Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?
Шумо дар ҷавоб чӣ мегуфтед?
-
Бале.
-
Не.
-
Шояд.
КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД
«Ҳам росткорону ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд» (Корнома 24:15, Тарҷумаи Дунёи Нав).
ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
Ҳангоми аз даст додани шахси наздик аз Каломи Худо тассалӣ меёбед (2 Қӯринтиён 1:3, 4).
Аз тарси марг озод мешавед (Ибриён 2:15).
Барои аз нав бо наздиконатон зиндагӣ кардан умед пайдо мекунед (Юҳанно 5:28, 29).
ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?
Бале, камаш се сабаб вуҷуд дорад:
-
Худо Офаридгор аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува Худо «ҳаёт, нафас ва ҳама чиро медиҳад» (Корнома 17:24, 25; Забур 36:9). Азбаски Яҳува сарчашмаи ҳаёт мебошад, ӯ қодир аст, ки мурдагонро ба ҳаёт баргардонад.
-
Худо дар гузашта аллакай одамонро зинда карда буд. Дар Китоби Муқаддас ҳашт воқеаи зиндашавӣ оварда шудааст. Дар байни онҳо ҷавонон, пирон, занон ва мардон буданд. Баъзеи онҳо муддати кӯтоҳе дар хоби марг буданд, аммо яке аз онҳо муддати дарозтар, яъне чор рӯз, дар қабр буд (Юҳанно 11:39–44).
-
Худо ҳозир ҳам инро сахт мехоҳад. Яҳува Худо аз марг нафрат дорад. Ӯ онро чун душман меҳисобад (1 Қӯринтиён 15:26). Ӯ сахт мехоҳад, ки одамонро зинда карда бар ин душман ғолиб ояд. Худо онҳоеро, ки дар хотирааш мебошанд, ба ҳаёт баргардондан мехоҳад, то ки онҳо боз дар рӯйи замин зиндагӣ кунанд (Айюб 14:14, 15).
ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД
Чаро мо пир мешавем ва мемирем?
Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: 1 МӮСО 3:17–19 ва РУМИЁН 5:12.