6, 7 омадааст, барои назрӣ озмоиш шуда метавонист?

10 4 Мӯсо 6:6, 7-ро хонед. Назриён ба мурдае наздик шуда наметавонистанд. Шояд, ба назари аввал тобад, ки ин чандон қурбонии бузург нест, аммо дар замонҳои пеш марги шахси наздикаш барои назрӣ душвориеро пеш меовард. Ҳангоми иҷрои маросимҳои гӯру чӯб шахс хоҳу нохоҳ ба ҷасади каси наздикаш даст мерасонд (Юҳ. 19:39, 40; Кор. 9:36–40). Аз ин рӯ ҳар касе назр карда буд, наметавонист ба чунин маросимҳо ба таври пурра иштирок кунад. Бинед, ки ҳатто дар чунин лаҳзаҳои пурғаму кулфат ба назриён имони қавӣ даркор буд, ки назрашонро пушти по назананд. Бешак, Яҳува ба ин парастандагони бовафояш қувват медод, ки дар чунин лаҳзаҳои сахти зиндагонӣ дуруст рафтор кунанд.

11. Агар гап дар бораи масъалаҳои оилавӣ равад, масеҳӣ ба чӣ бояд тайёр бошад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Барои мо масеҳиён ваъдае, ки ҳангоми бахшидани худ ба Яҳува додем, чизи андак-мундак нест. Мо ин ваъдаро ҳатто ҳангоми дида баромадани масъалаҳои оилавӣ ба назар мегирем. Мо дар хонаводаамон вазифаҳоеро, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, аз таҳти дил иҷро мекунем, вале ҳаргиз хоҳиши аъзои оилаамонро аз талабҳои Яҳува боло намегузорем (Мат. 10:35–37; 1 Тим. 5:8). Мо медонем, ки ба гапи Яҳува гӯш дода, баъзан кореро карда метавонем, ки ба наздиконамон маъқул нест.

Оё шумо тайёред, ки ҳатто дар вазъиятҳои сахттарини зиндагиятон хости Яҳуваро дар ҷойи аввал монед? (Ба сархати 11 нигаред.) e


12. Александру дар вазъияти душвори оилавӣ чӣ тавр рафтор кард?

12 Биёед бо саргузашти бародар Александру ва занаш, Дорина, шинос шавем. Онҳо Китоби Муқаддасро тӯли як сол омӯхтанду Дорина омӯзишро бас кард. Ӯ мехост Александру низ бас кунад. Аммо ӯ оромона ва боодобона ба занаш фаҳмонд, ки омӯзишро давом медиҳад. Ин ба Дорина маъқул нашуд. Ӯ кӯшиш мекард шавҳарашро аз кораш гардонад. Александру ҳаракат мекард фаҳму фаросатро пеша кунад, аммо ин вазъият барояш осон набуд. Баъзан, вақте Дорина ӯро танқид менамуду сахтгапӣ мекард, Александру қариб меомад, ки омӯзишро бас кунад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ Яҳуваро дар ҷойи аввал мегузошту ҳамзамон ба занаш эҳтирому муҳаббати зиёд нишон медод. Оқибат рафтори ӯ дили занашро об карду ӯ ҳам омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард ва оқибат ростиро қабул кард. (Дар сомонаи jw.org аз бахши «Ҳақиқат ҳаётро дигаргун месозад» ба видеонавори «Александру ва Дорина Вакар: “Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст”» нигаред.)

13. Мо чӣ тавр ҳам ба Яҳува ва ҳам ба оилаамон муҳаббат нишон дода метавонем?

13 Яҳува, ки бунёдгузори оила аст, мехоҳад мо хонаводаи хушбахт дошта бошем (Эфс. 3:14, 15). Агар мо хоҳем дар ҳақиқат хушбахт бошем, бояд аз рӯйи гуфти Яҳува амал кунем. Сад фоиз дилатон пур бошад, ки, вақте шумо ба оилаатон муҳаббату эҳтиром нишон медиҳеду ба онҳо ғамхорӣ мекунед, Яҳува фидокориҳои шуморо дар роҳи парастиши ӯ беҳад қадр мекунад (Рум. 12:10).

НАЗРИДИЛОНРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

14. Асосан киҳо ба рӯҳбаландии мо муҳтоҷанд?

14 Ҳар касе ки имрӯз парастиши Яҳуваро ихтиёр мекунад, бояд аз муҳаббат ба ӯ қурбониҳо биёрад. Аммо баъзан фидокор будан осон нест. Чӣ тавр мо чунин рӯҳияро дар якдигар қавӣ карда метавонем? Агар ба якдигар суханони рӯҳиябахш гӯем (Айюб 16:5). Оё дар ҷамоати шумо касоне ҳастанд, ки ба хотири бештар хизмат кардан ҳаёташонро одӣ гардонда истодаанд? Оё ҷавонони далереро мешиносед, ки зӯр мезананд дар мактаб бо дигарон ҳамшаклу ҳамранг нашаванд? Оё омӯзандагону ҳамимононеро мешиносед, ки бо муқобилати наздиконашон рӯ ба рӯ шудаанд? Биёед ҳар фурсатро ғанимат донему ба ин ҳамдинони азизамон суханони рӯҳбахш гӯем ва барои фидокориву далерияшон онҳоро таъриф кунем (Филем. 4, 5, 7).

15. Чӣ тавр баъзеҳо бародару хоҳаронеро, ки дар хизмати пурравақтанд, дастгирӣ мекунанд?

15 Шояд, баъзан аз дастамон биёяд, ки ба ҳамимононе, ки дар хизмати пурравақтанд, дасти ёрӣ дароз кунем (Пнм. 19:17; Ибр. 13:16). Хоҳари бовафои пиронсоле аз Шри-Ланка маҳз чунин кор карда буд. Вақте нафақапулияшро зиёдтар карданд, ӯ хост ба ду хоҳари ҷавони пешрав кумак расонад, то онҳо ба сабаби душвории пулӣ хизматашонро бас накунанд. Ӯ хулоса кард, ки ҳар моҳ як миқдор пулро барои рӯпӯш кардани хароҷоти телефонии онҳо сарф мекунад. Чӣ рӯҳияи зебое нишон дод ин хоҳар!

16. Ваъдаи назриёнро дида баромада, мо чиро фаҳмидем?

16 Намунаи зебои назриёни замони пеш бароямон хеле ибратомӯз аст. Аммо мо аз мисоли назриён дар бораи Падари осмониямон, Яҳува, низ як чизро мефаҳмем. Ӯ дилпур аст, ки мо аз самими қалб мехоҳем дили ӯро шод гардонем. Яҳува медонад, ки мо тайёрем аз баҳри чизҳои зиёд бароем, то ба ваъдае, ки ҳангоми худро ба ӯ бахшидан додаем, вафо намоем (Пнм. 23:15, 16; Марқ. 10:28–30; 1 Юҳ. 4:19). Дар гузашта вуҷуд доштани назр ва назриён гувоҳи он аст, ки Яҳува тамоми фидокориҳоеро, ки мо дар роҳи ӯ мекунем, пай мебарад ва қадр мекунад. Пас, биёед миёни азмамонро маҳкам бандем, то ба Яҳува минбаъд низ хизмат кунем ва ба ӯ чизи беҳтаринамонро пешкаш кунем.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Назриёни ихтиёрӣ чӣ тавр фидокорӣ ва далерияшонро нишон доданд?

  • Чӣ тавр мо рӯҳияи назридилиро дар якдигар об дода метавонем?

  • Аз мисоли назриён дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

a Маълум аст, ки баъзе назриёнро Яҳува таъйин карда буд, лекин, аз афташ, аксарашон исроилиёне буданд, ки ихтиёран чунин ваъда дода буданд. (Ба чорчӯбаи « Назриёне, ки Яҳува таъйин карда буд» нигаред.)

b Баъзан дар адабиётамон назриён бо хизматгорони пурравақт муқоиса карда мешаванд. Лекин аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳамаи хизматгорони таъмидёфтаи Яҳува ба назриён монанд шуда метавонанд.

c Одатан бар дӯши назрӣ ягон кори иловагӣ гузошта намешуд.

d Дар сомонаи jw.org аз бахши «Случаи из жизни Свидетелей Иеговы» ба мақолаи «Мы решили упростить свою жизнь» нигаред.

e ШАРҲИ РАСМ: Назрӣ аз боми хона ба маросими дафни шахси азизаш нигоҳ мекунад. Ӯ аз сабаби ваъдаи додааш дар он иштирок карда наметавонад.