Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дунёи навро интизорем

Дунёи навро интизорем

Боргирӣ:

  1. 1. Дар хаёл сӯйи биҳишт парвоз кун,

    Дар ба рӯйи орзуи худ боз бикун.

    Ҷаҳон тинҷу ором,

    Кӯдакон бо ҳам хандону давон.

    То даме моҳ ҳаст, осоиштагист,

    То абад нашъунамои росткорист.

    Дар он замин нест озор,

    Аз ғаму дарде, ки буд, нест осор.

    Аз шавқу шодӣ

    лабрез аст ҳар рӯзи нав

    дар ин дунёи нав.

    (Нақарот)

    Банди наҷот аст умед.

    Нур дар шаби зулмот аст умед.

    Шамъи умедворӣ афрӯз аз нав,

    то шавад ҷилвагар

    дар пеш дунёи нав.

  2. 2. Дар хаёл сӯйи биҳишт парвоз кун,

    Сӯйи кӯҳсору чашмасорон чашм боз кун.

    Лаби рӯди равон

    бо шодӣ паҳн кардӣ дастархон.

    Дар хонаи орзуҳот

    Худованд ба муродат расонд.

    Дар дил намонд армон —

    Биёмад касе, ки будияш пазмон.

    Ӯро ба серӣ

    оғӯш гир аз нав

    дар ин дунёи нав.

    (Нақарот)

    Банди наҷот аст умед.

    Нур дар шаби зулмот аст умед.

    Шамъи умедворӣ афрӯз аз нав,

    то шавад ҷилвагар

    дар пеш дунёи нав.

    (Пайваст)

    Ҳар як сухани Худо,

    ҳар ваъдаи ӯ, шавад иҷро.

    Бидиҳад дасти Яҳува

    чизи дилхоҳи ҳар ҷони зинда.

    (Нақарот)

    Банди наҷот аст умед.

    Нур дар шаби зулмот аст умед.

    Шамъи умедворӣ афрӯз аз нав,

    то шавад ҷилвагар

    дар пеш дунёи нав,

    дар пеш дунёи нав,

    дар пеш дунёи нав,

    дар пеш дунёи нав.