Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои ин драма, ки бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст, ба Моунт Эбо зиёда аз 27 500 килограмм сангреза оварда шуд

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Видеонаворҳо барои анҷумани минтақавии соли 2020, «Ҳамеша шодӣ кунед!»

Видеонаворҳо барои анҷумани минтақавии соли 2020, «Ҳамеша шодӣ кунед!»

10 АВГУСТИ 2020

 Видеонаворҳое, ки дар анҷумани минтақавӣ нишон дода мешаванд, ба дили мо таъсир мерасонанд ва фаҳмиши таълимоти Китоби Муқаддасро зиёд мегардонанд. Анҷумани минтақавии соли 2020, «Ҳамеша шодӣ кунед!», 114 видеонавор, аз ҷумла 43 нутқ дорад, ки бо онҳо аъзои Ҳайати роҳбарикунанда ва ёрдамчиёни онҳо баромад карданд. Оё шумо фикр кардед, ки барои тайёр кардани видеонаворҳо чӣ қадар меҳнату маблағ сарф карда мешавад?

 Қариб 900 бародарону хоҳарон дар саросари дунё аз вақту қобилияти худ истифода бурда, дар омода кардани ин барнома ёрдам карданд. Онҳо дар муддати ду сол тақрибан 100 000 соатро ба ин лоиҳа сарф намуданд. Танҳо барои баровардани драмаи «Наҳемё. Шодӣ аз ҷониби Яҳува қуввати дили шумост», ки бар Китоби Муқаддас асос ёфтаасту 76 дақиқа давом мекунад, 70 000 соат сарф шуд.

 Албатта, барои бо ҷойи зист ва таҷҳизоту асбобҳои лозима таъмин кардани ин ихтиёриёни фидокор, пули зиёд даркор буд.

 Бародар Ҷаред Госсман, ки дар шуъбаи аудио-видео хизмат мекунад, мегӯяд: «Кумитаи таълимии Ҳайати роҳбарикунанда мехоҳад, ки дар видеонаворҳои мо маданияту кишварҳои гуногун нишон дода шаванд, зеро бародарону хоҳарони мо дар тамоми ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва ин бояд дар видеоҳоямон акс ёбад. Барои ба ин мақсад расидан 24 гурӯҳ аз 11 давлат дар ин лоиҳа ҳамкорӣ карданд. Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ қадар қувват, пул ва вақт лозим буд, то ин лоиҳаи бузург ба нақша гирифта шавад ва рафти он назорат карда шавад».

 Барои сабти бисёр видеоҳоямон саҳнаҳо сохта шудаанд ва асбобҳои махсус лозим буданд. Масалан, саҳнаҳо барои драмаи «Наҳемё. Шодӣ аз ҷониби Яҳува қуввати дили шумост» дар даруни студияи Моунт Эбо сохта шуданд, ки он дар наздикии филиали Паттерсон, Ню-Йорк (ИМА) ҷойгир аст. Барои он ки пули хайрияҳо ба таври беҳтарин истифода шаванд ва ҳамзамон филм аз ҷиҳати таърих аниқу дақиқ бошад, бародарон кӯшиш карданд, ки деворҳои сохтаашон сабук бошанду ба деворҳои Ерусалими қадим монанд шаванд. Асоси ҳар як девор аз тахта сохта шуда, шаш метр баландӣ дошт. Он бо масолеҳи сабуквазн рӯйпӯш шуда, барои бо санг монандӣ пайдо кардан рангубор гаштааст. Ин деворҳои сохтаро аз як ҷо ба ҷойи дигар бурдан мумкин буд, ва аз ин сабаб барои саҳнаҳои гуногуни филм масолеҳи камтар лозим шуд. Бо вуҷуди ин танҳо барои сохтани саҳнаҳои филм қариб 100 000 доллар сарф карда шуд a.

 Вақте мо мефаҳмем, ки барои баровардани барномаи анҷуман чӣ қадар кӯшишҳо ба харҷ дода шуд, албатта онро бештар қадр мекунем. Мо дилпурем, ки барномаи ин анҷуман ва кӯшишҳое, ки ба он сарф карда шуд, Яҳуваро дар саросари ҷаҳон ҷалол медиҳад. Раҳмати калон барои хайрияҳое, ки шумо ба кори умумиҷаҳонӣ ба воситаи сомонаи donate.pr418.com ва дигар тарзҳо мекунед.

a Саҳнаҳои драмаи «Наҳемё. Шодӣ аз ҷониби Яҳува қуввати дили шумост», то сар задани вабои КОВИД-19 сохта шуда буданд, дар он вақт нигоҳ доштани масофа байни одамон лозим набуд.