Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 15

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

Миннатдориятонро ба ташкилоти Яҳува зиёд кунед

Миннатдориятонро ба ташкилоти Яҳува зиёд кунед

«Онҳоеро, ки дар байни шумо роҳбариро ба уҳда доранд, яъне касонеро, ки каломи Худоро ба шумо расондаанд, дар хотир доред» (ИБР. 13:7).

МАҚСАД

Чӣ тавр миннатдориямонро ба ташкилоти Яҳува зиёд карда, онро нигоҳ дорем?

1. Чӣ тавр дар асри як халқи Худо аз рӯйи назму тартиб амал мекард?

 ЯҲУВА кадом таъйинотеро, ки ба халқаш намедод, мехост онро аз рӯйи назму тартиб ба ҷо оранд (1 Қӯр. 14:33). Масалан, хости ӯ чунин буд, ки хушхабар дар гӯшаю канори замин паҳн шавад (Мат. 24:14). Яҳува Исоро нозири ин кор таъйин намуд ва Исо ин супориши Яҳуваро аз рӯйи тартибу низом ташкил кард. Азбаски дар асри як ҷамоатҳо дар ҷойҳои гуногун буданд, пироне таъйин шуданд, ки ба масеҳиён дастурот ва роҳнамоӣ диҳанд (Кор. 14:23). Дар Ерусалим ҳайати роҳбарикунанда, ки аз расулон ва пирони ботаҷриба иборат буд, барои тамоми ҷамоатҳо баъзе қарорҳои муҳим мебаровард (Кор. 15:2; 16:4). Аҳли ҷамоатҳо бошанд, баъд аз гирифтани дастурот ба он итоат карда, мустаҳкам мешуданд ва «шумораи имондорон рӯз аз рӯз меафзуд» (Кор. 16:5).

2. Чӣ тавр Яҳува аз соли 1919 инҷониб бар халқаш роҳбарӣ карда, ба он ғизои рӯҳонӣ медиҳад?

2 Яҳува имрӯз низ созмоне дорад, ки ба воситаи он халқашро роҳнамоӣ мекунад. Аз соли 1919 инҷониб Исо гурӯҳи хурди мардонеро таъйин кардааст, ки кори мавъизаро роҳнамоӣ карда, пайравонашро бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин кунанд a (Луқ. 12:42). Маълум аст, ки Яҳува меҳнати онҳоро баракат медиҳад (Иш. 60:22; 65:13, 14).

3, 4. а) Аз рӯйи назму тартиб гузаштани хизматамон чӣ манфиат меорад? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Агар кори мо аз рӯйи назму тартиб намешуд, супориши Исоро нағз иҷро карда наметавонистем (Мат. 28:19, 20). Фарз кардем, агар маҳалли мо ба минтақаҳо ҷудо намешуд, ҳар кас дар куҷое мехост, мавъиза мекард. Дар баъзе ҷойҳо одамон хушхабарро гаштаю баргашта мешуниданд, дар дигар ҷойҳо бошад, аз хушхабар бенасиб мемонданд. Созмон ёфтани мо ва аз рӯйи як низому тартиб амал карданамон боз кадом баракатҳо меорад?

4 Коре, ки Исо дар рӯйи замин кард, гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ шогирдонашро имрӯз роҳнамоӣ мекунаду созмон медиҳад. Аз ин мақола мефаҳмем, ки Исо кадом намунаро гузошт ва ташкилоти мо чӣ тавр ба он пайравӣ мекунад. Ҳамчунин мебинем, ки чӣ тавр ба Яҳува барои ташкилоташ миннатдорӣ нишон дода метавонем.

ТАШКИЛОТИ МО БА НАМУНАИ ИСО ПАЙРАВӢ МЕКУНАД

5. Ташкилоти мо аз кадом ҷиҳат ба Исо пайравӣ мекунад? (Юҳанно 8:28).

5 Исо аз Падари осмонияш чӣ кор кардану чӣ гуфтанро омӯхтааст. Ташкилоти мо ба намунаи Исо пайравӣ карда, аз рӯйи Каломи Худо ба мо таълими ахлоқӣ ва дастурот медиҳад (Юҳанно 8:28-ро хонед; 2 Тим. 3:16, 17). Ба мо зуд-зуд ёдрас мекунанд, ки Каломи Худоро хонему ба кор барем. Ба ин дастурот гӯш додан чӣ фоида меорад?

6. Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас бовари моро ба ташкилоти Яҳува қавӣ месозад?

6 Вақте мо Китоби Муқаддасро бо ёрии адабиётамон меомӯзем, як ҷаҳон баҳра мегирем. Як фоидааш ин аст: мо метавонем таълимоти Каломи Худоро бо дастуроте, ки аз ташкилот мегирем, муқоиса кунем. Вақте мебинем, ки дастуроти гирифтаамон аз рӯйи Навиштаҳо аст, бовари мо ба ташкилоти Яҳува меафзояд (Рум. 12:2).

7. Исо кадом хабарро мерасонд ва чӣ тавр ташкилоти Яҳува ба ӯ пайравӣ мекунад?

7 Исо «хушхабари Подшоҳии Худоро» мавъиза мекард (Луқ. 4:43, 44). Ӯ ҳамчунин ба шогирдонаш амр дод, ки дар бораи ин Подшоҳӣ нақл кунанд (Луқ. 9:1, 2; 10:8, 9). Имрӯз ҳар касе, ки қисми ташкилоти Яҳува аст, дар куҷое зиндагӣ накунад ё чӣ вазифае надошта бошад, дар ин кори муҳим иштирок мекунад.

8. Кадом кори бузург ба мо супурда шудааст?

8 Мо сарбаландем, ки Яҳува ба мо чунин кори бузургро бовар кардааст. На ҳар кас соҳиби чунин шараф гаштааст. Масалан, вақте Исо дар замин буд, ӯ намонд, ки фариштаҳои бад дар бораи ӯ шаҳодат диҳанд (Луқ. 4:41). Имрӯз низ, агар ягон кас хоҳад бо халқи Яҳува хизмат кунад, бояд ба баъзе талабот мувофиқат кунад. Чӣ хел нишон диҳем, ки ин имконияти бебаҳоро қадр мекунем? Агар ҳар боре имконият пайдо шавад, мавъиза кунем. Вазифаи мо, мисли Исо тухмии Подшоҳиро ба дили одамон коридану об додан, мебошад (Мат. 13:3, 23; 1 Қӯр. 3:6).

9. Ташкилоти мо барои номи Худоро ба одамон шиносондан чӣ кор мекунад?

9 Исо номи Худоро ба одамон мешиносонд. Ӯ дар дуо ба Падараш чунин гуфт: «Ман номи туро ба онҳо шиносондам» (Юҳ. 17:26). Ташкилоти Яҳува низ ба Исо пайравӣ намуда бо бисёр роҳҳо номи Худоро ба дигарон ошно месозад. Масалан, созмони Яҳува «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро нашр кард, ки дар он номи Худо дар ҳама ҷойҳои даркорӣ барқарор шудааст. Ин тарҷума имрӯз қисман ё пурра ба 270 забон дастрас аст. Агар шумо ба Замимаи А4 ва А5 нигаред, мефаҳмед, ки чӣ тавр номи Худо барқарор шудааст. Дар Замимаи А5 ҳамчунин гуфта мешавад, ки чаро дар Навиштаҳои Юнонӣ номи Худо бояд 237 бор оварда шавад.

10. Шумо аз мисоли зане, ки аз Мянма аст, чӣ омӯхтед?

10 Мисли Исо, мо низ мехоҳем роҳи фаҳмидани номи Худоро ба одамони зиёд нишон диҳем. Вақте як зани 67-сола аз Мянма дар бораи номи Худо фаҳмид, гиря карда чунин гуфт: «Ман дар умри сарам аввалин бор фаҳмидам, ки номи Худо Яҳува будааст... Шумо намедонед, ки ба ман чӣ қадар чизи муҳимро гуфтед». Ин воқеа нишон медиҳад, ки фаҳмидани номи Худо ба дили одамони самимӣ таъсири сахт мерасонад.

ТАШКИЛОТРО МИНБАЪД НИЗ ҚАДР КУНЕД

11. Чӣ тавр пирон нишон медиҳанд, ки ташкилоти Яҳуваро қадр мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Пирон бо кадом роҳҳо нишон дода метавонанд, ки ташкилоти Худоро қадр мекунанд? Масалан, вақте онҳо дастурот мегиранд, онро бояд бодиққат хонанд ва сипас нуқта ба нуқта ба кор баранд. Масалан, онҳо ғайр аз чӣ тавр гузарондани қисмҳои ҷамъомаду дуо гуфтан дар бораи нигаҳбонӣ кардани рамаи Масеҳ низ дастурот мегиранд. Вақте пирон аз рӯйи дастуроти ташкилот амал мекунанд, баррачаҳои Масеҳ худро дар оғӯши Яҳува ҳис мекунанд.

Пирон ба мо кумак мекунанд, ки ба дастуроти ташкилоти Яҳува бо боварӣ нигоҳ кунем (Ба сархати 11 нигаред.) b


12. а) Чаро мо бояд ба касоне, ки роҳбариро ба уҳда доранд, итоаткор бошем? (Ибриён 13:7, 17). б) Чаро мо бояд ба хислатҳои хуби пирон диққат диҳем?

12 Вақте пирон ба мо ягон дастурот медиҳанд, мо бояд ба он бо ҷону дил гӯш диҳем. Ҳамин тавр мо кори онҳоро, ки роҳбариро ба уҳда доранд, осонтар мекунем. Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки ба чунин касон итоаткору фармонбардор бошем. (Ибриён 13:7, 17-ро хонед.) Лекин ин баъзан осон нест. Барои чӣ? Зеро онҳо шахсони нокомиланд. Агар мо доим ба камбудиҳои онҳо аҳамият диҳем, ҳамфикру ҳамдасти душманонамон мегардем. Чӣ хел? Онҳо ҳамеша ташкилоти Яҳуваро сиёҳ мекунанд, то дили одамон аз он хунук шавад. Пас, чӣ тавр душманонамонро шиносему дурӯғашонро рад кунем?

НАМОНЕД, КИ БОВАРАТОНРО БА ТАШКИЛОТ СУСТ КУНАНД

13. Чӣ тавр душманон ташкилоти Худоро сиёҳ карданӣ мешаванд?

13 Душманони Худо дар ҳаққи ташкилот туҳмати ноҳақ мезананд. Барои мисол, мо аз Навиштаҳо медонем, ки Яҳува аз парастандагонаш талаб мекунад, ки ҷисман, ахлоқан ва рӯҳан пок бошанд. Яҳува мегӯяд, ки, агар касе роҳи нопокро якравона ихтиёр кунад, аз ҷамоат хориҷ карда шавад (1 Қӯр. 5:11–13; 6:9, 10). Мо мехоҳем ба ин амр итоат кунем. Лекин душманон моро айбдор карда, мегӯянд, ки мо аз ҳад сахтгирем, диламон ба одамон намесӯзад ва дигаронро ҳукм мекунем.

14. Сарчашмаи овозаҳои дурӯғ дар бораи ташкилотамон кӣ мебошад?

14 Душманатонро шиносед. Сарчашмаи ҳамаи дурӯғҳо, Шайтон Иблис, мебошад. Ӯ «падари дурӯғ» номида шудааст (Юҳ. 8:44; 1 Мӯсо 3:1–5). Барои ҳамин вай ба воситаи пайравонаш гапҳои дурӯғро дар бораи ташкилоти Яҳува овозаю дарвоза мекунад. Инро дар асри як баръало дидан мумкин буд.

15. Чӣ тавр роҳбарони дин Исо ва шогирдонашро бадном мекарданд?

15 Дар асри як Шайтон ба воситаи пайравонаш дурӯғро ҳамел мекард. Роҳбарони дин ба одамон мегуфтанд, ки Исо «девҳоро бо ёрии ҳокими девҳо берун мекунад» (Марқ. 3:22). Вақте Исоро доварӣ мекарданд, роҳбарони дин ӯро дар кофирӣ айбдор карда, тӯдаи мардумро шӯр меандохтанд, ки куштани Исоро талаб кунанд (Мат. 27:20). Баъдтар бошад, вақте пайравони Масеҳ хушхабарро мавъиза мекарданд, душманон «ғайрияҳудиёнро аз роҳ зада, бар зидди бародарон шӯр андохтанд», то масеҳиёнро ҷазо диҳанд (Кор. 14:2, 19). Дар бораи ояти Корнома 14:2 дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми декабри соли 1998 (рус.) гуфта мешавад: «Яҳудиёне, ки бар зидди пайравони Исо буданд, бо рад кардани хушхабар ором нагирифта, бар зидди масеҳиён тундбоди туҳматро сар доданд ва бар зидди онҳо ғайрияҳудиёнро алов монданд».

16. Агар дар бораи ташкилот овозаҳои дурӯғро шунавем, чиро бояд дар ёд дорем?

16 Шайтон то ҳол дурӯғгӯйиашро бас накардааст. Ӯ «тамоми дунёро гумроҳ мекунад» (Ошкор. 12:9). Агар шумо дар ҳаққи ташкилот ё бародароне, ки роҳбариро бар дӯш доранд, гапҳои манфӣ шунавед, муносибати душманони Худоро ба Исо ва масеҳиёни асри як ба ёд оред. Чи хеле дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, имрӯз халқи Худоро озор дода, туҳмат мекунанд (Мат. 5:11, 12). Агар мо душмани худро шиносему дарҳол ақлу диламонро ҳимоя кунем, суханони дурӯғ моро ҳеҷ гоҳ гумроҳ намесозанд. Барои ҳимояи худ чӣ хел амал кунем?

17. Чӣ тавр қурбони қиссаву овозаҳои дурӯғ нагардем? (2 Тимотиюс 1:13). (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Ба овозаҳои дурӯғ чӣ хел муносибат кунем?» нигаред.)

17 Қиссаву овозаҳои дурӯғро рад кунед. Агар шумо бо овозаҳои дурӯғ рӯ ба рӯ шавед, мувофиқи маслиҳати рӯйирости Павлуси расул амал кунед. Ӯ ба Тимотиюс гуфта буд, ки ба баъзе касон амр диҳад, то «ба қиссаҳои куфромез» на диққат диҳанду на гӯш андозанд (1 Тим. 1:3, 4; 4:7). Кӯдак, шояд, ягон чизи чиркинро аз замин гирифта ба даҳонаш андозад, лекин одами баркамол ҳеҷ гоҳ чунин намекунад, чунки медонад, ки он зарар меорад. Ба ҳамин монанд, мо ҳар гуна дурӯғро рад мекунем, зеро сарчашмаи ифлосашро медонем. Ҳақиқатҳои солиму фоиданокро бошад, нигоҳ медорем. (2 Тимотиюс 1:13-ро хонед.)

18. Чӣ хел нишон диҳем, ки ташкилоти Яҳуваро қадр мекунем?

18 Мо танҳо се роҳеро дидем, ки чӣ тавр ташкилоти Худо ба Исо пайравӣ мекунад. Ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас шумо метавонед дигар роҳҳои ба намунаи Исо пайравӣ кардани ташкилотро дида бароед. Ҳисси миннатдории бародару хоҳарони ҷамоататонро ба ташкилоти Яҳува зиёд кунед. Аз ин пас низ ба Яҳува содиқона хизмат намуда, ҳамқадами ташкилоти ӯ шавед. Ҳамин тавр шумо қадрдониятонро нишон медиҳед (Заб. 37:28). Дар миёни халқи пурмеҳру содиқи Худо буданро минбаъд низ қадр кунед.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Халқи Худо бо кадом роҳҳо ба Исо пайравӣ мекунад?

  • Мо чӣ тавр миннатдориямонро ба Яҳува барои ташкилоташ нишон медиҳем?

  • Агар мо қиссаву овозаҳои дурӯғро шунавем, бояд чӣ кор кунем?

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

a Ба чорчӯбаи «Чаро маҳз соли 1919?» аз китоби «Парастиши пок ниҳоят барқарор шуд», саҳ. 102 ва 103 (рус.) нигаред.

b ШАРҲИ РАСМ: Пирон дастуроти хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятиро муҳокима мекунанд ва баъд нозири гурӯҳ ба хоҳарон мефаҳмонад, ки ҳангоми хизмат бо аробачаи адабиётдор пушташонро ба девор карда истанд.