Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр омӯзиши шахсиро боз ҳам шавқовар ва фоиданок гардонем

Чӣ тавр омӯзиши шахсиро боз ҳам шавқовар ва фоиданок гардонем

ЕҲУШАЪ ибни Нун бояд халқи Исроилро ба Замини ваъдашуда мебурд. Ин супориш осон набуд, зеро дар роҳ душвориҳои зиёдро паси сар кардан лозим буд. Вале Яҳува вайро боварӣ бахшид, ки ӯ аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ баромада метавонад. Ӯ ба Еҳушаъ гуфт: «Қавӣ ва далер бош». Ва илова намуд: «Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард» (Еҳ. 1:7, 8).

Дар ин «замонҳои сахт» мо низ бо душвориҳои бисёр рӯ ба рӯ мешавем (2 Тим. 3:1). Барои онҳоро бомуваффақият паси сар кардан, мо бояд мисли Еҳушаъ ба маслиҳати Яҳува гӯш диҳем. Барои қабул кардани қарорҳои бохирадона ба мо лозим аст, ки Китоби Муқаддасро мунтазам хонем ва принсипҳои онро ба кор барем.

Вале пӯшида нест, ки бисёриҳо чӣ тавр омӯзиш карданро намедонанд ё аз он ҳаловат намегиранд. Бо вуҷуди ин, омӯзиши шахсӣ барои ҳар яки мо хеле муҳим аст. Маслиҳатҳое, ки дар чорчӯбаи « Пешниҳод оиди беҳтар кардани омӯзиши шахсӣ» оварда шудаанд, ба шумо барои шавқовар гардондани омӯзиш ва аз он фоидаи бештар гирифтан кӯмак мекунанд.

Забурнавис месароид: «Фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад» (Заб. 18:9). Ба мо низ омӯхтани Каломи Худо шодиву хурсандӣ оварда метавонад. Агар шумо мунтазам омӯзиш кунед, аз Китоби Муқаддас бисёр ганҷҳои рӯҳониро ёфта метавонед.

Шумо мисли Еҳушаъ ба ягон халқ роҳбарӣ накунед ҳам, душвориҳои худро доред. Барои ҳамин, мисли ӯ Каломи Худоро омӯзед ва гуфтаҳои онро риоя кунед. Он гоҳ шумо низ дар ҳамаи ҷонибҳои ҳаёт комёб гардида, муваффақият ба даст меоред.