Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Чаро баъзе ҷанговарони Довуд ғайрияҳудӣ буданд?

ЛАШКАРИ Довуд танҳо аз исроилиён иборат набуд. Дар байни онҳо одамони бегона низ буданд, ба монанди Солақи аммӯнӣ, Уриёи ҳиттӣ ва Итмои мӯобӣ a (1 Воқ. 11:39, 41, 46). Ғайр аз ин, «каритиёну фалитиён ва... ҷаттиён» ба ӯ хизмат мекарданд (2 Подш. 15:18). Аз афташ, каритиёну фалитиён хешу табори наздики фалиштиён буданд (Ҳиз. 25:16). Ҷаттиён бошанд, сокинони шаҳри фалиштии Ҷат буданд (Юшаъ 13:2, 3; 1 Подш. 6:17, 18).

Чаро Довуд одамони бегонаро ба сафи лашкараш даровард? Ӯ дилпур буд, ки онҳо ба ӯ ва, муҳимаш ба Яҳува, содиқанд. Масалан, дар як маълумотнома дар бораи каритиёну фалитиён гуфта мешавад: «Онҳо дар айёми тангтарини ҳукмронии Довуд содиқона ӯро дастгирӣ карданд» («The New Interpreter’s Dictionary of the Bible»). Гап дар бораи чӣ меравад? Вақте «ҳамаи мардони Исроил аз Довуд ҷудо шуда», Сабои исёнкорро пайравӣ карданд, каритиён ва фалитиён барои хобондани шӯриш Довудро ҳамроҳӣ карданд (2 Подш. 20:1, 2, 7). Баъдтар, вақте писари Довуд Адӯниё тахти падарашро аз худ карданӣ буд, бо дастгирии каритиёну фалитиёни вафодор подшоҳи хушкардаи Яҳува — Сулаймон, бар тахт нишаст (3 Подш. 1:24–27, 38, 39).

Боз як сарбози бегонае, ки пурра Довудро дастгирӣ кард, Иттойи ҷаттӣ буд. Вақте Абшолӯм шӯриш бардошта, мардуми Исроилро бо шоҳ Довуд чап кард, Иттой бо 600 сарбозаш Довудро тарафдорӣ кард. Азбаски Иттой ғариб буд, Довуд гуфт, ки ҳимоя кардани подшоҳ вазифаи ӯ нест. Лекин ӯ гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти хоҷаам подшоҳ қасам ки, ҳар ҷое, ки хоҷаам подшоҳ бошад, бандаат низ, хоҳ зиндаю хоҳ мурда, дар ҳамон ҷо хоҳад буд» (2 Подш. 15:6, 18–21).

Иттой ба шоҳи тадҳиншудаи Яҳува, Довуд, вафодор буд

Ҳарчанд каритиён, фалитиён ва ҷаттиён исроилӣ набуданд, онҳо тан гирифтанд, ки Яҳува Худои ҳақиқист, Довуд бошад, тадҳиншудаи ӯст. Эҳтимол, Довуд ин мардони содиқро дида, сараш ба осмон расид.

a Мувофиқи як қонуни Шариати Худо, ки дар 5 Мӯсо 23:3–6 омадааст, аммӯниён ва мӯобиён ба ҷамоати Яҳува дохил шуда наметавонистанд. Шояд, ин маънои онро дошт, ки онҳо узви комилҳуқуқи халқи Худо шуда наметавонистанд, лекин онҳо аз ҳамсоягӣ ва муоширати исроилиён баҳра бурда метавонистанд. (Ба «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (рус.) қисми 1, саҳ. 80 нигаред.)