Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Яҳува чун ғуломони Ӯ хизмат кунед

Ба Яҳува чун ғуломони Ӯ хизмат кунед

«Ҷидду ҷаҳдро суст накунед... Худовандро бандагӣ [ғуломӣ] намоед» (РУМ. 12:11).

1. Аксарияти одамон оиди ғуломӣ чӣ ақида доранд ва он аз ғуломие, ки дар Румиён 12:11 гуфта шудааст, бо чӣ фарқ мекунад?

 АКСАРИЯТИ одамон бо шунидани калимаи «ғуломӣ» ҳукмронии бераҳмонаи хӯҷаин, зулму ситам ва муносибати беадолатонаро тасаввур мекунанд. Вале ғуломи Худо будан тамоман дигар маъно дорад. Каломи илҳомбахшидаи Худо оиди ғуломие сухан меронад, ки он хизмати ихтиёрӣ ба Оғои меҳрубонро дар бар мегирад. Вақте ки Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни асри як насиҳат дод, ки «Худовандро бандагӣ» намоянд, ӯ онҳоро бар он барангехт, ки хизмати муқаддасро аз муҳаббат ба Худо ба ҷо оранд (Рум. 12:11). Чунин «бандагӣ», яъне ғуломӣ чиро дар бар мегирад? Мо чӣ кор карда метавонем, то ғуломи Шайтон ва ҷаҳони вай нагардем? Ва шахсе, ки чун ғуломи Яҳува хизмати содиқонаро ба ҷо меорад, кадом баракатҳоро соҳиб мешавад?

ОҒОИ ХУДРО «ДӮСТ МЕДОРАМ»

2. а) Ғуломи исроилиро чӣ бармеангехт, ки аз имконияти озод шудан даст кашад? б) Сӯрох кардани гӯши ғуломи ихтиёрӣ аз кадом ҷиҳат ҷолиби диққат буд?

2 Аз Қонуне, ки ба халқи Исроил дода шуда буд, мо дар бораи он ғуломие мефаҳмем, ки Яҳува аз мо талаб мекунад. Ғуломи исроилӣ дар соли ҳафтуми ғуломии худ, бояд озод карда мешуд (Хур. 21:2). Лекин, оиди ғуломе, ки дар ҳақиқат оғои худро дӯст медошт ва дар хизмати ӯ мондан мехост, Яҳува дастуроти аҷибе пешкаш карда буд. Хӯҷаин мебоист ғуломи худро ба наздикии дар ё паҳлӯдарӣ оварда, гӯши ӯро бо бигиз сӯрох мекард (Хур. 21:5, 6). Ҷолиби диққат аст, ки чунин амалиёт бо гӯш алоқаманд буд. Дар забони ибронӣ, мафҳуми итоаткорӣ бо калимаи шунидан ва гӯш кардан ҳаммаъно буд. Ғуломи ихтиёрӣ мехост, ки ба хӯҷаини худ бо итоаткорӣ хизмат карданро давом диҳад. Ин амали ғулом мисли он аст, ки мо ҳаётамонро ба Яҳува мебахшем. Вақте ки мо ҳаёти худро ба Яҳува мебахшем, мо мегӯем, ки барои ба Ӯ итоат кардан тайёрем, чунки Ӯро хеле дӯст медорем.

3. Чӣ моро бармеангезад, ки ҳаёти худро ба Худо бахшем?

3 Вақте ки мо таъмид гирифтанӣ будем, аллакай ба худ қарор дода будем, ки ба Яҳува хизмат карда ғуломи Ӯ мешавем. Ба таъмид гирифтан моро хоҳиши итоаткорӣ ба Яҳува ва иҷрои иродаи Ӯ барангехта буд. Ҳеҷ кас моро ба ин маҷбур накардааст. Ҳатто наврасоне, ки таъмид мегиранд, ин корро на барои ба волидонашон писанд омадан мекунанд, балки танҳо баъди шахсан худро дар дуо ба Яҳува бахшидан, таъмид мегиранд. Мо Оғои худ, Яҳуваро, дӯст медорем ва барои ҳамин ҳаётамонро ба Ӯ мебахшем. Юҳаннои ҳавворӣ навишта буд: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем» (1 Юҳ. 5:3).

ОЗОД, ВАЛЕ ҲАМЗАМОН ҒУЛОМ

4. Барои «бандагони адолат» шудан чӣ дар талаб аст?

4 То чӣ андоза мо аз Яҳува миннатдорем, ки ба мо имкон медиҳад, то ғуломи Ӯ бошем! Имон ба фидияи қурбонии Исо ба мо иҷозат медиҳад, ки аз зери юғи гуноҳ озод шавем. Ин маънои онро дорад, ки гарчанд ҳоло нокомил бошем ҳам, мо ба Яҳува ва Исо итоат карданро интихоб мекунем. Павлус дар яке аз номаҳои илҳомбахшидааш инро равшан фаҳмонд: «Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар... Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед». Ва сипас огоҳ намуд: «Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ шумо худро чун бандагон барои итоат таслим кунед, бандагони ҳамон кас гардида, ба вай мутеъ мешавед, хоҳ гуноҳе барои мамот бошад, хоҳ итоате барои адолат? Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед. Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед» (Рум. 6:11, 16–18). Ба суханони Павлус аҳамият диҳед, ки мо бояд «аз самими қалб» итоаткор бошем. Ва вақте ки мо худро ба Худои адолат мебахшем, мо «бандагони адолат» мегардем.

5. Ҳамаи мо бо чӣ бояд мубориза барем ва чаро?

5 Лекин барои чун ходимони таъмидёфтаи Худо зиндагӣ кардан, мо бояд бо ду чиз мубориза барем. Якумаш ин нокомилии худи мо аст. Павлус низ бо ин мубориза мебурд. Ӯ гуфт: «Ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам, лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст» (Рум. 7:22, 23). Аз сабаби нокомилиамон ба мо лозим аст, ки доимо бо хоҳишҳои ҷисм, яъне бо хоҳиши кардани корҳое, ки Худо дӯст намедорад, мубориза барем. Петруси ҳавворӣ ба мо насиҳат медиҳад: «Ҳамчун касони озод [бошед], на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо» (1 Пет. 2:16).

6, 7. Чӣ тавр Шайтон ин ҷаҳонро ҷолибу назаррабо вонамуд месозад?

6 Дуюм чизе, ки мо бояд бо он мубориза барем, ин ҷаҳонест, ки зери таъсири девҳо қарор дорад. Шайтон, ҳокими ин ҷаҳон, бо тирҳояш моро ба нишон мегирад, то содиқиамонро ба Яҳува ва Исо барҳам диҳад. Вай бо ҳар гуна васвасаҳо мекӯшад, ки моро зери таъсири фасодовари худ гирад ва ғуломаш гардонад. (Эфсӯсиён 6:11, 12-ро бихонед.) Як роҳи ба васваса андохтани Шайтон ин аст, ки вай ҷаҳони худро ба назари мо ҷолибу назаррабо мегардонад. «Касе ки ҷаҳонро дӯст медорад»,— огоҳ кард Юҳаннои ҳавворӣ,— «дар вай муҳаббати Падар нест, зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст» (1 Юҳ. 2:15, 16).

7 Хоҳиши бою сарватманд шудан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Шайтон одамонро бовар кунондан мехоҳад, ки пули бисёр хушбахтӣ меорад. Супермаркетҳои калон хеле зиёданд. Кормандони реклама одамонро ба чунин тарзи ҳаёт ташвиқ мекунанд, ки диққати асосӣ ба доштани молу мулки зиёд ва ҳаловат равона карда шудааст. Фирмаҳои сайёҳӣ ба давлатҳои хориҷӣ сафар карданро пешкаш мекунанд, ки чунин сафарҳо бисёр вақт дар иҳотаи касони нуқтаи назари ҷаҳонидошта мегузаранд. Бале, ҳама чиз дар гирду атрофамон моро бармеангезад, ки тарзи ҳаётамонро дигар кунем, вале бо ҳамон роҳе, ки ин ҷаҳон мехоҳад.

8, 9. Чӣ гуна хатар вуҷуд дорад ва чаро он ҷиддӣ аст?

8 Петрус ба он аъзоёни ҷамъомади асри як, ки нуқтаи назари ҷаҳониро қабул карда буданд, ишора карда, чунин огоҳӣ дод: «[Онҳо] айшу нӯши ҳаррӯзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо... беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои [найрангбозии] худ лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд. Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд. Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ӯст» (2 Пет. 2:13, 18, 19).

9 Иҷроиши «ҳаваси чашмон» шахсро озод намекунад. Баръакс, ӯ ғуломи оғои нонамоёни ин ҷаҳон — Шайтон Иблис мегардад (1 Юҳ. 5:19). Ғуломи молу мулк ва чизпарастӣ шудан дар ҳақиқат хатари ҷиддӣ аст, чунки аз ин ғуломӣ озод шудан хеле душвор мебошад.

ЧИЗЕ КИ БА ҲАЁТ МАЪНОИ ҲАҚИҚӢ МЕБАХШАД

10, 11. Хусусан киҳо зери нишони Шайтон мебошанд ва гирифтани маълумоти олӣ ба онҳо чӣ гуна мушкилӣ меорад?

10 Шайтон имрӯз низ касони камтаҷрибаро ба нишон мегирад, чуноне ки дар боғи Адан карда буд. Хусусан ҷавонон имрӯз зери нишони ӯ қарор доранд. Вақте ки ягон ҷавоне ё умуман, шахси дилхоҳе ихтиёран ғуломи Яҳува мегардад, Шайтон аз ин хурсанд намешавад. Душмани Худо мехоҳад, то ҳамаи онҳое, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаанд, дар садоқату вафодории худ устувор намонанд.

11 Биёед ба мисоли ғуломе, ки барои дар гӯшаш сӯрохӣ доштан розӣ буд, баргардем. Ин ғулом албатта дар вақти сӯрох кардани гӯшаш дард ҳис мекард, лекин чанде пас ин дард мегузашт ва дар гӯшаш тамғаи доимӣ мемонд, ки оиди ғулом буданаш шаҳодат медод. Ба ин монанд, интихоб кардани роҳе, ки аз тарзи ҳаёти ҳамсолон фарқ мекунад, шояд барои ҷавонон душвор ва ҳатто дардовар бошад. Масалан, Шайтон фикреро пешниҳод мекунад, ки гӯё доштани мансабу мавқеи баланд дар ҷаҳони ӯ ҳаёти касро дар ҳақиқат пурмазмун мегардонад. Лекин ҳаёти мо танҳо ҳамон вақт маънои ҳақиқӣ пайдо мекунад, агар мо Яҳуваро дар ҷои аввали ҳаётамон гузорем. Исо таълим медод: «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд» (Мат. 5:3, «Хушхабар»). Масеҳиёне, ки ҳаёташонро ба Худо бахшидаанд, барои он зиндагӣ мекунанд, ки иродаи Худоро иҷро кунанд, на иродаи Шайтонро. Онҳо дар шариати Яҳува хурсандӣ меёбанд ва рӯзу шаб дар бораи он мулоҳиза меронанд. (Забур 1:1–3-ро бихонед.) Вале, имрӯз бисёре аз курсҳои таълимии мактабҳои олӣ ба хизматгорони Яҳува барои мулоҳиза ва қонеъ кардани ниёзҳои рӯҳониашон вақти кам боқӣ мегузоранд.

12. Имрӯзҳо бисёр ҷавонон дар пеши кадом интихоб меистанд?

12 Дар асри як баъзе масеҳиён ғуломи шахсони ҳамимоннабуда буданд, ки ин ҳаёти онҳоро мушкил мегардонд. Павлус дар номаи худ ба қӯринтиён маслиҳат дод: «Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; балки агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар» (1 Қӯр. 7:21). Чӣ хеле ки Павлус қайд мекунад, аз ғуломӣ озод шудан беҳтар аст. Имрӯз, дар бисёр мамлакатҳо қонуне ҳаст, ки мувофиқи он то синну соли муайян дар мактаб хондан ҳатмӣ аст. Пас аз хатми мактаб ихтиёр ба дасти хонандагон дода мешавад. Вақте ки ҷавонон бо мақсади ба даст овардани мавқею мартабаи баланд дар ягон ҷо хонданро давом медиҳанд, ин метавонад озодии онҳоро барои пурравақт хизмат кардан маҳдуд созад. (1 Қӯринтиён 7:23-ро бихонед.)

Шумо ғуломи кадом оғо хоҳед буд?

МАЪЛУМОТИ ОЛӢ Ё ОЛИТАРИН?

13. Кадом намуди маълумот барои хизматгорони Яҳува аз ҳама бештар манфиатнок хоҳад буд?

13 Павлус масеҳиёни шаҳри Қӯлассоро огоҳ намуд: «Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад» (Қӯл. 2:8). Имрӯз, бисёр муаллимон «фалсафа ва фитнаи ботиле[-ро] ки бар тибқи ривояти инсонӣ» аст, таълим медиҳанд. Маълумоти олӣ, ки асосан гирифтани чунин дониши назариявиро дар бар мегирад, ба донишҷӯён қариб ягон хел қобилияти манфиатнок намебахшад ва онҳоро барои ҳалли душвориҳои ҳаёти воқеӣ тайёр намекунад. Вале маълумоте, ки хизматгорони Худо мегиранд, ба онҳо кӯмак мекунад, ки қобилиятҳои фоиданоки барои ҳаёт лозимаро инкишоф диҳанд, то ки ҳаёти худро оддӣ нигоҳ дошта ба Худо хизмат кунанд. Барои ҳамин онҳо ин маълумотро олитарин меҳисобанд. Онҳо ба маслиҳати Павлус, ки ба Тимотиюс дода буд, ҷиддӣ муносибат мекунанд. Ӯ гуфт: «Диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад. Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд» (1 Тим. 6:6, 8). Ба ҷои кӯшидан ба мартабаи ҷаҳонӣ ва чун шахсони обрӯманд муаррифӣ шудан, масеҳиёни ҳақиқӣ диққаташонро ҳарчи бештар ба хизмати мавъиза равона намуда, мекӯшанд, то ба дигарон барои шогирди Масеҳ шудан кӯмак расонанд. (2 Қӯринтиён 3:1–3-ро бихонед.)

14. Мувофиқи ояти Филиппиён 3:8, Павлус ба имконияти пуршарафи ғуломи Худо ва Масеҳ буданаш чӣ гуна назар мекард?

14 Мисоли Павлуси ҳаввориро дида мебароем. Ӯ дар назди Ҷамлиил — муаллими Қонуни яҳудӣ таълим гирифта буд. Маълумоти гирифтаи ӯ бо маълумоте, ки имрӯз дар донишгоҳҳо дода мешавад, баробар буд. Павлус бошад, ин маълумотро бо имконияти пуршарафи ба Худо ва Масеҳ хизмат кардан муқоиса намуда, ба он чунин баҳо дод: «Ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши... Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам» (Фил. 3:8). Чунин баҳодиҳӣ ба масеҳиёни ҷавон ва волидони худотарси онҳо кӯмак мерасонад, ки дар мавриди гирифтани маълумот интихоби оқилона кунанд. (Ба расмҳо нигаред.)

АЗ МАЪЛУМОТИ ОЛИТАРИН МАНФИАТ ГИРЕД

15, 16. Ташкилоти Яҳува гирифтани чӣ гуна маълумотро фароҳам меорад ва мақсади асосии он чист?

15 Дар бисёри донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии ҷаҳон чӣ гуна фазо ҳукмфармост? Магар маҳз ин донишкадаҳо баъзан сабаби исёну шӯришҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ нестанд? (Эфс. 2:2). Баръакси ин гуна марказҳои таълимӣ, ташкилоти Яҳува гирифтани маълумоти олитаринро дар фазои орому осудаи ҷамъомади масеҳӣ фароҳам меорад. Ҳамаи мо имконият дорем, ки ҳар ҳафта аз Мактаби таълими мавъиза манфиат гирем. Ҳамчунин курсҳои махсуси таълимӣ барои бародарони пешрави муҷаррад (Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан) ва ҷуфти ҳамсарони пешрав (Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои ҷуфтони масеҳӣ) вуҷуд доранд. Чунин таълимоти теократӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ба Оғои худ, Яҳува, итоат кунем.

16 Мо инчунин аз «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ва «Онлайн-китобхонаи Бурҷи дидбонӣ» метавонем ба таври фаровон ганҷҳои рӯҳонӣ ғун кунем. Мақсади асосии таълимгирӣ аз Китоби Муқаддас ин ибодат кардани Яҳува аст. Он моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр ба дигарон барои бо Худо оштӣ шудан кӯмак расонем (2 Қӯр. 5:20). Ин дар навбати худ, ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки дигаронро таълим диҳанд (2 Тим. 2:2).

БАРАКАТҲОИ ҒУЛОМ

17. Интихоб кардани маълумоти олитарин чӣ гуна баракатҳо меорад?

17 Дар масали Исо оиди талантҳо, ду ғуломи вафодор барои кори худ сазовори таҳсин гаштанд ва ба шодии оғои худ шарик шуданд. Оғояшон барои илтифоташро нишон додан ба онҳо кори бештареро боварӣ кард. (Матто 25:21, 23-ро бихонед.) Имрӯз интихоб кардани маълумоти олитарин ба мо хурсандӣ ва баракатҳои бисёр меорад. Мисоли Майклро дида мебароем. Дар мактаб вай хеле фаъол буд ва рӯзе муаллимонаш ӯро ба маҷлисе даъват карда, хостанд, ки бо ӯ оиди имкониятҳои ба донишгоҳ дохил шуданаш сӯҳбат кунанд. Лекин вақте онҳо фаҳмиданд, ки Майкл аз паи гирифтани маълумоти олӣ нест, ба ҳайрат афтоданд. Майкл ба ҷои донишгоҳ курси кӯтоҳмуддати касбомӯзиро интихоб кард. Ин ба ӯ имконият медод, ки худашро таъмин кунад ва ҳамчун пешрави доимӣ хизмат намояд. Оё ӯ ҳис мекунад, ки чизеро аз даст додааст? Ӯ мегӯяд: «Маълумоти теократие, ки ман чун пешрави доимӣ ва ҳоло чун пир дар ҷамъомад мегирам, бароям хеле пурарзиш аст. Баракатҳо ва имтиёзҳое, ки ман дорам, аз ҳар миқдори пуле, ки ман кор карда метавонистам, бузургтар мебошанд. Ман дар ҳақиқат хурсандам, ки аз паси гирифтани маълумоти олӣ надавидам».

18. Чӣ шуморо бармеангезад, ки маълумоти олитаринро интихоб кунед?

18 Маълумоти олитарин ба мо иродаи Худоро таълим медиҳад ва барои ғуломи Яҳува будан кӯмак мекунад. Он ба мо умед мебахшад, ки «аз бандагии [ғуломии] фано халосӣ» ёфта, оқибат «ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик» гардем (Рум. 8:21). Аз ҳама муҳимаш, бо интихоб кардани маълумоти олитарин мо муҳаббатамонро ба Оғои худ, Яҳува, нишон медиҳем (Хур. 21:5).