БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Январ 2014

Ин шумора дилпурӣ мебахшад, ки Яҳува ҳамеша подшоҳ буд ва мемонад. Он ҳамчунин миннатдории моро ба Подшоҳии Худо ва корҳое, ки он ба анҷом мерасонад, зиёд мегардонад.

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд — Африқои Ғарбӣ

Барои чӣ баъзеҳо аз Аврупо ба Африқои Ғарбӣ кӯчиданд ва ин чӣ натиҷа овард?

Яҳува — Подшоҳи ҷовидро ибодат кунед

Фаҳмед, ки чӣ тавр Яҳува мисли падар амал мекард ва чӣ тавр тарзи ҳукмронияш моро ба ӯ наздик месозад.

100 соли ҳукмронии Салтанат ва комёбиҳои он

Чӣ тавр аз ҳукмронии Салтанат фоида гирем? Фаҳмед, ки чӣ тавр Подшоҳи Масеҳоӣ тобеонашро тоза мекунад, таълим медиҳад ва фаъолияти онҳоро ба таври беҳтару васеътар ба роҳ мемонад.

Дар айёми ҷавонӣ қарорҳои оқилона қабул кунед

Бисёре аз масеҳиёни ҷавон дар ҳаёти худ фаҳмиданд, ки кумак ба дигарон хурсандибахш аст. Чӣ тавр шумо аз хизмати Яҳува қаноатмандии бештар гирифта метавонед?

Пеш аз он ки «айёми бадӣ» биёяд, ба Яҳува хизмат кунед

Масеҳиёни пиронсол барои васеъ кардани хизматашон чӣ имконияти олиҷаноб доранд?

«Салтанати Ту биёяд» Аммо кай?

Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Подшоҳи аз тарафи Худо таъйиншуда барои дар рӯйи замин пурра иҷро шудани хости Худо чора меандешад?

Мақсади ман дар кӯдакӣ

Ҷавонписаре аз Колумбус (иёлоти Огайо, ИМА) қарор кард, ки забони камбоҷагиро ёд мегирад. Чаро? Чӣ тавр ин қарор ба ояндааш таъсир кард?