Гузаштан ба маводи асосӣ

Барои беҳтар кардани вазъияти ҷаҳон чӣ лозим аст?

Барои беҳтар кардани вазъияти ҷаҳон чӣ лозим аст?

Ба фикри шумо...

  • пул?

  • маълумоти олӣ?

  • ё ҳукмронии Худо?

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД

«Дар замони он подшоҳон Худои осмон подшоҳие барпо мекунад, ки ҳеҷ гоҳ барҳам намехӯрад» (Дониёл 2:44, Тарҷумаи Дунёи Нав).

«Ба ӯ ҳокимият, шукӯҳ ва подшоҳӣ дода шуд... Ҳукмронии ӯ абадист ва ҳаргиз аз байн намеравад ва подшоҳии ӯ нест намешавад» (Дониёл 7:14, Тарҷумаи Дунёи Нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

  • Подшоҳии одилонаи Худо ҳаётатонро беҳтар месозад (Ишаъё 48:17, 18).

  • Дар дунёи нав шумо саломатии комил ва ҳаёти хушбахтона ба даст меоред (Ошкорсозӣ 21:3, 4).

ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:

  • Исои Масеҳ нишон дода буд, ки Подшоҳии Худо чӣ кор мекунад. Ӯ шогирдонашро таълим медод, ки оиди омадани Подшоҳии Худо ва дар замин иҷро шудани хости Худо дуо гӯянд (Матто 6:9, 10). Исо нишон дод, ки чӣ тавр ин дуо мустаҷоб мегардад.

    Ҳангоми дар замин буданаш Исо гуруснагонро сер мекард, беморонро шифо медод ва мурдагонро зинда мекард (Матто 15:29–38; Юҳанно 11:38–44). Чун шоҳи ояндаи Подшоҳии Худо Исо нишон дод, ки он барои тобеонаш дар оянда чӣ корҳои нек хоҳад кард (Ошкорсозӣ 11:15).

  • Вазъияти ҷаҳон нишон медиҳад, ки Подшоҳии Худо наздик аст. Исои Масеҳ пешгӯйӣ карда буд, ки пеш аз он ки Подшоҳии Худо ба замин сулҳу осоиштагӣ биёрад, дунёи мо аз ҷангҳо, қаҳтиҳо ва заминҷунбиҳо пур хоҳад шуд (Матто 24:3, 7).

    Имрӯз мо мебинем, ки чӣ тавр ин пешгӯйӣ иҷро шуда истодааст. Аз ин рӯ боварӣ дошта метавонем, ки ба наздикӣ Подшоҳии Худо ба ҳамаи душвориҳо хотима мебахшад.

ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Ҳаёт дар зери Подшоҳии Худо чӣ гуна хоҳад буд?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ЗАБУР 37:29 ва ИШАЪЁ 65:21–23.