Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 26

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

Яҳува кӯҳпораи мост

Яҳува кӯҳпораи мост

«Кӯҳпорае мисли Худои мо нест» (1 ПОДШ. 2:2).

МАҚСАД

Аз ин мақола мефаҳмем, ки чаро Яҳува кӯҳпора номида шудааст ва мо аз ин чӣ дарси ибрат мегирем.

1. Дар Забур 18:46 Довуд Яҳуваро ба чӣ монанд кард?

 МО ДАР дунёе зиндагӣ дорем, ки душвориҳои ногаҳонӣ бар сарамон омада, зиндагиямонро чаппаву роста карда метавонанд. Мо хеле шодем, ки дар чунин ҳолатҳо аз Яҳува Худо ёрӣ ҷуста метавонем. Мақолаи гузашта ба мо ёдрас кард, ки «Яҳува Худои зинда аст» ва барои мадади мо ҳамеша тайёр аст. Ҳар боре кумаки Яҳуваро мебинем, имонамон зиёд мешавад. (Забур 18:46-ро хонед.) Дарҳол баъд аз ба забон овардани ин суханон Довуд Яҳуваро кӯҳпора номид. Барои чӣ ӯ Яҳуваро, ки Худои зинда аст, ба кӯҳпора, ба санги беҷон, монанд кард?

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Дар ин мақола мо мебинем, ки чаро Яҳува кӯҳпора номида шудааст ва ин муқоиса дар бораи ӯ чиро ошкор месозад. Мо ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр ба Яҳува чун ба кӯҳпораи худ назар кунем. Ниҳоят, мо дида мебароем, ки аз кадом ҷиҳат мо ҳам ба кӯҳпора монанд шуда метавонем.

ЧАРО ЯҲУВА КӮҲПОРА АСТ?

3. Дар Китоби Муқаддас калимаи «кӯҳпора» бисёр вақт ба кадом маъно меояд? (Ба расмнигаред.)

3 Китоби Муқаддас барои равшан гардондани баъзе сифатҳои Яҳува ӯро кӯҳпора номидааст. Ин муқоиса дар порчаҳое дида мешавад, ки Яҳуваро чун Худои бемисл васф мекунад. Аввалин бор дар Китоби Муқаддас Яҳува дар китоби 5 Мӯсо 32:4 «Кӯҳпора» номида мешавад. Ҳанно ҳам дар дуояш мегӯяд, ки «кӯҳпорае мисли Худои мо нест» (1 Подш. 2:2). Ҳабаққуқ Яҳуваро «Кӯҳпораи ман» номид (Ҳаб. 1:12). Ҳатто Яҳува худашро кӯҳпора гуфтааст (Иш. 44:8). Биёед бинем, ки Яҳува аз кадом ҷиҳатҳо ба кӯҳпора монанд асту чӣ кор кунем, ки ӯ «Кӯҳпораи мо» шавад? (5 Мӯсо 32:31).

Яҳува барои халқаш мисли кӯҳпора аст (Ба сархати 3 нигаред.)


4. Яҳува ба кадом маъно паноҳгоҳ аст? (Забур 94:22).

4 Яҳува паноҳгоҳ аст. Ҳамон тавре ки одам аз тундбоди сахте дар кӯҳпора паноҳ ёфта метавонад, мо ҳам вақти тундбодҳои шадиди зиндагӣ аз Худоямон ҳимоя ҷуста метавонем. (Забур 94:22-ро хонед.) Яҳува моро аз зарари бардавом дар паноҳаш нигаҳ медорад. Худо як ваъдаи аҷоиби дигаре медиҳад: ӯ ба қарибӣ ҳар он чиро, ки ба мо хавфу хатар ё нооромӣ меорад, бартараф мекунад (Ҳиз. 34:25, 26).

5. Чӣ тавр Яҳува кӯҳпораву паноҳгоҳи мо буда метавонад?

5 Агар хоҳем, ки Яҳува кӯҳпораву паноҳгоҳи мо бошад, бояд чӣ кор кунем? Як роҳаш ба ӯ дуо гуфтан аст. Вақте мо дуо мегӯем, Яҳува осоиштагияшро медиҳад, ки он нигаҳбони ақлу дили мост (Флп. 4:6, 7). Биёед мисоли бародареро бо номи Артём бинем, ки барои ҳимояи имонаш ба зиндон андохта шуд. Ӯро гаштаву баргашта муфаттиши дағалрафторе пурсуҷӯ менамуд ва ӯро паст мезаду ба вай фишор меовард. Артём мегӯяд: «Ҳар боре ки муфаттиш маро назди худ даъват мекард, диламро ғам мегирифт. Ман ҳамеша ба Яҳува дуо мегуфтам ва аз ӯ дили осудаву хирад мепурсидам. Ҳилаву пурсуковҳои муфаттиш ба ман кора накард. Бо ёрии Яҳува ман эҳсос мекардам, ки гӯё пушти девори сангине истодаам».

6. Чӣ тавр доимо ба Яҳува бовару такя карда метавонем? (Ишаъё 26:3, 4).

6 Яҳува боваринок аст. Ҳамон тавре инсон ба кӯҳпораи устувору ноҷунбон беғам такя мезанад, мо ҳам ба Яҳува такя мекунем, зеро ӯ «Кӯҳпораи ҷовидонист». (Ишаъё 26:3, 4-ро хонед.) Худои ҳамешазиндаи мо барои шунидани дуоҳоямон, барои иҷро кардани ваъдаҳояш ва дастгирӣ намудани мо доимо ҳозиру нозир аст. Яҳува доим ба парастандагонаш вафо мекунад (2 Подш. 22:26). Ин як сабаби дигар аст, ки мо ба ӯ бовару такя кунем. Ӯ меҳнати моро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва моро ҳамеша баракат медиҳад (Ибр 6:10; 11:6).

7. Вақте мо пурра ба Яҳува такя мекунем, ин чӣ натиҷа меорад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Вақте мо пурра ба Яҳува такя мекунем, ӯро кӯҳпораи худ месозем. Мо бовар дорем, ки ҳатто дар замонҳои сахт ба Яҳува итоат карда, фоида мегирем (Иш. 48:17, 18). Вақте дастгирияшро ҳис мекунем, боварамон ба ӯ меафзояд ва барои озмоишҳои оянда, ки онҳоро танҳо бо ёрии Яҳува паси сар мекунем, тайёртар мешавем. Вақте дар чунин ҳолатҳо мебинем, ки ғайр аз Яҳува ёру ёвари дигаре надорем, дарк мекунем, ки ӯ чӣ қадар мададгори бовафост. Бародаре бо номи Владимир мегӯяд: «Вақти дар боздоштгоҳ гузаронидаам замони беҳтарин барои об додани дӯстиям бо Яҳува буд. Дар он ҷо ман ба Яҳува такяи бештар карданро ёд гирифтам, чунки тоқаву танҳо будаму вазъият аз ихтиёрам берун буд».

Ба Яҳува пурра такя карда ӯро Кӯҳпораи худ мегардонем (Ба сархати 7 нигаред.)


8. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Яҳува пойдору собиткор аст? б) Чаро мо хурсандем, ки Яҳува Кӯҳпораи мост? (Забур 62:6, 7).

8 Яҳува Худои пойдору собиткор аст. Мисли кӯҳпораи бузург Яҳува пойдору устувор аст. Зоти ӯ бетағйир аст ва нияти ӯ дигар намешавад (Мал. 3:6). Вақте дар боғи Адан исён сар зад, Худо аз нияташ нагашт. Павлуси расул дуруст гуфта буд, ки Худо «бар хилофи зоти худ рафтор карда наметавонад» (2 Тим. 2:13). Ин чӣ маъно дорад? Маънояш ин аст, ки чизе рӯй надиҳад ва дигарон чӣ коре накунанд, нияти Яҳува, сифатҳои ӯ ва меъёрҳояш дигар намешаванд. Дар замонҳои нотинҷ мо ба Худои пойдору суботкорамон назар дӯхта, бо дилпурӣ кумаку наҷоти ӯро интизор мешавем. (Забур 62:6, 7-ро хонед.)

9. Шумо аз саргузашти Татяна чӣ омӯхтед?

9 Вақте диққатамонро ба чӣ гуна Худо будани Яҳува медӯзем ва нияти ӯро дар хотир медорем, ӯро кӯҳпораи худ месозем. Агар чунин кунем, мо устувор мешавем ва дар озмоишҳо селоби ғам моро шуста намебарад (Заб. 16:8). Вақте хоҳарамон Татянаро барои имонаш ҳабси хонагӣ карданд, ӯ ба ҳаққонияти ин бовар ҳосил кард. «Ман тоқаю танҳо будам,— мегӯяд ӯ.— Рӯзҳои аввал бароям душвор буданд. Ман тез-тез зиқ мешудам». Вале, вақте ӯ дарк кард, ки озмоишаш бо нияти Яҳува чӣ алоқае дорад, дилаш қувват пайдо кард. Ӯ мегӯяд: «Вақте дарк намудам, ки аз барои вафодориям ба Яҳува ба чунин ҳолат афтодаам, дигар дар бораи худам фикр намекардам».

10. Чӣ кор кунем, ки Яҳуваро Кӯҳпораи худ созем?

10 Барои ба озмоишҳои оянда тайёр шудан мо бояд ба Яҳува такя карданро аз пештара бештар ёд гирем. Мо бояд дилпур бошем, ки ӯ барои вафодор монданамон ёрии лозима медиҳад. Чӣ тавр ба ин дилпурӣ пайдо кунем? Саргузашти ходимони пешини Худоро аз Китоби Муқаддас ва хизматгорони имрӯзаи Яҳуваро аз адабиётамон хонед. Дар бораи ин воқеаҳо хуб андеша ронед. Аз худ пурсед: «Чӣ тавр Яҳува барои дастгирии ин хизматгоронаш мисли кӯҳпора амал кардааст?» Бо ёрии чунин омӯзишу андешаронӣ шумо Яҳуваро Кӯҳпораи худ месозед.

АЗ КӮҲПОРАИ БУЗУРГ, ЯҲУВА, ИБРАТ ГИРЕД

11. Чаро мо мехоҳем аз Кӯҳпораамон Яҳува ибрат гирем? (Ба чорчӯбаи «Мақсад барои бародарони ҷавон» нигаред.)

11 Мо дида баромадем, ки аз кадом ҷиҳат Яҳува ба кӯҳпора монанд аст. Акнун бошад, мефаҳмем, ки чӣ хел аз ӯ ибрат гирем. Ҳар қадаре дар шахсияти мо сифатҳои кӯҳпора бештар дида шавад, ба ҷамоат ободиву рӯҳбаландии бештар меорем. Биёед мисоли Шимъӯнро ба ёд орем, ки Исо ба ӯ номи Кифоро гузошта буд (ба забони юнонӣ Петрус), ки маънояш «кӯҳпора» мебошад (Юҳ. 1:42). Чунин ном гирифтанаш нишонаи он буд, ки ӯ такягоҳу сутуни ҷамоат мешавад. Пирони ҷамоат «сояи кӯҳпораи азим» номида шудаанд, чунки пуштибону ҳимоягари аҳли ҷамоатанд (Иш. 32:2). Албатта, вақте ҳар як нафар аз Яҳува кӯҳпора буданро ёд мегирад, тамоми ҷамоат ободу шукуфон мешавад (Эфс. 5:1).

12. Дар кадом мавридҳо мо барои ҳамимонон паноҳгоҳ буда метавонем? Фаҳмонед.

12 Паноҳгоҳи дигарон бошед. Баъзан мо метавонем ба бародару хоҳаронамон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ, ошӯбу нооромиҳо ва ҷангҳо паноҳгоҳи аслӣ пешкаш кунем. Вазъият дар ин «рӯзҳои охир» рӯз ба рӯз бадтару бадтар мешавад. Аз ин рӯ барои ба якдигар дасти ёрӣ дароз кардан фурсати бештар пайдо мешавад. Боз мо метавонем бародару хоҳаронамонро тасаллӣ диҳему онҳоро рӯҳан қавӣ гардонем (2 Тим. 3:1). Масалан, мо метавонем бо бародару хоҳарон дар Ибодатгоҳ меҳрубон бошем, то дар ҷамоат дӯстию муҳаббат ҳукмфармо бошад. Мо дар дунёи бераҳму сард ва пур аз ташвиш зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, вақте бародару хоҳаронамон ба вохӯриҳо меоянд, биёед бо муҳаббату таваҷҷуҳ ба онҳо оромиву тароват бахшем.

13. Чӣ тавр пирон барои аҳли ҷамоат паноҳгоҳ буда метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Пирон паноҳгоҳи касоне шуда метавонанд, ки тундбодҳои аслӣ ё маҷозиро аз сар гузаронданд. Вақте офатҳои табиӣ рӯй медиҳанд ё касе ба бемории ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад, пирон барои ёрӣ расондан чора меандешанд. Онҳо ҳамчунин барои кумаки рӯҳонӣ расондан омодаанд. Вақте пири ҷамоат меҳрубон, дилсӯз ва дардшунав аст, бародару хоҳарон ба осонӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд. Бародару хоҳарон муҳаббати чунин пирро ҳис мекунанду ба осонӣ маслиҳатеро, ки ӯ аз рӯйи Калом медиҳад, ба кор мебаранд (1 Тас. 2:7, 8, 11).

Ҳангоми тундбодҳои аслӣ ё маҷозӣ пирон барои ҳамимонон паноҳгоҳ буда метавонанд (Ба сархати 13 нигаред.) a


14. Чӣ тавр мо боваринок буданамонро нишон дода метавонем?

14 Боваринок бошед. Мо мехоҳем, ки одамон дар лаҳзаҳои душвори зиндагияшон ба мо такя карда тавонанд (Пнм. 17:17). Чӣ кор кунем, ки ҳамчун одами бовариноку масъулиятшинос ном барорем? Мо бояд сифатҳои ба Худо писандро доимо зоҳир намоем, масалан, дар гапамон истем, корҳоро сари вақт анҷом диҳем ва кӯшиш кунем дер накунем (Мат. 5:37). Ҳамчунин мо бояд ёрдамамонро дар вақти зарурӣ дареғ надорему супоришҳоямонро аз рӯйи дастуроте, ки гирифтаем, ба ҷо орем.

15. Чӣ тавр пирони бовариноку масъулиятшинос ба ҷамоат фоидаи калон мерасонанд?

15 Пирони бовариноку масъулиятшинос ба ҷамоат фоидаи калон мерасонанд. Чӣ тавр? Вақте воизон ба осонӣ бо пирон тамос гирифта метавонанд, онҳо ғамхору дастгир будани пиронро эҳсос мекунанд. Вақте воизон мебинанд, ки пирон барои кумаки онҳо тайёранд, дарк мекунанд, ки ин бародарон ғами онҳоро мехӯранд. Вақте пирон ба ақидаи шахсияшон такя накарда, аз рӯйи Китоби Муқаддас ва адабиётамон маслиҳат медиҳанд, бовари бародару хоҳарон ба онҳо зиёд мешавад. Ҳамчунин вақте пири ҷамоат масъалаҳои махфиро пӯшида медорад ва ба ваъдаҳояш вафо мекунад, ихлоси ҳамимонон ба ӯ зиёд мешавад.

16. Вақте дар роҳи Яҳува устуворем, ин ба худамону дигарон чӣ гуна таъсир мерасонад?

16 Устувор бошед. Агар мо ростиро дудаста дорему дар асоси Китоби Муқаддас қарор қабул кунем, ба дигарон таъсири хуб мерасонем. Имону дониши дақиқамон зиёдтар шудан гирад, мо дар роҳи ростӣ устувортар мегардем. Он гоҳ мо дудила, ҳардамхаёл ва ноустувор намешавем, боди таълимоти дурӯғ ва ақидаҳои ҷаҳонӣ киштии диламонро ин сӯву он сӯ намепартоянд (Эфс. 4:14; Яъқ. 1:6–8). Вақти шунидани хабари бад имонамон ба Яҳува ва ваъдаҳои ӯ бароямон такягоҳ аст (Заб. 112:7, 8). Бо чунин имони мустаҳкам мо ҳамчунин ба касоне, ки озмоиш доранд, сабукӣ бахшида метавонем (1 Тас. 3:2, 3).

17. Чӣ тавр пирон ҷамоатро орому устувор месозанд?

17 Пирон бояд дар ҳар кор андозашинос, солимфикр, боинтизом ва бомулоҳиза бошанд. Пирон дар тарзи таълими худ ба «паёми ростӣ» часпида, аҳли ҷамоатро орому устувор месозанд ва қувват мебахшанд (Тит. 1:9; 1 Тим. 3:1–3). Бародару хоҳаронро хабар гирифта ва барояшон намунаи ибрат гузошта, пирон ба онҳо ёрӣ мерасонанд, ки дар ҷамъомадҳо ва вохӯриҳои мавъиза фаъол бошанд ва омӯзиши шахсии хуб дошта бошанд. Пирон воизонро дар мушкилиҳо ташвиқ мекунанд, ки диққаташонро аз Яҳува ва ниятҳояш дур насозанд.

18. Чаро мо мехоҳем Яҳуваро ҳамду сано гӯем ва ба ӯ наздиктар шавем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Ба Яҳува наздиктар шавед» нигаред.)

18 Баъди дида баромадани сифатҳои зебои Яҳува мо низ мисли подшоҳ Довуд гуфта метавонем: «Яҳува, Кӯҳпораи маро, ҳамду сано бод» (Заб. 144:1). Яҳува ҳамеша такягоҳи дили мо мемонад. Тамоми умр ҳатто то пиронсолӣ мо Яҳуваро «Кӯҳпораи худ» номида, дилпур мешавем, ки ӯ ба мо барои сабзишу нашъунамои рӯҳонӣ мадад мерасонад (Заб. 92:14, 15).

СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо

a ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре дар Ибодатгоҳ озодона ба ду пири ҷамоат муроҷиат карда истодааст.