Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳоло, ки Худоро шинохтед, чӣ кор хоҳед кард?

Ҳоло, ки Худоро шинохтед, чӣ кор хоҳед кард?

«Алҳол, ки Худоро мешиносед...» (ҒАЛ. 4:9).

1. Чаро лётчик пеш аз парвоз карданаш аз рӯи рӯйхат ҳавопайморо тафтиш мекунад?

 ОДАТАН лётчикҳо пеш аз бо ҳавопаймои муосир парвоз кардан, бояд аз рӯи рӯйхат зиёда аз 30 асбобу анҷомро тафтиш намоянд. Агар онҳо пеш аз ҳар як парвоз ин рӯйхатро бодиққат тафтиш накунанд, ягон фалокат рӯй дода метавонад. Оё шумо медонед, ки махсусан аз кадом лётчик талаб карда мешавад, ки пеш аз ҳар як парвоз ҳавопайморо бодиққат тафтиш кунад? Аз лётчики хеле ботаҷриба! Чунки лётчики ботаҷриба метавонад ба осонӣ худбовару бепарво гашта, ҳавопайморо бодиққат тафтиш накунад.

2. Масеҳиён бояд чиро тафтиш кунанд?

2 Мисли лётчикҳо шумо низ аз рӯи рӯйхати махсус худро тафтиш карда метавонед, то дилпур бошед, ки имонатон ҳатто дар душвориҳои сахттарин қавӣ мемонад. Шумо хоҳ ба наздикӣ таъмид гирифта бошед ё хоҳ аз таъмидатон аллакай солҳои зиёд гузаштааст, хеле муҳим аст, ки мунтазам имон ва муҳаббати ба Яҳува доштаатонро тафтиш намоед. Лекин, агар шумо мунтазам ва бодиққат чунин тафтишот нагузаронед, ин метавонад ба ягон фалокати рӯҳонӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад» (1 Қӯр. 10:12).

3. Масеҳиёни шаҳри Ғалотия бояд чӣ кор мекарданд?

3 Ба туфайли фидияи Исо масеҳиён имкониятеро ба даст оварданд, то бо Худо бо роҳи нав шинос шаванд. Акнун одамон чун писарони Худо интихоб шуда метавонистанд! Лекин ба масеҳиёни шаҳри Ғалотия лозим буд, ки мунтазам имонашонро тафтиш кунанд (Ғал. 4:9). Баъзе аъзоёни ҷамъомади Ғалотия мегуфтанд, ки масеҳиён танҳо ҳамон вақт одил буда метавонанд, агар Қонуни Мусоро низ риоя кунанд. Лекин Худо риояи қонунеро, ки ба Мусо дода буд, дигар талаб намекард ва ғайр аз ин, ғайрияҳудиёне, ки дар ҷамъомад буданд, ягон вақт зери ин Қонун қарор надоштанд. Ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба ғайрияҳудиён лозим буд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд кунанд. Масалан, онҳо бояд дарк мекарданд, ки бо риоя кардани Қонуни Мусо дар назди Худо одил буда наметавонанд.

ҚАДАМҲОИ АВВАЛИН БАРОИ ШИНОХТАНИ ХУДО

4, 5. Номае, ки Павлус ба ғалотиён навишт, чиро ёдрас мекунад ва чаро ин ёдраскунӣ ба мо низ дахл дорад?

4 Номае, ки Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни шаҳри Ғалотия навишт, ба ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ ёдрас мекунад, ки аз ҳақиқати Каломи Худо рӯй нагардонанд ва ба ҳаёти пешина барнагарданд. Ин нома ба ҳамаи мо барои содиқ мондан кӯмак карда метавонад.

5 Хуб мебуд, ки ҳар яки мо оиди он ки чӣ тавр аз бори гарони ибодати нодуруст озод шудем ва Шоҳиди Яҳува гаштем, мулоҳиза ронем. Барои мулоҳизаронӣ, оиди ин ду савол фикр кунед: Оё шумо қадамҳоеро, ки барои таъмид гирифтан гузошта будед, дар ёд доред? Оё дар хотир доред, ки чӣ тавр Худоро шинохтед ва вақте дарк кардед, ки Худо низ шуморо шинохтааст, чӣ гуна ҳиссиёт шуморо фаро гирифта буд?

6. Аз рӯи кадом рӯйхат мо тафтишот гузаронда метавонем?

6 Барои таъмид гирифтан ҳамаи мо нӯҳ қадами асосиро гузоштем. Ин қадамҳо дар чорчӯбаи «Қадамҳо барои таъмидгирӣ ва давом додани рушди рӯҳонӣ» оварда шудаанд, то ки мо аз рӯи он ҳолати рӯҳонии худро тафтиш намоем. Мунтазам ба ёд овардани ин қадамҳо ба мо қувват мебахшад, то ки ҳақиқатро тарк накунем ва ба ҷаҳон барнагардем. Мисли лётчики ботаҷрибаву ҳушёр, ки барои бехатар парвоз кардан, аввал рӯйхати лозимаро аз назар мегузаронад, мо низ барои содиқона хизматро давом додан, бояд аз рӯи рӯйхати дар чорчӯба омада мунтазам тафтишот гузаронем.

ШАХСОНЕ, КИ АЗ ТАРАФИ ХУДО ШИНОХТА ШУДААНД, РУШДИ РӮҲОНИРО ДАВОМ МЕДИҲАНД

7. Мо бояд ба кадом намуна пайравӣ намоем ва чаро?

7 Рӯйхат ба лётчик ёдрас мекунад, ки пеш аз ҳар як парвоз баъзе чизҳоро бояд бодиққат тафтиш кунад. Мо низ метавонем мунтазам, ҳам худамон ва ҳам корҳои лозимаро, ки чун масеҳиён онҳоро бояд иҷро намоем, тафтиш кунем. Павлус ба Тимотиюс навишт: «Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо» (2 Тим. 1:13). Он «суханони солим» дар Каломи Худо ҷой доранд (1 Тим. 6:3). Чӣ тавре ки аз нақши аввалаи рассом аллакай маънои пурраи расми ӯро фаҳмидан мумкин аст, ҳамин тавр ба туфайли «намунаи суханони солим», мо метавонем корҳоеро, ки Яҳува аз мо талаб мекунад, дарк кунем ва аз рӯи онҳо амал намоем. Барои ҳамин, биёед ҳоло ба қадамҳое, ки барои таъмидгирӣ мусоидат карданд, таваҷҷӯҳ намуда, муайян созем, ки оё мо ба «намунаи суханони солим», яъне ба таълимоти Китоби Муқаддас пурра пайравӣ мекунем ё не.

8, 9. а) Чаро мо бояд инкишоф додани дониш ва имонро давом диҳем? б) Фаҳмонед, ки рушди рӯҳонӣ чӣ арзиш дорад ва чаро он протсесси доимӣ аст.

8 Қадами аввалини мо аз рӯи рӯйхат ин гирифтани дониш буд, ки ба доштани имон мусоидат кард. Лекин баъди таъмид низ мо бояд гирифтани дониш ва боз ҳам мустаҳкам гардондани имонамонро давом диҳем (2 Тас. 1:3). Аз ин рӯ, муносибатамон бо Худо бояд минбаъд низ инкишоф ёбад ва мустаҳкамтар гардад.

Дарахт инкишофёбиро давом медиҳад. Масеҳиён низ бояд инкишоф ёфтанро давом диҳанд

9 Рушди рӯҳониамонро бо калон шудани дарахт муқоиса кардан мумкин аст. Одатан дарахт торафт калон мешавад, махсусан агар решааш чуқур ва васеъ паҳн шуда бошад. Масалан, баъзе дарахтони арз, ки дар Лубнон мерӯянд, дорои решаҳои мустаҳкаманд ва дарозиашон метавонад ба бинои 12-ошёна баробар шавад. Ин дарахтон чунон калон мешаванд, ки гирди танаашон 12 метрро ташкил дода метавонад (С. Сурудҳо 5:15). Гарчанд нашъунамои ин дарахт баъди калон шудан начандон ба чашм намоён аст, лекин он инкишоф ёфтанро давом медиҳад. Сол аз сол танаи дарахт ғафс мешавад, решааш чуқуртару паҳнтар мегардад ва дар натиҷа дарахт мустаҳкамтар мешавад. Оиди рушди рӯҳонии шахси масеҳӣ низ чунин гуфтан мумкин аст. Дар давраи аввали омӯзиши Китоби Муқаддас шахс шояд тез рӯҳан рушд кунад ва баъд таъмид гирад. Ин пешравии ӯро аъзоёни ҷамъомад дида хурсандӣ мекунанд. Шояд ӯ ҳатто чун пешрав хизмат кунад ё ба дигар масъулиятҳо ноил шавад. Аммо баъди гузаштани солҳо, шояд рушди рӯҳонии минбаъдаи ӯ ба назар начандон намоён бошад. Ба ин нигоҳ накарда, ба ӯ ва ба ҳамаи мо лозим аст, ки дониш ва имонамонро инкишоф диҳем, то «ба дараҷаи шахси комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем» (Эфс. 4:13). Ҳамин тавр, чуноне ки навдаи хурд калон шуда, ба дарахти бузургу мустаҳкам табдил меёбад, мо низ рӯҳан инкишоф ёфта, масеҳии баркамол мегардем.

10. Чаро масеҳиёни баркамол низ бояд рӯҳан инкишоф ёбанд?

10 Аммо баъд аз масеҳии баркамол гаштан ҳам, мо бояд инкишофёбиро давом дода, донишамонро васеътар ва имонамонро чуқуртар гардонем. Ҳамин тавр, дар ҳақиқати илоҳӣ чуқур реша давонда, бештар устувору ноҷунбон хоҳем гашт (Мас. 12:3). Дар ҷамъомади масеҳӣ бисёр бародарону хоҳароне ҳастанд, ки чунин амал мекунанд. Масалан, бародаре, ки зиёда аз 30 сол чун пири ҷамъомад хизмат мекунад, қайд кард, ки вай то ҳол рӯҳан инкишоф ёфта истодааст. Ӯ мегӯяд: «Миннатдории ман нисбати Китоби Муқаддас хеле зиёд гашт. Ман доимо имкониятҳои навро барои дар мавридҳои гуногун ба кор бурдани принсипу қонунҳои Китоби Муқаддас ёфта истодаам. Миннатдории ман нисбати кори мавъиза низ афзуда истодааст».

ДӮСТИРО БО ХУДО ИНКИШОФ ДИҲЕД

11. Чӣ тавр мустаҳкам гардондани дӯстиамонро бо Яҳува давом дода метавонем?

11 Агар мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд кардан хоҳем, бояд инкишоф додани муносибатамонро бо Яҳува чун бо Падар ва Дӯсти худ, давом диҳем. Яҳува мехоҳад, ки мо худро маҳбуб ва дар бехатарӣ ҳис кунем. Ин ба ҳиссиёти кӯдаке, ки дар оғӯши падар ё модари ғамхораш худро маҳбуб ва дар бехатарӣ ҳис мекунад, монанд аст ё мисли он, ки мо дар назди дӯсти ҳақиқӣ ва вафодор қарор дошта, худро орому бароҳат ҳис мекунем. Тавре ки ба шумо маълум аст, чунин муносибати наздик бо Яҳува дар як рӯз инкишоф намеёбад. Аз ин рӯ, барои шахсияти Яҳуваро хубтар шинохтан, бояд вақт ҷудо карда, ҳар рӯз Каломи Ӯро хонед. Ва инчунин ҳар як нашри маҷаллаҳо, китобҳо ва брошураҳоро, ки Яҳува бароямон медиҳад, хонед.

12. Барои он ки Яҳува моро шиносад, чӣ кор кардан зарур аст?

12 Дӯстони Худо ба воситаи дуоҳои самимӣ ва муоширати хуб рӯҳан рушд мекунанд. (Малокӣ 3:16-ро бихонед.) «Гӯшҳои Ӯ — сӯи дуои онҳо» нигаронида шудааст (1 Пет. 3:12). Яҳува мисли падари ғамхору меҳрубон зориву илтиҷои моро бодиққат гӯш мекунад. Барои ҳамин, дар Каломи Ӯ гуфта шудааст: «Ҳамеша дуо гӯед» (Рум. 12:12). Бе кӯмаки Худо нигоҳ доштани муносибати наздик бо Ӯ ғайриимкон аст. Фишори ин ҷаҳон хеле пурзӯр аст, барои ҳамин мо фақат бо қувваи худамон бо ин фишор мубориза бурда наметавонем. Агар мо дар дуо боисрор набошем, мо худамонро аз манбаи қуввае, ки Яҳува ба додани он тайёр ва қодир аст, маҳрум месозем. Оё шумо аз сифати дуоҳоятон қаноатмандед ё аз ин ҷиҳат бояд беҳтар шавед? (Ирм. 16:19).

13. Чаро муҳим аст, ки барои рушди рӯҳонӣ кардан бо дигар ҳамимонон муошират кунем?

13 Яҳува «паноҳбарони» бисёр дорад ва ҳамаи онҳо ба Ӯ хурсандӣ меоранд. Барои ҳамин, ҳатто баъд аз шинохтани Худо мо бояд бо дигар аъзоёни ҷамъомад, ки Ӯро мешиносанд, мунтазам муошират кунем (Наҳум 1:7). Ва ин аз рӯи хирад аст, зеро ки дар ҷаҳони пур аз ғаму андӯҳ, мо аз бародарону хоҳарон рӯҳбаландӣ мегирем. Дар ҷамъомад мо бо шахсоне муошират мекунем, ки моро ба «муҳаббат ва аъмоли нек» бармеангезанд (Ибр. 10:24, 25). Муҳаббат ба якдигар, ки оиди он Павлус ба ибриён навишта буд, ба он ишора мекунад, ки шахс бояд бо бародарият, яъне дар ҷамъомад бошад. Чунин муҳаббат дар ҳамкорӣ ва муошират бо ҳамимонон зоҳир мешавад. Бигзор дар рӯйхатамон ташрифи мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ва дар он иштирок кардан қадами зарурӣ бошад.

14. Чаро барои тавба кардан ва тағйир додани ҳаётамон, мо бояд ҳамеша тайёр бошем?

14 Барои масеҳӣ шудан ба мо лозим буд, ки аввал тавба кунем ва ислоҳ шавем. Лекин барои тавба кардан ва тағйир додани ҳаётамон, мо бояд ҳамеша тайёр бошем. Азбаски мо нокомил ҳастем, гуноҳ то ҳол дар мо вуҷуд дорад ва он мисли мор барои ҳамла кардан ҳамеша тайёр аст (Рум. 3:9, 10; 6:12–14). Пас, биёед ҳушёр ва бодиққат монем ва ба сустиҳоямон беэътиноӣ накунем. Чӣ хушбахтист, ки вақте мо бо сустиҳоямон самимона мубориза мебарему дар ҳаётамон тағйиротҳои лозимаро медарорем, Яҳува нисбати мо пурсабрӣ зоҳир мекунад (Фил. 2:12; 2 Пет. 3:9). Ва ба ҷои он ки вақту қуввати худро ба хоҳишҳои худбинона сарф намоем, биёед беҳтараш бисёртар ба Худо хизмат кунем. Як хоҳар чунин навишт: «Гарчанд ман аз хурдсолиам ба ҷамъомад мерафтам, лекин назар ба аксарияти ҳамимонон фикри ман нисбати Яҳува дигар буд. Ман гумон доштам, ки Худо шахсиятест, ки аз Ӯ сахт тарсидан лозим аст ва ҳис мекардам, ки ҳеҷ гоҳ ба Ӯ писанд намеоям». Бо гузашти вақт ин хоҳар аз сабаби якчанд сустиҳои шахсиаш бо душвориҳои ҷиддии рӯҳонӣ рӯ ба рӯ шуд. Хоҳар давом дода, гуфт: «Сабаб дар он набуд, ки ман Яҳуваро дӯст намедоштам, балки дар он буд, ки Ӯро нағз намешинохтам. Аммо баъд аз дуоҳои бисёру боисрор фикрҳоям тамоман дигар шудан гирифтанд. Ман фаҳмидам, ки Яҳува маро мисли фарзандаш роҳнамоӣ мекард ва дар ҳар душворӣ навозишкорона нишон медод, ки чӣ кор бояд кунам».

15. Исо ва Падараш чиро мушоҳида мекунанд?

15 Ба одамон мавъиза карданро давом диҳед. Баъди ба таври мӯъҷизавӣ аз маҳбас озод шудани Петрус ва дигар ҳаввориён, фариштаи Худо ба онҳо гуфт, ки мавъизаро оиди хушхабар давом диҳанд (Аъм. 5:19–21). Бале, дар рӯйхати мо қадами навбатӣ, ин ҳар ҳафта дар хизмат иштирок кардан мебошад. Исо ва Падари ӯ, ҳам имон ва ҳам хизмати моро мушоҳида мекунанд (Ваҳй 2:19). Пири ҷамъомад, ки дар борааш дар сархатҳои аввал гуфта будем, қайд кард, ки хизмат ба Яҳува бояд қисми асосии ҳаёти мо бошад.

16. Чаро мо бояд оиди ба Яҳува бахшидани ҳаёти худ мулоҳиза ронем?

16 Дар бораи бахшидани ҳаёти худ ба Худо андеша кунед. Чизи аз ҳама беҳтарине, ки мо дар ҳаётамон дорем, ин муносибати наздик бо Яҳува аст. Худо ҳамаи онҳоеро, ки ба Ӯ тааллуқ доранд, мешиносад. (Ишаъё 44:5-ро бихонед.) Аз ин рӯ, бо дуо тафтиш кунед, ки то чӣ андоза муносибататон бо Яҳува мустаҳкам аст. Ғайр аз ин, санаи таъмидгириатон ва муҳим будани он рӯзро фаромӯш накунед. Ин ба шумо хотиррасон мекунад, ки таъмидатон рамзи он буд, ки шумо қарори муҳимеро дар ҳаётатон қабул карда будед.

БАРОИ БА ЯҲУВА СОДИҚ МОНДАН ИСТОДАГАРӢ ЛОЗИМ АСТ

17. Чаро барои ба Худо содиқ мондан истодагарӣ лозим аст?

17 Дар номаи худ ба масеҳиёни шаҳри Ғалотия, Павлус қайд намуд, ки зоҳир кардани истодагарӣ муҳим аст (Ғал. 6:9). Ин маслиҳат ба масеҳиёни имрӯза низ дахл дорад. Шумо бо озмоишҳо рӯ ба рӯ хоҳед шуд, лекин Яҳува ба шумо ёрдам хоҳад кард. Дар дуо пурсидани рӯҳулқудсро давом диҳед ва Худо ба шумо ёрдам мекунад, ки нигоҳ накарда ба душвориҳо хурсандиву осоиштагиро нигоҳ доред (Мат. 7:7–11). Дар бораи далели зерин фикр кунед: Яҳува, ки ба паррандаҳо ғамхор аст, магар ба шумо ғамхорӣ нахоҳад кард? Албатта мекунад, зеро шумо Ӯро дӯст медоред ва ҳаётатонро ба Ӯ бахшидаед (Мат. 10:29–31). Нигоҳ накарда ба душвориҳое, ки ба сари шумо омадаанд, ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед ва ҳақиқатро тарк накунед. Ба туфайли он ки Яҳува ҳоло моро мешиносад, мо аз баракатҳои олиҷаноб сарватмандем!

18. Ҳоло, баъд аз он ки шумо Худоро шинохтед, чӣ кор карданиед?

18 Пас, агар шумо ба наздикӣ Худоро шинохта, таъмид гирифта бошед, чӣ кор хоҳед кард? Беҳтар шинохтани Яҳуваро давом диҳед ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол шавед. Агар аз рӯзи таъмид гирифтанатон солҳои зиёд гузашта бошад–чӣ? Дар ин маврид низ бояд чуқуру васеътар кардани донишатонро оиди Яҳува давом диҳед. Биёед ҳеҷ вақт нисбати муносибати худ бо Худо бепарво нашавем. Баръакс, мо бояд мунтазам қадамҳои дар ин мақола овардашударо тафтиш намоем, то дилпур бошем, ки муносибати худро бо Яҳува, ки Падари меҳрубон, Дӯсти наздик ва Худои мо мебошад, инкишоф дода истодаем. (2 Қӯринтиён 13:5, 6-ро бихонед.)