Гузаштан ба маводи асосӣ

Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доред?

Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доред?

Шумо дар ҷавоб чӣ мегуфтед?

  • Ба он дигаргуниҳо дароварда шудааст.

  • Аз они мо нест.

  • Аз тарафи Худост.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД

«Тамоми Навиштаҳо аз Худо илҳом ёфтаанд» (2 Тимотиюс 3:16, Тарҷумаи Дунёи Нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Ба саволҳои муҳими ҳаёт ҷавобҳои қонеъкунандаро медиҳад (Панднома 2:1–5).

Дар ҳаёти ҳаррӯза роҳнамои боваринок мебошад (Забур 119:105).

Ба оянда умеди ҳақиқӣ мебахшад (Румиён 15:4).

ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш се сабаб вуҷуд дорад:

  • Ҳамоҳангии ҳайратангез. Дар муддати 1 600 сол қариб 40 нафар мардони гуногун Китоби Муқаддасро навиштаанд. Бисёре аз онҳо ҳатто якдигарро надида буданд. Лекин Китоби Муқаддас аз аввал то ба охир ҳамоҳанг буда, номи Худо ва ҳукмронии ӯро болобардор мекунад.

  • Нависандагони ростқавл. Одатан таърихчиён дар бораи дар ҷанг мағлуб гаштани халқи худ чизе намегӯянд. Нависандагони Китоби Муқаддас бошанд, баръакс, ҳам камбудиҳои худ ва ҳам хатоҳои халқашонро рӯйиросту ошкоро навиштаанд (2 Воқеанома 36:15, 16; Забур 51:1–4).

  • Пешгӯйиҳои боварибахш. Дар Китоби Муқаддас несту нобудшавии шаҳри қадимаи Бобил тақрибан 200 сол пеш аз рӯй додани он пешгӯйӣ шуда буд (Ишаъё 13:17–22). Дар он на танҳо чӣ тавр фурӯ ғалтидани Бобил, балки ҳатто номи забткунанда — Куруш ошкор шуда буд! (Ишаъё 45:1–3).

    Ҳамчунин бисёр пешгӯйиҳои дигари Китоби Муқаддас бо тамоми ҷузъиёташон иҷро шуда буданд. Магар ҳамаи ин моро ба он бовар намекунонад, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудааст! (Юшаъ 23:14).

ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Чӣ тавр Каломи Худо ҳаёти шуморо беҳтар карда метавонад?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ИШАЪЁ 48:17, 18 ва 2 ТИМОТИЮС 3:16, 17.