Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува «ҳар рӯз бори» маро мебардорад

Яҳува «ҳар рӯз бори» маро мебардорад

Ман нигоҳ накарда ба ҳолати тағйирёбандаи саломатиам, ки баъзан вақт ба назарам тоқатнопазир метобад, дар давоми тамоми ҳаётам ғамхории меҳрубононаи Падари осмониамонро ҳис мекунам. Ва зиёда аз 20 сол ман ба Яҳува чун пешрав хизмат карда, аз ин хурсандии махсус мегирам.

Ман соли 1956 бо иллати сутунмӯҳра (расщелина позвоночника) таваллуд шудам. Азбаски устухонҳои сутунмӯҳра найчаи асабро пурра маҳкам намекарданд, нуқтаҳои асаби сутунмӯҳраам осеб диданд. Чунин норасоӣ роҳгардии маро мушкил гардонд ва ба дигар душвориҳои ҷиддии бо саломатӣ алоқаманд гирифтор кард.

Чанде пеш аз таваллудшавиам, волидонам бо миссионерони Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда буданд. Дар хурдсолиам дар ватани ман шаҳри Усакос (Намибия) шумораи воизон хеле кам буд. Барои ҳамин, мо мавзӯъҳои дар вохӯриҳои ҷамъомад пешбинишударо худамон чун оила муҳокима мекардем. Дар синни ҳафтсолагӣ, ман ба бемории уростома гирифтор шудам, ки аз сабаби ин ман пешоб карда наметавонистам. Барои ҳамин ҷарроҳӣ лозим шуд, то ки табибон барои пешоб карда тавонистанам сӯрохии сунъие кушоянд. Вақте ки 14-сола будам, дар ман бемории эпилепсия авҷ гирифт. Аз сабаби он ки мактаби наздиктарин аз хонаи мо дур буд ва ман ба ғамхории махсуси волидонам ниёз доштам, ман натавонистам мактабро тамом кунам.

Ба ҳар ҳол, ман қарор додам, ки худро аз ҷиҳати рӯҳонӣ мустаҳкам кунам. Бисёр адабиётҳои масеҳии мо он вақтҳо ба забони модарии ман, забони африқоӣ, дастрас набуданд. Аз ин рӯ, ман бо забони англисӣ хонданро ёд гирифтам, то ки якчанд китобҳоямонро омӯзиш кунам. Ман воизи Салтанат гаштам ва дар синни 19-солагӣ таъмид гирифтам. Дар давоми панҷ соли баъди таъмид, ман бисёр проблемаҳои бо саломатӣ алоқаманд ва душвориҳои эмотсионалӣ доштам. Инчунин, азбаски дар маҳалли мо қариб ҳамаи одамон якдигарро мешиносанд, одамтарсӣ ба ман халал мерасонд, ки дар хизмат боғайрат бошам.

Дар 20-солагиам мо аз Намибия ба Африқои Ҷанубӣ кӯчидем ва дар вақтҳои аввал ман метавонистам бо ҷамъомад муошират кунам. То чӣ андоза ин барои ман тароватбахш буд! Лекин маро боз ҷарроҳӣ карданд — ин дафъа аз сабаби бемории рӯдаи ғафс (колостомия).

Чанде пас, ман шунидам, ки нозири ноҳиявӣ оиди хизмати пешравӣ гап мезанад. Гуфтаҳои ӯ ба дилам таъсир карданд. Ман медонистам, ки саломатиам нағз нест, вале медидам, ки чӣ тавр Яҳува дар бисёр душвориҳо ба ман ғамхорӣ мекунад. Аз ин рӯ, ман барои пешрави доимӣ шудан ариза пур кардам. Лекин аз сабаби проблемаҳои бо саломатӣ доштаам, пирон ҷуръат намекарданд, ки аризаи маро қабул кунанд.

Ба ҳар ҳол, ман қарор додам, ки дар кори Салтанат ҳар кори аз дастам меомадаро кунам. Бо кӯмаки модарам ва дигар бародарону хоҳарон, ман тавонистам, ки дар тӯли шаш моҳ меъёри пешравиро иҷро кунам. Ин нишон медод, ки хоҳиши ман оиди чун пешрав хизмат кардан қатъӣ аст ва ман ба душвориҳои бо саломатиам алоқаманд мутобиқ шуда метавонам. Ман бори дигар ариза додам ва ин дафъа онро қабул карданд. 1 сентябри соли 1988 ман пешрави доимӣ шудам.

Чун пешрав, ман доим дастгирии Яҳуваро ҳис мекунам. Ман ба ҷои он ки ҳамаи диққатамро ба душвориҳои худам равона кунам, ба одамони нав ҳақиқатро таълим медиҳам. Ин маро ҳимоя мекунад, қувват мебахшад ва кӯмак мерасонад, ки рӯҳан рушд кунам. Ман ба дигарон барои худро ба Худо бахшидан ва таъмид гирифтан кӯмак карда, аз ин бисёр хурсандӣ мегирам.

Ҳолати саломатии ман то ҳол тағйрёбанда аст. Аммо Яҳува «ҳар рӯз бори» маро мебардорад (Заб. 67:20). Ӯ ҳаёти маро на танҳо сабук мекунад, балки онро бароям ҳаловатбахш мегардонад!