БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Ноябр 2019

Дар ин шумора мақолаҳои омӯзишӣ аз 30-юми декабри 2019 то 2-юми феврали соли 2020 оварда шудаанд.

Пеш аз омадани мусибати бузург дӯстиатонро бо ҳам қавитар созед

Мо аз мисоли Ирмиё-пайғамбар бисёр чизҳои хубро омӯхта метавонем. Ӯ дар замони беҳад душворе зиндагӣ мекард, ки оқибат Ерусалим нобуд шуд. Ва ӯ маҳз бо кӯмаки дӯстонаш ба ҳамаи он мушкилиҳо тоб овард.

Чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад?

Рӯҳи муқаддаси Яҳува ба мо барои истодагарӣ кардан кӯмак мекунад. Лекин барои бештар ҳис кардани таъсири рӯҳи муқаддас чор амал вуҷуд дорад, ки мо бояд онҳоро кунем.

Оё шумо «сипари калони имон»-атонро маҳкам медоред?

Имон мисли сипар моро муҳофизат мекунад. Чӣ тавр боварӣ ҳосил кунем, ки сипари имони мо дар ҳолати хуб аст?

Мо аз китоби Ибодат чӣ гуна дарсҳо гирифта метавонем?

Китоби Ибодат қонунҳоеро дар бар мегирад, ки Яҳува ба Исроили қадим дода буд. Чун масеҳиён мо зери Шариати Мӯсо набошем ҳам, имрӯз мо аз онҳо дарс гирифта метавонем.

«Кореро, ки сар карда будед... ба анҷом расонед»

Ҳатто агар қарори дуруст бароварда бошем ҳам, баъзан амалӣ гардондани он бароямон душвор мегардад. Дар бораи қадамҳое фикр кунед, ки барои бомуваффақият ба анҷом расондани кори сар кардаатон кӯмак мекунанд.

Оё шумо медонед?

Дар замонҳои қадим идоракунанда кадом вазифаро иҷро мекард?