Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 23

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

Яҳува шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунад

Яҳува шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунад

«Хаймаи ман бо онҳо хоҳад буд. Ман Худои онҳо [хоҳам буд]» (ҲИЗ. 37:27).

МАҚСАД

Яҳува моро ба хаймаи маҷозии худ ба меҳмонӣ даъват кардааст. Ин мақола миннатдории моро барои меҳмоннавозии Яҳува зиёд мегардонад.

1, 2. Парастандагони содиқи Яҳува ба чӣ шарафёб гаштаанд?

 ЯҲУВА дар зиндагонии шумо кист? Шояд, шумо ҷавоб диҳед: «Яҳува Падари ман, Худои ман ва Дӯсти ман аст». Боз бисёр сифату тавсифҳое ҳаст, ки ба Яҳува нисбат додан мумкин аст. Вале оё шумо медонед, ки Яҳува Мизбон, яъне Соҳибхона, ҳам ҳаст?

2 Подшоҳ Довуд Яҳува Худоро ба мизбон ва дӯстону парастандагони содиқашро ба меҳмонон монанд мекунад. Ӯ мепурсад: «Кист, эй Яҳува, ки дар хаймаи ту меҳмон шавад? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси ту сокин гардад?» (Заб. 15:1). Аз ин суханони илҳомёфта мефаҳмем, ки мо меҳмонони Яҳува — дӯстони ӯ, шуда метавонем. Аз шунидани ин даъвати бузурги Яҳува диламон ба ҳаяҷон меояд.

ЯҲУВА МЕХОҲАД МО МЕҲМОНОНИ Ӯ БОШЕМ

3. Аввалин меҳмони хаймаи Яҳува кӣ буд ва ӯву Яҳува чӣ гуна муносибат доштанд?

3 Пеш аз оғози офариниш Яҳува танҳо буд. Ба хаймаи маҷозии худ ӯ аввал Писари ягоназодашро қабул кард. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува аз ҳузури Писараш «хеле хушнуд мегашт»-у Писараш «доимо пеши ӯ шодӣ мекард» (Пнм. 8:30).

4. Яҳува баъдтар боз киро ба хаймааш таклиф кард?

4 Баъдтар Яҳува дигар мавҷудоти рӯҳониро офарид ва онҳоро ба хаймаи худ даъват намуд. Фариштагон «писарони Худо» номида шудаанд ва дар Калом гуфта мешавад, ки онҳо дар ҳузури Яҳува шоду хушбахтанд (Айюб 38:7; Дон. 7:10). Як муддате дӯстони Худо фақат офаридаҳои рӯҳӣ буданд, онҳое, ки дар осмон бо Худо зиндагӣ мекунанд. Баъдтар ӯ одамонро офарида, бо онҳо низ дӯстиро оғоз намуд. Баъзе аз дӯстони Худо Ҳанӯх, Нӯҳ, Иброҳим ва Айюб буданд. Дар бораи ин шахсон гуфта мешавад, ки онҳо «бо Худо» роҳ мерафтанд (1 Мӯсо 5:24; 6:9; Айюб 29:4; Иш. 41:8).

5. Мо аз пешгӯйии Ҳизқиёл 37:26, 27 чиро мефаҳмем?

5 Дар давоми асрҳо Яҳува дӯстонашро даъват мекард, ки меҳмони ӯ шаванд. (Ҳизқиёл 37:26, 27-ро хонед.) Масалан, аз пешгӯйии Ҳизқиёл мо мефаҳмем, ки Яҳува мехоҳад бо парастандагони содиқаш муносибати наздику гарм дошта бошад. Ӯ ваъда дод, ки «бо онҳо паймони осоиштагӣ» мебандад. Ин пешгӯйӣ ба замоне ишора мекунад, ки тадҳиншудагон бо онҳое, ки умеди заминӣ доранд, муттаҳид мегарданд ва дар хаймаи маҷозии Яҳува «як рама» мешаванд (Юҳ. 10:16). Ин замон имрӯз фаро расидааст.

ДАР КУҶОЕ НАБОШЕМ, ХУДО ҒАМИ МОРО МЕХӮРАД

6. Хаймаи Яҳува дар куҷост ва чӣ кор кунем, ки меҳмони ӯ шавем?

6 Дар замонҳои пеш хайма ҷойи дамгирӣ ва паноҳгоҳ аз хунукӣ, шамол ва барфу борон буд. Дар даруни хайма ҳама шароит барои зиндагӣ муҳайё буд. Вақте мо ҳаётамонро ба Яҳува мебахшему дӯсти ӯ мешавем, дар хаймаи маҷозияш меҳмон мегардем (Заб. 61:4). Мо аз ғизои фаровони рӯҳонӣ ва суҳбату дӯстии дигар меҳмонони Яҳува лаззат мебарем. Хаймаи маҷозии Яҳува фақат дар як ҷо нест. Шояд, шумо ҳангоми анҷумани махсус ба мамлакатҳои хориҷа сафар карда, бо дигар меҳмонони хаймаи Яҳува шинос шудаед. Ҳар куҷое парастандагони Яҳува бошанд, хаймаи ӯ низ ҳамон ҷост (Ошкор. 21:3).

7. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳатто хизматгорони фавтидаи Яҳува то ҳол меҳмони хаймаи ӯянд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Дар бораи имондороне, ки мурдаанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо низ ҳанӯз меҳмонони Яҳуваанд? Бале. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Зеро чунин одамон дар хотираи Яҳува зиндаанд. Исо гуфт: «Ба зинда шудани мурдагон бошад, ҳатто пайғамбар Мӯсо ишора карда буд, вақте дар бораи хорбутта навишта, Яҳуваро “Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб” номид. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро барои ӯ ҳамаи онҳо зиндаанд» (Луқ. 20:37, 38).

Ҳатто он имондороне, ки мурдаанд, ҳанӯз меҳмони хаймаи Худоянд (Ба сархати 7 нигаред.)


БАРАКАТУ УҲДАДОРИҲО

8. Касоне, ки дар хаймаи Яҳуваанд, чӣ хел ҳимоя карда мешаванд?

8 Ҳамон тавре ки хаймаи аслӣ ҷойи дамгирӣ ва паноҳгоҳ аст, хаймаи Яҳува низ меҳмононашро аз зарари рӯҳонӣ ва ноумедӣ ҳимоя мекунад. Вақте мо аз Яҳува як қадам дур намеравем, Шайтон ба мо зарари бардавоме расонда наметавонад (Заб. 31:23; 1 Юҳ. 3:8). Дар дунёи нав бошад, Яҳува дӯстони содиқашро на фақат аз зарари рӯҳонӣ ҳимоя мекунад, балки аз марг низ нигаҳ медорад (Ошкор. 21:4).

9. Яҳува аз меҳмононаш чӣ интизор аст?

9 Меҳмони хаймаи Яҳува ва дӯсти наздику якумрии ӯ будан шарафи бемислест. Агар мо хоҳем, ки меҳмони ӯ бимонем, бояд чӣ кор кунем? Агар касе шуморо ба хонааш меҳмонӣ даъват кунад, шумо чӣ тавр рафтор мекунед? Шояд, шумо донистан хоҳед, ки соҳибхона аз меҳмононаш чиро интизор аст. Масалан, шояд, ӯ хоҳад, ки шумо пеш аз даромадан пойафзолатонро кашед. Шумо, бешак, ҳамин тавр карда эҳтироматонро ба соҳибхона нишон медиҳед. Ба ҳамин монанд, мо ҳам донистан мехоҳем, ки Яҳува аз меҳмонони хаймааш чиро интизор аст. Мо Яҳуваро хеле дӯст медорем ва мехоҳем ҳар корро кунем, то «ӯро аз ҳар ҷиҳат шод» гардонем (Қӯл. 1:10). Албатта, Яҳува Дӯсти мост, вале мо дарк мекунем, ки ӯ ҳамзамон Худоямон ва Падарамон буда, сазовори эҳтироми мост (Заб. 25:14). Аз ин рӯ мо лаҳзае бояд мақому мартабаи ӯро фаромӯш накунему доим иззату икромашро ба ҷо орем. Чунин худотарсӣ дошта бошем, ба рафтори ба ӯ номаъқул даст намезанем. Хоҳиши дили мо ин аст, ки «пеши Худои худ хоксор» бошем (Мико 6:8).

МЕҲМОННАВОЗИИ ЯҲУВА ДАР БИЁБОН

10, 11. Чӣ тавр Яҳува дар биёбони Сино ба исроилиён бо як чашм менигарист?

10 Яҳува ба ҳама меҳмононаш бо як чашм менигарад (Рум. 2:11). Инро аз рафтори ӯ бо исроилиён дар биёбони Сино дидан мумкин аст.

11 Баъд аз он ки Яҳува халқашро аз ғуломии Миср халос кард, ӯ коҳинонро барои хизмат дар хаймаи муқаддас вазифадор кард. Яҳува ҳамчунин левизодагонро таъйин намуд, то дар корҳои гуногуни хайма ёрӣ расонанд. Баъзе мардуми одӣ бошанд, дар наздикиҳои хайма зиндагӣ мекарданд. Оё чунин касон ва коҳинону левизодагон назар ба мардуми дигар аз муҳаббату ғамхории Яҳува бештар баҳравар буданд? Не, Яҳува ба ҳама бо як чашм менигарад.

12. Чӣ тавр Яҳува дари хаймаашро ба тамоми халқи навбунёдаш кушода буд? (2 Мӯсо 40:38). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Дар хаймагоҳ ҳама имкони баробар доштанд, ки аз дӯстӣ бо Яҳува баҳравар шаванд — ҳам онҳое, ки соҳиби ягон таъйиноти махсус буданд, ҳам онҳое, ки набуданд ва ҳам касоне, ки дар хаймаи муқаддас хизмат мекарданду ҳам касоне, ки намекарданд. Масалан, Яҳува тавре карда буд, ки тамоми мардум ҳар рӯз ду муъҷизаашро дида тавонад, яъне абр ва оташеро, ки дар болои хаймаи муқаддас қарор мегирифт. (2 Мӯсо 40:38-ро хонед.) Вақте он абр ба ҳаракат медаромад, ҳатто одамони дур аз хаймаи муқаддас метавонистанд онро бинанду чизу чора ва хаймаҳояшонро ҷамъ кунанду ҳамроҳи дигарон ба роҳ бароянд (4 Мӯсо 9:15–23). Ҳама метавонистанд садои баланди ду карнайро шунида, ба сафар бароянд. Дар қарибии хаймаи муқаддас зиндагӣ кардани шахс худ аз худ нишонаи дӯстии наздикаш бо Яҳува набуд (4 Мӯсо 10:2). Дар миёни халқи навташкили Яҳува ҳама имкони баробар дошт, ки меҳмони ӯ шавад ва ҳимояву раҳнамоияшро соҳиб шавад. Имрӯз ҳам мо дар куҷое зиндагӣ накунем, муҳаббату ғамхории Яҳува барои мо дастнорас нест.

Дар хаймагоҳ зиндагӣ кардани тамоми мардум нишон медод, ки Худо ба ҳама бо як чашм менигарад (Ба сархати 12 нигаред.)


МЕҲМОННАВОЗИИ ЯҲУВА ИМРӮЗ

13. Чӣ тавр Яҳува имрӯз ба ҳар як меҳмони хаймааш бо як чашм менигарад?

13 Имрӯз баъзе хизматгорони Яҳува дар наздикии идораи марказӣ ё ягон филиали ташкилотамон зиндагӣ мекунанд. Баъзеяшон дар он ҷойҳо хизмат мекунанд. Ба ҳамин сабаб онҳо метавонанд дар бисёр чорабиниҳое, ки дар он ҷо баргузор мегарданд, иштирок кунанду бо бародароне, ки роҳбариро ба уҳда доранд, ҳамкорӣ намоянд. Баъзеи дигар бошанд, метавонанд нозири ноҳиявӣ хизмат кунанд ё дар дигар тарзҳои хизмати махсуси пурравақт иштирок кунанд. Аксари халқи Яҳува чунин имтиёзҳоро соҳиб нест. Агар шумо ҳам дар миёни аксарият бошед, дилпур бошед, ки Мизбони мо, Яҳува, ҳама касонеро, ки ба меҳмонӣ қабул кардааст, дӯст медорад ва ба ҳар кадомашон ғамхорӣ мекунад (1 Пет. 5:7). Тамоми халқи Худо ғизои рӯҳонӣ, дастурот ва ҳимояи лозимаро соҳиб мешаванд.

14. Боз аз чӣ маълум аст, ки Яҳува ба меҳмонони хаймааш бо як чашм менигарад?

14 Боз аз чӣ маълум аст, ки Яҳува ба ҳама бо як чашм менигарад? Ӯ Китоби Муқаддасро ба тамоми одамони рӯйи ҷаҳон дастрас сохтааст. Навиштаҳои Муқаддас аслан ба се забон навишта шуда буд: ибронӣ, арамӣ ва юнонӣ. Оё касоне, ки ин забонҳои қадимаро медонанд, бо Яҳува назар ба дигарон муносибати наздиктар доранд? Не (Мат. 11:25).

15. Яҳува чӣ гуна имконро ба тамоми одамон додааст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

15 Ризои Худоро соҳиб будани шахс ба забондонӣ ё маълумотнокияш вобаста нест. Яҳува хирадашро фақат ба донишмандон не, балки ба тамоми одамони рӯйи замин дастрас месозад. Сухани ӯ, Китоби Муқаддас, ба ҳазорон забон тарҷума шудааст. Одамони тамоми ҷаҳон метавонанд аз омӯхтани он фоида гирифта, дӯсти Худо шаванд (2 Тим. 3:16, 17).

Чӣ тавр дастрас будани Китоби Муқаддас далели меҳмоннавозии Худост? (Ба сархати 15 нигаред.)


МАЪҚУЛИ ДИЛИ ЯҲУВА БИМОНЕД

16. Мувофиқи Корнома 10:34, 35 чӣ кор кунем, ки меҳмони Яҳува бимонем?

16 Ба хаймаи маҷозии Яҳува меҳмонӣ омадан шарафи нотакрорест. Ӯ аз ҳама мизбони меҳрубон, пурмуҳаббат ва меҳмоннавоз аст. Ғайр аз ин, Худоямон ҳамаро бо як чашм мебинад. Дари хаймаи ӯ ба ҳар гуна одамон боз аст, новобаста ба макони зист, фарҳангу тарбия, маълумот, нажод, миллат, синну сол ва ё ҷинсашон. Вале танҳо касе меҳмони ӯ шуда метавонад, ки ба талаботаш мувофиқ бошад. (Корнома 10:34, 35-ро хонед.)

17. Аз мақолаи навбатӣ чиро мефаҳмем?

17 Дар Забур 15:1 Довуд чунин саволҳоро мебардорад: «Кист, эй Яҳува, ки дар хаймаи ту меҳмон шавад? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси ту сокин гардад?» Зери илҳоми илоҳӣ забурнавис ҷавоби ин саволҳоро ҳам ба қалам додааст. Дар мақолаи навбатӣ мо мебинем, ки барои маъқули дили Яҳува будан бояд ба кадом талабот мувофиқат кунем.

СУРУДИ 27 Дар тарафи Яҳува бош!