Ман фаҳмидам, ки адолат барқарор мешавад
Ман фаҳмидам, ки адолат барқарор мешавад
НАҚЛ КАРД УРЗУЛА МЕННЕ
Ман як умр фикр мекардам, ки ҳар инсон сазовори муносибати беғаразонаву боадолотона аст. Вақте дар Олмони Шарқӣ дар сари ҳокимият коммунистон буданд, аз сабаби адолатхоҳиям маро ба зиндон партофтанд. Маҳз дар он ҷо фаҳмидам, ки дар ҷаҳон кай адолат барқарор мешавад. Биёед ҳоло нақл кунам, ки ин чӣ тавр рӯй дод.
МАН соли 1922 дар шаҳри Галлеи Олмон, ки таърихи 1200-сола дорад, ба дунё омадам. Шаҳри мо 200 километр дуртар аз Берлин, дар ҷанубу шарқи он, ҷойгир буда, яке аз аввалин ҷамоатҳои протестантҳо ба ҳисоб мерафт. Хоҳарам Кете соли 1923 таваллуд шуд. Падарам дар сафи қувваҳои ҳарбӣ хизмат мекард, модарам бошад, дар театр суруд мехонд.
Ман адолатҷӯйию адолатхоҳиро аз падарам мерос гирифтам. Баъди аз сафи қувваҳои ҳарбӣ рафтанаш падарам соҳиби мағоза шуд. Азбаски бисёри мизоҷони падарам камбағалон буданд, ӯ аз дилсӯзӣ ба онҳо қарз медод. Ин хайрхоҳияш оқибат моро қашшоқ кард. Ман бояд аз таҷрибаи талхи падарам дарс мегирифтам, ки мубориза бурдан бо нобаробарию беадолатӣ дар асл кори осон нест. Лекин ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ намегузошт, ки ин ҳақиқатро тан гирам.
Модарам ба ману Кете мусиқӣ, сурудхонию рақсро ёд дод ва меҳри ҳунару санъатро дар диламон ҷой кард. Ман кӯдаки хандону чолок будам ва бо хоҳарчаам Кете ҳаёти хушбахт доштем. Лекин соли 1939 вазъият тамоман ранги дигар гирифт.
Ҳаёти даҳшатовар сар шуд
Баъди гирифтани маълумоти миёна ман ба мактаби балет дохил шуда, бо рақсҳои пурэҳсос (аусдрукстантс) машғул шудам. Мураббии ман Мари Вигман ном дошт ва ӯ дар ин соҳа пешқадам буд. Ин рақс аз ҳунарпеша талаб мекард, ки ҳиссиётро нағз нишон диҳад. Боз ман расм мекашидам. Солҳои наврасиям давраи нағз буд ва ман бо хурсандӣ чизҳои нав ба навро ёд мегирифтам. Лекин соли 1939 Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сар шуд. Соли 1941 падарам аз касалии сил вафот кард ва ин бароямон боз як зарбаи сахт буд.
Ҷанг мисли хоби даҳшатовар буд, ҳарчанд 17-сола будам, мефаҳмидам, ки дунё чаппаву роста шуда истодааст. Ман медидам, ки чӣ тавр гурӯҳ-гурӯҳ одамони дуппа-дуруст мисли фашистон корҳои аз ақл берунро мекарданд. Баъд гушнагӣ сар шуд, одамон мемурданд ва ҳама ҷо вайрону валангор буд. Хонаи мо дар натиҷаи бомбаборон сахт зарар дид. Дар давоми ҷанг якчанд хешовандонамон вафот карданд.
Вақте соли 1945 ҷанг тамом шуд, ману Кете ва модарам то ҳол дар Галле зиндагӣ мекардем. Он вақт ман аллакай оиладор ва соҳиби духтарча будам. Лекин муносибати ману ҳамсарам хуб набуд ва оқибат мо аз ҳам ҷудо шудем. Барои таъмини худаму духтарчаам ман раққосагӣ ва рассомӣ мекардам.
Баъди ҷанг Олмон ба чор қисм тақсим шуд ва шаҳри моро аскарони шӯравӣ гирифтанд. Ба ҳамаи мо лозим омад, ки ба ҳокимияти коммунистон одат кунем. Соли 1949 қисми шарқии Олмон, ки мо он ҷо зиндагӣ мекардем, Ҷумҳурии Демократии Олмон номида шуд.
Зери ҳокимияти коммунистон
Он солҳо модарам касал шуд ва ман бояд ӯро нигоҳубин мекардам. Маро дар як идораи ҳокимияти маҳаллӣ ба кор гирифтанд. Дар он ҷо ман бо донишҷӯёне, ки бо беадолатӣ мубориза мебурданд, шинос шудам. Масалан, як ҷавонро барои он ки падараш пеш аъзои ҳизби фашистон буд, аз донишгоҳ хориҷ карданд. Ин ҷавонро ман нағз мешинохтам, мо якҷоя мусиқӣ менавохтем. Ман чунин фикр мекардам: «Барои чӣ ӯ бояд барои корҳои падараш азоб кашад?» Он рӯзҳо ман бо донишҷӯёне, ки бо беадолатӣ мубориза мебурданд, тез-тез муошират мекардам ва чанде пас ба шӯришҳояшон ҳамроҳ шудам. Боре ман ҳатто дар даромадгоҳи бинои додгоҳи маҳаллӣ варақаҳоро часпондам.
Боре, вақте чун котиб якчанд номаеро, ки ба Кумитаи ноҳиявии сулҳ фиристода шуда буд, чоп мекардам, ҳисси адолатхоҳиям ҷӯш зад. Дафъаи дигар бо сабабҳои сиёсӣ Кумита хост ба як марди солхӯрдае, ки дар Олмони Ғарбӣ зиндагӣ мекард, маводе фиристад, ки таблиғоти коммунистӣ дошт. Бо ин корашон онҳо мехостанд, ки ин мардро айбдор кунанд. Ман аз ин беинсофию беадолатӣ чунон ба ғазаб омадам ки, он маводро дар идора пинҳон кардам. Дар натиҷа ин мавод фиристода нашуд.
«Маҳбуси бадтарин» ба ман умед бахшид
Моҳи июни соли 1951 ба идораамон ду нафар омада, ба ман гуфтанд: «Шумо ҳабс шудаед!». Онҳо маро ба зиндони «Ротер Оксе» («Буққаи сурх») фиристоданд ва баъди як сол маро дар амалиёти зидди давлат айбдор карданд. Маро як донишҷӯ ба полиси махфӣ фурӯхта, дар бораи варақаҳоро паҳн карданам хабар кашидааст. Мурофиаи судӣ рӯякӣ гузашт, чунки ҳеҷ кас ба суханони ман аҳамият надод. Маро ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар он вақт ман бемор шудам ва маро ба беморхонаи маҳбас, ки он ҷо тақрибан 40 зани дигар бистарӣ буд, бурданд. Вақте ҳамаи ин занони ноумеду бадбахтро дидам, ваҳму воҳима маро зер кард. Ман давида ба таги дар рафтам ва бо муштҳоям онро задан гирифтам.
«Ту чӣ мехоҳӣ?» — пурсид посбон.
«Маро аз ин ҷо баред,— фарёд мезадам ман,— ба камераи яккаса гузаронед ҳам майлаш, фақат ки аз ин ҷо бароред!» Лекин посбон ба гапи ман аҳамият надод. Чанде пас ман занеро дидам, ки аз дигарон фарқ мекард, дар чашмони вай оромӣ дида мешуд. Барои ҳамин ба наздаш рафта нишастам.
«Агар дар пеши ман шиштан хоҳӣ, эҳтиёт шав»,— гуфт ӯ. Баъд илова кард: «Дигарон фикр мекунанд, ки ман маҳбуси бадтаринам, чунки Шоҳиди Яҳува мебошам». Ман аз ин суханони ӯ ҳайрон шудам.
Он вақт ман намедонистам, ки Шоҳидони Яҳуваро душманони ҳукумати коммунистӣ меҳисобиданд. Лекин дар хотир доштам, ки ҳангоми кӯдакиям ду Тадқиқотчии Китоби Муқаддас (номи пештараи Шоҳидони Яҳува) зуд-зуд пеши падарам меомаданд. Ман мешунидам, ки падарам чунин мегуфт: «Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ҳаққи гапро мегӯянд!»
Ман аз дидори ин зан, ки Берта Брюггемайер ном дошт, хурсанд шудам ва гиряро сар додам. Ба ӯ гуфтам: «Илтимос, ба ман дар бораи Яҳува гап занед». Аз он рӯз сар карда мо якҷоя вақт мегузарондем ва дар бораи Китоби Муқаддас гап мезадем. Он вақт ман фаҳмидам, ки Худои ҳақиқӣ, Яҳува — Худои муҳаббат, адолат ва осоиштагӣ аст. Боз ман фаҳмидам, ки Худо тамоми зарареро, ки одамони бадкору золим расонидаанд, бартараф месозад. Дар китоби Забур 37:10, 11 гуфта шудааст: «Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад... Аммо нармдилон соҳиби замин мешаванд ва аз осудагии бисёр лаззат мебаранд».
Озодӣ ва сафар ба Олмони Ғарбӣ
Ман қариб панҷ сол дар маҳбас будам ва соли 1956 маро озод карданд. Баъди панҷ рӯзи озод шуданам ҳамроҳи ду духтарам, Ҳаннелора ва Забине, ба Олмони Ғарбӣ кӯчидам. Он ҷо ман аз шавҳарам расман ҷудо шудам ва боз бо Шоҳидони Яҳува вохӯрдам. Ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас фаҳмидам, ки бояд аз рӯйи меъёрҳои ахлоқии Яҳува зиндагӣ кунам, барои ҳамин ба ҳаётам дигаргуниҳо дароварда, соли 1958 таъмид гирифтам.
Дертар ман боз оиладор шудам, ин дафъа бо Шоҳиди Яҳува, Клаус Менне. Ману Клаус хушбахт будем ва соҳиби ду фарзанди дигар — Бенямину Табиа, шудем. Сад афсӯс ки, қариб 20 сол пеш Клаус ҳангоми як садама вафот кард. Баъди ин ман дигар шавҳар накардам. Умеди зиндашавӣ, яъне донистани он ки мурдагон дар биҳишти рӯйи замин зинда мешаванд, маро тасаллӣ медиҳад (Луқо 23:43; Корнома 24:15). Ман ҳамчунин аз он хурсандам, ки чор фарзандам ба Яҳува хизмат мекунанд.
Ба туфайли омӯзиши Китоби Муқаддас ман фаҳмидам, ки танҳо Яҳува адолатро барқарор карда метавонад. Баръакси одамон ӯ вазъияти моро пурра ба назар мегирад, аз ҷумла гузаштаи моро, ки аз чашми дигарон пӯшида аст. Ин дониши бебаҳо то ҳол ба ман оромӣ мебахшад, хусусан вақте ки бо беадолатӣ рӯ ба рӯ мешавам. Дар китоби Пандгӯ 5:8 гуфта шудааст: «Агар дар вилояти худ бубинӣ, ки бечорагон ситам мекашанд ва адлу инсоф зери пост, ҳайрон нашав, зеро он соҳибмансабро аз вай болотаре назорат мекунад ва бар сари ҳар дуи онҳо боз дигарон ҳастанд». Дар ин оят ибораи «аз вай болотаре», албатта, ба Офаридгорамон ишора мекунад. Дар Ибриён 4:13 гуфта шудааст: «Ҳама чиз дар пеши чашмони Оне, ки ба ӯ ҷавоб медиҳем, бараҳна ва аён аст».
Навад соле, ки сипарӣ шуд
Баъзан одамон аз ман мепурсанд, ки зиндагӣ зери ҳукумати фашистон ва коммунистон чӣ гуна буд. Дар ҳеҷ кадомаш ҳаёт осон набуд. Ин ду сохти давлатдорӣ мисли дигар ҳукуматдориҳо исбот мекунад, ки одамон бар худ ҳукмронӣ карда наметавонанд. Дар Китоби Муқаддас барҳақ гуфта шудааст: «Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9).
Дар давраи ҷавонию бетаҷрибагиям, интизори ҳукумати боадолатона будам. Айни ҳол медонам, ки танҳо Офаридгорамон метавонад дар тамоми ҷаҳон адлу инсофро барқарор кунад. Ӯ ҳама одамони бадро нест карда, ҳукмрониро ба дасти Писараш, Исои Масеҳ, ки хоҳишу беҳбудии дигаронро ҳамеша аз хоҳишҳои худ боло мемонд, месупорад. Китоби Муқаддас дар бораи Исо чунин мегӯяд: «Ту ростиро дӯст доштӣ ва бадкориро бад дидӣ» (Ибриён 1:9). Аз Худо беҳад миннатдорам, ки маро ба чунин Подшоҳи неку одил ҷалб кард. Ман зери роҳбарии ӯ ҷовидона зиндагӣ кардан мехоҳам!
[Тасвир дар саҳифаи 23]
Бо духтаронам Ҳаннелора ва Забине баъди ба Олмони Ғарбӣ кӯчиданамон
[Тасвир дар саҳифаи 23]
Ҳамроҳи писарам Бенямин ва келинам Сандра