Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 19

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

Мо дар бораи довариҳои ояндаи Яҳува чиро медонем?

Мо дар бораи довариҳои ояндаи Яҳува чиро медонем?

«Яҳува... нобуд шудани касеро намехоҳад» (2 ПЕТ. 3:9).

МАҚСАД

Ин мақола моро дилпур месозад, ки довариҳои Яҳува дурусту одилонаанд.

1. Чаро гуфтан мумкин аст, ки мо дар замонҳои ҳаяҷонбахш зиндагӣ дорем?

 МО ДАР замонҳои ҳаяҷонбахш зиндагӣ дорем! Мо ҳар рӯз бо чашмони сарамон мебинем, ки чӣ хел пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас иҷро мешаванд. Масалан, мо мебинем, ки чӣ тавр «подшоҳи шимол» ва «подшоҳи ҷануб» барои фармонравои ҷаҳон будан бо якдигар талош мекунанд (Дон. 11:40). Мо шоҳиди онем, ки чӣ хел хабари хуш дар миқёси бузургу гӯшношунид паҳн мешавад ва миллионҳо одамон ба он гӯш меандозанд (Иш. 60:22; Мат. 24:14). Ҳамчунин мо ғизои рӯҳониро «сари вақт» гирифта истодаем (Мат. 24:45–47).

2. Мо аз чӣ дилпурем, вале чиро бояд дарк кунем?

2 Яҳува ба чашми мо нури рӯҳонӣ мебахшад, то воқеаҳои ояндаро равшантар бинем (Пнм. 4:18; Дон. 2:28). Мо дилпурем, ки то сар шудани азоби азим Яҳува ба мо тамоми маълумоти лозимаро медиҳад, то содиқона ба душвориҳо тоб орему аз нашъунамо бознамонем. Аммо мо бояд тан гирем, ки баъзе чизҳоро дар бораи ояндаи наздик намедонем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чаро баъзе назару ақидаҳоямонро дар бораи ин воқеаҳо бозбинӣ кардем. Сипас мо мефаҳмем, ки дар бораи оянда ва чӣ хел амал кардани Падари осмониямон мо чиро медонем.

МО ЧИРО НАМЕДОНЕМ?

3. Пеш мо дар бораи замони азоби азим чӣ мегуфтем ва сабаби чунин хулосабарориямон дар чӣ буд?

3 Дар гузашта мо фикр мекардем, ки, вақте азоби азим сар шавад, ҳеҷ касе, ки ҳанӯз имон наовардааст, наметавонад ба Яҳува рӯ ораду аз Ҳармаҷиддӯн зинда гузарад. Сабаби чунин хулосабарориямон дар чӣ буд? Мо гумон мекардем, ки Тӯфон тимсоли воқеаҳои оянда аст, яъне мо ҷонибҳои гуногуни замони Тӯфонро бо ҷонибҳои гуногуни азоби азим муқоиса мекардем. Масалан, мо мегуфтем, ки, чи тавре ки Яҳува пеш аз сар задани Тӯфон дари киштиро маҳкам кард, ҳамон тавр ҳам ӯ вақти сар задани азоби азим дари имконро барои одамон мепӯшаду дигар касе наҷот ёфта наметавонад (Мат. 24:37–39).

4. Оё мо замони Тӯфонро тимсоли воқеаҳои оянда мешуморем? Фаҳмонед.

4 Оё Тӯфон тимсоли воқеаҳои оянда буд? Оё рӯйдодҳои оянда як ба як мисли замони Тӯфон ба амал меоянд? Не. Чаро чунин фикр дорем? Чунки дар Китоби Муқаддас ин фикрро намебинем a. Исо дар ҳақиқат «рӯзҳои пайғамбар Нӯҳ»-ро бо рӯзҳои ҳузураш муқоиса кард. Вале ӯ нагуфт, ки ҳар як шахс ва воқеа аз замони Нӯҳ ба ҳар як шахсу воқеаи оянда монанд мешаванд. Ӯ ҳамчунин нагуфт, ки пӯшида шудани дари киштӣ ба ягон рӯйдоди замони оянда ишора мекунад. Вале, ҳамзамон мо воқеаи Тӯфон ва саргузашти Нӯҳро омӯхта, дарсҳои бисёре гирифта метавонем.

5. а) Нӯҳ пеш аз Тӯфон чӣ кор кард? (Ибриён 11:7; 1 Петрус 3:20). б) Аз нигоҳи мавъиза замони мо ба замони Нӯҳ чӣ монандӣ дорад?

5 Вақте Нӯҳ огоҳии Яҳуваро шунид, ӯ аз пайи сохтани киштӣ шуд ва бо ин имонашро нишон дод. (Ибриён 11:7; 1 Петрус 3:20-ро хонед.) Имрӯз ҳам ҳар кӣ хабари Подшоҳиро мешунавад, бояд мувофиқи шунидааш амал кунад (Кор. 3:17–20). Нӯҳ дар Китоби Муқаддас «паёмбари ростӣ» номида шудааст (2 Пет. 2:5). Вале, чуноне ки дар мақолаи гузашта гуфтем, Китоби Муқаддас намегӯяд, ки Нӯҳ маъракаи оламгири мавъизаро раҳбарӣ мекард ва ба ҳама одамон пеш аз сар задани Тӯфон шаҳодат дода буд. Мо бошем, имрӯз дар чунин маърака иштирок дорем ва мекӯшем дар он саҳми арзандае гузорем. Аммо, бо вуҷуди тамоми кӯшишҳоямон, мо пеш аз анҷом наметавонем хушхабарро ба ҳар як сокини замин расонем. Барои чӣ?

6, 7. Чаро гуфта метавонем, ки то фарорасии анҷом мо барои хушхабарро ба ҳар як нафар расондан фурсат намеёбем? Фаҳмонед.

6 Биёед бинем, ки Исо дар бораи миқёси хушхабаррасонӣ чӣ гуфт. Ӯ пешгӯйӣ кард, ки хабари хуш «дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд» (Мат. 24:14). Имрӯз ин пешгӯйӣ дар миқёси аз пештара бузургтар иҷро шуда истодааст. Хабари Подшоҳӣ ба беш аз 1000 забон нашр шуда, ба воситаи сомонаи jw.org дастрас мегардад. Аксари аҳолии рӯйи замин бо он шинос шуда метавонад.

7 Вале Исо ҳамчунин ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо ҳанӯз дар «тамоми шаҳрҳо» шаҳодат надода, ӯ меояд, яъне шогирдонаш барои ба ҳар як нафар хушхабарро расондан фурсат намеёбанд (Мат. 10:23; 25:31–33). Ин сухан дар рӯзҳои мо низ дуруст аст. Миллионҳо одамон дар маҳаллҳое зиндагӣ доранд, ки фаъолияти хабаррасонии мо шадидан маҳдуд карда шудааст. Илова бар ин, ҳар дақиқа кӯдакон таваллуд мешаванд. Мо барои расондани хушхабар ба одамони «ҳар миллат, қабила, забон» қувватамонро дареғ намедорем (Ошкор. 14:6). Вале ҳақиқати ҳол ин аст, ки пеш аз фарорасии анҷом мо ба ҳама хушхабарро расонда наметавонем.

8. Дар хусуси довариҳои ояндаи Яҳува кадом савол ба миён меояд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

8 Пас, саволе ба миён меояд: бо касоне, ки пеш аз сар задани азоби азим хушхабарро нашуниданд, чӣ мешавад? Яҳува ва Писараш, ки доварӣ ба вай бовар карда шудааст, бо онҳо чӣ тавр рафтор мекунанд? (Юҳ. 5:19, 22, 27; Кор. 17:31). Дар ояти асосии ин мақола гуфта мешавад, ки Яҳува «нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Пет. 3:9; 1 Тим. 2:4). Гузашта аз ин мо бояд тан гирем, ки Яҳува ҳанӯз ҷавоби ин саволро ба мо ошкор накардааст. Албатта, мо медонем, ки Яҳува уҳдадор нест, ки чизеро дар бораи нияташ ба мо ошкор кунад.

Яҳува бо касоне, ки пеш аз сар задани азоби азим хушхабарро нашуниданд, чӣ тавр рафтор мекунад? (Ба сархати 8 нигаред.) c


9. Яҳува ба мо дар Каломаш чиро ошкор намудааст?

9 Дар Каломаш Яҳува баъзе корҳоеро ошкор кардааст, ки ӯ дар оянда карданӣ аст. Масалан, дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дар оянда «бадкорон»-е зинда мегарданд, ки имкони шунидани хушхабар ва дигар кардани роҳу рафторашонро надоштанд (Кор. 24:15; Луқ. 23:42, 43). Донистани ин саволҳои дигареро ба вуҷуд меорад.

10. Боз кадом саволҳо пайдо мешаванд?

10 Оё ҳамаи онҳое, ки ҳангоми азоби азим мемиранд, ба таври абадӣ ва бе умеди зиндашавӣ нобуд мегарданд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки касоне, ки бар зидди Яҳува ва сипоҳи ӯ рӯйирост муқобилат кунанд, дар Ҳармаҷиддӯн нобуд мегарданду дигар зинда намешаванд (2 Тас. 1:6–10). Вале дар бораи дигарон чӣ гуфтан мумкин аст, масалан, дар бораи касоне, ки бо марги табиии худ мемиранд ё касоне, ки аз ягон офату садама, ё аз дасти дигар одамон нобуд мешаванд? (Пандгӯ 9:11; Зак. 14:13). Оё ин одамон дар қатори дигар «бадкорон» дар дунёи нав зинда мешаванд? Мо инро намедонем.

МО ЧИРО МЕДОНЕМ?

11. Дар Ҳармаҷиддӯн одамон аз рӯйи чӣ доварӣ карда мешаванд?

11 Мо дар бораи воқеаҳои оянда якчанд чизро медонем. Масалан, мо медонем, ки дар Ҳармаҷиддӯн одамон дар асоси он доварӣ карда мешаванд, ки бо бародарони Масеҳ чӣ тавр муносибат карданд (Мат. 25:40). Касоне, ки Масеҳ ва тадҳиншудагонро дастгирӣ мекунанд, чун гӯсфандон доварӣ мешаванд. Мо ҳамчунин медонем, ки баъзе аз бародарони Масеҳ баъд аз сар шудани азоби азим ҳам дар замин мешаванд ва каме пеш аз сар задани Ҳармаҷиддӯн ба осмон мераванд. То даме бародарони Масеҳ дар заминанд, одамони софдил фурсат доранд онҳоро тарафдорӣ кунанд ва фаъолияташонро дастгирӣ кунанд (Мат. 25:31, 32; Ошкор. 12:17). Ин далелҳо чӣ аҳамият доранд?

12, 13. Баъд аз нестшавии «Бобили Бузург», шояд, баъзеҳо чӣ хел рафтор кунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Аз эҳтимол дур нест, ки баъд аз сар задани азоби азим баъзеҳо нест шудани «Бобили бузург»-ро дида ба ёд оранд, ки Шоҳидони Яҳува дар ин бора пешгӯйӣ карда буданд. Оё чунин шуданаш мумкин аст, ки онҳо ин воқеаро дида дилашон сӯйи ростӣ моил шавад? (Ошкор. 17:5; Ҳиз. 33:33).

13 Воқеаи ба ин монанд дар Мисри қадим дар замонҳои Мӯсо рӯй дода буд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки, вақти аз Миср баромадан исроилиёнро «мардуми зиёде аз халқҳои гуногун» ҳамроҳӣ карданд. Баъзе аз онҳо, шояд, ҳамон вақт имон оварданд, ки иҷро шудани огоҳиҳои Мӯсоро дида шоҳиди даҳ бало гаштанд (2 Мӯсо 12:38). Агар чунин воқеа баъд аз нест шудани Бобили бузург рӯй диҳад, оё мо зиқ мешавем, ки баъзе одамон каме пеш аз анҷом ба мо ҳамроҳ шуданд? Албатта, не! Мо мехоҳем аз Падари осмониямон ибрат гирем, зеро ӯ «Худои меҳрубону дилсӯз, пурсабр ва пур аз меҳру вафову ростӣ» мебошад b (2 Мӯсо 34:6).

Бисёриҳо нест шудани «Бобили бузург»-ро дида ба ёд меоранд, ки Шоҳидони Яҳува дар ин бора гуфта буданд (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.) d


14, 15. Ҳаёти абадиро соҳиб шудани одам ба чӣ вобаста асту ба чӣ не? Фаҳмонед. (Забур 33:4, 5).

14 Баъзан бародар ё хоҳаре дар бораи ягон хешаш мегӯяд: «Агар ӯ пеш аз азоби азим мурад, беҳтар аст, чунки барои зинда шуданаш умеде боқӣ мемонад». Албатта, онҳо ин суханонро бо нияти нек мегӯянд. Аммо ояндаи абадии одам ба он вобаста нест, ки ӯ кай мемурад. Яҳува Довари комил аст — қарорҳои ӯ ҳама вақт одилонаву дурустанд. (Забур 33:4, 5-ро хонед.) Мо дилпурем, ки «Довари тамоми замин» дуруст амал мекунад (1 Мӯсо 18:25).

15 Ҳамчунин аз рӯйи мантиқ аст, ки ояндаи абадии инсон ба он вобаста нест, ки ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад. Миллионҳо одамон дар мамлакатҳое зиндагӣ доранд, ки имкони шунидани хабари Подшоҳиро надоранд. Мо ҳаргиз бовар надорем, ки Яҳува ҳамаи ин одамонро бечуну чаро «буз» дониста, онҳоро ба марг маҳкум мекунад (Мат. 25:46). Довари додраси тамоми замин ҳазорон бор аз мо дилсӯзтар асту ғами чунин одамонро мехӯрад. Мо намедонем, ки Яҳува ҳангоми азоби азим вазъиятро чӣ хел роҳбарӣ мекунад. Шояд, барои баъзе аз ин одамон дари имкон боз шаваду онҳо дар бораи Яҳува фаҳманд, ба ӯ имон оранд ва, вақте ӯ пеши тамоми халқҳо худашро муқаддас мегардонад, ӯро тарафдорӣ кунанд (Ҳиз. 38:16).

Аз эҳтимол дур нест, ки баъд аз сар задани азоби азим баъзеҳо нест шудани «Бобили бузург»-ро дида... дилашон сӯйи ростӣ моил шавад

16. Мо дар бораи Яҳува чиро фаҳмидем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Китоби Муқаддасро омӯхта, ҳамаи мо дидем, ки Яҳува чӣ қадар ҳаёти инсонро қадр мекунад. Ӯ ҷони Писарашро чун товон дод, то ҳар яки мо ояндаи абадӣ дошта тавонем (Юҳ. 3:16). Ҳамаи мо меҳру навозиши Яҳуваро эҳсос кардаем (Иш. 49:15). Ӯ номи якояки моро медонад. Ӯ ҳар як зарраи тану ҷонамонро чунон хуб медонад, ки, агар бимирем, метавонад баданамон, вуҷудамон ва ҳар як хотираамонро ба таври дақиқ бозсозӣ кунад (Мат. 10:29–31). Мо сад фоиз дилпурем, ки Падари осмониямон ҳар як инсонро ба таври комил ва бекаму кост доварӣ мекунад, чунки ӯ Худои росткор, дилсӯз ва меҳрубон аст (Яъқ. 2:13).

Мо дилпурем, ки Яҳува ҳар як инсонро ба таври комил ва бекаму кост доварӣ мекунад (Ба сархати 16 нигаред.)


17. Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

17 Фаҳмиши нави ин таълимот кори хабаррасониро фавритар мегардонад. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Ба кадом сабаб мо ҳар як фурсатро ғанимат дониста хушхабарро мерасонем? Ба ин саволҳо аз мақолаи навбатӣ батафсил ҷавоб меёбем.

СУРУДИ 153 Ту чӣ ҳис мекунӣ?

a Барои фаҳмидани он ки чаро мо бисёр воқеаҳои Китоби Муқаддасро тимсоли чизҳои оянда намешуморем, ба мақолаи «Хоҳиши неки Ту чунин буд» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми марти соли 2015, саҳ. 7–11 нигаред.

b Баъд аз нест шудани Бобили Бузург тамоми халқи Яҳува ҳангоми ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Маҷуҷ санҷида мешаванд. Ҳама касоне, ки баъд аз нест шудани Бобили Бузург ба халқи Худо ҳамроҳ мешаванд, ҳамчунин озмуда мешаванд.

c ШАРҲИ РАСМ: Дар ин се расм мебинем, ки чаро эҳтимол аст, ки баъзеҳо хушхабарро намешунаванд: 1) зане дар мамлакате зиндагӣ дорад, ки ба сабаби дини паҳншудаи он ҷо хабаррасонӣ хатарнок аст, 2) зану шавҳаре дар мамлакате зиндагӣ доранд, ки ба сабаби низоми сиёсияш дар он ҷо хушхабарро расондан ғайриқонунӣ ва хавфнок аст, 3) марде дар ҷойи хеле дурдаст зиндагӣ мекунад, ки барои воизон дастнорас аст.

d ШАРҲИ РАСМ: Ҷавондухтаре, ки роҳи ростиро тарк намуда буд, ба ёд меорад, ки дар бораи нестшавии «Бобили бузург» чиро омӯхта буд. Ӯ фикрашро дигар карда, сӯйи волидони имондораш бармегардад. Агар ин тавр шавад, мо низ мехоҳем ба раҳмдиливу меҳрубонии Падари осмониямон пайравӣ карда, аз баргаштани шахси тавбакарда хурсанд шавем.