Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Comstock Images/Stockbyte via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Шумо кадом пешворо интихоб мекунед? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Шумо кадом пешворо интихоб мекунед? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Дар давоми ин ҳафтаҳо одамон пешвои худро интихоб мекунанд.

 Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Пешвоёни инсонӣ ба ҳама кор қодир нестанд

 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки имконияту қуввати тамоми пешвоёни инсонӣ маҳдуд аст.

  •   «Ба мирон такя накунед, ба фарзанди одам таваккал накунед, зеро аз ӯ умеди наҷот нест. Рӯҳи ӯ мебарояд ва ӯ ба замин бармегардад, худи ҳамон рӯз фикрҳояш нест мешаванд» (Забур 146:3, 4, поварақ).

 Ҳатто ҳокимони беҳтарину тавоно як рӯз не, як рӯз мемиранд. Ғайр аз ин, кафолат нест, ки баъди сари онҳо корҳои хубашонро ворисонашон давом медиҳанд ё не (Пандгӯ 2:18, 19).

 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки одамизод наметавонад аз уҳдаи бар дигарон ҳукмронӣ кардан ба хубӣ барояд.

  •   «Роҳи одамизод дар ихтиёри вай нест ва касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад» (Ирмиё 10:23).

 Оё имрӯз ягон кас ҳокими хуб шуда метавонад?

Пешвое, ки Худо интихоб кардааст

 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо ҳокими беҳтарин ва бовариноктарин, яъне Исои Масеҳро, интихоб кардааст (Забур 2:6). Исо Шоҳи Подшоҳии Худо мебошад, ҳокимест, ки аз осмон ҳукмронӣ мекунад (Матто 6:10).

 Оё шумо Исоро пешвои худ интихоб мекунед? Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки барои чӣ ин қарор муҳим аст:

  •   «Писарро иззат кунед, то Худо ба хашм наояд ва шумо аз роҳи ростӣ нобуд нашавед, зеро ғазаби Худо зуд аланга мегирад. Ҳар кӣ ба ӯ паноҳ мебарад, хушбахт аст» (Забур 2:12).

 Ҳоло вақти он аст, ки пешвои худро интихоб кунед. Мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас ҳазрати Исо ҳукмронияшро соли 1914 сар кард ва ба наздикӣ Подшоҳии Худо ҷойи тамоми ҳокимиятҳои инсониро мегирад (Дониёл 2:44).

 Мақолаи «Чаро имрӯз Подшоҳии Худоро ҷустан муҳим аст?»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр ҳукмронии Исоро дастгирӣ карда метавонед.