Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 39

СУРУДИ 21 «Хушбахтанд раҳмдилон!»

Дасткушодӣ хушбахтӣ меорад

Дасткушодӣ хушбахтӣ меорад

«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (КОР. 20:35).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр аз некӣ кардан хурсандӣ ёфта, онро нигаҳ дорем.

1, 2. Яҳува моро бо кадом қобилияти аҷоиб офаридааст ва чаро ин ба фоидаи мост?

 ЯҲУВА мо, одамонро, тавре офаридааст, ки назар ба гирифтан аз додан хурсандии бештар мегирем (Кор. 20:35). Оё ин маънои онро дорад, ки гирифтан ба мо хурсандӣ намебахшад? Не. Аз таҷрибаи худ медонем, ки туҳфагирӣ хурсандибахш аст. Лекин, вақте худи мо ба дигарон ягон чиз медиҳем, аз ин хурсандии бештар мегирем. Гуфтан мумкин аст, ки ин қобилияти худододамон бар фоидаи мост.

2 Азбаски Яҳува моро бо чунин қобилият офаридааст, мо метавонем дар ҳаёт хушбахттар шавем. Барои ба дигарон некӣ кардан имконият ҷуста, мо хурсандиямонро зиёд карда метавонем. Магар тарзи офарида шуданамон ҳайратангез нест? (Заб. 139:14).

3. Чаро Яҳува «Худои хушбахт» номида шудааст?

3 Навиштаҳо мегӯянд, ки додан шодиовар аст. Пас, фаҳмост, ки барои чӣ Китоби Муқаддас Яҳуваро «Худои хушбахт» меномад (1 Тим. 1:11). Ӯ Атодеҳи аввалин ва бузургтарин аст. Павлуси расул дар бораи Яҳува гуфтааст: «Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост» (Кор. 17:28). Дар ҳақиқат, «ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил» аз ҷониби Яҳува аст (Яъқ. 1:17).

4. Чӣ тавр хушбахтии бештар ёбем?

4 Ҳар яки мо мехоҳем аз додан хурсандии бештар гирем. Дар ин пайравӣ ба дасткушодии Яҳува ба мо кумак мекунад (Эфс. 5:1). Баъзан ба назар метобад, ки дигарон ба қадри некиямон намерасанд. Дар ин ҳолат чӣ кор кунем? Аз ин мақола ба ин савол ҷавоб меёбем ва мефаҳем, ки чӣ хел некӣ карданро давом дода, худро хушбахттар ҳис кунем.

МИСЛИ ЯҲУВА ДАСТКУШОД БОШЕД

5. Яҳува кадом чизҳоро ба мо додааст?

5 Бо кадом роҳҳо Яҳува дасткушод буданашро нишон медиҳад? Биёед якчанд мисолро дида мебароем. Яҳува моро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекунад. Албатта, корди мо доим болои равған нест, лекин, шукри Яҳува, ҳама чизи заруриро дорем: мо бо хӯрок, пӯшок ва сарпаноҳ таъминем (Заб. 4:8; Мат. 6:31–33; 1 Тим. 6:6–8). Чаро Яҳува ба мо ғамхорӣ мекунад? Оё фақат ба он сабаб, ки худро уҳдадор меҳисобад? Не, албатта. Пас, барои чӣ?

6. Мо аз Матто 6:25, 26 чӣ меомӯзем?

6 Яҳува аз муҳаббат ба мо ғамхорӣ мекунад. Биёед суханони Исоро аз Матто 6:25, 26 хонем. (Оятҳоро хонед.) Исо офаридаҳоро мисол оварда мегӯяд: «Ба парандагони осмон диққат диҳед — онҳо на мекоранд, на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд, бо вуҷуди ин Падари осмонии шумо ризқу рӯзияшонро мерасонад». Сипас Исо мепурсад: «Наход шумо аз онҳо пурарзиштар набошед?» Бо ин суханон ӯ чӣ гуфтан мехост? Исо рост мегӯяд: барои Яҳува парастандагонаш назар ба ҳайвонҳо пурарзиштаранд. Агар Яҳува ба ҷонварон ғамхорӣ кунад, наход ризқи моро надиҳад? Падари пурмеҳрамон Яҳува аз дӯстдорӣ ба фарзандони заминияш ғамхорӣ мекунад (Заб. 145:16; Мат. 6:32).

7. Як роҳи ба саховатмандии Яҳува пайравӣ кардан кадом аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Мисли Яҳува мо низ метавонем дигаронро аз муҳаббат дастгирӣ кунем. Масалан, оё шумо ягон бародар ё хоҳари ба хӯроку пӯшок муҳтоҷро медонед? Яҳува метавонад ба воситаи шумо ба он хоҳар ё бародар чизи даркорияшро расонад. Халқи Яҳува бо он ном баровардааст, ки ҳангоми офатҳои табиӣ ба осебдидагон дасти ёрӣ дароз мекунад. Масалан, дар давоми вабои КОВИД-19 бародару хоҳарон ба ҳамимононашон хӯрок, либос ва дигар чизҳои лозимаро медоданд. Бисёриҳо бошанд, ба кори умумиҷаҳонӣ саховатмандона хайрия мекарданд. Ҳамин тавр дар саросари дунё ба осебдидагон кумак расонида мешуд. Ин хоҳару бародарони фидокор аз рӯйи суханони зерини Ибриён 13:16 амал мекарданд: «Некукор ва дасткушод буданро фаромӯш накунед, зеро чунин қурбониҳо ба Худо маъқуланд».

Ҳар яки мо ба дасткушодии Яҳува пайравӣ карда метавонем (Ба сархати 7 нигаред.)


8. Аз Яҳува ёрӣ пурсида мо барои кадом кор қувват пайдо мекунем? (Филиппиён 2:13).

8 Яҳува ба мо қувват мебахшад. Падари осмониямон, ки сарчашмаи қувваи бепоён мебошад, қувватбахши парастандагонаш аст. (Филиппиён 2:13-ро хонед.) Оё шумо ягон бор аз Яҳува пурсидед, ки барои рад кардани васвасаҳо ё барои тоб овардан ба душвориҳо ба шумо қувват диҳад? Шумо ҳамчунин метавонед дар дуо қувват пурсед, то аз уҳдаи корҳои ҳаррӯзаатон баромада тавонед. Вақте Яҳува ба ин дуоятон ҷавоб медиҳад, шумо низ мисли Павлуси расул чунин мегӯед: «Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд» (Флп. 4:13).

9. Чӣ тавр ҳангоми истифодаи қувватамон ба Яҳува пайравӣ карда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

9 Нокомил бошем ҳам мисли Яҳува дигаронро қувват бахшида метавонем. Албатта, мо ба маънои аслӣ ба дигарон қувват дода наметавонем, лекин мо имкон дорем қувватамонро барои дастгирӣ кардани дигарон истифода барем. Масалан, мо метавонем ба бародарону хоҳарони пиронсолу нотавон дар харид ё рӯбучин ёрдам кунем. Агар вазъиятамон имкон диҳад, метавонем дар рӯбучин ё таъмири Ибодатгоҳамон иштирок кунем. Қувватамонро барои чунин корҳо сарф карда мо дар беҳбудии халқи Яҳува саҳм мегузорем.

Мо қувватамонро барои дастгирӣ кардани дигарон сарф карда метавонем (Ба сархати 9 нигаред.)


10. Чӣ тавр бо суханонамон дигаронро дастгирӣ карда метавонем?

10 Ҳамчунин фаромӯш насозед, ки суханони мо қуввати пурзӯр доранд. Оё касеро медонед, ки ба таърифи самимӣ ё тасаллӣ муҳтоҷ аст? Агар ҳа, пешдастӣ карда, меҳру муҳаббататонро ба ӯ нишон диҳед. Шумо метавонед ба хабаргирии он шахс равед, ба вай занг занед, нома ё паёмак фиристед. Шарт нест, ки суханонатон дабдабанок бошанд. Шояд, ҳамин як-ду даҳон гапи пурмеҳру самимиятон ба бародар ё хоҳар қувват бахшаду дар чашмаш шуълаи умед пайдо шавад (Пнм. 12:25; Эфс. 4:29).

11. Яҳува хирадашро чӣ тавр истифода мебарад?

11 Яҳува хирад мебахшад. Яъқуби шогирд навишта буд: «Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор пайваста аз Худо хирад пурсад ва ба вай дода мешавад, зеро Худо ба ҳама бо дасти кушод ва «бе таъна» медиҳад» (Яъқ. 1:5). Чи хеле ки аз оят маълум аст, Яҳува хирадашро аз мо пинҳон намекунад, балки онро саховатмандона медиҳад. Яъқуб боз гуфт, ки, вақте Яҳува хирад медиҳад, ӯ ин корро беминнату таъна мекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ моро барои ёрдам пурсидан аз ӯ ҷанг намекунад ва шарм намедоронад. Баръакс, Яҳува моро даъват мекунад, ки бе ягон шарму дудилагӣ аз ӯ роҳнамоӣ пурсем (Пнм. 2:1–6).

12. Мо чӣ тавр хиради худро ба дигарон расонда метавонем?

12 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо мисли Яҳува хирадамонро саховатмандона ба дигарон мерасонем? (Заб. 32:8). Халқи Яҳува чизҳои омӯхтаашро бо роҳҳои гуногун ба дигарон ёд медиҳад. Масалан, мо бисёр вақт воизони навро дар хизмат таълим медиҳем. Пирон бошанд, бародарони таъмидёфта ва хизматгузоронро таълим медиҳанд, то аз уҳдаи супоришҳояшон бароянд. Бародару хоҳароне, ки дар сохтмон ва нигаҳдории биноҳои ташкилот таҷриба доранд, ҳунару маҳораташонро ба дигарон меомӯзанд, то онҳо низ дар ин корҳо иштирок карда тавонанд.

13. Ҳангоми таълим додани дигарон мо чӣ тавр ба Яҳува пайравӣ карда метавонем?

13 Вақте дигаронро таълим медиҳем, аз Яҳува ибрат гирифта метавонем. Мо гуфта гузаштем, ки Яҳува хирадашро бо дасти кушод медиҳад. Мо низ донишу таҷрибаамонро аз касоне, ки таълимашон медиҳем, дареғ намедорем. Ҳеҷ гоҳ аз тарси он, ки шогирдамон оқибат ҷойи моро мегирад, донишамонро аз ӯ пинҳон намедорем. Мо ин хел намегӯем: «Ҳеҷ кас роҳи корро ба ман таълим надода буд, монед худаш ёд гирад». Чунин рӯҳия дар байни халқи Яҳува ҷой надорад. Мо на танҳо донишамон, «балки ҷонамонро низ» барои касоне, ки таълим медиҳем, фидо мекунем (1 Тас. 2:8). Мо дилпурем, ки «онҳо низ аз уҳдаи таълими дигарон» мебароянд (2 Тим. 2:1, 2). Ҳамин тавр дар зиндагии худамону дигарон тухми саховатмандиву шодӣ мекорем.

ВАҚТЕ ДИГАРОН ҚАДРДОНӢ НИШОН НАМЕДИҲАНД

14. Бисёри одамон вақте ба онҳо некӣ мекунанд, чӣ хел муносибат мекунанд?

14 Вақте мо ба дигарон некӣ мекунем, хусусан ба бародару хоҳаронамон, онҳо дар ҷавоб ба мо миннатдорӣ баён мекунанд. Шояд, онҳо номаи миннатдорӣ мефиристанд ё бо роҳи дигар сипосгузорияшонро нишон медиҳанд (Қӯл. 3:15). Чунин қадрдонӣ ба хурсандии мо хурсандӣ зам мекунад.

15. Агар барои некиямон миннатдорӣ накунанд, чиро бояд дар ёд дорем?

15 Баъзе одамон барои корҳое, ки дар ҳаққашон мекунем, на ҳама вақт «раҳмат» мегӯянд. Шояд, мо фикр кунем, ки дигарон ба қадри некиямон намерасанд ва намефаҳманд, ки мо барои онҳо чӣ қадар вақту қувват ва пул сарф кардем. Дар ин хел ҳолатҳо чӣ тавр хурсандиро гум накарда, некӣ карданро давом диҳем? Ояти асосии ин мақола Корнома 20:35-ро ба хотир оред. Дигарон ба қадри некиҳоямон расанд ё не, мо бо дили шод некукориро давом дода метавонем. Чӣ ба мо дар ин кор ёрӣ мерасонад? Биёед якчанд маслиҳатро дида бароем.

16. Чаро ҳангоми ба дигарон некӣ кардан ба Яҳува пайравӣ намудан лозим?

16 Намунаи Яҳуваро пеши назар оред. Яҳува дар ҳаққи ҳама ғамхорӣ мекунад, хоҳ онҳо некиҳои ӯро қадр кунанд, хоҳ не (Мат. 5:43–48). Ӯ ваъда додааст, ки, вақте мо ба дигарон чизеро медиҳему «ба гашта гирифтани он умедвор» намешавем, мукофоти бузурге мегирем (Луқ. 6:35). Ин оят ҳамчунин маънои онро дорад, ки некӣ карда изҳори миннатдории дигаронро интизор нашавем. Хоҳ дигарон ба қадри некиямон расанд, хоҳ не, Яҳува моро барои некукории самимона ва фидокориямон баракат медиҳад (Пнм. 19:17; 2 Қӯр. 9:7).

17. Бо кадом ният мо ба дигарон некӣ кардан мехоҳем? (Луқо 14:12–14).

17 Чӣ тавр ба дасткушодӣ назари дурустро нигоҳ дорем? Дар Луқо 14:12–14 дар ин бора маслиҳатҳои судманд оварда шудаанд. (Оятҳоро хонед.) Албатта, хубӣ кардан ба касоне, ки имкони бозгардондани некиямонро доранд, нодуруст нест. Лекин, агар пай барем, ки бисёр вақт ҷавоби некиямонро интизор мешавем, бояд чӣ кор кунем? Дар чунин ҳол маслиҳати Исо роҳнамои мост: мо метавонем касонеро меҳмоннавозӣ кунем, ки некиямонро гардонда наметавонанд. Он гоҳ мисли Яҳува рафтор карда, хушбахтии ҳақиқӣ ҳис мекунем. Ҳамин тавр мо барои некиямон миннатдориро интизор намешавем ва хурсандиямонро аз даст намедиҳем.

18. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки ба нияти дигарон шубҳа накунем?

18 Бадгумон набошед (1 Қӯр. 13:7). Вақте дигарон дар ҷавоби некиямон «раҳмат» намегӯянд, мо, шояд, аз худ пурсем: «Онҳо носипосанд ё “раҳмат” гуфтанро фаромӯш карданд?» Эҳтимол, сабабҳои дигаре ҳастанд, ки барои чӣ онҳо миннатдорӣ баён накарданд. Баъзеҳо, шояд, сипосгузоранд, лекин ба онҳо баён кардани миннатдорӣ душвор аст. Мумкин, ба онҳо қабул кардани кумак душвор бошад, хусусан, агар пеш худашон мададрасону ҳоҷатбарори дигарон буданд. Ба ҳар ҳол мо, ки бародару хоҳаронамонро аз таҳти дил дӯст медорем, дар ҳаққи онҳо бадгумонӣ намекунем ва минбаъд низ аз некӣ кардан хурсандӣ мегирем (Эфс. 4:2).

19, 20. Чаро ҳангоми некӣ кардан пурсабрӣ зарур аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

19 Пурсабр бошед. Дар бораи саховатмандӣ шоҳ Сулаймон навиштааст: «Нони худро ба об парто ва баъди рӯзҳои зиёд онро бозмеёбӣ» (Пандгӯ 11:1). Аз ин суханон маълум мешавад, ки баъзеҳо барои некиҳоямон баъди «рӯзҳои зиёд» миннатдорӣ баён мекунанд. Биёед мисоли як хоҳарро дида мебароем.

20 Чанд сол пеш зани нозири ноҳиявӣ ба як хоҳари навтаъмид номаи пурмеҳр навишта, ӯро ташвиқ кард, ки истодагӣ кунад. Тақрибан баъди ҳашт сол ин хоҳар ба мактуби зани нозир ҷавоб навишт: «Ман фикр кардам, ки бояд ба ту нома навишта, гӯям, ки чӣ тавр тӯли солҳо ту ба ман ёрдам кардию худат аз ин бехабарӣ». Ӯ боз навишт: «Номаат пур аз меҳр буд, лекин маҳз оят ба дилам рафта расид a. Ман онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам». Баъди он ки як қатор душвориҳояшро ёдовар шуд, ӯ чунин навишт: «Баъзе рӯзҳо мехостам аз ҳама чиз даст кашам: аз ҳақиқат, аз уҳдадориҳоям, аз ҳамааш. Лекин ояте, ки ту навиштӣ, ба ман қувват мебахшид ва ман хизматамро давом медодам. Дар давоми ин ҳашт сол чизе мисли ин оят ба дилам таъсир накарда буд». Зани нозир ин номаро гирифта, дилаш лабрези шодӣ шуд. Ба мо ҳам, шояд, барои ягон некиямон баъди муддати зиёде миннатдорӣ баён кунанд.

Эҳтимол, дигарон миннатдорияшонро баъди солҳои зиёд баён кунанд (Ба сархати 20 нигаред.) b


21. Чаро шумо мехоҳед ба дасткушодии Яҳува пайравӣ кунед?

21 Чи хеле ки дида баромадем, Яҳува моро тавре офаридааст, ки додан аз гирифтан бароямон шодибахштар аст. Хоҳару бародаронро бо ҳар роҳ дастгирӣ карда, мо хурсандӣ мегирем. Вақте онҳо ба мо миннатдорӣ баён мекунанд, сарамон ба осмон мерасад. Ба ҳар ҳол новобаста ба он ки дигарон ба қадри некиямон мерасанд ё не, мо аз кардани кори дуруст хурсандӣ гирифта метавонем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед: чизе, ки шумо ба дигарон надиҳед, Яҳува метавонад ба шумо аз он зиёдтар диҳад (2 Воқ. 25:9). Мо ҳаргиз ба Яҳува бештар аз чизе, ки ӯ ба мо медиҳад, дода наметавонем. Ӯ дар саховатмандӣ аз ҳама болост. Дар ёд доред: Яҳува худаш некии моро бармегардонад. Пас, биёед минбаъд низ ба Падари дасткушодамон пайравӣ кунем.

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

a Хоҳар дар номачааш 2 Юҳанно 8-ро оварда буд, ки дар он гуфта мешавад: «Ҳушёр бошед, то он чизеро, ки бо меҳнати бисёрамон ба даст омадааст, гум накунед, балки ҳама баракатҳои Худоро соҳиб шавед».

b ШАРҲИ РАСМ. Дар ин саҳнасозӣ ҳамсари нозири ноҳиявӣ номачаи қувватбахш менависад. Солҳо пас ӯ номаи миннатдорӣ мегирад.