Видеонаворҳо дар бораи таълимоти асосии Китоби Муқаддас
Дар ин видеонаворҳои кӯтоҳ ба саволҳои муҳим, ба мисли «Чаро Худо заминро офарид?», «Мурдагон дар кадом ҳолатанд?» ва «Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?» аз Китоби Муқаддас ҷавоб дода шудааст.
Оё Худо ном дорад?
Худо унвонҳои бисёр дорад ба монанди Қодири Мутлақ, Офаридгор ва Худованд. Вале Ӯ ном дорад, ки он беш аз 7000 маротиба дар Китоби Муқаддас вомехӯрад.
Чӣ тавр дӯсти Худо шудан мумкин аст?
Асрҳо боз одамон мехоҳанд бо Офаридгори худ шинос шаванд. Мо метавонем бо ёрии Китоби Муқаддас ба Худо наздик шавем. Дӯстӣ бо ӯ аз донистани номаш оғоз мегардад.
Муаллифи Китоби Муқаддас кист?
Агар онро одамон навишта бошанд, пас он дар ҳақиқат “Каломи Худо” аст? Дар Китоби Муқаддас фикрҳои кӣ навишта шудаанд?
Мо аз куҷо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст?
Агар муаллифи Китоби Муқаддас Худо бошад, пас он бояд аз дигар китобҳо бартарӣ дошта бошад.
Чаро Худо заминро офарид?
Сайёраи Замин беҳад зебо аст. Замин нисбати офтоб дар масофаи хеле мувофиқ ҷойгир аст, моилии кунҷи сатҳи он нағз шуморида шудааст ва Замин дар гирди меҳвари худ бо суръати лозима давр мезанад. Чаро Худо ин қадар меҳнат карда заминро офарид?
Мурдагон дар кадом ҳолатанд?
Дар Китоби Муқаддас ваъда дода шудааст, ки дар оянда мурдагон мисли Лаъзор эҳё карда мешаванд.
Оё дӯзах вуҷуд дорад?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «Худо муҳаббат аст», барои ҳамин ӯ одамонро барои гуноҳҳояшон азоб намедиҳад.
Исои Масеҳ кист?
Оё Исои Масеҳ як пайғамбари одӣ аст? Ё ӯ дар иҷрои нияти Худо нақши махсусро мебозад?
Барои чӣ Исо мурд?
Шояд шумо шунида бошед, ки ӯ барои гуноҳҳои мо мурд. Лекин чӣ тавр худашро қурбон кардани як нафар ба миллионҳо одамон манфиат овард?
Подшоҳии Худо чист?
Дар давоми хизмати заминиаш Ҳазрати Исо аз ҳама бештар дар бораи Подшоҳии Худо таълим медод. Дар замонҳои пеш пайравони ӯ дар бораи омадани ин Подшоҳӣ дуо мегуфтанд.
Подшоҳии Худо соли 1914 ҳукмрониро сар кард
Зиёда аз 2600 сол пеш Худо ба шоҳи пурқудрат дар хоб рӯъёе нишон дод, ки дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст.
Баъди соли 1914 дунё дигар шуд
Аз соли 1914 сар карда вазъияти ҷаҳон ва хислати одамон нишон медиҳанд, ки пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи «рӯзҳои охир» иҷро шуда истодааст.
Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?
Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад.
Оё ба Худо ҳамаи динҳо писанданд?
Бисёр одамон мегӯянд, ки ба кадом дин тааллуқ доштани шахс ягон аҳамият надорад.
Оё ба Худо маъқул аст, ки дар парастиш буту расмҳоро истифода барем?
Магар буту тасвирҳо моро ба Худои нонамоён наздик месозанд?
Оё Худо ҳама дуоҳоро гӯш мекунад?
Агар ягон кас бо нияти нодуруст дуо гӯяд-чӣ? Чӣ агар шавҳар бо занаш муомилаи бад мекунаду ҳамзамон аз Худо баракат мепурсад?
Оё тамошои порнография гуноҳи азим аст?
Оё калимаи «порнография» дар Китоби Муқаддас вомехӯрад? Чӣ тавр фаҳмем, ки Худо дар бораи тамошои порнография чӣ фикр дорад?