Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Мо муҳаббати Худоро дар ҳар маврид ҳис кардем

Мо муҳаббати Худоро дар ҳар маврид ҳис кардем

ПАДАРАМ, ки Артур ном дошт, марди худотарс буд ва барои ҳамин ходими калисои методистӣ шудан мехост. Лекин баъди хондани баъзе маҷаллаҳои Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас фикрашро дигар карда бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ҳамин тавр вай соли 1914 дар синни 17-солагиаш таъмид гирифт. Дар он солҳо Ҷанги Якуми Ҷаҳон авҷ гирифт ва ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ва аз сабаби ба даст яроқ нагирифтанаш падарамро дар маҳбаси Кингстон (Онтарио, Канада) ба мӯҳлати даҳ моҳ ҳабс карданд. Баъди аз маҳбас озод шуданаш падарам паҳнкунандаи китоб (пештар пешравони пурравақтро чунин мегуфтанд) шуд.

Соли 1926 падарам бо модарам, Хейзл Уилкинсон, ки модараш ҳақиқатро аз соли 1908 медонист, оиладор шуд. Ман 24-уми апрели соли 1931 таваллуд шудам. Дар оила мо ҳамагӣ чор фарзанд будем ва ман фарзанди дуюм будам. Падарам Китоби Муқаддасро хеле дӯст медошт ва ҳурмат мекард ва барои ҳамин моро низ таълим медод, ки чунин кунем. Дар оилаи мо ибодати Яҳува ҳамеша дар ҷои аввал меистод. Мо мунтазам якҷоя хона ба хона мавъиза мекардем (Аъм. 20:20).

МИСЛИ ПАДАРАМ МАВҚЕИ БЕТАРАФИРО НИГОҲ ДОШТА ПЕШРАВ ШУДАМ

Соли 1939 Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сар шуд. Баъди як сол фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар Канада манъ карданд. Дар мактабҳо талабагон бояд байрақро парастиш карда суруди миллӣ месароиданд. Одатан муаллимон ба ману апаам Дороти иҷозат медоданд, ки дар ин гуна чорабиниҳо иштирок накунем. Вале як рӯз ман ҳайрон шудам, ки муаллимаам маро шарманда карданӣ шуда дар пеши ҳама тарсончак гуфт. Баъди дарс якчанд ҳамсинфонам маро ба замин афтонда заданд. Лекин ин амали онҳо хоҳиши маро барои танҳо ба Яҳува итоат кардан боз ҳам қавитар гардонд (Аъм. 5:29).

Моҳи июли соли 1942 дар синни 11-солагӣ ман дар баки калони ферма таъмид гирифтам. Дар таътили тобистона чун пешрав (пешрави ёвар) хизмат кардан бароям ҳаловат мебахшид. Ҳатто боре ман тавонистам, ки бо се бародарон ба қисми шимолии Онтарио рафта ба касоне ки дарахт мебуриданд, мавъиза кунам.

Якуми майи соли 1949 ман пешрави доимӣ шудам. Баъд маро ба филиали Канада барои дар кори сохтмон ёрдам кардан, даъват намуданд. Ва чанде пас 1-уми декабр ман аъзои оилаи Байт-Или Канада шудам. Бародарон маро ба шӯъбаи чопкунӣ таъин намуданд ва ман тарзи чопкуниро дар мошинаҳое, ки дар як сатҳ чоп мекунанд, ёд гирифтам. Дар ёдам ҳаст, ки чӣ хел мо якчанд ҳафта шабона кор карда рисолаеро чоп кардем, ки дар бораи ба таъқибот дучор шудани халқи Яҳува дар Канада маълумот медод.

Баъдтар маро ба Шӯъбаи хизматӣ таъин намуданд. Вақте дар ин шӯъба кор мекардам, аз ман хоҳиш карданд, ки бо пешравони Квебек, ки нигоҳ накарда ба таъқиботҳои сахт хизмат мекарданд, сӯҳбат кунам. Дар байни ин пешравон хоҳар Мэри Зазула аз Эдмонтон (Алберта) буд. Волидони ӯ аъзои калисои православӣ буданд. Вақте ки Мэри бо бародараш гуфтанд, ки омӯзиши Китоби Муқаддасро бас намекунанд, волидонашон онҳоро аз хона пеш карданд. Моҳи июни соли 1951 Мэри бо бародараш таъмид гирифта баъди шаш моҳ пешрав шуданд. Вақте аз Мэри мусоҳиба мегирифтам, ман дидам, ки то чӣ андоза ӯ Яҳуваро дӯст медорад. Ва фикр кардам, ки ӯ айнан ҳамон духтарест, ки ман ба занӣ гирифтаниам. Баъди нӯҳ моҳ, 30-юми январи соли 1954 мо оиладор шудем. Як ҳафта пас моро даъват карданд, ки таълим гирифта нозири ноҳиявӣ шавем. Сипас мо ду сол дар шимоли Онтарио чун нозири ноҳиявӣ хизмат кардем.

Кори мавъиза дар тамоми ҷаҳон торафт меафзуд. Ва барои паҳн кардани хушхабар миссионерони бисёр даркор буданд. Ману Мэри фикр кардем, ки агар мо дар Канада ба зимистони қаҳратун ва дар тобистон ба хомӯшакҳои хира одат карда тавониста бошем, пас дар ҳама ҷо зиндагӣ карда метавонем. Барои ҳамин мо дар 27-ум синфи Мактаби Ҷилъод таҳсил намуда онро моҳи июни соли 1956 хатм намудем. Моҳи ноябр бошад, моро ба Бразилия таъйин карданд.

ХИЗМАТ ДАР БРАЗИЛИЯ

Дар Бразилия мо омӯхтани забони португалиро сар кардем. Аввал мо бо роҳҳои осон сар кардани сӯҳбатро ёд гирифтем. Баъд мо пешниҳоди кӯтоҳи пешкаш кардани маҷалларо аз ёд кардем. Мо пешакӣ қарор карда будем, ки агар соҳибхона шавқ зоҳир кунад, ояти Китоби Муқаддасро дар бораи Салтанати Худо мехонем. Як рӯз мо дар хизмат ҷавонзанеро вохӯрдем, ки ба хушхабар шавқ зоҳир кард. Ман ба ӯ Ваҳй 21:3, 4-ро хонда беҳуш шудам, чунки ҳоло ба ин хел обу ҳавои гарму намнок одат накарда будам.

Моро ба шаҳри Кампос (Бразилия) таъйин карданд, ки ҳоло дар он ҷо 15 ҷамъомад ҳаст. Лекин вақте ки якум бор ба он ҷо омадем, фақат якто гурӯҳи дурдаст буду як хонаи миссионерон, ки дар он фақат чор хоҳар: Эстер Трейси, Рамона Бауэр, Луиза Швартс ва Лоррейн Брукс (ҳозир Уоллен) зиндагӣ мекарданд. Дар хонаи миссионерон ман бояд дар ҷомашӯйӣ ёрдам медодам ва барои хӯрокпазӣ ҳезум ҷамъ мекардам. Боре рӯзи душанбе бегоҳ баъди гузаронидани ибодати оилавӣ Мэри дар рӯйи диван дар таги сараш болишт монда дароз кашида буд. Мо чақ-чақ кардем ва баъдтар вақте ки Мэри сарашро аз болишт бардошт аз таги он море баромад! То куштани ин меҳмони нохонда дар хона доду вой бисёр шуд.

Баъд аз як соли омӯхтани забони португалӣ маро нозири ноҳиявӣ таъин намуданд. Мо дар минтақаҳое хизмат кардем, ки дар он ҷо свет набуд. Мо ҳаёти одӣ ба сар бурда дар замини қоқ хоб мерафтем ва бо аспу ароба сафар мекардем. Боре мо бо поезд ба шаҳрчае, ки дар кӯҳҳо ҷойгир буд, рафта, ҳамин тавр хушхабарро дар ҷойи дурдаст паҳн кардем. Мо дар он ҷо хонаеро ба иҷора гирифтем. Филиал ба мо барои паҳнкунӣ 800 нусха маҷалла фиристод. Барои ин адабиётро ба хона овардан мо якчанд бор ба почта рафта омадем.

Соли 1962 дар тамоми Бразилия, Мактаби Хизмат ба Салтанат барои бародарон ва хоҳароне, ки миссионер буданд, гузаронида шуд. Аз ман хоҳиш карданд, ки бе Мэри ба мӯҳлати шаш моҳ ба ҳар як мактаб равам. Ҳамин тавр ман дар Манаус, Белен, Форталеза, Ресифи ва Салвадор таълим додам. Вақте ки ман дар Манаус будам, дар театри машҳури опера анҷумани вилоятиро ташкил додам. Дар он ҷо борони сахт борид, оби нӯшокӣ кам монд ва ҷойи нағз набуд, ки бародарону хоҳарон шишта хӯрок хӯранд. (Дар он вақтҳо дар худи анҷуман хӯрок медоданд.) Ман бо офитсере гап зада душвориамонро фаҳмондам. Вай мардаки хуб буд ва бо ёрдами ӯ мо дар рӯзҳои анҷуман оби нӯшокӣ доштем. Ӯ ҳамчунин аскаронашро фиристод, то ки ба мо ду хаймаи калон созанд. Мо ин хаймаҳоро чун ошхона ва ҷой барои хӯрокхӯрӣ истифода бурдем.

Дар вақти набуданам Мэри дар минтақае мавъиза кард, ки дар он ҷо ҳеҷ кас ба хушхабар шавқ зоҳир накард. Чунки одамони он минтақа аз Португалия ба Бразилия барои пулкоркунӣ омада буданд ва ҳушу ёдашон фақат ба пул буд. Мэри зиқ шуд, ки бо ҳеҷ кас омӯзишро сар карда натавонист ва ба дӯстонаш гуфт, ки дар Португалия зиндагӣ кардан намехоҳад. Чанде пас мо номае гирифтем. Дар нома бародарон аз мо хоҳиш карданд, ки барои хизмат ба Португалия равем, ки дар он ҷо фаъолияти Шоҳидони Яҳува манъ буд. Мэри инро шунида шах шуд! Лекин мо ин таъинотро қабул карда ба Португалия рафтем.

ТАЪИНОТИ МО ДАР ПОРТУГАЛИЯ

Мо августи соли 1964 ба Лиссабон (Португалия) рафтем. Полис ҳаёти бародарону хоҳарони он ҷоро душвор мегардонд. Барои ҳамин хирадмандона мебуд, ки дарҳол бо Шоҳидони маҳаллӣ тамос нагирем. Аввал мо дар меҳмонхона меистодем ва сипас вақте ки ба мо виза доданд, як хонаи алоҳидаро ба иҷора гирифтем. Мо бо филиал танҳо моҳи январи соли 1965 тамос гирифтем. Панҷ моҳ пас мо бори аввал ба ҷамъомад рафтем, ин бароямон як рӯзи шодӣ буд!

Азбаски дар он ҷо фаъолияти мо манъ буд, Толорҳои Салтанат маҳкам буданд ва ҷамъомадҳо дар хонаҳои бародарон мегузаштанд. Аз ин рӯ кормандони полис дар хонаҳои бародарон доимо тафтишот мегузаронданд. Садҳо бародарону хоҳаронро барои пурсуков мебурданд. Кормандони полис ба онҳо хеле бад муносибат карда кӯшиш мекарданд, ки аз онҳо ному насаби бародарони масъулро фаҳманд. Дар натиҷа барои ҳимоя кардани якдигар, бародарон ба ҳамдигар бо ном муроҷиат мекарданд, на бо насаб. Мо ҳам ҳамин хел мекардем.

Мақсади асосии мо ҳамин буд, ки барои истодагарӣ кардан ба бародарону хоҳарон адабиётамонро дастрас кунем. Лекин ин кори осон набуд. Мэри дар варақаи махсус трафарети «Бурҷи дидбонӣ» барои омӯзиш ва дигар адабиётҳоро тайёр мекард. Ва сипас ин трафаретро истифода бурда ба воситаи мимеограф нусхабардорӣ мекард.

ҲИМОЯИ ХУШХАБАР ДАР НАЗДИ СУД

Моҳи июни соли 1966 дар Лиссабон мурофиаи судии муҳим гузашт. Ҳамаи 49 нафар аъзои ҷамъомади Фейҷо барои дар хона ҷамъшуда вохӯрӣ гузарониданашон айбдор дониста мешуданд. Ман бародарону хоҳаронро ба ин мурофиа тайёр карда саҳнача кардам. Дар ин саҳнача ман нақши прокурорро бозидам. Вале чи хеле ки интизор будем, мо дар ин мурофиа ғолиб наомадем. 49 нафар бародарону хоҳаронро аз 45 рӯз то панҷу ним моҳ ҳабс карданд. Лекин ба ин нигоҳ накарда ба воситаи ин мурофиаи судӣ шаҳодати бузург дода шуд. Дар мурофиа адвокатамон дар охири гапаш суханони Ҷамлиилро аз Китоби Муқаддас иқтибос овард (Аъм. 5:33–39). Ғайр аз ин дар ахборот низ дар ин бора гап мезаданд. Ҳамаи мо хеле хурсанд шудем, чунки адвокатамон омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда ба ҷамъомад меомадагӣ шуд ва то дами маргаш онро тарк накард.

Декабри соли 1966 маро нозири филиал таъин намуданд ва ман вақти бисёрро барои ҳал кардани масъалаҳои ҳуқуқӣ сарф менамудам. Ҳамроҳи дигар бародарон мо сахт ҳаракат мекардем, ки фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар Португалия иҷозат диҳанд (Флп. 1:7). Дар натиҷа 18-уми декабри соли 1974 фаъолияти мо қонунӣ карда шуд. Барои бо мо якҷоя хурсандӣ кардан аз Ҳайати роҳбарикунанда бародарон Нейтан Норр ва Фредерик Френс омаданд. Дар шаҳри Опорто ва Лиссабон як вохӯрии фаромӯшнашавандае гузашт, ки дар он 46 870 нафар иштирок намуданд.

Яҳува ҳамчунин ёрдам медод, ки хушхабар дар ҷазираҳои Азор, Кабо-Верде, Мадейра, Сан-Томе ва Принсипи, ки дар он одамон бо забони португалӣ гап мезаданд, паҳн шавад. Азбаски шумораи Шоҳидони Яҳува дар ин ҷойҳо меафзуд, ба мо лозим омад, ки филиали калонтар созем. Соли 1988 сохтмони ин филиал тамом шуд ва 23-юми апрели ҳамон сол бародар Милтон Ҳеншел бо нутқ баромад карда ин филиалро ба Худо бахшид. Дар ин чорабинӣ 45 522 бародарону хоҳарон ва ҳамчунин 20 нафаре, ки пештар дар Португалия чун миссионер хизмат мекарданд, ҳузур доштанд.

МО АЗ РАФТОРИ ХУБИ ДИГАРОН ИБРАТ ГИРИФТЕМ

Ману занам бо бародарону хоҳарони баркамолу вафодор бисёр муошират мекардем ва ин ба мо сахт таъсир расонд. Масалан, вақте ки ман бо бародар Теодор Ярач дар ташрифи зоналиаш ҳамкорӣ мекардам, барои худам як дарси муҳим гирифтам. Филиале, ки мо ташриф овардем бо душвории калон рӯ ба рӯ шуда буд. Барои ҳал кардани он бародарон аз Кумитаи филиал ҳар кори аз дасташон меомадаро карданд. Дар натиҷа онҳо зиқ шуданд, ки дигар ҳеҷ кор карда наметавонанд. Бародар Ярач онҳоро дилбардорӣ карда, гуфт: «Ҳоло вақти он аст, то гузорем, ки рӯҳи муқаддас амал кунад». Ман ҳамчунин суханони бародар Френсро, ки чанд сол пеш ҳангоми дар Бруклин буданамон гуфта буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Мо бо бародар Френс ва якчанд кас якҷоя муошират карда аз ӯ хоҳиш намудем, ки ба мо аз хизматаш ягон маслиҳат диҳад. Бародар Френс чунин ҷавоб дод: «Маслиҳати ман ин аст: “Ба пастиву баландӣ нигоҳ накарда дар ташкилоти Яҳува монед. Ягона коре, ки Исо ба шогирдонаш маслиҳат дод, ин мавъиза кардани хушхабар дар бораи Салтанати Худо мебошад!”»

Аз рӯи ин маслиҳат амал намудан ба ману занам хурсандии зиёд овард. Барои мо ҳамчунин хотираҳо аз ташрифи зоналӣ ба филиалҳо хеле пурарзишанд. Ба воситаи ин ташрифҳо мо имконият доштем, ки барои меҳнати ҳама ходимони Худо чӣ хурду чӣ калон, миннатдорӣ баён кунем. Ҳамчунин онҳоро барангезем, ки ин имтиёзи бузургро аз даст надода хизматашонро ба Яҳува давом диҳанд.

Солҳои зиёд гузаштанд ва ҳоло ману занам 80-солаем. Мэри бо душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд, мубориза мебарад (2 Қӯр. 12:9). Мо боз душвориҳои дигар низ дорем. Лекин ин душвориҳо имонамонро қавӣ карда ба мо азми қавӣ бахшиданд, ки беайбиамонро дар назди Яҳува нигоҳ дорем. Ба қафо назар карда мо дар ҳар маврид меҳрубонии Яҳуваро, ки сазовораш нестем, мебинем *.

^ сарх. 29 Ҳангоми ба чоп омода шудани ин мақола Дуглас Гест, 25-уми октябри с. 2015 аз олам чашм пӯшид.