Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Чаро дар Китоби Муқаддас баъзе калимаю ибораҳо такрор мешаванд?

НАВИСАНДАГОНИ Китоби Муқаддас баъзан як хел ибораҳоро калима ба калима такрор мекарданд. Биёед фаҳмем, ки чаро онҳо ҳамон як калима ва ибораҳоро такрор мекарданд. Танҳо се сабабро мебинем.

Замон. Дар Исроили қадим бисёр одамон нусхаи шахсии Шариатро надоштанд. Мардум асосан дар назди хаймаи муқаддас ҷамъ шуда, суханони Шариатро гӯш мекарданд (5 Мӯсо 31:10–12). Тӯдаи одамон соатҳои дароз рост истода, гӯш мекарданд ва, шояд, дар он ҷо ҳар хел овозҳое буданд, ки ҳушашонро парешон месохтанд (Наҳемё 8:2, 3, 7). Барои ҳамин, вақте суханони асосӣ ва калимаҳои муайян такрор мешуданд, ба исроилиён қонуну амрҳои Яҳуваро дар ёд доштану ба кор бурдан осонтар мешуд (3 Мӯсо 18:4–22; 5 Мӯсо 5:1).

Сохт. Тақрибан 10 фоизи Китоби Муқаддас аз сурудҳо иборат аст, аз ҷумла китоби Забур, Шоҳсуруди Сулаймон ва Нолаҳои Ирмиё. Баъзан дар сурудҳо банди баргардон буд. Он матни сурудро қайд мекард ва ба шунавандагон кумак мекард, ки суханонашро аз ёд кунанд. Масалан ба суханони Забур 115:9–11 аҳамият диҳед: «Эй Исроил, ба Яҳува такя кунед — ӯ мададгор ва сипари онҳост. Эй хонадони Ҳорун, ба Яҳува такя кунед — ӯ мададгор ва сипари онҳост. Эй тарсгорони Яҳува, ба Яҳува такя кунед — ӯ мададгор ва сипари онҳост». Такрор шудани ин суханон, эҳтимол, ба сарояндагон кумак мекард, ки ин фикрҳои бебаҳоро дар ёдашон гиранд.

Мақсад. Баъзан нависандагони Китоби Муқаддас барои он ибораҳои асосиро такрор мекарданд, ки диққатро ба фикрҳои муҳим равона кунанд. Масалан, вақте Яҳува ба исроилиён гуфт, ки аз хун парҳез кунанд, ба Мӯсо фармуд, ки ин суханонро борҳои зиёд такрор кунад. Яҳува мехост қайд кунад, ки ҳаёти тамоми ҷони зинда дар хун аст, яъне хун таҷассумгари ҳаёт аст (3 Мӯсо 17:11, 14). Баъдтар, вақте расулон ва пирон дар Ерусалим ба масеҳиён навиштанд, ки барои хурсанд кардани Худо бояд аз чӣ даст кашанд, онҳо боз аз хун парҳез карданро қайд карданд (Кор. 15:20, 29).

Мақсади Яҳува ин набуд, ки мо суханони Каломро тӯтивор такрору батакрор гуфтан гирем. Масалан, Исо гуфта буд: «Вақте дуо мегӯед. . . гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Мат. 6:7). Сипас ӯ мавзуъҳоеро номбар кард, ки мувофиқи хости Худоянд (Мат. 6:9–13). Ҳарчанд мо дар дуоҳои худ гаштаю баргашта як калимаҳоро такрор намекунем, мо метавонем барои ҳамон як чиз гаштаю баргашта дуо гӯем (Мат. 7:7–11).

Бешубҳа, Яҳува дар Каломаш бесабаб баъзе калимаю ибораҳоро такрор накардааст. Ин танҳо як тарзи таълим додани Муаллими бузургамон мебошад, ки бар фоидаи мост (Иш. 48:17, 18).