Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?

Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?

Шумо дар ҷавоб чӣ мегуфтед?

  • Бале.

  • Не.

  • Шояд.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД

«Худо... ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ошкорсозӣ 21:3, 4, Тарҷумаи Дунёи Нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Мефаҳмед, ки Худо сабабгори душвориҳои мо шуда наметавонад (Яъқуб 1:13).

Аз донистани он ки Худо нисбати азоби мо бепарво нест, тасаллӣ меёбед (Закарё 2:8).

Умед мебандед, ки ҳамаи азобҳо ба анҷом мерасанд (Забур 37:9–11).

ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:

  • Худо аз ранҷу азоб ва беадолатӣ нафрат дорад. Вақте ки ба халқаш бераҳмона муносибат мекарданд, Яҳува Худо чиро ҳис мекард? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо оҳу нолаи халқашро, ки «аз дасти золимон ва ситамгаронашон» мекашиданд, дида ғамгин мешуд (Доварон 2:18).

    Худо нисбати онҳое, ки ба дигарон зарар мерасонанд, беаҳамият нест. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худованд аз дастҳое, ки хуни ноҳақ мерезанд, нафрат дорад (Панднома 6:16, 17).

  • Худо нисбати ҳар яки мо ғамхор аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар кас дарду азоби худашро медонад. Лекин мо танҳо нестем, Яҳува низ дарди моро медонад (2 Воқеанома 6:29, 30).

    Яҳува ба воситаи Подшоҳии худ ҳама ранҷу азоби моро бартараф мекунад (Матто 6:9, 10). Ҳоло бошад, Худо онҳоеро, ки ӯро меҷӯянд, бо дилсӯзӣ тасаллӣ медиҳад (Корнома 17:27; 2 Қӯринтиён 1:3, 4).

ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: РУМИЁН 5:12 ва 2 ПЕТРУС 3:9.