Гузаштан ба маводи асосӣ

Мо аз табиат чӣ меомӯзем?

Мо аз табиат чӣ меомӯзем?

Мо аз табиат чӣ меомӯзем?

«Аз ҳайвонҳо бипурс ва онҳо туро таълим медиҳанд. Аз парандагони осмон савол кун ва онҳо ба ту мегӯянд. Ба замин диққат деҳ ва он туро таълим медиҳад ва моҳиёни баҳр ба ту хабар медиҳанд» (АЙЮБ 12:7, 8).

СОЛҲОИ ОХИР олимон ва муҳандисон ба маънои аслӣ аз растаниву ҳайвонот таълим гирифта истодаанд. Онҳо сохти ҳар гуна офаридаҳоро омӯхта, онро нусхабардорӣ мекунанд ва ҳаракат менамоянд, ки ягон чизи нав созанд ё маҳсулнокии механизмҳои дастрасро беҳтар гардонанд. Ҳангоми хондани ин мақола фикр кунед: «Кӣ барои ҳамаи ин офаридаҳо сазовори ҷалол аст?»

Қанотҳои наҳанг

Муҳандисони ҳавопаймо аз наҳанги кӯзапушт чӣ омӯхта метавонанд? Аз афташ бисёр чиз. Наҳанги калон тақрибан 30 тон вазн дорад. Вазни он ба вазни мошини боркаше, ки пур аз бор аст, баробар мебошад. Бадани наҳанг дурушт буда, қанотҳояш калон аст. Ин моҳии 12-метра дар об худро хеле озод ҳис мекунад. Масалан, ҳангоми сайд наҳанги кӯзапушт тоб хӯрда, аз таги сайдаш, ки одатан аз ҳар гуна харчанг ва моҳиҳои хурд иборат аст, даромада ҳамзамон ҳубобчаҳои зиёде мебарорад. Ин қапқони ҳубобчадор, ки диаметраш 1.5 метрро ташкил медиҳад, сайдро дар рӯйи об ҷамъ меорад. Ҳамин тавр наҳанг боло шино карда, сайдашро яклухт фурӯ мебарад.

Олимон ҳайрон буданд, ки чӣ тавр моҳие, ки пӯсташ ин қадар сахт аст, метавонад ба таври ҳайратовар дар ҷояш тоб хӯрда ҳаракат кунад. Дар натиҷаи таҳқиқот маълум шуд, ки сирри ин гуна ҳаракат дар қанотҳои наҳанг аст. Ҷолиб аст, ки қисми пеши қаноти ин моҳӣ мисли қаноти ҳавопаймо ҳамвор нест, балки он дандонадор буда як қатор лӯндачаҳо дорад.

Вақте наҳанг тез ҳаракат мекунад, лӯндачаҳои қаноташ муқовимати обро паст карда, кумак мекунанд, ки он ба боло ҳаракат кунад. Чӣ тавр? Дар як маҷаллаи илмӣ қайд мешавад, ки ба туфайли ин лӯндачаҳо ҳангоми ҳаракати наҳанг, ҳатто вақти ба боло ҳаракат карданаш, ҷараёни об озодона аз рӯйи қанотҳояш даврзанон мегузарад. Агар пеши қанотҳои наҳанг ҳамвор мебуд, он тоб хӯрда ба боло ҳаракат карда наметавонист, зеро об дар пушти қанотҳояш давр зада намегузошт, ки он ба боло ҳаракат кунад.

Ин кашфиёт чӣ фоида меорад? Агар қанотҳои ҳавопаймо мисли қанотҳои наҳанги кӯзапушт сохта шаванд, ба ҷузъиёти бисёр ё механизмҳое, ки ҷараёни ҳаворо идора мекунанд, дигар ниёз намешавад. Чунин қанотҳо боваринок буда нигоҳубинашон осонтар мегардад. Мутахассис биомеханик Ҷон Лонг мегӯяд, ки як рӯз не як рӯз қанотҳои ҳар як ҳавопаймо мисли қанотҳои наҳанги кӯзапушт дорои лӯндачаҳо мешавад.

Қанотҳои моҳихӯрак

Бояд гуфт, ки қанотҳои ҳавопаймо аллакай ба қанотҳои парандаҳо шабоҳат доранд. Вале муҳандисон ба наздикӣ ин монандиро ба сатҳи баландтар бароварданд. Дар маҷаллаи «Ню Сайнтист» гуфта мешавад: «Тадқиқотчиёни донишгоҳи Флорида ҳавопаймое сохтаанд, ки онро аз масофаи дур идора карда мешавад. Ин ҳавопаймо монанди моҳихӯрак сарнишеб ва бо суръати тез парвоз мекунад ва дар осмон муаллақ меистад».

Моҳихӯрак дар қисми китф ва оринҷҳояш қаноташро қат карда маҳорати баланди парвозкуниро нишон медиҳад. Дар маҷаллаи номбурда зикр шудааст: «Муҳандисон сохти қаноти моҳихӯракро нусхабардорӣ карда ҳавопаймоашонро, ки 60 сантиметр дарозӣ дорад, бо мотори хурдакак таҷҳизонидаанд. Ин мотор як гурӯҳ меҳвари металлиро, ки қанотҳои ҳавопайморо ба ҳаракат медароранд, идора мекунад. Ин ҳавопаймои хурдакак ба туфайли қанотҳои тааҷҷубовараш метавонад дар осмон муаллақ истад, инчунин дар байни биноҳои баланд ба таври морпеч ҳаракат кунад. Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳанд чунин ҳавопаймо сохта, дар шаҳрҳои калон барои ёфтани яроқҳои кимиёвӣ ва биологӣ онро ба кор баранд.

Пойҳои геккон

Аз хазандаҳо низ бисёр чиз омӯхтан мумкин. Мисол, калтакалоси хурдакакеро мегирем, ки геккон ном дорад. Ин хазанда бемалол бар шифту деворҳо ҳаракат мекунад. Дар бораи ин қобилияти ҳайратовараш одамон ҳанӯз дар замонҳои қадим медонистанд (Панднома 30:28). Аз чӣ сабаб қонуни ҷозиба дар мавриди геккон бетаъсир аст?

Чаро пойҳои геккон ҳатто ба шишаи ҳамвор мечаспанд? Гап дар пашмакҳои зиёде мебошад, ки кафи пойи гекконро пӯшондаанд. Бояд гуфт, ки пойҳои ин хазанда ширеш ҳосил накунанд ҳам, қувваи хурди молекулярӣ ҳосил менамоянд. Малекулаҳои пой ва девор аз ҳисоби қувваҳои хурди ҷозиба, ки қувваҳои «Ван-дер-Ваалс» ном доранд, бо ҳам мечаспанд. Одатан ин гуна қувваҳо аз қувваи ҷозиба сусттаранд. Барои ҳамин одам бо дастонаш ба девор часпида ҳаракат карда наметавонад. Вале пашмакҳои кафи пойи геккон масоҳати ҳамвории деворро васеъ мегардонанд. Ҳамин тавр, вақте қувваҳои «Ван-дер-Ваалс» афзуда бо ҳазорҳо пашмаки кафи пойи геккон якҷоя мешаванд, барои нигоҳ доштани вазни сабуки ин хазанда ба таври кофӣ хусусияти часпандагӣ ҳосил мешавад.

Ин кашфиёт чӣ фоида меорад? Маводҳои синтетикиеро, ки аз рӯйи пашмакҳои кафи пойи геккон тайёр шудаанд, ба ҷойи часпакҳои «велкро» истифода бурдан мумкин аст. Бояд гуфт ки часпакҳои «велкро»-ро низ ба табиат тақлид карда сохтаанд *. Дар маҷаллаи «Экономист» суханони тадқиқотчие оварда шудаанд, ки гуфтааст: «Маводеро, ки хусусияти “тасмаи геконӣ”-ро дорад, дар соҳаи тибб истифода бурдан мумкин, махсусан дар мавридҳое, ки ширеши кимиёвиро ба кор бурдан манъ аст».

Барои ин офаридаҳо кӣ сазовори ҷалол аст?

Айни ҳол дар Идораи миллии кайҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (NASA) роботи бисёрпоя сохта истодаанд, ки ба каждум монанд аст. Муҳандисони давлати Финляндия бошанд трактори шашпояе сохтаанд, ки ба ҳашароти калон монандӣ дорад ва ҳар хел монеаҳоро паси сар карда метавонад. Дигар гурӯҳи тадқиқотчиён маводи синтетикиеро сохтаанд, ки клапанҳои хеле хурд дорад ва мисли чалғӯзаи санавбар кушодаву пӯшида мешавад. Заводи мошинбарорӣ аз рӯйи сохти бадани лағжонаки моҳии чоркунҷашакл мошине сохта истодааст. Инчунин тадқиқотчиёне хусусияти ба бардорузан тоб оварда тавонистани малюски даруни садафро омӯхта истодаанд, то зиреҳкамзӯле (бронежилет) созанд, ки сабук асту ҳамзамон хеле мустаҳкам.

Воқеан ҳам дар табиат идеяҳои ҷолиб хеле бисёранд. Аз ин рӯ тадқиқотчиён маълумотномае тартиб додаанд, ки дар он рӯйхати ҳазорҳо системаи биологӣ оварда шудааст. Дар маҷаллаи «Экономист» гуфта мешавад, ки олимон ба ин маълумотнома назар карда, «барои беҳтар кардани ихтирооташон аз табиат меомӯзанд». Системаҳои биологие, ки дар ин маълумотнома омадаанд, инчунин «патенти биологӣ» номида мешаванд. Соҳиби патент одатан шахси воқеӣ ё ташкилоте мебошад, ки идея ё ихтирооташро расман эълон мекунад. Дар маҷаллаи номбурда дар бораи маълумотномаи «патенти биологӣ» гуфта шудааст: «Тадқиқотчиён идеяҳои ҷолиберо, ки аз табиат гирифта мешаванд “патенти биологӣ” номида, қайд карданиянд, ки соҳиби асосии патент дар асл табиат аст».

Чӣ тавр ба табиат муяссар гаштааст, ки ҳамаи ин идеяҳои ҳайратоварро амалӣ гардонад? Бисёр олимон мегӯянд, ки ҳамаи ин мӯъҷизаҳои табиат дар натиҷаи эволютсия давоми миллионҳо сол пайдо шудаанд. Вале ҳамзамон ҳастанд олимоне, ки ақидаи дигар доранд. Микробиолог Майкл Бихи дар рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» соли 2005-ум навишта буд: «Аз он ки дар табиат мақсади муайян дида мешавад чунин хулоса кардан мумкин аст: агар ягон чиз ба мурғобӣ монанд бошад ва мисли он роҳ гардаду садо барорад, ҳамзамон исботе набошад, ки он дигар паранда аст, асос пайдо мешавад, ки онро мурғобӣ номем». Ин олим хулоса мекунад: «Агар сохти ягон чиз баръало маълум бошад, мо набояд инкор кунем, ки он бо мақсади аниқ пайдо шудааст».

Бешубҳа, агар ягон муҳандис барои ҳавопаймо қаноте созад, ки бехатар асту манфиати зиёд дорад, барои ихтирооташ сазовори таҳсин мебошад. Ба ин монанд, агар ягон ихтироъчӣ бинте тайёр кунад, ки аз бисёр ҷиҳат корбурд аст ё матои мувофиқ барои либос ё мотори каммасрафтаре созад, барои ихтирооташ шоистаи таъриф мебошад. Вале, агар ягон корхона ихтирооти дигар касро нусхабардорӣ кунаду тан нагирад, ки ин идея ба дигар кас тааллуқ дорад, дар асл ҷиноят содир мекунад.

Вақте мутахассисони баландихтисос офаридаҳои табиатро камубеш нусхабардорӣ карда, дар соҳаи муҳандисӣ пешравӣ мекунанд ва ҳамзамон мегӯянд, ки идеяҳои ҳайратовари табиат дар натиҷаи эволютсия пайдо шудаанд, магар ин аз рӯйи мантиқ аст? Агар барои нусхабардорӣ кардан мутахассиси бомаҳорат даркор бошад, пас дар бораи пайдоиши нусхаи аслӣ чӣ гуфтан мумкин? Ба фикратон устод сазовори таъриф аст ё шогирд?

Хулосаи мантиқӣ

Одамони бомулоҳиза, ки бо мақсади муайян офарида шудани табиатро мебинанд, бо суханони зерини забурнавис розиянд: «Чӣ бисёр аст корҳоят, эй Яҳува! Ҳамаи онҳоро аз рӯйи хирад ба амал овардаӣ. Замин пур аз офаридаҳои туст» (Забур 104:24). Нависандаи дигари Китоби Муқаддас бо номи Павлус низ ба чунин хулоса омадааст. Ӯ мегӯяд: «Хислатҳои нонамоёни Ӯ [Худо], яъне қудрати абадӣ ва илоҳияташ аз вақти офариниши ҷаҳон баръало аёнанд, зеро одамон метавонанд ба воситаи офаридаҳо онҳоро дарк кунанд» (Румиён 1:19, 20).

Ҳарчанд бисёр одамони самимӣ Китоби Муқаддасро эҳтиром мекунанд ва ба Худо бовар доранд, вале розиянд, ки Худо ҳамаи мавҷудоти ҳайратовари табиатро ба воситаи эволютсия офаридааст. Лекин Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

[Поварақ]

^ сарх. 15 Велкро маводи часпак буда аз рӯйи растании мушхор сохта мешавад.

[Тасвири саҳифаи 5]

Ин қадар идеяҳои ҷолиб дар табиат чӣ хел пайдо шудаанд?

[Тасвири саҳифаи 6]

Кӣ соҳиби «патенти табиат» аст?

[Тасвири саҳифаи 7]

Агар барои нусхабардорӣ кардан мутахассиси бомаҳорат даркор бошад, пас дар бораи пайдоиши нусхаи аслӣ чӣ гуфтан мумкин?

Пойҳои геккон ҳеҷ гоҳ чиркин намешаванд, изи пояшон дар ягон ҷо намемонад, ғайр аз маводи тефлонӣ ба ҳама гуна ҳамворӣ мечаспанд ва ба осонӣ канда мешаванд. Олимон мехоҳанд ин хусусияти пойҳои гекконро нусхабардорӣ кунанд.

Ин ҳавопаймое, ки ҳаракатҳои душворро иҷро мекунад аз рӯйи қанотҳои моҳихӯрак нусхабардорӣ шудааст.

Аз рӯйи сохти бадани лағжонаки моҳии чоркунҷашакл мошин сохтаанд.

[Манбаи маълумот]

Airplane: Kristen Bartlett/​University of Florida; gecko foot: Breck P. Kent; box fish and car: Mercedes-Benz USA

[Тасвири саҳифаи 8]

САЁҲАТЧИЁНИ ТАБИАТАН ХИРАДМАНД

Бисёр ҳайвонот ҳангоми саёҳат роҳгум намезананд, зеро «дорои хиради табиӣ ҳастанд» (Панднома 30:24, 25). Биёед бо дутояш шинос шавем.

Мӯрчаҳо ҳаракати худро идора мекунанд. Чӣ тавр мӯрчаҳое, ки ба ҷустуҷӯи хӯрок мебароянд роҳи ба мӯрчахона баргаштанро фаромӯш намекунанд? Олимони Бритониё фаҳмиданд, ки баъзе мӯрчаҳо роҳи хонаашонро на танҳо аз бӯйи изҳои пойи худ меёбанд, ба онҳо инчунин пайроҳаи геометрӣ ёрдам мекунад. Мисол, мӯрчагони хонагиро мегирем. Дар маҷаллаи «Ню Сайнтис» гуфта мешавад: «Пайроҳаҳое, ки мӯрчаҳо аз хонаашон сар карда мегузоранд, ҷило медиҳанд ва дар кунҷи аз 50 то 60 дараҷа ба ду шоха ҷудо мешаванд». Дар ин мисол чӣ тааҷҷубовар аст? Вақте мӯрча сӯйи мӯрчахона баргашта то шохаҳои пайроҳа мерасад, аз рӯйи инстинкт шохаеро интихоб мекунад, ки каҷиаш нисбатан камтар асту ӯро ба хона мебарад. Дар ин мақола, инчунин қайд мешавад: «Бо ёрии геометрияи ин шохаҳо тартиби ҳаракати мӯрчаҳо дар пайроҳаҳо идора карда мешавад, махсусан вақте онҳо ба ду самт ҳаракат мекунанд. Ин шохаҳо намегузоранд, ки мӯрча роҳашро гум карда беҳуда қувваташро сарф кунад».

Қутбнамои парандаҳо. Бисёр парандаҳо ҳангоми парвоз ба масофаҳои дур ва ҳар боду ҳаво роҳашонро гум намекунанд. Чаро? Олимон мегӯянд, ки паррандагон майдони магнитии заминро ҳис мекунанд. Валекин дар маҷаллаи «Сайенс» қайд мешавад, ки хатҳои майдони магнитии замин дар ҳар қитъа гуногунанд ва на ҳама вақт самти шимолро аниқ нишон медиҳанд. Пас, чӣ ба парандагони кӯчманчӣ кумак мекунад, ки ҳангоми парвоз роҳгум назананд? Аз афташ ин парандагон ҳар бегоҳ аз рӯйи ғуруби офтоб қутбнамои худро ҷур мекунанд. Мувофиқи маҷаллаи мазкур олимон мегӯянд, ки азбаски нуқтаи ғуруби офтоб вобаста ба масофааш нисбати хати экватор ва фасли сол тағйир меёбад, парандагон ба воситаи «соати боилогие, ки ба онҳо фасли солро нишон медиҳад» ба ин тағйирот мутобиқ мешаванд.

Кӣ ба мӯрчаҳо қобилият додааст, ки геометрияро фаҳманд? Кӣ ба парандагон қутбнамо ё худ соати биологӣ ва ақл додааст, ки ин асбобҳои ботиниашонро истифода бурда тавонанд? Эволютсия ё ин ки Офаридгори бошуур?

[Манбаи маълумот]

© E.J.H. Robinson 2004