Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Офаридаҳо дар бораи Худои зинда шаҳодат медиҳанд

Офаридаҳо дар бораи Худои зинда шаҳодат медиҳанд

«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол... биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ» (ВАҲЙ 4:11).

1. Барои имони худро қавӣ нигоҳ доштан мо бояд чӣ кор кунем?

 БИСЁР одамон мегӯянд, ки онҳо танҳо ба он чизҳое бовар мекунанд, ки ба чашм намоёнанд. Чӣ тавр мо ба чунин шахсон кӯмак карда метавонем, ки ба Яҳува имон пайдо кунанд? Охир, чӣ хеле ки Китоби Муқаддас мегӯяд, «Худоро ҳаргиз касе надидааст» (Юҳ. 1:18). Инчунин, чӣ тавр худи мо имонамонро ба «Худои нонамоён», Яҳува, қавӣ нигоҳ дошта метавонем? (Қӯл. 1:15). Қадами якум, ин аниқ кардани таълимотҳое мебошанд, ки ҳақиқатро дар бораи Яҳува пинҳон мекунанд. Ва дуюм, мо бояд моҳирона аз Китоби Муқаддас истифода бурда, ҳар гуна фикру ақидаеро, ки «бар зидди дониши Худо қиём мекунад», рад намоем (2 Қӯр. 10:4, 5).

2, 3. Кадом ду назария зеҳни одамонро барои фаҳмидани ҳақиқат дар бораи Худо кунд кардааст?

2 Як таълимоти дурӯғи паҳнгаштае, ки зеҳни одамонро барои фаҳмидани ҳақиқат дар бораи Худо кунд кардааст, назарияи эволютсия мебошад. Ин назарияи одамӣ муқобили Китоби Муқаддас буда, одамонро аз умед маҳрум месозад. Пайравони назарияи эволютсия таълим медиҳанд, ки гӯё тамоми мавҷудоти зинда тасодуфан, худ аз худ, ба вуҷуд омадаанд. Ин таълимот ба он ишора мекунад, ки гӯё ҳаёти инсон ҳеҷ мақсаде надорад.

3 Баъзе пайравони ҷаҳони масеҳият гуфтаҳои Китоби Муқаддасро пурра ба маънои аслӣ мефаҳманд ва таълим медиҳанд, ки ҳама чиз дар рӯи олам аз ҷумла, замин ва тамоми мавҷудоти зинда фақат якчанд ҳазор сол вуҷуд доранду халос. Онҳо мегӯянд, ки Худо ҳама чизро ҳамагӣ дар муддати шаш шабонарӯз офаридааст. Чунин таълимот креатсионизм ном дорад. Одамоне, ки ба креатсионизм боварӣ доранд, ҳамаи далелҳои илмиро, ки бо эътиқоди онҳо мувофиқ нестанд, рад мекунанд. Онҳо шояд нисбати Китоби Муқаддас эҳтиром дошта бошанд, лекин ин таълимоти онҳо ба дигарон халал мерасонад, ки ба Каломи Худо бовар кунанд. Чаро? Зеро таълимоти креатсионистҳо Китоби Муқаддасро, гӯё чун китоби нодуруст ва аз мантиқ дур нишон медиҳад. Одамоне, ки креатсионизмро таълим медиҳанд, ба мо баъзе шахсонеро, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, ба хотир меоранд. Онҳо дар ибодати Худо боғайрат буданд, лекин ба Ӯ «на аз рӯи фаҳм» ибодат мекарданд (Рум. 10:2). Чӣ тавр мо аз Каломи Худо истифода бурда, дурӯғ будани назарияи эволютсия ва таълимоти креатсионистонро, ки мисли «қалъаҳо» устуворанд, исбот карда метавонем? * Мо инро танҳо ҳамон вақт карда метавонем, ки агар барои ба даст овардани дониши дақиқи Китоби Муқаддас шахсан бисёр кӯшиш кунем.

ИМОНИ ҲАҚИҚӢ БАР ДАЛЕЛҲО ВА СОЛИМФИКРӢ АСОС МЕЁБАД

4. Имони мо бояд ба чӣ асос ёбад?

4 Китоби Муқаддас ба мо таълим медиҳад, ки донишро қадр кунем (Мас. 10:14). Яҳува мехоҳад, ки имони мо на ба фалсафаи инсонӣ ва урфу одатҳои динӣ, балки ба далелҳо ва солимфикрӣ асос ёбад. (Ибриён 11:1-ро бихонед.) Барои ба даст овардани имони қавӣ ба Худо, мо бояд пеш аз ҳама боварӣ дошта бошем, ки Ӯ вуҷуд дорад. (Ибриён 11:6-ро бихонед.) Лекин чунин боварии мо на аз рӯи хоҳиши худамон, балки дар натиҷаи тадқиқи далелҳо ва ба кор бурдани «ақл»-амон пайдо мешавад (Рум. 12:1, 2).

5. Яке аз сабабҳое ки мо ба вуҷудияти Худо боварӣ дошта метавонем, кадом аст?

5 Павлуси ҳавворӣ яке аз сабабҳоеро қайд кард, ки чаро мо нигоҳ накарда ба он ки Худоро намебинем ба мавҷудияти Ӯ боварӣ карда метавонем. Ин ҳавворӣ дар бораи Яҳува навишт: «Моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст» (Рум. 1:20). Чӣ тавр шумо метавонед ба шахсе, ки ба вуҷуд доштани Худо шубҳа дорад, ҳақ будани суханони илҳомбахшидаи Павлусро нишон диҳед? Шумо метавонед ҳамроҳи ӯ якчанд далелҳоро дида бароед, ки чӣ тавр офаридаҳо қудрату хиради Офаридгорро ошкор мекунанд.

ОФАРИДАҲО ҚУДРАТИ ХУДОРО ОШКОР МЕСОЗАНД

6, 7. Чӣ тавр қудрати Яҳува дар сипари дуқабатае, ки моро муҳофизат мекунад, зоҳир мегардад?

6 Қудрати Яҳува дар сипари дуқабата, яъне атмосфераи замин ва майдони магнитии он, ки сайёраи моро муҳофизат мекунанд, зоҳир мегардад. Масалан, атмосфера ғайр аз моро бо ҳаво таъмин сохтанаш, боз кори бештареро иҷро мекунад. Он ҳамчунин моро чун сипар аз аксари метеоритҳое, ки аз кайҳон меафтанд, муҳофизат менамояд. Метеоритҳои калони осмонӣ, ки ба замин зарари калон расонида метавонистанд, одатан дар баробари ба атмосфераи замин дохил шудан сӯхта нобуд мешаванд, ки дар натиҷаи он шабона дар осмон нурҳои дурахшони зебое пайдо мешаванд.

7 Майдони магнитии замин низ моро чун сипар аз зарар нигоҳ медорад. Ин майдон аз даруни замин ибтидо мегирад. Дар қаъри замин ядрое ҳаст, ки қисми берунаи он асосан аз оҳани моеъшакл таркиб ёфтааст. Он ядро майдони магнитии пуриқтидореро ба вуҷуд меорад, ки то ба кайҳон паҳн мешавад. Ин чун сипар моро аз радиатсияи қувваҳои ҳалокатовари аз Офтоб хориҷшаванда ва таркишҳое, ки дар дигар ҷойҳои берун аз офтоб рӯй медиҳанд, муҳофизат мекунад. Ба туфайли майдони магнитии замин, он таркишҳои азим наметавонанд тамоми намудҳои ҳаётро аз рӯи сайёраи мо нест кунанд. Баръакс, онҳоро майдони магнитӣ фурӯ мебарад ва бартараф мекунад. Мо метавонем амал кардани майдони магнитиро бо чашмони худ бинем, вақте ки дар наздикии Қутби Шимолӣ ва Ҷанубӣ тобишҳои зебову рангоранг дар осмон пайдо мешаванд. Дар ҳақиқат, Яҳува дорои «тавоноии қудрат» аст. (Ишаъё 40:26-ро бихонед.)

ТАБИАТ ХИРАДИ ХУДОРО ОШКОР МЕСОЗАД

8, 9. Гардишҳои табиие, ки ба вуҷуд доштани ҳаёт мусоидат мекунанд, чӣ тавр хиради Яҳуваро нишон медиҳанд?

8 Хиради Яҳува дар сиклҳои табиие, ки ҳаётро дар сайёраи мо нигоҳ медоранд, зоҳир мегардад. Мисол меорем. Шаҳри девордореро тасаввур кунед, ки аҳолии хеле бисёр дорад. Ва барои ба он ворид кардани оби тоза ё аз шаҳр баровардани партовҳо ягон роҳе нест. Вуҷуд доштани чунин шаҳр дер давом намекард, зеро он ба зудӣ ифлос мешуд ва дар он зиндагӣ кардан ғайриимкон мегашт. Аз баъзе ҷиҳатҳо, замини мо ба чунин шаҳри девордор монанд аст. Он дорои миқдори маҳдуди оби тоза мебошад ва мо партовҳоро ба кайҳон фиристода наметавонем. Лекин, ин «шаҳри девордор» қодир аст, ки беохир ҳаёти миллиардҳо мавҷудоти зиндаро нигоҳ дорад. Чаро? Зеро сайёраи мо метавонад, ки чизҳои барои ҳаёт муҳимбударо аз нав барқарор кунад. Инро сикл ё гардиши табиӣ номидан мумкин аст.

9 Гардиши гази оксигенро дида мебароем. Миллиардҳо офаридаҳои зинда, яъне одамон ва ҳайвонот гази оксигенро нафас мекашанду гази карбонро аз худ хориҷ мекунанд. Нигоҳ накарда ба ин, захираи оксиген ҳеҷ гоҳ тамом намешавад ва ҳаво ҳаргиз бо «партов», яъне гази карбон пур намешавад. Чаро? Ҷавобро метавонем дар протсесси аҷоиб, ки фотосинтез ном дорад, ёбем. Фотосинтез ба таври зерин мегузарад: растаниҳои сабз гази карбон, об, нури офтоб ва моддаҳои ғизонокро аз хок ҷабида, карбогидратҳо ва гази оксиген ҳосил мекунанд. Вақте ки мо оксигенро нафас мекашем ва гази карбон хориҷ мекунем, ин протсесс хотима меёбад. Дар ҳақиқат, Яҳува растаниҳоро истифода бурда, ба ҳама «ҳаёт ва нафас» мебахшад (Аъм. 17:25). Бале, хиради Яҳува ҳақиқатан ҳам беҳамто аст!

10, 11. Чӣ тавр як намуди шапарак ва сӯзанак шукӯҳу хиради Яҳуваро нишон медиҳанд?

10 Шукӯҳу хиради Яҳуваро инчунин офаридаҳои бисёре, ки дар сайёраи аҷоиби мо ҳастанд, ошкор мекунанд. Дар рӯи замин тақрибан аз 2 то 100 миллион навъи ҷонварон вуҷуд доранд. (Забур 103:24-ро бихонед.) Биёед ҳоло чанде аз ин офаридаҳоро дида бароем, ки то чӣ андоза онҳо бохирадона офарида шудаанд.

Сохти чашми сӯзанак аз хиради Худо шаҳодат медиҳад; дар даруни давра расми калонкардашудаи чашми сӯзанак тасвир шудааст (Ба сархати 11 нигаред)

11 Масалан, як намуди шапарак (бабочка-монарх) вуҷуд дорад, ки ҳаҷми мағзи сари он ба нуқтаи охири ҷумла баробар аст. Вале ин шапарак қобилият дорад, ки бо ёрии офтоб самти парвози худро муайян сохта, ба масофаи қариб 3 000 километр, парвоз кунад. Он чӣ тавр метавонад аз рӯи ҳаракати офтоб самти парвози худро ёбад? Яҳува майначаи хурди ин шапаракро тавре офаридааст, ки вай нигоҳ накарда ба ҳаракат кардани офтоб ба самти дуруст парвоз карда метавонад. Ё ин ки чашмони сӯзанакро дида мебароем. Доираи назари ин ҳашарот васеъ буда, он бо ду чашми калонаш метавонад ҳаракатҳои дар пешу қафо шудаистодаро бинад. Ҳар як чашми сӯзанак тақрибан аз 30 000 линзаҳои алоҳида иборат аст. Бо вуҷуди ин, майнаи хурди сӯзанак қодир аст, ки сигналҳои аз ҳар яки ин линза дохилшударо фаҳмад ва ҳаракатҳои хурдтарини атрофашро хеле хуб бубинад.

12, 13. Дар тарзи сохта шудани ҳуҷайраҳои ҷисматон, чӣ шуморо ба тааҷҷуб меорад?

12 Тарзи офарида шудани ҳуҷайраҳои мавҷудоти зинда моро боз ҳам бештар ба ҳайрат мегузоранд. Масалан, ҷисми мо тахминан аз 100 триллион ҳуҷайраҳо иборат аст. Дар даруни ҳар як ҳуҷайра, молекулаи морпечи хурде ҳаст, ки онро КДН (ба русӣ ДНК — дезоксирибонуклеиновая кислота) меноманд. Он молекула дар худ тамоми маълумотеро дар бар мегирад, ки барои сохта шудани ҷисми шумо лозим буд.

13 КДН дар худ чӣ қадар маълумотро ғунҷонда метавонад? Биёед ҳаҷми маълумотеро, ки як грамм КДН дорад, бо ҳаҷми маълумоте, ки як CD-диск дар худ нигоҳ дошта метавонад, муқоиса кунем. Ҳарчанд CD-диск аз пластмассаи тунуке сохта мешавад, он дар худ ҳамаи маълумоти дар як луғати калон ҷойдоштаро нигоҳ дошта метавонад. Аммо фақат як грамм КДН бошад, метавонад дар худ он қадар маълумотеро ғунҷонад, ки дар триллион CD-дискҳо меғунҷад! Оддӣ карда гӯем, як қошуқча молекулаи хушки КДН дар худ миқдори маълумотеро ғунҷонида метавонист, ки барои сохтани на танҳо тамоми аҳолии ҳозираи замин, балки 2, 5 триллион одамон кифоя мебуд.

14. Кашфиётҳои олимон дар шумо чӣ гуна ҳиссиётро нисбати Яҳува бедор мекунанд?

14 Маълумотеро, ки барои ташаккул ёфтани ҷисми инсон лозим аст, шоҳ Довуд чун дафтари рамзие тасвир кард. Ӯ дар бораи Яҳува Худо сухан ронда, чунин гуфт: «Ҷанинамро чашмони Ту дидааст, ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям навишта шудааст, ва рӯзҳои пайдо шудани онҳо, дар сурате ки ҳеҷ яке аз онҳо ҳанӯз вуҷуд надошт» (Заб. 138:16). Яъне, вақте ки Довуд оиди сохти ҷисми худ мулоҳиза мекард, ӯ барангехта мешуд, ки Яҳуваро ҷалол диҳад. Мо низ ҳангоми мулоҳиза оиди он ки то чӣ андоза Яҳува ҷисми моро аҷоиб сохта аст, ба ваҷд меоем. Ва кашфиётҳои дар солҳои охир кардаи олимон ин ҳиссиёти моро танҳо дучанд мегардонанд. Ин кашфиётҳо моро боз ҳам бештар бармеангезанд, ки бо суханоне ки забурнавис оиди Яҳува гуфта буд, розӣ шавем: «Туро ҳамд хоҳам гуфт барои он ки ба таври хеле аҷоиб офарида шудаам: аъмоли Ту аҷоиб аст, ва ҷонам инро нағз медонад» (Заб. 138:14). Чӣ тавр одамон наметавонанд бубинанд, ки офаридаҳо оиди вуҷудияти Худои зинда шаҳодат медиҳанд?

БА ДИГАРОН КӮМАК КУНЕД, ТО ХУДОИ ЗИНДАРО ҶАЛОЛ ДИҲАНД

15, 16. а) Чӣ тавр адабиётҳои мо ба одамон кӯмак мерасонанд, ки дар бораи офаридаҳои Яҳува бифаҳманд? б) Кадом мавзӯи рубрикаи «Оё ин офарида шудааст?» шуморо махсусан ба ҳайрат оварда буд?

15 Тӯли даҳсолаҳо маҷаллаи «Бедор шавед!» ба миллионҳо одамон барои фаҳмидани он ки офаридаҳо вуҷуд доштани Худои зиндаро ошкор мекунанд, ёрӣ медиҳад. Масалан, соли 2006, нашри моҳи сентябри ин маҷалла чунин ном дошт: «Оё Офаридгор вуҷуд дорад?» Ин шумора пурра ба он бахшида шуда буд, то чашми одамонеро, ки назарияи эволютсия ва таълимоти креатсионистон кӯр кардааст, кушояд. Дар бораи он нашрияи махсус, хоҳаре ба филиали Иёлоти Муттаҳида чунин навишт: «Маърака оид ба паҳн кардани ин шумораи махсус хеле бомуваффақият гузашт. Як зан аз ин нашрия 20 нусха дархост намуд. Ӯ муаллимаи биология буд ва мехост, ки ҳамаи донишҷӯёнаш нусхаи шахсии худро дошта бошанд. Бародаре бошад, чунин навишт: «Ман аз соли 1940-ум боз мавъиза мекунам ва ҳоло ба синни 75 даромадаам, лекин ман ин моҳ дар хизмат бо пешниҳод кардани шумораи махсуси “Бедор шавед!” чунон хурсандии зиёд гирифтам, ки аз ин пеш ҳеҷ гоҳ нагирифта будам».

16 Солҳои охир, дар аксари шумораҳои «Бедор шавед!» рубрикаи «Оё ин офарида шудааст?» (ба русӣ «Случайность или замысел?») ба чоп мебарояд. Дар ин мақолаҳои кӯтоҳ оиди маҳорати созандагие, ки дар офаридаҳо дида мешавад, сухан меравад. Ҳамчунин дар он қайд мешавад, ки чӣ тавр одамон мекӯшанд, то дар ихтироъҳои худ ба Яҳува, ки Созандаи Моҳир аст, тақлид кунанд. Соли 2010, брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» нашр гашт. Ин боз як маводи иловагие мебошад, ки барои ҷалол додани Худо кӯмак мекунад. Суратҳои зебо ва схемаҳои ин брошура тавре кашида шудаанд, ки бовариамонро ба қудрати офарандагии Яҳува зиёд мегардонанд. Саволҳое, ки дар охири ҳар як боб омадаанд, ба хонандагон ёрӣ медиҳанд, ки оиди маълумоти дар боб овардашуда, мулоҳиза ронанд. Оё шумо ин брошураро ҳангоми мавъиза ё шаҳодати ғайрирасмӣ истифода мебаред?

17, 18. а) Волидон, чӣ тавр шумо ба фарзандонатон кӯмак карда метавонед, ки онҳо имони худро муҳофизат кунанд? б) Чӣ тавр шумо дар ибодати оилавиатон, аз брошураҳои дар сархат омада истифода мебаред?

17 Волидон, оё шумо ин брошураи рангорангро бо фарзандонатон дар ибодати оилавӣ муҳокима мекунед? Бо муҳокимаи ин брошура, шумо ба онҳо кӯмак хоҳед кард, то бовариашон ба Худои зинда қавӣ гардад. Шояд шумо фарзандони наврасе доред, ки дар синфҳои болоӣ мехонанд. Онҳо барои шахсоне, ки назарияи дурӯғи эволютсияро таълим медиҳанд, ҳадафи асосӣ мебошанд. Олимон, муаллимони мактаб, филмҳои илмӣ оиди табиат ва ҳатто барномаҳои фароғатие, ки дар телевизион намоиш дода мешаванд, эволютсияро ҳамчун ҳақиқат тасвир мекунанд. Шумо метавонед бо ёрии брошураи «Пайдоиши ҳаёт — Панҷ саволе, ки бояд ба худ диҳем» (рус., нашри соли 2010) ба фарзандони наврасатон барои ба чунин ташвиқот дода нашудан, кӯмак расонед. Монанди брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» ин брошура низ ҷавононро бармеангезад, ки «фаросат», яъне қобилияти фикрронии худро инкишоф диҳанд (Мас. 2:10, 11). Брошураи мазкур ба онҳо ёрӣ медиҳад, то бисанҷанд, ки оё он чизе ки дар мактаб таълим дода мешавад, мантиқан дуруст аст ё не.

Волидон, фарзандонатонро барои ҳимояи имонашон тайёр кунед (Ба сархати 17 нигаред)

18 Баъзан хабарҳои ҳангомаангезе паҳн мешаванд, ки гӯё олимон аз таги замин ҷасадҳои сангшудаи намудҳоеро ёфтаанд, ки дуруст будани назарияи эволютсияро тасдиқ мекунанд. Брошураи «Пайдоиши ҳаёт» тавре тартиб дода шудааст, то ба омӯзанда кӯмак кунад, ки ба чунин хабарҳо аз рӯи мантиқ баҳо диҳад. Ин брошура онҳоро бармеангезад, то худашон мулоҳиза ронанд, ки оё чунин хабарҳо дар ҳақиқат исбот мекунанд, ки инсон аз ҳайвон пайдо шудааст ё не. Он ҳамчунин таълим медиҳад, ки ба ақидае, ки гӯё олимон тасодуфан пайдо шудани ҳаётро дар лабораторияҳои худ исбот кардаанд, чӣ тавр ҷавоб додан мумкин аст. Волидон, агар ин брошураҳоро истифода баред, шумо ба фарзандонатон кӯмаки калон расонда метавонед. Шумо ба фарзандонатон ёрӣ медиҳед, то онҳо бо боварии зиёд ба касоне, ки исботи эътиқодашонро оиди Офаридгор талаб мекунанд, ҷавоб диҳанд. (1 Петрус 3:15-ро бихонед.)

19. Чӣ барои мо шараф аст?

19 Яҳува ба воситаи ташкилоташ ба мо адабиётҳои хубтадқиқшударо фароҳам меорад. Ин маводҳо кӯмак мекунанд, то мо хусусиятҳои зебои Яҳуваро дар оламе, ки моро иҳота кардааст, бубинем. Ин далели равшан моро бармеангезад, ки Худоро ҳамду сано гӯем (Заб. 19:2, 3). Барои мо Яҳува — Офаридгори тамоми Оламро ҷалол додан, шараф аст! (1 Тим. 1:17).

^ сарх. 3 Барои сӯҳбат кардан бо креатсионистон, маълумотро аз брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?», саҳ. 24–28 гиред.