Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САРГУЗАШТ

Сустиҳои ман қувваи Худоро ошкор месозанд

Сустиҳои ман қувваи Худоро ошкор месозанд

ВАҚТЕ ману ҳамсарам соли 1985 ба Колумбия кӯчидем, он ҷо пур аз ҷинояткорӣ буд. Ҳокимият дар шаҳр бо гурӯҳи пурқудрати нашъаҷалобон, дар кӯҳҳо бошад, бо партизанон мубориза мебурд. Дар Меделин, ки баъдтар мо дар он ҷо хизмат кардем, дар кӯчаҳо гурӯҳи ҷавонони силоҳбадаст мегаштанд. Онҳо нашъа мефурӯхтанд, бар ивази ҳимояи савдогарон аз онҳо пул меситонданд ва баъзеашон одамкушони кироӣ буданд. Бисёрашон ҷавонмарг мешуданд. Мо ҳис мекардем, ки тамоман ба дунёи дигар афтодем.

Чӣ тавр ду шахси одӣ аз Финляндия, аз дуртарин канори шимол, ба Амрикои Ҷанубӣ омаданд? Дар давоми ин солҳо ман чиро омӯхтам?

ҶАВОНИЯМ ДАР ФИНЛЯНДИЯ

Ман соли 1955 ба дунё омада, аз се писар кенҷааш будам. Ман дар соҳили ҷанубии Финляндия, ки ҳозир шаҳри Вантаа ном дорад, ба воя расидам.

Модарам якчанд сол пеш аз таваллуд шудани ман таъмид гирифта, Шоҳиди Яҳува шудааст. Падарам бошад, ба ҳақиқат зид буд ва намемонд, ки модарам бо мо, кӯдакон, омӯзиш кунад ё моро ба вохӯриҳо барад. Барои ҳамин модарам фурсатро ғанимат дониста, дар вақти набудани ӯ ба мо таълимоти асосии Китоби Муқаддасро ёд медод.

Ман аз ҳафтсолагиям Яҳуваро тарафдорӣ мекардам

Аз кӯдакиям сар карда, ман ба Яҳува гӯш медодам. Масалан, вақте ман ҳафтсола будам, чалпакеро, ки аз хун тайёр шуда буд, нахӯрдам. Муаллимаам ба ғазаб омада, бо як дасташ ҷоғамро кушода, бо дигараш чангаки (вилкаи) чалпакдорро ба даҳонам андохтанӣ шуд. Ман бошам, чангакро аз дасташ зада афтондам.

Дар 12-солагиям падарам аз дунё гузашт. Баъди ин мо ба вохӯриҳо рафтанро сар кардем. Бародарони ҷамоат ба ман меҳру таваҷҷуҳ нишон медоданд ва ин барои рӯҳан пешравӣ карданам сабаб гашт. Ман ҳар рӯз Китоби Муқаддас мехондам ва адабиётамонро бодиққат меомӯхтам. Ҳамин тавр 8-уми августи 1969 дар 14-солагиям таъмид гирифтам.

Каме баъд аз хатми мактаби миёна ман пешрави доимӣ шудам. Баъди якчанд ҳафта бошад, ба ҷойи воизталаб, ба шаҳри Пиелавеси, ки ба маркази Финляндия наздик буд, кӯчидам.

Дар ин шаҳр ман бо ҳамсари ояндаам, Сирка, вохӯрдам. Хоксорӣ ва худодӯстии ӯ маро ҷалб кард. Ӯ аз пайи ҳаёти бароҳат ва чизу чора набуд. Орзуи ҳар дуи мо дар кадом таъйиноте набошад, пурра ба Яҳува хизмат кардан буд. Мо 23-юми марти соли 1974 оиладор шудем. Баъди тӯй ба ягон ҷо саёҳат нарафта, ба Картула кӯчидем. Дар он ҷо аз ҳама бештар воизон даркор буданд.

Хонае, ки мо дар Картулаи Финляндия иҷора гирифтем

ЯҲУВА ДАР ҲАҚҚАМОН ҒАМХОРӢ МЕКАРД

Мошине, ки акаам ба мо туҳфа кард

Аз рӯзи аввали оиладориямон Яҳува ба мо нишон дод, ки, агар Подшоҳии ӯро дар ҷойи якум монем, ӯ дар ҳаққи мо ғамхорӣ мекунад (Мат. 6:33). Масалан, дар Картула мо мошин надоштем. Вақтҳои аввал мо бо дучарха сафар мекардем, лекин дар зимистон ҳаво сахт хунук шуда, ҳама ҷо яхбандӣ мешуд. Барои дар минтақаи калони ҷамоатамон хизмат кардан ба мо мошин даркор буд, лекин барои харидани он пул надоштем.

Боре акаи дуюмам ба хабаргирии мо омад. Ӯ ба мо мошинашро ҳадия кард. Пули суғурта ҳам супорида шуд. Мо танҳо сӯзишворӣ мехаридему халос. Акнун мо мошиндор шудем.

Яҳува ба мо нишон дод, ки қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмониямонро ба уҳдааш мегирад, кори мо бошад, хизмати ӯро пеш бурдан аст.

МАКТАБИ ҶИЛЪОД

Соли 1978. Дар Мактаби пешравон

Соли 1978, вақте дар Мактаби пешравон мехондем, яке аз муаллимонамон, Раймо Куоканен a, моро ба Мактаби Ҷилъод ҳавасманд мекард. Барои ҳамин мо аз пайи омӯхтани забони англисӣ шудем, зеро мехостем дар ин мактаб таҳсил кунем. Лекин соли 1980 варақа барои Ҷилъодро пур накарда, моро барои хизмат ба филиали Финляндия даъват карданд. Он вақт ходимони Байт-Илро ба Ҷилъод таклиф намекарданд. Мо мехостем дар ҷое хизмат кунем, ки Яҳува дуруст шуморад, на худамон. Барои ҳамин даъватро қабул кардем. Мо азмамонро барои омӯхтани забони англисӣ суст намекардем, зеро мехостем, агар имкон шавад, дар Мактаби Ҷилъод таҳсил кунем.

Якчанд сол пас Ҳайати роҳбарикунанда барои хондани Мактаби Ҷилъод ба ходимони Байт-Ил низ иҷозат дод. Мо дарҳол варақаро пур кардем, аммо на барои он ки дар Байт-Ил зиқ мешудем, баръакс, ба мо Байт-Ил маъқул буд. Фақат мехостем, агар даркор шавад, Яҳува моро дар ҷойҳое, ки ниёзи бисёртар аст, истифода барад. Охиру оқибат моро ба Ҷилъод даъват карданд ва мо моҳи сентябри соли 1985 синфи 79-уми Мактаби Ҷилъодро хатм намудем. Моро ба Колумбия таъйин карданд.

ТАЪЙИНОТИ АВВАЛИНИ МИССИОНЕРИЯМОН

Дар Колумбия аввал мо дар филиал хизмат мекардем. Ман таъйинотамро аз таҳти дил ба ҷо меовардам, лекин баъди як соли хизмат дар Байт-Ил ҳис кардам, ки ба дигаргунӣ ниёз дорам. Дар умрам аввалу охирин бор хоҳиш кардам, ки ба ман таъйиноти дигар диҳанд. Барои ҳамин моро ба шаҳри Нейву, ки ба минтақаи Уила дахл дошт, фиристоданд.

Ман ҳамеша аз хизмати мавъиза хурсандӣ мегирифтам. Дар Финляндия, вақте нав пешрави доимӣ хизмат мекардам, баъзан аз саҳари барвақт то торикӣ бо кори мавъиза машғул будам. Баъди тӯй ҳам ману Сирка дукаса рӯзҳои дароз хизмат мекардем. Агар ба минтақаҳои дурдаст хизмат мерафтем, баъзан дар даруни мошин хоб мекардем. Ҳамин тавр вақтеро, ки ба роҳ сарф мешуд, сарфа карда, рӯзи дигар ба барвақтӣ аз пайи кор мешудем.

Мо хизмати миссионериро бо ҳамон шавқу завқе мекардем, ки ҳангоми нав хизматро сар карданамон доштем. Шумораи воизон дар ҷамоатамон меафзуд ва бародару хоҳарони колумбиягиямон миннатдору меҳрубон ва боэҳтиром буданд.

ҚУВВАИ ДУО

Дар ҳамсояшаҳрҳои Нейва ягон Шоҳиди Яҳува набуд. Ман дар фикри он будам, ки чӣ тавр хушхабарро ба он ҷойҳо расонем. Аз сабаби ҷанги партизанӣ он минтақаҳо барои касоне, ки таҳҷойӣ набуданд, хатарнок буд. Барои ҳамин ман дуо мегуфтам, ки ақаллан аз ягонтои ин шаҳрҳо касе пайдо шавад, ки Шоҳиди Яҳува гардад. Ман дар дуо мегуфтам, ки ин хел одам дар Нейва зиндагӣ кунаду ҳақиқатро фаҳмида таъмид гирад ва баъди рӯҳан бақувват шуданаш ба ватани худ баргашта, мавъиза кунад. Бояд гӯям, ки Яҳува ин масъаларо беҳтар ҳал кард.

Каме баъдтар ман бо ҷавоне, ки Фернандо Гонсалес ном дошт, омӯзиш сар кардам. Ӯ дар Алхесирас, яке аз шаҳрҳое, ки Шоҳидон набуданд, зиндагӣ мекард. Фернандо 50 километр роҳро тай карда ба Нейва барои кор меомад. Ӯ ба ҳар як омӯзиш хеле хуб тайёрӣ медид ва дарҳол ба ҳамаи вохӯриҳо омаданро сар кард. Аз ҳафтаи аввали омӯзишамон Фернандо ҳамватанонашро ҷамъ карда, ҳар чизи аз Китоби Муқаддас омӯхтаашро ба онҳо ёд медод.

Бо Фернандо соли 1993

Фернандо моҳи январи соли 1990, шаш моҳ пас аз омӯзишаш, таъмид гирифт ва баъдтар пешрави доимӣ гашт. Ӯ аввалин воизи маҳаллӣ дар Алхесирас буд. Баъди ин филиал ба он ҷо пешравони махсусро фиристод, зеро акнун барои онҳо он қадар хатарнок набуд. Моҳи феврали соли 1992 дар ин шаҳр ҷамоат ташкил ёфт.

Оё Фернандо танҳо дар шаҳри худаш мавъиза мекард? Не! Баъди оиладорӣ, ӯву занаш ба Сан-Висенте-дел-Кагуан кӯчиданд, ба дигар шаҳре, ки дар он ҷо низ воизон набуданд. Дар ин шаҳр бо кумаки онҳо ҷамоат ташкил шуд. Соли 2002 Фернандо нозири ноҳиявӣ шуд ва ӯву занаш Олга то имрӯз дар ин хизмат иштирок мекунанд.

Аз ин воқеа ман фаҳмидам, ки дар бораи чизҳои аниқе, ки ба таъйинотамон алоқаманд аст, дуо гуфтан муҳим аст. Яҳува кореро карда метавонад, ки зӯри мо ба он намерасад. Охир, ӯ соҳиби дарав аст, на мо (Мат. 9:38).

ЯҲУВА БА МО «ҲАМ ХОҲИШУ ҲАМ ҚУВВАТ МЕДИҲАД»

Соли 1990 ба мо хизмати нозири ноҳиявиро супурданд. Таъйиноти аввалини мо ба пойтахти мамлакат, ба шаҳри Богота, буд. Мо дар ташвиш будем, ки оё аз уҳдаи ин мебаромада бошем ё не. Охир, ману ҳамсарам одамони одӣ, ягон қобилияти махсус надоштем ва дар ягон шаҳри калон зиндагӣ накарда будем. Лекин Яҳува ваъдаеро, ки дар Филиппиён 2:13 додааст, иҷро кард: «Худо шуморо қавӣ мегардонад ва ба шумо ҳам хоҳишу ҳам қувват медиҳад, то амал карда, ба ӯ писанд оед».

Баъдтар моро ба шаҳри Меделин, ба шаҳре, ки дар аввал ёдовар шудам, фиристоданд. Одамони он ҷо ба ҷинояткорие, ки дар кӯчаҳо мешуд, чунон одат карда буданд, ки пинакашон намепарид. Масалан, як рӯз, вақте ман омӯзиш мегузарондам, дар берун тирпарронӣ сар шуд. Ман худро ба рӯйи фарш партофтанӣ шудам, лекин омӯзандаам оромона давоми сархатро хондан гирифт. Баъди он ки хонишро тамом кард, бахшиш пурсида берун баромад. Каме пас бо ду кӯдакаш ба хона даромада, бо овози ором гуфт: «Бахшиши зиёд, ман бояд кӯдаконамро мегирифтам».

Мо боз дигар воқеаҳои хатарнок доштем. Боре, вақте мо ба хизмати хона ба хона рафтем, ҳамсарам ранги рӯяш паридагӣ ба тарафи ман меомад. Ӯ гуфт, ки касе ба ӯ тир холӣ кард. Ман талхакаф шудам. Лекин баъдтар маълум гашт, ки марди яроқбадаст Сикаро нею мардеро, ки дар бари ӯ мерафт, ба нишон гирифтааст.

Бо гузашти вақт мо ба ин тарзи ҳаёт одат кардем. Мо далерии воизони маҳаллиро дида ба ҳайрат меомадем, зеро онҳо бо вазъиятҳои аз ин бадтар рӯ ба рӯ мешуданд. Мо хулоса кардем: агар Яҳува дар ин ҳолатҳо ба онҳо кумак кунад, пас, моро ҳам намепартояд. Мо ҳамеша ба огоҳиҳои пирони маҳаллӣ гӯш медодем, чораҳои бехатариро нигоҳ медоштем ва дигарашро ба дасти Яҳува месупурдем.

Баъзе воқеаҳо танҳо аз назари аввал хатарнок метофтанд. Боре аз берун доду вой шунида шуд. Ман фикр кардам, ки ду зан ҷанҷол доранд. Ман ҷанҷоли онҳоро тамошо карданӣ набудам, лекин соҳибхона маро ба берун баровард. Маълум гашт, ки ин «ҷанҷол»-ро одамон нею ду тӯтие бардоштанд, ки ба ҳамсояҳо тақлид мекарданд.

ТАЪЙИНОТУ ДУШВОРИҲОИ НАВ

Соли 1997 маро муаллими Мактаб барои ходимони ҷамъомад b таъйин карданд. Ба ман дар мактабҳои ташкилотамон хондан маъқул буд, лекин ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки дар ин хел мактабҳо дарс мегӯям.

Баъдтар ба ман хизмати нозири минтақавиро супурданд. Вақте ин хизматам тамом шуд, боз нозири ноҳиявӣ шудам. Ҳамагӣ зиёда аз 30 сол аст, ки ман ҳамчун муаллими мактаби ташкилотамон ва нозир хизмат мекунам. Дар давоми ин таъйинотҳо ман бисёр баракатҳоро чашидам. Лекин боз душвориҳо ҳам буданд. Чӣ хел душвориҳо?

Ман одами қавиазму қатъӣ ҳастам ва ин хислатам барои паси сар кардани душвориҳо ёрдам медиҳад. Лекин гоҳ-гоҳ барои ислоҳи масъалаҳои ҷамоатҳо аз ҳад мегузарондам. Дар ёд дорам, боре аз баъзеҳо талаб мекардам, ки бо дигарон меҳрубону бомулоҳиза бошанд. Агар шумо аз як тараф ба ман нигоҳ мекардед, медидед, ки ҳамон вақт ба худам чунин хислатҳо намерасид (Рум. 7:21–23).

Аз сабаби камбудиҳоям баъзан хеле рӯҳафтода мешудам (Рум. 7:24). Боре ҳатто ба Яҳува гуфтам, ки беҳтараш хизмати миссионериямро монда, ба Финляндия баргардам. Ҳамон бегоҳ мо ҷамъомад доштем. Фикрҳое, ки ман дар он вохӯрӣ шунидам, маро дилпур сохт, ки бояд камбудиҳоямро яктарафа карда, хизматамро давом диҳам. Он рӯз ҷавоби аниқи Яҳуваро дида, дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Ман Яҳуваро ҳазорон бор шукр мегӯям, ки барои аз доми сустиҳоям баромадан бо муҳаббат дастамро гирифт.

БА ОЯНДА БО ДИЛИ ПУР МЕНИГАРАМ

Ману Сирка аз Яҳува аз замин то осмон миннатдорем, ки қисми зиёди ҳаётамонро дар хизмати пурравақт гузарондем. Ҳамчунин ба Яҳува сипоси бепоён, ки ба ман чунин ҳамсари меҳрубону вафодорро ҳадия кардааст, ки тамоми ин солҳо дар барам аст.

Ба наздикӣ ман ба 70 медароям ва хизмати муаллимӣ ва нозириям ба охир мерасад. Лекин ман зиқ нестам, зеро ба як чиз бовари комил дорам: барои Яҳува муҳим он аст, ки мо бо хоксорӣ ва аз таҳти дил ба ӯ хизмат кунем. Вақте ӯ мебинад, ки мо бо дили пур аз муҳаббату миннатдорӣ ӯро ҳамду сано мегӯем, хеле шод мешавад (Мико 6:8; Марқ. 12:32–34). Барои ситоиш кардани Яҳува шарт нест, ки ту дар ягон таъйинот бошӣ.

Ба гузашта назар карда, дарк мекунам, ки ман на барои он ин қадар таъйинот доштам, ки аз дигарон беҳтар будам ё ягон қобилияти намоён доштам. Не, Яҳува аз рӯйи лутфу марҳаматаш ба ман чунин таъйинотҳоро дод, ӯ ба сустиҳои ман нигоҳ накард. Агар Яҳува дастгири ман намешуд, ман ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи супоришҳоям намебаромадам. Ана барои ҳамин гуфтам, ки сустиҳои ман қувваи Худоро ошкор месозанд (2 Қӯр. 12:9).

a Саргузашти Раймо Куоканенро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми апрели соли 2006 бо номи «Пурра ба Яҳува хизмат карданиям» (рус.) хонда метавонед.

b Имрӯз онро Мактаби воизони хушхабар меноманд.